Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ

Муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми ҷамъ, тақсим ва истифодабарии мабалағҳои пули давлатӣ ба миён меоянд, тағйир меёбанд ва қатъ мегарданд, инчунин бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба танзим дароварда мешаванд, муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ном доранд. Муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ аз субъект, объект ва мазмун таркиб ёфтаанд. Диққати махсусро барои таҳлил субъектони ҳуқуқи молиявӣ ба худ ҷалб менамоянд. Ба сифати субъектони муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва давлат баромад менамоянд, дар сурате, ки лаёқати соҳибҳуқуқӣ (қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ) дошта бошад. Зери мафҳуми шахсони воқеӣ шаҳрвандони ҶТ, шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бетабааро (бешаҳрвандиро) дар назар доранд ва ҳар яке аз онҳо имконияти иштирок дар раванди фаъолияти молиявии давлатро доранд. Масалан, шаҳрванди ҶТ метавонад, ки ҳаёт, саломатӣ ва ё моликияти худро дар ширкатҳои суғуртавӣ суғурта намояд. Бо баробари содир намудани ин амал, вай ба иштирокчии фаъоли муносибатҳои ҳуқуқӣ-молиявӣ табдил меёбад.

Шахсони ҳуқуқӣ бошанд, ҷисми зинда нестанд. (Аз пурсиши умумии донишҷӯёни ихтисосҳои ғайриҳуқуқӣ маълум гардид, ки онҳо бо баробари шунидани ин ибора ё корманди мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ё донишманди соҳаи ҳуқуқро тасаввур менамоняд, ки ин ғалат аст.) Тибқи моддаи 48 Кодекси Граждании ҶТ ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият, пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии молу мулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда, татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Шахсони ҳуқуқиро аслан дар ҳуқуқи молиявӣ ба се гурӯҳ ҷудо менамоянд:

а) шахсони ҳуқуқии буҷетӣ, ки на камтар аз 70 % аз ҳисоби буҷети давлат маблағгузорӣ мешаванд;

б) шахсони ҳуқукии тиҷоратӣ, ки мақсади асосии фаъолияташон бадастдарории фоида аст (масалан ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ) ;

в) шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, ки мақсади асосии фаъолияти онҳо бадастдарории фоида нест, вале дар доираи мақсадҳои оинномавиашон метавонанд ба фаъолияти гуногун машғул гардида, фоида ба даст дароранд. (масалан, муассисаҳо, ташкилотҳои ғайриҳуқуматӣ).

Ба сифати объекти муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ ҳама гуна неъмат ва хизматрасониҳое баромад менамоянд, ки иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ дар доираи онҳо ба ҳам омада муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро ба вуҷуд меоранд, тағйр медиҳанд ва ё қатъ мегардонанд. Дар доираи ин объектҳо шояд муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ бидуни ихтиёр ва иродаи иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён оянд, тағйир гарданд ва ё қатъ шаванд. Масалан муносибатҳои суғуртавӣ, ки қисмати таркибии муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ба ҳисоб мераванд, ҳамчун қоида бо баробари фарорасии ҳодисаи суғуртавӣ (масалан, заминларза, обхезӣ, марг ва ғ.) ба миён меоянд. Чунин ҳолатро дар илми ҳуқуқшиносӣ бо унвонии «фактҳои ҳуқуқӣ» ном мебаранд, ки вай ҳамзамон рукни сеюми ҳама гуна муносибатҳои ҳуқуқӣ, минҷумла муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ ба ҳисоб рафта асосҳои пайдоиш, тағйриёбӣ ва қатъгардии муносибатҳои ҳуқуқиро ифода менамояд.[1]

Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи молиявӣ бошанд, мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи молиявиро ташкил медиҳанд. Дар маҷмуъ ҳамаи ин рукнҳои номбаргардида қисматҳои таркибии муносибатҳои ҳуқуқии молиявиро созмон медиҳанд.

[1] Роҷеъ ба мафҳум ва намудҳои фактҳои ҳуқуқӣ муфассал нигаред ба бобби 2-юми ҳамин китоб.

276
Нет комментариев. Ваш будет первым!