Мафҳум ва сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ

Мафҳуми ҳуқуқи кишоварзӣ. Ҳуқуқи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои комплексии ҳуқуқ буда, дар низоми ҳуқуқӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Ҳуқуқи кишоварзӣ мисли дигар соҳаҳои комплексии ҳуқуқ дорои предмет, метод, низом ва сарчашмаҳои худ мебошад. Ҳуқуқи кишоварзӣ танҳо бо мавҷудияти предмет, метод, низом ва сарчашмаҳои ҳуқуқии худ ҳамчун соҳаи комплексии ҳуқуқ эътироф карда мешавад[1].

Ҳуқуқи кишоварзӣ – соҳаи комплексии ҳуқуқ буда аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар хоҷагиҳои кишлоқ барои ба амал баровардани фаъолияти кишоварзӣ ба танзим медарорад[2].

Дар зери мафҳуми фаъолияти кишоварзӣ фаъолияти коркарди замин, истеҳсоли маҳсулоти зироатию чорводорӣ ва инчунин коркарди ибтидоии маҳсулоти кишоварзию истеҳсоли маводи ғизоӣ фаҳмида мешавад[3].

Доир ба предмети ҳуқуқи кишоварзӣ то ҳол олимон фикру ақидаҳои гуногун доранд[4]. Ба предмети ҳуқуқи кишоварзӣ дар баробари муносибатҳо оиди замин, муносибатҳои амволӣ ва меҳнатӣ, инчунин муносибатҳои ташкилӣ-идоракунӣ дар бахши кишоварзӣ дохил мешаванд[5]. Предмети ҳуқуқи кишоварзиро муносибатҳои гуногуни ҷамъиятие ташкил медиҳанд, ки ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти кишоварзӣ бавуҷуд меоянд.

Дар зери мафҳуми методҳои омӯзиши ҳуқуқи кишоварзӣ он роҳу восита ва тарзу усулҳоеро мефаҳманд, ки бо ёрии онҳо ҳуқуқи кишоварзӣ омӯхта мешавад. Аз сабаби ҳуқуқи кишоварзӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ эътироф гардиданаш дар он методҳои соҳаҳои мустақили ҳуқуқ истифода бурда мешаванд. Аз қабили, методи ҳокимият ва тобеият, методи баробарҳуқуқии тарафҳо ва ҳоказо[6].

Низоми ҳуқуки кишоварзӣ аз маҷмӯи меъёрҳо ва институтҳои ҳуқуқӣ иборат буда, чунин аст: қисми умумӣ ва қисми махсус[7]. Қисми умумии ҳуқуқи кишоварӣ аз институтҳои зерин иборат мебошад: батанзимдарории давлатии хоҷагии қишлоқ; батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои иҷтимоӣ дар маҳалҳо; асосҳои ҳуқуқии ислоҳоти кишоварзӣ; вазъи ҳуқуқии ташкилотҳои хоҷагиҳои қишлоқ; вазъи ҳуқуқии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ). Қисми махсуси ҳуқуқи кишоварзӣ аз институтҳои зерин иборат мебошад: режими ҳуқуқии моликияти ташкилотҳои хоҷагии кишлоқ; ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ ҳангоми истифодаи замин ва дигар заҳираҳои табиӣ; асосҳои батанзимдарории ҳуқуқӣ дар хоҷагии қишлоқ (муносибатҳои молиявӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои шартномавӣ); ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ; ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории кишоварзӣ.

Ҳамин тариқ, ҳуқуқи кишоварзӣ соҳаи комплексии ҳуқуқ буда, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар рафти истеҳсолоти кишоварзӣ батанзим медарорад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ. Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ гуфта санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии мақомотҳои дахлдори давлатӣ, корхона, иттиҳодия, ҷамъият ва ширкатҳои кишоварзиро меноманд, ки ҳамчун шакли ифодаёбии меъёрҳои ҳуқуқи кишоварзии дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии комплексии қонунгузории кишоварзӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаҳои анъанавии ҳуқуқ ҷамъшуда баромад мекунанд[8].

Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ сиёсати кишоварзии давлатро муайян менамоянд. Давлат баҳри баланд бардоштани самаранокии хоҷагии қишлоқ ва амали гардонидани ислоҳоти кишоварзӣ тадбирҳо андешида, ба ташаккули қонунгузории кишоварзӣ диққати ҷиддӣ медиҳад.

Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ танзимгари муносибатҳои кишоварзӣ буда, дар баробари нишонаҳои умумии сарчашмаҳои ҳуқуқӣ аломатҳои фарқкунандаро низ доро мебошанд[9]. Ба монанди, ҷудо шудани онҳо ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии якхелашуда ва санадҳои тафриқавӣ.

Таснифи сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ дар илми ҳуқуқи кишоварзӣ низ ҷой дошта, он бо асосҳои гуногун ба амал бароварда мешавад. Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ (санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ) вобаста ба тарзи ҳуқуқэҷодкуниашон ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлат; санадҳои ҳуқуқэҷодкуни тасдиқшаванда; санадҳои ҳуқуқэҷодкунии ваколатӣ[10]. Сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ вобаста ба қувваи ҳуқуқии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: қонун ва санадҳои зериқонунӣ[11].

Намудҳои сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ чунин аст:

  1. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон[12];
  2. Санадҳои меъёрию ҳуқуқии махсусгардонидашудаи ҳуқуқи кишоварзӣ – Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи байторӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат», Қонуни ҶТ «Дар бораи занбӯрпарварӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи зотпарварӣ дар соҳаи чорводорӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истеҳсол ва муносибати эҳтиёткорона бо пеститсидҳо ва агрокимиёҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи карантини растанӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи пӯрзур намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор», Қонуни ҶТ «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии ҶТ» ва ғ.[13];
  3. Қонунгузории ҳуқуқи экологӣ – Кодекси замини ҶТ, Кодекси оби ҶТ, Кодекси ҷангали ҶТ, Кодекси фазои ҳавои ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати табиат», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи тандурустии аҳолӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва ҳифзи олами ҳайвонот», Қонуни ҶТ «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодабарӣ ва муҳофизати маъданҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи заминсозӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи баҳои замин» ва ғ.[14];
  4. Қонунгузории ҳуқуқи гражданӣ – Кодекси граждании ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ», Қонуни ҶТ «Дар бораи консессияҳо» ва ғ.[15];
  5. Қонунгузории ҳуқуқи меҳнатӣ – Кодекси меҳнати ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати меҳнат», Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқҳо ва кафолатҳои фаъолияти онҳо», Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», Қонуни ҶТ «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва ғ.[16];
  6. Қонунгузории ҳуқуқи маъмурӣ – Кодекси ҶТ «Дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ», Қонуни ҶТ «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва ғ.[17];
  7. Қонунгузории ҳуқуқи ҷиноятӣ – Кодекси ҷиноятии ҶТ ва ғ.[18];
  8. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро вобаста ба соҳаи ҳуқуқи кишоварзӣ эътироф кардааст[19];
  9. Санадҳои зериқонунии ҶТ, ки муносибатҳои кишоварзиро батанзим медароранд[20].

Ҳамин тариқ, сарчашмаҳои ҳуқуқи кишоварзӣ ҳамчун манбаи батанзимдарорандаи муносибатҳои хоҷагии қишлоқ хизмат намуда, бо маҷбурияти давлатӣ таъмин гардида, иҷроиши меъёрҳои ҳуқуқии онҳо ҳатмӣ мебошад.


[1] Ниг: Аграрное право: Учебник. / Отв. ред. д.ю.н., проф. Быстров Г.Г., д.ю.н., проф. Козырь М.И. – М.: «Юристь», 1996. – С.3.[2] Ниг: Завражных М.Л. Аграрное право: Конспект лекции. – М.: «Эксмо», 2007. – С. 2.[3] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Ҳуқуқи кишоварзӣ. Китоби дарсӣ. – Душанбе: «Қонуният», 2000. – C. 4.[4] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 3-9.[5] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 8.[6] Ниг.: Завражных М.Л. Конспекти лексияи зикршуда. – М.: «Эксмо», 2007. – С. 5.[7] Ниг.: Ҳамон ҷо. – С. 6-7.[8] Ниг.: Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 14-15.[9] Ниг.: Ҳамон ҷо.[10] Ниг.: Ҳамон ҷо. – C. 15-16.[11] Ниг.: Аграрное право: Учебное пособие. / Отв. ред. д.ю.н., проф. С.А. Боголюбов и к.ю.н. Е.Л. Минина. – М.: «Норма», 2000. – С. 17-31; Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ». // Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0.[12] Ниг.: Моддаи 13 Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе, 2003. – С. 10; Ҷабборов Р.Б. Китоби дарсии зикршуда. – С. 77-78.[13] Ниг.: Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0; Исмоилов Ш.М., Шонасридинов Н.Ш., Нодиров Ф.М. Китоби дарсии зикршуда. – C. 14-16.[14] Ниг.: Ҳамон ҷо; Ҷабборов Р.Ҷ. Ҳуқуқи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон: Китоби дарсӣ. – Душанбе, «Диловар-ДДМТ», 2004. – С. 78-82.[15] Ниг.: Ҳамон ҷо; Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми I. Китоби дарсӣ. // Зери таҳрири Усмонов О.У. – Душанбе: «Матбуот», 2001. – С. 32-38.[16] Ниг.: Адлия (централизованный банк правовой информации РТ). – Версия 6,0; Шонасридинов Н., Бозоров Р.Б. Ҳуқуқи меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ). Китоби дарсӣ. / Зери назари н.и.ҳ., дотс. Шанасридинов Н. – Душанбе: «Сино», 2006. – С. 33-50; Худоёров Б.Т., Шонасридинов Н., Мукумова С.А. Тафсири Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муҳаррири масъул н.и.ҳ., дотс. Шонасридинов Н. – Душанбе: «Эл-граф», 2004. – С. 10-21.[17] Ниг.: Ҳамон ҷо; Ойев Х. Хидмати давлатӣ: Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои таҳсилоти олӣ, тахассуси «Давлатшиносӣ». – Душанбе: «Маҳмадҷон», 2005. – 82с.[18] Ниг.: Ҳамон ҷо; Тафсир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. / Муҳаррири масъул Шарипов Ҳ.Ҳ. – Душанбе: «Глобус», 2006. – С. 559-660.[19] Ниг.: Ҳамон ҷо.[20] Ниг.: Ҳамон ҷо.
279
Нет комментариев. Ваш будет первым!