Мафҳум ва намудҳои субъектҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

Дар назарияи соҳибкорӣ дар зери мафҳуми субъекти фаъолияти соҳибкорӣ шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо фаҳмида мешавад. Инчунин мафҳумҳои соҳибмулк, менеджер ба мафҳуми соҳибкор айният дода намешаванд.

Субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ гуфта шахсонеро меноманд, ки соҳиби ҳуқуқ ба машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ буда, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба қайд гирифта шуда, дорои ҳуқуқ ва ӯхдадориҳо соҳибкорӣ мебошанд.

Барои эътироф кардани субъект ҳамчун субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ ӯ бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

  • мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун аз қайди давлатӣ ба сифати соҳибкор гузаштан;
  • салоҳияти хоҷагидорӣ (маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо);
  • молумулки мустақил доштан;
  • ҷавобгарии молумулкии мустақил.

Легитиматсияи фаъолияти соҳибкорӣ бавоситаи аз қайди давлатӣ гузаштан ба амал бароварда мешавад. Ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсони воқеӣ ва шахсони ҳуқуқӣ машғул шуда метавонанд. Шахс аз лаҳзаи гузаштан аз қайди давлатӣ мақоми соҳибкорро пайдо менамояд. Баъди аз қайди давлатӣ гузаштан шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ пайдо мешавад ва дар баробари ин онҳо соҳиби ҳуқуқ ва уҳдадориҳои соҳибкорӣ шуда, имконияти ба амал баровардани фаъолияти соҳибкориро аз номи худ пайдо менамоянд. Тартиби аз қайди давлатӣ гузаштан барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро Қонуни ҶТ аз 1 июли 2009 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» муайян менамояд. Қонуни зикргардида фарқият аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ» принсипи «равзанаи ягона[1]»-ро муқаррар намуд. Инчунин мувофиқи м. 5 Қонуни ҶТ аз 1 июли 2009 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, то қабули Қонуни мазкур мақомоти бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ Вазорати Адлияи ҶТ ба шумор мерафт.

Салоҳияти хоҷагидорӣ гуфта маҷмӯи ҳуқуқҳои соҳибкор фаҳмида мешаванд, ки аз қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисдиҳӣ ва иҷозатнома бармеоянд.

Барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ талаботи муҳим ин доштани молумулки мустақил мебошад. Муқаррар намудани ҳуқуқ ба моликият шакли ҳуқуқии мустақил намудани моликият буда, ба соҳибкор имконият медиҳад, ки бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад.

Ҷавобгарии молумулкии мустақил маънои онро дорад, ки соҳибкор ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ бо моликияти худ ҷавоб мегуяд.

Соҳибкорон ду намуд мешаванд:

  • Соҳибкорони инфиродӣ, ки бе ташкили шахси ҳуқуқӣ амал менамоянд

Мувофиқи м. 6 Қонуни ҶТ аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» cоҳибкории инфиродӣ — фаъолияти мустақилонаи шахси воқеие мебошад, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз номи худ ва таваккалона бо масъулияти амволии худ, ба гирифтани фоида (даромад) равона карда шудааст.

Барои пайдо намудани мақоми соҳибкори инфиродӣ шахсони воқеӣ бояд аз қайди давлатӣ гузаранд. Шахсоне, ки қайди давлатиро барои пайдо намудани мақоми соҳибкори инфиродӣ намегузаранду ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд, мақомоти суд метавонад, ки нисбати аҳдҳои бастаи ин шахсон меъёрҳои Кодекси граждании ҶТ-ро оид ба ӯҳдадориҳое, ки ба амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, татбиқ намояд. Инчунин андозбандии онҳо мутобиқи қонунгузории андоз сурат мегирад.

Агар дар қонунҳо талаботи дигаре муқаррар карда нашуда бошад, нисбати фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ки бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд, мутобиқан меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти шахси ҳуқуқии ташкилотҳои тиҷоратиро ба танзим медароранд, татбиқ карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки як гурӯҳ талаботҳое, ки барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ муқаррар карда мешаванд, нисбати соҳибкорони инфиродӣ паҳн карда намешаванд. Соҳибкорони инфиродӣ уҳдадор карда намешаванд, ки баҳисобгирии бухгалтериро ба амал бароранд, ҳисоботи бухгалтерӣ ва статикиро пешниҳод намоянд.

Ҷавобгарии молумулкии соҳибкори инфиродӣ пурра мебошад, янъе соҳибкори инфиродӣ дар муносибатҳои соҳибкорӣ бо тамоми молумулке, ки ба ӯ таалуқ дорад, ҷавобгар мебошад, ба ғайр аз моликияте, ки мувофиқи Кодекси мурофиаи граждании ҶТ мусодираи онҳо манъ мебошад.

  • Соҳибкороне, ки бо ташкили шахси ҳуқуқӣ амал менамоянд. Дар бораи ин намуди соҳибкорӣ нигаред ба боби Ҳуқуқи гражданӣ, шахсони ҳуқуқӣ.

Мувофиқи Қонуни ҶТ аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Субъектони фаъолияти соҳибкорӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешаванд:

  • Субъектҳои соҳибкории хурд
  • Субъектҳои соҳибкории миёна
  • Субъектҳои соҳибкории калон

Субъектҳои соҳибкории хурд гуфта соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқиро меноманд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, андозаи даромади умумии онҳо дар авали соли андоз бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд нест, инчунин шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ на зиёдтар аз 30 нафар ва барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ то 50 нафар бошад. Дар сармояи оинномавии субъектҳои соҳибкории хурд ҳиссаи иштироки давлат бояд аз 25 фоиз зиёд набошад.

Ба субъектҳои соҳибкории хурд соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба фаъолиятҳои зерин машғул мебошанд, дохил карда намешаванд:

  • истеҳсоли молҳои зераксизӣ;
  • таҳвили алюминийи аввалия;
  • фаъолият дар соҳаи истифодабарии қаҳри замин;
  • фаъолияти бонкӣ ё суғуртавӣ;
  • фаъолияти вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;
  • фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок.

Субъектҳои соҳибкории миёна гуфта соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқиеро меноманд, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, андозаи даромади умумии онҳо дар авали соли андоз бе дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз савдои чакана аз ҳадди секаратаи муқаррарнамудаи моддаи 202 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 миллион сомонӣ зиёд нест, инчунин шумораи миёнаи кормандон дар давраи соли тақвимӣ аз 30 то 100 нафар ва барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз 50 то 200 нафар аст.

Субъектҳои соҳибкории калон соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки аз ҳадди ниҳоии талаботҳо нисбати субъектҳои соҳибкории миёна муқаррар гардида, зиёд мебошанд.


[1] Барои фаҳмидани маънои «принсипи равзанаи ягона» ниг.: қ. 2 м. 4. Қонуни ҶТ аз 1 июли 2009 «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»
1.03K
Нет комментариев. Ваш будет первым!