Ташаккули худуд ва таъсиси мақоми геополитикии ТОЧИКИСТОН

Ташаккули худуд ва таъсиси мақоми геополитикии ТОЧИКИСТОН

Масъалаи ташаккули мақом ва нақши геополитикии Точикистон аз ҳар чиҳат ба пайдоиш ва рушди давлатдорӣ вобаста ва пайваста мебошад. Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар сарзамини таърихии тоҷикон давлат таърихи қадима дорад. Дар Осиёи Миёна дар маънии томи мавҳум давлати Боҳтар ҳамчун шакли аввалини давлат дар асрҳои 7 ва 6 то мелод арзи ҳасти намудааст. Ташаккули ҳудуд ва таъсиси мақоми геополитикии навъҳо ва шаклҳои мухталифи давлат аз пайдоиши аввалин шакли давлатдорӣ оғоз меёбад. Аз он замон то ба ҳоло дар ин сарзамини таърихи навъҳо ва шаклҳои муталифи давлат ташаккул ёфта, аз шакле ба шакле мабаддал мегаштанд. Аз оғоз то ба замони муосир моҳият ва мазмуни аслиии давлат тағироти куллиро пайдо накардааст. Зарурат ба чунин тағироти сифатӣ низ ба миён наомадааст. Аз он рўзе, ки давлат пайдо шудааст моҳияти онро ба амал баровардани иродаи як гуруҳ бар гуруҳ ва ё умумияти дигаре ташкил медиҳад, ки дар мазмуни ғасби ҳокимият ва ба манфиати хеш истифода намудани он ифода мегардад.

Давлат наметавонад ҳар замоне ташаккул ёбад. Набояд шакливазнамоии давлат ва ё навъи дигарро пайдо намудани он ҳамчун надидаи (давлати) нав эътибор пайдо намояд. Ба сари қудрат омадани гуруҳи дигари одамон, ки одатан бо тарзи муносибати идеологи, тамаддунӣ ё фарқияти дигари аз ҳам тафовут доранд, маънои онро надорад, ки падидаи ҷамъиятӣ моҳиятан тағир меёфта бошад. Дар асл шакливазнамоӣ чандон ҳосияти сифатӣ пайдо намекунад, ки моҳияти давлатро ба кулли тағир диҳад. Аз ҷумла, ҳосияти теократӣ, афторитарӣ, этнократӣ, демократӣ ва ғайраҳо пайдо намудани шакли давлатдорӣ низ мазмуни аслии раванди сиёсиро куллӣ тағир дода наметавонанд. Фақат он ҷиҳатро қадр бояд кард, ки кадомин шаклҳои давлат манфиатҳои ҳар чӣ бештари одамонро дар фаъолияти хеш ифода карда метавонанд. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки аз ҳама бештар шаклҳои этногратӣ, демократии давлат дар доираи манфиатҳои аксари одамон фаъолият менамоянд. Бинобар ин муҳаққиқон ба шаклҳои мазкури давлатдорӣ бештар таваҷҷўҳ менамоянд. Таваҷҷўҳи муҳаққиқон то ба Замони навтарин бештар ба ду шакли давлатдорӣ нигаронида шуда буд: давлатҳое, ки ҳамчун империя ва ҳамчун давлати хурди этногартӣ амал мунамуданд. Империяҳо ҳамчун абарқудратҳо экспансионизмро асоси инкишофи хеш қарор медоданд ва давлатҳои хурди этногартӣ дар пои дарёфти роҳу воситаҳои ҳимояи манфиатҳои хеш қарор доштанд. Дар заминаи чунин тарзи муносибат инкишофи шаклҳои мухталифи давлат амалӣ мегаштанд.

Дар гузашта тоҷиконро давлатдории гуногун ҳамроҳӣ намудааст. Таъсис ва рушди Давлати Тоҳириён (823-873), Давлати Саффориён (873-899), Давлати Сосониён (899-999), Давлати Ғурриён (1149-1215), Давлати Куртҳои Ҳирот (1245-1381), Давлати Сарбадорон (1337-1381) ва ғайраҳо аз шаклҳои махсуси давлатдорӣ дарак медоданд, ки одатан онҳо дар фаъолияти худ арзишҳои этникиро то ҳадди имкон ба роҳбарӣ гирифтаанд. Ба хусус, дар давлатҳои мазкур забони тоҷикӣ рушд намуда, бо омили муҳими инкишофи этникию сиёсӣ табдил ёфта буд. Ё ин ки маҳз тавассути истифодаи васеи забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ давлатдорӣ таҳким ёфтааст. Яъне, забон ҳамчун падидаи муҳими рушди сиёсӣ хизмат намудааст.

Чуноне, ки сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, аввалин ҳаракати миллии тоҷикон тахти роҳбарии Абумуслими Хуросонӣ ба амал омада, эҳёи иҷтимоию сиёсӣ ва мадании халқҳои эрониро асос гузошт. Пас аз ин намояндагони сулолаҳои қадимаи эронӣ риштаҳои идораи давлатиро тадриҷан ба даст гирифтанд. Сулолаҳои ҳукмрон ба монанди Бармакиҳо, Сосониён, Тоҳириён ва амсоли онҳо на танҳо ба ҷузъи таркибии ҳилофати Аббосиҳо табдил ёфта буданд, балки дар қатори онҳо дар рушди давлатии ҳилофат иштироки бевосита доштанд.

Бармакиҳо ҳокимони сосонии Балх буданд. Онҳо дар раванди идораи ҳилофат бевосита иштирок намуда, асосҳои давлатдории тоҷиконро дар замони истолои араб ва даврони наздиктарини онҳо гузаштанд. Давлати аввалини тоҷикон давлати Тоҳириён буд. Аввалин ҳокими баромади эронӣ дошта Тоҳири Зуляминаин буд, ки давлати хешро мустақил эълон дошт. Дар он замон ин иқдоми ҷасуронае буд дар хилофат. Амали мазкур баҳои ҷони вай гардид. Онро ҳокимони араб мавриди ҷазои марг қарор доданд. Дар вақти мурдан Тоҳир бо лафзи форсӣ изҳор доштааст: “Дар марг низ мард буданд мебояд”.

Дар ташаккул ва инкишофи давлатдории тоҷикон сулолаи Саффориён хизмати арзанда намудаанд. Махсусан, дар боби эҳёи анъанаҳо ва забони миллӣ. Дар ин дафъа тоҷикон давлатдории хешро тавассути шўриши халқи барпо намуданд. Шўриш бо роҳбарии Яқуби Лайс ба амал омада, як чанд муваффақиятҳо ба даст овард. Яқуби Лайс ба маркази ҳилофат лашкар кашида, даъвои нобуд намудани ҳокимияти сулолаи Аббосиёнро намуд. Даъвои вай ба он асос ёфта буд, ки Аббосиён на танҳо хизматҳои ҳокимони эронӣ – Абумуслим ва сулолаи Бармакиҳоро қадр накарданд, балки онҳоро ба қатл расонидаанд. Яқуби Лайс мақсад дошт, ки дар тамоми сарзамини Эрон ҳокимияти мутлақи эрониро бунёд созад. Бо супориши ў забони форсӣ дар баробари забони арабӣ истифода мегардид. Дар охир Яқуб низ қурбони дасисаҳо гардид.

Шакли дигари давлатдории тоҷикон Давлати Сомониён буд. Сомониён дар замони ду сулолаи эронии ҳоким дар таркиби онҳо амал менамуданд ва медиданд, ки Тоҳириён ва Саффориён чи гуна хатою иштибоҳҳо намудаанд. Онҳо ба андешае омаданд, ки дар ҳайти хилофати араб давлати мустақили дигареро таассис намуданд ва ҳукмрони комил гаштанд номумкин аст. Бинобар ин асоси давлати онҳоро адолатнокӣ, мардумнавозӣ, илм ва фарҳанг ташкил медод. Асоси идеологии онро ислом бунёд намуда буд. Гарчанде ки дар давраи Саффориён забони дарӣ-форсӣ ба ҷойе инкишоф ёфта, ба сатҳи забони илм ва фарҳанг наздик шуда бошад ҳам, аммо наметавонист, ки бо забони арабии барои аксарияти аҳоли нофаҳмо рақобат намояд. Бинобар ин Сомониён ба таври дигар муносибати хешро нисбати муносибатҳои забонӣ пеша намуданд. Онҳо дастурҳои Имоми Аъзамро истифода намуда, забони дарӣ-форсиро ба соҳаи илм, дин ва сиёсат ворид сохтанд. Дар заминаи мазкур эҳёи маънавии халқҳои эронзамин ба амал омад. Сомониён давлати муттамарказу муқтадире бунёд намуданд, ки сатҳи комилтарини давлатдории тоҷиконро дар замони пешин муаррифӣ менамояд. Баъди заволи давлати Сомониён тоҷикон дар зарфи зиёда аз 150 сол дар зери итоати панӣ султони турк монданд.

Сулолаи дигари тоҷикӣ – Шиносбониҳо дар вилояти Ғур ҳукмронӣ менамуд. Онҳо аввалин тоҷиконе буданд, ки бар зидди ғазнавиҳо баромада, онҳоро шикаст додаанд. Ғурриҳо давлати пурзўре ташкил намудаанд, ки то Ҳиндустони Марказиро дар бар мегирифт. Мутаассифона, илми таърих ба давлати мазкур ва инчунин ба давлатҳои дигари тоҷикон, ки то асри XIV арзи ҳастӣ доштанд, чандон таваччўҳи зарурие нишон надодааст ва аҳамияти давлатҳои мазкур низ дар рушди давлатдории тоҷикон чандон равшан нагардида ва қадр нашудаанд.

Баъди юриши муғулҳо дар мамлакатҳои мусулмонии Шарқ давлате, ки дар он сулолаи тоҷикӣ ҳукмфармоӣ менамуд, давлати Куртҳои Ҳирот буд. Он зиёда аз 135 сол арзи ҳастӣ дошт. Инчунин давлати дигари сулолаҳои тоҷикӣ ба номи давлати Сарбадорон маълум аст. Он дар натиҷаи шўриш ба миён омада, хони муғулро аз эронзамин дур карда, ба ҳукмронии 85-солаи чингизиён хотима додааст.

Дар шакилгирии мақоми геполитики Тоҷикистони таърихи ҷои хосоро давлати Аморатиро Бухоро ишғол намудаст. Аморати Бухоро (то соли 1753 давлати хонии Бухоро) дар асрҳои XVI-XX арзи ҳастӣ намудааст. Он дар заминаи давлати поракандашудаи Темуриён аз тарафи Шайбониён ташкил карда шуда, номи “Давлати хонии Бухоро”-ро гирифта буд. Дар замони ҳукумрони Абдуллоҳхони II (1557-98) хонигарии Бухоро аз ҷихати сиёси пуриқтидор гашта, сарзаминаш васеъ гардид. Абдуллоҳхони II Балх (1573), Самарқанд (1578), Тошкент (1582), Фарғона(1583), Бадахшон (1584), Кулоб (1585), Хуросону Ҳироту Машҳад (1682-83), Хоразм (1593-94) зери итоати худ дароварда, идораи муттамаркази давлатро таъмин намуд. Давлат дар Қошғар дар Шарқ то баҳри Аралу Каспий дар Ғарб, аз Туркистону Сайрам дар Шимол то қисми шарқии Ҳуросон дар ҷануб доман паҳн намуда буд.

Соли 1599 сулолаи Шайбониён барҳам хурд. Ба сари ҳокимият Аштархониён омаданд. Соли 1753 бошад хонадони Манғитиён ба сари ҳокимият нишастанд. Онҳо худро амир меномиданд. Аз ҷиҳати маъмурӣ баъд аз амир қушбегӣ, қозикалон, девонбеги меистоданд. Аморати Бухоро ба 25 вилояти бекнишин тақсим шуда, ҳар яки он номи марказашро гирифта буд.

Моҳи июни соли 1868 дар назди Зирабулоқ аскари амир Музаффар аз қўшунҳои подшоҳи Руссия шикаст хурд. Аморати Бухоро тобеи Руссия гардида, аз ҳуқуқи бурдани сиёсати мустақилонаи беруни маҳрум гардид. Мувофиқи шартномаи соли 1873 боз ҳам тобеияти Бухоро ба Руссия пурзўр гардид ва зиёда аз сеяки ҳудуди Аморати Бухоро ба ихтиёри Руссия гузашт.

Дар арафаи асри XX ва давраи аввали он тоҷикон дар ҳолати бади рушди геополитикӣ қарор доштанд. Омили асосии таназзули геополитикии мардуми тоҷикроистиснои мавҷудияти давлати миллӣташкил менамуд. Тоҷикон асрҳои зиёд дар ҳайати давлатҳои гуногуни истибдодии халқҳои бегона умр ба сар мебурданд. Ҳолати мазкур ба инкишофи ҳаёти умумии мардум таъсири муайянкунанда мерасонид. Набудани давлати миллии тоҷикӣ намегузошт, ки тамаддуни миллӣ дар маънои васеаш инкишоф ёбад. Қариб тамоми соҳаҳои илм, адабиёт, санъат ва амсоли инҳо дар чунин ва вазъияти ногувор қарор доштанд. Дуруст аст, ки дар ин давра чанд нафари сарсупурдае дар ғами миллат ва беҳдошти аҳволи омма ҷонбозиҳо менамуданд ва роҳҳои беҳтари инкишофи мамлакатро нишон додани мешуданд. Вале онҳо ангуштшумор буда, дар фазои иртиҷоии рушди ҷомеа амали баҷоеро пиёда карда наметавонистанд. Аллома Аҳмади Дониш ва ҳаммаслакони вай худ чунин фазои бегонаро амиқ дарк мекарданд.

Раванди идораи ҷомеа вадавлати “ношуд”дар дасти амирони манғитӣ буда, онҳо инкишофи давлат ва идораи мамлакатро дар доираи манфиатҳои сулолавӣ, кайфу сафо ва маишати хеш ба амал мебароварданд. Аморати Бухоро давлати пуриқтидор намуда, аз ҳар ҷиҳат махсусан аз ҷиҳати ҳарбию сиёсӣ заифу нотавон буд. Ба замми ин аз ҷиҳати иқтисодӣ низ касод ва бенаво буд. Чуноне, ки дар рисолаи Аҳмади Дониш андешаҳои Қозимбек ба таври зайл ифода гардидаанд: “… ҷамъе бошанд, ки пояндози эшон чоруқ ва сарандози эшон се газ пашмина бошад ва ҷома ҳамон ресмони дурушт, ки аз он қанру ҷуволу гилем кунанд. Ва замин мунҳасир ба панҷ иқлим назар ба тақсими фарангиён, давлат мунҳасир дар чаҳор қитъа. Як қитъа замин дар диёри Туркистон боқӣ мондааст аз бақияи билоди турк, ки авлоди Ёфисанд, дар он ҷамъе бодиянишинанд ва бар сари ҳар ҷомеа касе ҳоким аст ба тағаллуб, ки ҳеҷ кадом аз аҳли давлат наянд ва аз байни эшон низ доҳили давлатҳо ва ҳар кадом даъвои лиман ал-мулку мезананд ва аз олам хабар надоранд”. Чунин ҳолати рушди давлат ва давлатдорӣ наметавонанд рақобат ба давлати дигару бонизомеро пайдо намояд. Аз ин ҳотир, дар бораи инкишофи геополитикии Аморати Бухоро имкони андешамандӣ муҳайё намебошад.

Авзои фарҳангии Аморати Бухоро низ тоқатфарсо буд. Мардуми оддӣ қариб саросар бесавод буд. Бахусус, саводи сиёсӣ, дарки масъалаҳои кишвардорӣ ва ё муайян намудани муносибат ба арзишоти гуногуни давлатдорӣ барои онҳо бегона буд. Дар бораи масъалаҳои худшиносии омма низ маводи мукаммалеро пайдо намуда, онро мавриди таҳлил қарор додан ғайриимкон буд. Аморати Бухоро давлати нотавони теократии истибдодӣ мансуб меёфт. Дар сатҳи давлатдорӣ манфиятҳои умумидавлатӣ, манфиятҳои аксарияти миллӣ ва ақаллиятҳои этникӣ мавриди баррасӣ набуданд. Зеро мансубияти миллию этникӣ ва фарҳанги ғайр мавриди шинохт қарор нагирифта буданд. Хатто таркиби этникии аҳлӣ маълум набуд. Тақрибан низ маълум набуд, ки дар кишвар кадом халқҳо ва қавмҳо умр ба сар мебаранд. Одамони оддӣ барои хонадони амир фақат манбаи даромад ва андозсупорӣ буданду халос. Дини ислом идеологияи ҳукмрон буд. Он фақат қавми мусулмон ва ё миллати мусулмонро эътироф дошта, ба дигарон ҳамчун бегонагон муносибат менамуд. ҳолатҳои махсуси муносибат ба мардуми гайри мусулмон амри ҳастӣ дошт. Муроҷиат ба манбаъҳои боэътимоди диниислом масъаларо равшан менамояд. Дини ислом, ки миллат ва миллатгароиро, асосан инкор менамояд, гузориши гайри масъаларо намеписандад. Дар ислом мавҳуми “миллат” дар маънои роҳу равиш ва мактаб қарор дорад. “Як маҷмўъаи илмию фикри ва як равишие, ки мардум бояд тибқи он амал кунанд, миллат номида мешавад.” Чунин сатҳи муносибатҳо худшиносии миллиро дар маънои имрўза гайриимкон мегардонид. Ҳолати мазкур ба ташаккулу инкишофи тафаккури геополитикии ҳам идоракунандагон ва ҳам идорашавандагон таъсири манфию иртиҷоӣ расонида ва ҳатто монеаи ташаккули чунин мафкура мегардад.

Дар ташаккулу инкишофи манфиатҳо ва мафкураи геополитикии тоҷикон тарзи ҳаёти онҳо низ таъсири амиқ расонидааст. Дуруст аст, ки аҳолии аксари шаҳрҳо бештар тоҷикон буданд. Гарчанде ки онҳо соҳибдавлат набуданд, вале то андозае ба корҳои идораи давлатӣ наздикӣ пайдо менамуданд. Аммо ин кам буд. Зеро дар бори амирони Бухоро, асосан шугли идораи корҳои давлатиро афзал надониста, диққати бештарро ба дилхушиҳои амир ва наздиконаш медонанд. Аз ин ҷост, ки дар бештари мавридҳо тоҷикон рў ба Замин оварда, зироатпарварӣ ва косибию ҳунармандиро касби асосии хеш медонистанд. Онҳо дар бештари маврид саргаҳи обро макони зист интихоб намуда, ҳаёт ба сар мебурданд.

Тоҷикон махсусияти дигари тарзи ҳаёт низ доштанд. Онҳо дар бештари мавридхо рў ба кўҳистон меоварданд.Минтақаи кўҳистондар ҳаёти мардуми тоҷик мақоми махсус пайдо намуда буд. Мардуми тоҷик минтақаи кўҳистонро дар маънӣ ва ҳолатҳои гуногун ихтиёр намудааст. Аммо дар бештари маврид ду омил асосӣ буданд. Аввало, табиати кўҳсор бисёр маводҳои зарурии зиндагиро дар шакли тайёр ин атои табиатро ба нафъи хеш истифода менамуданд. Баъдан тоҷикон маҷбур буданд, ки рў ба кўҳистон оранд. Зеро халқҳо ва қавмҳои дигар тоҷиконро маҷбур мехостанд, ки водиҳоро тарк намоянд. Хатто мардуми водӣ низ дар аксари маврид баландиҳоро ҷои истиқомат қарор медоданд. Кўҳистон маъно ва вазифаи муҳофизатиро касб намуда буд. Яъне, ба кўҳистон рў овардани мардуми тоҷик маънои халосӣ аз таъқиб ва зулми мардумони дигарро низ дорад. Кўҳистон ба сифати паногоҳ хизмат менамуд. Ҳамин тариқ,минтаҳаи кўҳистонҳамон омили географии геополитикие мебошанд, ки дар мавридҳои гуногун воситаи наҷоди тоҷикон гардидааст.

Марҳалаи нави инкишофи геополитикии Тоҷикистон аз ибтидои солҳои 20-уми асри XX шурўъ мегардад. Дар зери таъсири инқилоби Октябр дар Бухоро низ ҷунбишҳои сиёсӣ ба амал омаданд. 2 сентябр соли 1920 ҳокимияти амирро сарнагун намуданд. Аморати Бухоро ба ҷумҳурии Шўравии Халкии Бухоро табдил ёфт.

Дар ташаккули давлатдории миллӣ, рушди мақом, ҳудудҳо ва манфиатҳои геополитикӣ таъсиси ҷумҳурии Автономии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Узбекистон нақши назаррас бозидааст. Соли 1918 РАСС Туркистон ташкил гардид, ки қисми бештари ҳудуд ва халқҳои Осиёи Миёнаро дар бар мегирифт. Он ба ҳайати РСФСР дохил гардид. Вазъияти мазкур бори дигар, баъди гузашти асрҳо умеди халқҳои гуногунро барои ташкили давлатдории миллӣ зинда намуд. Фақат баъди тақсимоти миллию давлатии Осиёи Миёна муяссар гардид, ки давлати миллии тоҷикон дар шакли ҷумҳурии Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташаккул ёбад. Он ба ҳайати РСС Узбекистон ворид мегардид. Ҷумҳурии Автономии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон шакли давлатдории миллист, ки дар натиҷаи тақсимоти миллию давлатии Осиёи миёна таъсис ёфта буд. Моҳи октябри соли 1924 – давраи ташкилшавии РАСС Тоҷикистон аз 12 волости Туркистон ва аз Бухорои Шарқӣ: вилоятҳои Гарм, Кўлоб, Хисор, Кургонтеппа ва қисман Сариосиё таркиб ёфта буд. Соли 1925 Вилояти Автономии Кўҳистони Бадахшон низ ба ҳайати РАСС Тоҷикистон доҳил карда шуд. То соли 1929 давлатдорӣ дар ҳамин шакл идома дошт ва дар ҳамин сол он ба РСС Тоҷикистон табдил дода шуд. Раванди ташаккули давлати навини миллии тоҷикон ба охир расид. Минбаъд дар доираи ин шакли сохтори давлатӣ давлатдории миллӣ рушду нумўъ ёфтааст.

Мушкилии асосие, ки дар ташаккулу инкишофи фазои геополитикии давраи аввали шўравӣ ба амал омад, саҳфу хатоҳоитақсимоти ҳудудию маъмурииОсиёи Миёна ба шумор меравад. Он барои мардуми тоҷик воқеан фоҷиаи геополитикӣ мансуб меёбад, ки натиҷаи муносибати бадхоҳонаи миллатгароёни пантуркист дар нисбати қадимтарин халқи Осиёи Миёна мебошад. Дар натиҷаи тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ба ҳайати ҷумҳурии Автономии Тоҷикистон минтақаҳои қафомондатарину музофотии Бухоро ва Туркистон дохил карда шуданд.

Андешаҳо дар бораи тақсимоти миллию ҳудудӣ ҳанўз дар соли 1920 огоз ёфта буд. Дар он замон пантуркистон кўшишҳо ба харҷ медоданд, ки РСС Туркистонро аз РСФСР ҷудо намуда, дар доираи халқҳои туркзабон давлати мустақили Туркистонро ташкил намоянд. Дар тарҳрезии тақсимоти миллию ҳудуӣ гурўҳи пантуркистон бо роҳбарии Турар Рисқулов бештар фаъол буданд. Онҳо боисрор талаб менамуданд, ки ҷумҳурии халқҳои турк ташкил гардад.

Инчунин хосияти канора пайдо намудаи муносибатҳои байни роҳбарони шўравию ҳизбии русзабон ва миллатҳои дигар масъалаи тақсимоти миллию ҳудудиро то андозае метезонид. Аз ин ҷост, ки ҳанўз соли 1920 В.И. Ленин пешниҳод намуд, ки масъала омўхта шавад ва ба таври зерин ҳал гардад: харитаи этногарфии Туркистон таҳия гашта, он ба Узбекистон, Киргизистон ва Туркманистон тақсим гардад. Шароити муттаҳиднамоӣ ё тақсимоти ин 3 қисм амиқ муайян карда шавад. То ба ҳоло чунин муносибати В.И. Ленин дар нисбати тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна норавшан аст. Зеро ў аз мавҷудият ва мақоми таърихии халқи тоҷик огоҳ буд. Инчунин роҳбарони дигари давлатӣ ва ҳизби низ маълумоти зарури дар бораи халқи тоҷик дар ихтиёр доштанд. Фақат ёдовар шудани тадқиқотҳои этнографии М. С. Андреев ва китоби“Тоҷикон”-и А. П. Шишов, ки соли 1910 дар Тошканд чоп шуда буд, басанда аст, ки аз бохабарӣ ва соҳибмаълумот будан дар масъалаи ҳастии тоҷик ва тамаддуни оламгири он башорат диҳанд.

Бевосита тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна аз ибтидои соли 1924 шурўъ гардидааст. Баъди оне ки съезди XII РКП (б) масъалаи миллиро муҳокима намуд, 25 феврали соли 1924-м пленуми КМ ҳизби коммунисти Бухоро масъаларо “Дар бораи тақсимоти Осиёи Миёнаи Шўрави ба як қатор ҷумҳуриҳо аз рўи аламати миллӣ” муҳокима намуд. Таъсиси ду ҷумҳурии иттифоқӣ – Узбекистон ва Туркманистон қарор ёфт. Барои мардуми тоҷик Вилояти автономии Тоҷикистонро дар ҳайати Масчоҳӣ,қаротегин ва Гарм насиб донистанӣ буданд ва он бояд таркиби Узбекистон ҷой пайдо менамуд. Чунин муносибат ифодаи пантуркизм буда, дар рўҳияи бадбинии қавми дигар бунёд гардида буд. Онҳо зўран бовар кунонидани мешуданд, ки қавми начандон калони тоҷик маскуни кўҳистон асту бас. Онҳо ҳуқуқи таърихии тоҷикро ба шаҳрҳои қадимааш – Самарқанд, Бухоро, Хуҷанд ва водиҳои зарофаринаш рад менамуданд. Чунин муносибати методологӣ то ба замони анҷоми тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна идома дошт ва онро ходимони сиёсию ҳизбии ҳам музофот ва ҳам марказ ҷонибдорӣ менамуданд.

Дар як вақт масъалаи тақсимоти миллию ҳудудии Туркистонро ҳизбиён ва давлатдорон мавриди муҳокима қарор доданд. Нақши асоси ба Абдулло Раҳимбоев мансуб дониста мешавад. Ў вазифаи котиби ў дар Осиёи Миёна узбекҳо, қиргизҳо ва туркмаҳо аксариятро ташкил менамуданд.Дар баробари онҳо халқҳои алоҳида хурд низ мавҷудият доранд. Абдулло Раҳимбоев, ки дар пайдоиш тоҷик ва дар ҷаҳонбинӣ туркпараст буд, баранда ва муҳофизатгари идеологияи пантуркистӣ гардида, андешаҳо ва мавқеашро босуббот амалӣ мегардонид.

Масъалаи тақсимоти миллию ҳудудӣ мавриди муҳокимаи маҷлиси якҷояи Бюрои Осиёи Миёнагии КМ РКП (б) ва Бюрои иҷроияи КМ ҳизби коммунистии Туркистон қарор дода шуда буд. Дар он Файзулло Хоҷаев ва Усмон Эшонхоҷаев дар мавриди тоҷикон ва тақдири онҳо суханронӣ намуданд. Гарчанде ки онҳо мақсади ҳимояи манфиатҳои тоҷиконро пеша накарда бошанд ҳам, масъалагузорӣ намуда буданд. Зиёда аз ин Файзулло Хоҷаев дар сафи пеши муборизаи зидди тамаддуни тоҷик қарор гирифта буд. Маҳз ў забони тоҷикиро, ки асрҳои боз забони давлатӣ буд, ба забони ўзбекӣ иваз намуд. Фақат хизмати Усмон Эшонхоҷаевро қадр бояд кард.

Бюрои сиёсии КМ РКП (б) аз таърихи 12 июни соли 1924 дар бораи таъсиси комиссия аз намояндагони ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон қарор қабул намуда буд. Аммо он амалӣ нагардид. Фақат 3 рўз пеш аз муҳокимаи масъала зеркомиссияе дар ҳайати Ч. Имомов, Хоҷибоев ва М. Саидҷонов таъсис доданд, ки овози машваратӣ дошт. Онҳо дар ин муддати кўтоҳ натавонистанд, ки тамоми маводҳоро омўхта, таҳлил намуда, хулосаҳои амиқ пешниҳод намоянд. Зеркомиссияи тоҷикӣ дар мавқеи комиссияи узбекӣ қарор гирифта буд. Тамоми фаъолияти комиссия зидди манфиатҳои мардуми тоҷик равона гардида буд ва дар бештари маврид хосияти душманона ва хоинонаро дошт. Фаъолияти он хатто комиссияҳои қазоқ ва қиргизиро ба тааҷҷуб оварда буд.

Раиси Комитети Иҷроияи Марказии Бухорои Шарқӣ Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) баъди шинос шудан ба қарори Комиссияи ҳудудӣ ва Бюрои Осиёимарказии КМ ба номи В. И. Сталин мактуби эътирозӣ ирсол намуд. Ў хоҳиш намуд, ки қарори Комиссияи ҳудудӣ ва Осиёимарказии КМ боз дошта, шавад ва масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор бигиранд: Аввало, Уротеппа, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Сох, Риштан, Учқургон ва баъзе мавзеъҳои дигар ба Тоҷикистон марбут дониста шаванд. Баъдан, ба Тоҷикистон имкони ташкили ҷумҳурии мустақил дода шавад. Мактуби мазкур дар ташаккули ҳудудии Давлати Тоҷикистон саҳми хешро пайдо намуда буд.

Ба раванди тақсимоти миллию ҳудудӣ “Тезизҳо оид ба масъалаи дар бораи вазъияти тоҷикон”-и Абдураҳим Хоҷибоев нақши худро гузоштаанд. Тезизҳои мазкур, ки бо мадади шарқшиносони рус ва муаррихони касбӣ иншо гардида буд, таърихи тоҷиконро то арафаи тақсимоти миллию ҳудудӣ ба қадри имкон объективона маънидод менамуд. Аммо ҳангоми қабули қарорҳои сиёсӣ А. Хоҷибоев наметавонист, ки чунин рафтор намояд. Дар бисёр мавридҳо ҳангоми қабули қарорҳо ё муайян намудани мавқеъ ҳолатеро ҷонибдорӣ мекард, ки ба зарари манфиатҳои тоҷикон буданд. Яке аз хатоҳои бузурги А. Хоҷибоев он буд, ки ў қарори Комиссияи марказии Тоҷикистонро “Дар бораи ҳудудҳои омехта, ки ба ҳайати Тоҷикистон бо афзалияти пурраи аҳолии тоҷик” дохил мешуданд, ҷонибдорӣ накард. Дар натиҷа бисёре аз ҳудудҳои тоҷикнишин ба ҳайати РССА Тоҷикистон дохил нагардиданд.

Дар давраи тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна хатою иштибоҳҳои зиёд ва бозиҳои гуногуни сиёсӣ ба харҷ дода шудаанд. Ҳам ҳокимияти марказ ва ҳам ҳокимони маҳаллӣ манфиатҳои махсусро дифоъ менамуданд. Ҳатто Раиси Бюрои Осиёимиёнагии КМ РКП (б) И.А. Зеленский натиҷаҳои тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёнаро ҷамбаст намуда, иқрор гардида буд, ки “… ин кор тавассути табар анҷом дода шудааст”. Дар ин ибораи И.А. Зеленский маъниҳои зиёде нухуфтаанд.

Саволҳои зиёде пайдо мешаванд, ки сабаби мавқеи зиддитоҷикӣ пайдо намудани фаъолияти аъзоёни Комиссияи марзии Тоҷикистонро ҷўё мегарданд. Чунин омилҳо ва сабабҳоро ба се гурўҳ тақсим намудан мумкин аст:

– сатҳи пасти тафаккури худшиносии миллӣ, ки он оқибати таъсири омилҳои объективӣ ва субъективии гуногун ба шумор мерафт. Бисёр ходимони давлатӣ аз фаҳми амиқи принсипи “миллият” дур буданд ва ба қадри зарури ба маънии “манфиатҳои миллӣ” ва ҳимояи он сарфаҳм намерафтанд. Аз он хотир, онҳо мавқеи мустақили худро ё пайдо намекарданд ва ё онро нобоварона пешниҳод медоштанд;

– раванди ҳамчун ходими сиёсӣ ва давлатӣ ташаккул ёфтани аъзоёни Комиссияи марзии Тоҷикистон ва шахсони дигари масъули тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна аҳамияти муҳим дорад. Аксаран онҳо дар муҳити пантуркистӣ ҳамчун шахсият ташаккул ёфтаанд. Онҳо фақат дар пайдоиши тоҷик буда, тафаккури бегонаю гайриточикӣ доштанд. Муҳити гайритоҷикӣ онҳоро муқобили манфиатҳои тоҷикон истифода намуд;

– надоштани таҷрибаи давлатдорӣ аз худ дарак медод. Онҳо наметавонистанд манфиатҳои миллию геполитикии давлати эҳтимолии тоҷикро ҳимоя намоянд. Зеро моҳияти давлати навин, мақсад ва ҳадафҳои асосии он, масъалаҳои асосии инкишоф ва пешомади онҳоро амиқ дарк карда неметавонистанд. Барои ин зарур буд, ки дар шароити давлати миллӣ фаъолият намуд.

Новобаста аз чигунагии тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна он дар маҷмўъ амали мусбат ва махсусан барои тоҷикон, амали тақдирсоз буд. Зеро ба амал наомадани тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна, бигузор дар ҳамин шакли костаю нопурра ҳам, эҳтимолиятҳои гуногуну зиёдеро ба бор меовард. Тоҷикон, ки давлатдории миллии хешро аз даст дода буданд дар даҳсолаҳои охир пеш аз инқилобӣ аз ҷониби қавмҳои туркзабон таъқиб мегардиданд. Тамаддуни тоҷикӣ (форсӣ)-ро инкор намуда, сиёсати ассимилятсионии маҷбуриро ба амал мебаровардан. Идеологҳои пантуркист мавҷудият ва ҳуқуқи худмуайянкунии тоҷиконро комилан рад менамуданд. Аз ин хотир, таъсиси давлатдории милии тоҷикон бар мавкеъ ва идеолгияи пантуркистӣ зарбаи сахт гардид. Эҳёи давлатдории миллии тоҷикон, пеш аз ҳама мавҷудияти онро тасдиқ мегардонид. Он манбаи асоси ва сарогози истиқлолияти комили давлати миллии муосир мансуб меёбад. Бе галабаи инқилоби Октябр тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна гайриимкон буд. Дар шакли нопурра ва нокомил бошад ҳам Республикаи Автономии Сотсиалистии Тоҷикистон ташаккул ёфт, ки давлатдории миллиро эҳё намуд. Масъалаҳои дигар масъалаҳои рўз буданд ва онҳоро раванди инкишофи таърихӣ таҳким мебахшид.

Баъди тақсимоти соли 1924 дар бораи вазъияти ҷумҳуриҳои миллӣ, вазъи тоҷикон дар ҷумҳуриизбекистон ва ба ҷумҳурии иттифоқи табдил додани РАСС Тоҷикистон баҳсу талошҳои зиёде пайдо гардиданд. Акнун вазъият куллан тагир ёфта буд. На танҳо Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемуров, балки шахсиятҳои сиёсие чун А. Раҳимбоев, Ч. Имомов, А. Хоҷибоев, ки чанде пештар дар зери таъсири омилҳои гуногун ва хатою иштибоҳҳо Тоҷикистонро чун вилоят ва ё ҷумҳурии автономӣ дар ҳайати Узбекистон дидан мехостанд, кўшишҳои зиёд менамуданд, ки ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон ташкил гардад. Махсусан, заҳмати зиёди Абдуқодир Муҳиддинов ва Абдураҳим Хоҷибоевро қадр бояд кард. Онҳо тамоми мушкилӣ ва масъулияти ба ҷумҳурии мустақил табдил додани РАСС Тоҷикистонро бар душ доштанд.

Соли 1929 РАСС Тоҷикистон ба ҷумҳурии Шўрави Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт. Он чун субъектҳои дигари давлати иттифоқӣ шакли давлатдории миллӣ дониста мешуд. Он давлати сотсиалистии коргарон ва деҳқонон муаррифӣ мегардид.Мақомоти олии ҳокимияти давлатй Совети Олии якпалатагӣ буд, ки ба муддати 4 сол интихоб карда мешуд. Дар давраи байни сессияҳои Совети Олӣ мақоми олии ҳокимияти давлатӣ Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Мақомоти олии иҷроия ва амрдиҳанда Совети Вазирони РСС Тоҷикистон буд, ки ба фаъолияти вазоратҳо ва комитетҳои давлатӣ роҳбарӣ менамуд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ Совети депутатҳои вилоятӣ, ройонӣ, шаҳрӣ, посёлкавӣ ва қишлоқӣ буданд. Мақомоти олии судиро Суди Олии Тоҷикистон ташкил менамуд. Суди олиро Совети Олӣ ба муддати панҷ сол интихоб менамуд. Прокурори РСС Тоҷикистонро бошад Прокурори Генералии СССР ба муҳлати 5 сол таъин менамуд.

Дар Тоҷикистони Шўравӣ фақат як ҳизби сиёсӣ – Партияи Коммунистии Тоҷикистон, ки ҷузъи таркибиии КПСС буд, амал менамуд. Инчунин иттифоқҳои касаба низ амал менамуданд, ки чун партияи коммунистӣ, асосан ба таркиби мақомоти давлатӣ дохил буданд ва роҳбарии партияи коммунистиро дар тамоми масъалаҳо эътироф ва қадрдонӣ менамуданд. Таълимоти марксизм-ленинизм ба сифати идеологияи давлать амал менамуд. Ба партияи коммунистӣ Иттифоқи Ленинии Коммунистии ҷавонони Тоҷикистон дар кори тарбияи насли наврас, идораи корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ёрӣ мерасонид.

Баъди фанои СССР ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ чун ҷумҳуриҳои дигари иттифокӣ соҳиюбистиқлол гардид. Аз ин давра сар карда, марҳалаи сифатан нав дар инкишофи геополитикии Тоҷикистон огоз меёбад. Тоҷикистон на танҳо номи хешро расман дигар намуд, балки тамоми рукнҳои давлати соҳибистиқлоли миллиро пайдо сохт.

Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Миёна маскан гирифта, аз замони қабули Эъломия ва Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатӣ расман ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифтааст. Он бо Узбекистон, Киргизистон, Хитой ва Афгонистон ҳамсарҳад мебошад. Сарҳади умумии берунӣ 3777 км-ро ташкил медищад, ки аз ҷумла сарҳад бо Афгонистон (1030 км) ва Чин (430 км) хеле тўлонист. Сарҳади боқимонда ба Узбекистон (950 км), бо Киргизистон (590 км) рост меояд. Инчунин Тоҷикистонро аз Хиндустону Покистон ҳудуди Афгонистон, ки аз 15 то 65 км васегӣ дорад, ҷудо менамояд. Сарҳадҳои байни Тоҷикистон бо Узбекистону Киргизистон бошад то ба ҳол дар ҳолати номуайянӣ қарор доранд.

Ҳ удуди Тоҷикистон 143,1 ҳазор км кв. Мебошад. Тоҷикистон кишвари кўҳист. 93 % -и ҳудуди онро кўҳҳо – системаи кўҳии Тиёншон, Хисору Олтой ва Помир ишгол намудаанд, қариб нисфи кишвар дар баландии зиёда аз 3000 метр воқеъ гашта, ҳамвориҳо дар водиҳо ва хамиҳои байникўҳӣ ҷой гирифтаанд. Иқлими Тоҷикистон континентии субтропикӣ буда, дар кўҳҳо вобаста ба баландиашон гармии мўътадил, мўътадил ва хунукӣ ҳукмфармо мебошад. Дар мамлакат гармӣ то ба -48г С дар Айваҳ ва сардӣ то ба – 63г С дар Булункул мерасад. Дар кишвар дарёҳои зиёде ҷорианд. Дарёҳои аз 10 км дарозтари он 947-то мебошанд. Дарозии умумии онҳо 28500 км-ро ташкил медиҳанд.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир тагироти сифатие ба амал омаданд, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёти чомеа ва ба фаъолияти шаҳрвандон таъсири амиқ расониданд. Ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ оқибат боиси рушди инсонӣ мегардад. Ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа як навъ ҷавобест ба зиддиятҳо ва муқовиматҳои охири солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри XX. Дар ин айём аҳволи одамон ба куллӣ бад гардид ва равандҳои иҷтимоию сиёсиро бўҳрони саросари фаро гирифт. ҷумҳуриҳои миллии Иттиҳоди Шўравӣ паси ҳам истиқлолияти сиёсии хешро эълон доштанд. Қабули эъломияи истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон ба огози ҷанги ҳамватанӣ дакка хўрд.

Ҷанги ҳамватанӣ дар Тоҷикистон оқибати бевоситаи фаъолият ва муносибатҳои байниҳамдигарии мақомоти давлатӣ ва нерўҳои сиёсии оппозитсионӣ буд. Ба замми омилҳои дохилӣ омилҳои хориҷӣ низ дар аланга задани ҷанг саҳм гирифтанд. Ҷанги ҳамватанӣ рафти инкишофи мутаносибро халалдор гардонида, ба пешрафту рушди кишвар зиёни бисёр расонид. Фақат ба имзо расидан ва возеҳ гардониданиСозишномаи умуми дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣдавраи пешрафти мавзуни ҷумҳурии Тоҷикистон шурўъ шуд. Он имконият дод, ки моҷарои бародарони ҳамхун қатъ гардад ва кишвар баҳри ба ҷомеаи мутамаддин ворид гаштан қадамҳои баҳодурона гузорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло давраи гузаришро аз сар мегузаронад. Давраеро сипарӣ бояд кард, ки давлатдории тоталитариро ба ҷомеаи демократӣ табдил диҳад. Ислоҳоти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба вазифаи стратегии рушди давлатдорӣ табдил ёфтааст. Дар солҳои охир як қатор чорабиниҳое возеҳ гардонида шудаанд, ки дар пешрафти кишвар нақши барҷаста офариданд. қабули тагирот ва иловаҳо ба Сарқонуни мамлакат, қабули қонунҳои барои пешрафти кишвар хело муҳим, амали принсипи “плюрализми сиёсӣ”, мавҷудияти имкониятҳо барои фаъолияти оппозитсияи сиёсӣ, мавҷудияти воситаҳои ахбори мустақил, ташаккулу инкишофи институтҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ шаҳодати онанд, ки зарурати бунёди ҷомеаи демократӣ амиқ дарк карда шудааст.

Дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият ҳастӣ доранд. Дар заминаи он таркиби иҷтимоии аҳолӣ сифатан тагир меёбад. Ташаккули синфи миёна, ки неруи пешбари ҷомеа мегардад, аз эҳтимол дур нест. Муҳим он аст, ки чорабиниҳо баҳри тагири тарз ва сифати ҳаёти одамон равона гарданд. Пеш аз хама, талаботи одамон нисбати озуқа ва маводҳои дигари зарурӣ қонеъ гарднида шуда, адолати иҷтимоӣ риоя гардад.

Дар рушди ҳаёти сиёсии ҷомеа риояи принсипи “тақсими ҳокимият” ва ба инобат гирифтани хусусиятҳои асосии он аҳамияти муҳим пайдо менамоянд. Диққати махсусро бунёд намудан ва инкишофи институтҳои гуногуни сиёсӣ тавассути интихоби шаҳрвандон ҷалб мегардонад. Масъалаи озодиҳои сиёсӣ рўзмарра гардидааст. Эътироф ва эҳтироми баробарӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрванд ба сафи пеш мебароянд.

Дар фазои сиёсии кишвар институҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои сиёсӣ ва шумораи зиёди иттиҳодияҳои дигари гайридавлатӣ амал менамоянд. Тоҷикистон ба он мекўшад, ки давлати демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бунёд менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон рохи инкишофи демократиро пеша намудааст. Дар заминаи принсипҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои демократияи воқеӣ ҳамаи чораҳо баҳри бунёди чомеаи озоду адолатнок амалӣ хоҳанд гардид.

3 Загрузки

1.22K
Нет комментариев. Ваш будет первым!