Хадафҳои геополитикӣ ва воситахои таъмини амнияти Тоҷикистон

Хадафҳои геополитикӣ ва воситахои таъмини амнияти Тоҷикистон

Дарки амиқи манфиахои геополитики ва таъмини амнияти Точикистон дар шароити инкишофи низоми навини олам, ки ба бисёрмаркзии сиесию кудрати асс ёфтааст, ахамияти хам илмию назарияви ва хм сиёсию амалиро касб намудаанд. Пажуиш чанбахои гуногуни масъалаи амнияти мамлакат в тахлилу таркиби он ба инкишофи чомеъа ва рушду тахкими он таъсири мухим мерасонад. Дарёфти роху воситахои бехтари таъмини амният ва химояи мафиатхои давлати ба сифати объекти мухими тадкики илмхои сиёсӣ мансуб меёбад. Дарёфти роху воситахои бехтари таъмини амният ва химояи манфиатхои давлат ба сифати объекти мухими тадкики илмхои сиёи масуб меёбанд. Давлат химояи манфиатхои геополетики ва таъмини ахмияти кишварро хамчун вазифахои мухимтарин ва афзалиятноки фаъолияти хеш медонад. Аз ин хотир, омузиши амику хамачонибаи мохияту хусусиятхои ин масъала, зарурати тадкик ва тахлили пахлухои гуногуни назария ва амалияи амнияти давлати ва таъмини бехатариро дар доираи илмхои сиёси ва низоми донишхои дигари гуманитарии ба миён меорад. Дарки амик ва фахми васеъю аники масъала имконият медихад ки раванди ташакурру рушд ва садхи тахдидхо ба Точикистон дар даврахои дуру наздики инкишофи чомеъаи сиёси мавриди тадкик карор гиранд. Баррасии масъалахои химояи манфиатхои геополетикӣ ва дар замири он таъмини амнияти давлатӣ дар шароити кунуни рузмарра гашта, саволхои зиёдеро пеш меоранд. Мухим аст, ки мазмун ва мохияти масъала дарки дурустро пайдо намояд. Омузиш ва масъалаи амнияти давлатӣ, мохият ва хусусиятхои он шуруъ гардад. Баъдан масъалахое, ки ба амнияти давлатӣ ва таъмини бехатарӣ он хамчун монеъа ва мушкилихои сатхи дигар эчод мегарданд ва дар шароити низомии нави чахонӣ ба химояи манфиатхои геополитикӣ таъсири манфӣ мерасонанд, мавриди тадкик ва хулосагирӣ карор бигиранд. Дар тадкикоти нави илмхои сиёсӣ хангоме, ки андешахо дар бораи амнияти давлати иброс мегарданд, асосан амнияти миллӣ ва баръакс, дар зери ибораи «ахмияти миллӣ» «амнияти давлатӣ» фахмида мешавад. Инчунин мухаккикон тавсия менамоянд, ки истифодаи мафхуми «амнияти милли-давлатӣ» низ аз хадафхо дур набуда раванди тадкикро тахким мебахшад. Зеро дар сиёсати хоричӣ мафхумхои «миллӣ» ва «давлатӣ» хаммаъно буда, як равандро ифода менамоянд. Яъне, мафхуми «амнияти давлатӣ» холати тахдидхои вокеию эхтимолиро ба Чумхурии Точикистон ва дурнамои инкишофи он ифода менамояд. Манфиатхои геополитики ва амнияти давлатии Точикистон ифодаи таъмини бехатарии он аз тахдидхои сиёсии дохили, минтакви ва чахони мебошанд. Омузиши масъалахои амнияти давлати ё амнияти геополетики на танхо ахмияти назарияви доранд, балки хусусияти амалиро ба худ касб намудаанд. Тачрибаи таърихӣ ва таърихи таълимоти сиёсӣ исботи онанд, ки масъалаи амнияти давлати хамеша хамкадами инкишофи хаёти сиёси буда, таъмини бехатарии давлат, дарки тахдидхои олами сиёси дар доираи пажухиши масъалахои гуногуни он бояд сурат бигирад. Манфиатхо ва зухури он дар навъхо ва шаклхои мухталиф дар доираи омузиши назария бахри ошкору равшан намудани фахмиши ягонаи мафхуми дар амалияи муносибатхои байналхалки ва дарки амики он ба качфахмихову нофахмихои зиёде оварда мерасонанд. Зеро кушишхо бахри ифодаи табиати объективи ва конуниятхо хоси манфиатхои геополетики дар доираи талаботхо ва шароити байналхалки дар шаклхои гуногун карор доранд. Хадафи асосиро на гояхо, балки табии будани мохияту иктидори ботинии манфиатхо ташкил медихад. Манфиатхо аз талаботхо бармеоянд. Манфиатхо дар навбати худ ифодаи диалектики талаботхо буда, дар муносибатхои байналхалки холати эхтиёчоти давлат ва миллат дар мадди аввал гузошта мешаванд. Барои инкишоф ва вокеъияти он субъектхои муносибатхои байналхалкиро зарурати конеъ гардонидани хадафхои муштараки хеш пеш меоянд, ки дар заминаи талаботхои онхо ташаккул меёбанд.

Хамин тарик, талабот ва манфиатхо дар хамбастагии кавӣ ва доимӣ карор доранд. Дар чое, ки талабот хаст он чо манфиатхо низ хузур доранд ва баръакс. Хусусиятхои усулии чомеа низ аз чунин холати муносибатхо кувват мегиранд.

Максади асосиро тахлили бевоситаи масъалахои методологӣ ва назариявии мафхумхои «талабот», «манфиатхо» ва ифодаи мазкур ташкил медиханд. Дар ин маврид хадафхо дигаранд. Он, асосан, доираи масъалахои «манфиатхои геополитикӣ» ва «амнияти давлатӣ»- ро дар сиёсати байналхалкӣ ва низому воситахои химояи манфиатхои геополитикии Точикистонро дар бар мегирад. Аз ин чост, ки халли масъалахои амнияти байналхалкӣ аз танзими манфиатхои геополетикии давлатхо ба низом оварда намешаванд, он гох онхо метавонанд ба истиклолияти сиёсӣ, тамомияти арзи кишвархо тахдид намоянд ва ба яке аз омилхои асосии ноустувории муносибатхои байналхалкӣ табдил ёбанд.

Дар бисёр холатхо амният хамчун воситаи дифои низоми чомеъа баромад менамоянд. Амният ба сифати омили мухофизатгарои шахс, чомеа ва давлат аз амалхои гайриконуни мебощад, ки дар ибтидо дар марзхои як мамлакат вокеи мегардад ва батадрич хосияти байнидавлатӣ, минтакавӣ ва байналмилалӣ пайдо менамояд.

Дар ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва таъмини бехатарии давлат ҳар як фард ва мақомоти давлатию ҷамъиятӣ масъулияти муайянро ба дўш доранд. Давлат бояд низоми муташаккил ва мутамарказеро ташаккул диҳад, ки шахс, ҷомеа ва давлатро аз нооромиҳо ва муқовиматҳо эмин дорад ва он аз ҳар гунна хавфу таҳдидҳо озод бошад, вагарна устувории иқтисодӣ ва иҷтимою сиёсӣ гирифтори бўҳронҳо мегарданд.

Айни замон кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор мушкилоти сарҳадӣ доранд. Масъалаҳои зиддиятноки сарҳадӣ, ки то имрўз дар доираи минтақа ҳалли худро наёфтаанд, метавонанд ба амнияту оромии минбаъдаи ҳам кишвар ва ҳам минтақа хафи вокеиро пайдо созанд. То имрўз делимитатсияи сарҳадҳои Узбекистону Казоқистон,

Киргизистону Тоҷикистон ва Тоҷикистону Узбекистон ба охир нарасидааст. Барои тахкими устувории давлат ва чомеа Хукумати Чумхурии Точикистон низ як катор тадбирхо андешидааст. Зеро устувории хар як давлат ва чомеа, пеш аз хама шароити дохили ва самаранокии сиёсати беруни кишвар вобастагии калон дорад. Бинобар ин, барои таъмини амнияти давлати халли бухрони сиёси ва чанги бардавоми Афгонистон, пешгири намудани гардиши гайриконунии маводи мухаддир ба Точикистон ва кишвархои дигар хар чи зудтар бартараф гарданд.

Вобаста ба вазъияти инкишофи низоми нави олам, пайвастагихо, хамгироихова муносибатхои мутакобилаи байнихамдигарии акторхои гуногуни сиёсати чахони Чумхурии Точикистонро зарур аст, ки масъалахои химояи манфиатхои миллию геополетикиро махз тавассути таъмини амният дар риштахои гуногуни хаёти чамъияти мавриди инкишоф карор дихад. Махсусан, ба масъалахои зерин таваччухи бештар мебояд:

  1. ___ баланд бардоштани кобилияти мудофиавии давлат. Амнияти милли кисми таркибии манфиатхои миллӣ ба шумор рафта, таъмини бехатарии онро бе омодагии муайян тасаввур кардвн номумкин аст. Дар байни омодагии анъанави накши барчастаро кобилияти мудофиавии давлат сохиб аст, ки дар даврахои мухталифи инкишофи таърихи аз тарафи давлатхои гуногун истифода гардидааст.

Дар шароити Точикистон эхтимолияти тахдидхои дохили низ вучуд доранд. Бахусус, васеъ гаштани таъсиру нуфузи чараёнхои экстремисти, ки бештар дар никоби динию мазхабӣ, этникӣ, махалгароӣ ва гайрахо амал менамоянд, касро ба андеша водор мекунанд. Чунин чихатхоро ба этибор гирифта, Хукумати Точикистон бояд илочи вокеаро пеш аз вукуъ пайдо намояд. Фаъолияти мазкур дар ду самти асоси кувват бигирад:

___дар сиёсати дохилӣ. Пешгири намудани хар гунна амалхо ва харакатхое, ки эхтимолияти халалдор намудани амнияти давлатиро доранд. Дар амалияи чамъияти бартараф намудани хар гунна навъ ва шаклхои экстремизми сиёси натичаи дилхох хохад дод;

___ дар сиёсати байналмилалӣ. Хамкори бо давлатхои дигар, созмонхои минтакави ва байналхалки ба хотири тахкими амнияти давлати. Яке аз навхои мухими инкишофи кобилияти мудофиавии мамлакатхо вобаста ба манфиатхо дар созмонхои дастчамъи гирд омадани онхо мебошад. Таъсис ёфтани Созмони Шартномаи Амнияти Дастчамъи (СШАД) мисоли он аст. Он ба сифати Созмони минтакавии байналхалки дар таърихи 14 майи соли 2002 дар заминаи Шартнома дар бораи амнияти дастчамъи (май,1992) ташаккул ёфтааст. Дар доираи он имконияти бехтари таъмини амнияти давлати вучуд дорад. Ба он 7 давлат дохил мешаванд: Федератсияи Русия, Чумхурии Киргизистон, Чумхурии Точикистон, Чумхурии Белорус, Чумхурии Узбекистон, Чумхурии Казокистон ва ва Чумхурии Арманистон. СШАД аз 3 гурухи минтакави таркиб ёфтааст: дпр Гарб –гурухи русиягию белоруси; дар Чануб –гурухи русиягию армани; дар Осияи маркази –нерухои дастачамъии зудамал.

Рохбарони давлатхои аъзои Созмони Шартномаи Амнияти Дастчамъи (СШАД) ба хулосае омаданд, ки фаъолиятиро дар самти мазкур Мушаххастар ва чоннок гардонанд. Бинобар ин дар таърихи 4 феврали соли 2009 Ахднома дар бораи таъсиси Нерухои Дастчамъии Чавоби Фавриро ба имзо расониданд. Ба хуччати мазкур рохбарони Русия, Арманистон, Казокистон, Киргизистон, Точикистон ва Узбекистон имзо намудан.

Хамаи онхоро вазифахои умуми, аз кабили мубориза ба мукобили терроризм, тахдиди васеъшавии гардиши гайриконунии маводи мухаддир, истодагари намудан ва чавоб ба амалхои давлатхои аъзои Шартномаи Атлантикаи Шимоли ва гайрахо муттахид мегардонад.

2.__таъмини амнияти энергетики мамлакат. Дахсолаи охир Чумхурии Точикистон дар дарёфт ва истифодаи окилонаи манбаъхои энергия мушкилихои зиёдро паси сар менамояд. Сабаб он аст, ки мамлакат доро захирахои зурурии газ, нефт ва манбаъхои дигари иктидори зарурии энергетики нест ва ё чунин манбаъхо ё мавриди истифода карор нагирифтаанд ва ё истифодаи он аз кудрати истехсолии кишвар бештаранд. Дар айни замон метавон конҳои ангиштро самаранок истифода намуд. Дар ояндаи наздик бошад истифодаи нерўи барқии офтобиро васеъ ба роҳ мондан мумкин аст;

таъмини амнияти озуқавории кишвар, ки ба сифати яке аз масъалаҳои стратегии инкишфи Чумҳурии Тоҷикистон мансуб меёбад. Дар шароити ҳозира саҳми мамлакат дар таъмини аҳолӣ бо озуқа ва маводи дигари рўзгузаронӣ чандон афзалият надорад. Воридоти озўкаворӣ ба Тоҷикистон хело зиёд аст.

– таъмини

1.03K
Нет комментариев. Ваш будет первым!