Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи экология

Ҳифзи муҳити табиии атроф яке аз масоили глобалии инсоният ба шумор рафта, дар ҳамкориҳои байналхалқӣ ҳалли худро ёфта, дар сатҳи маҳал, минтақа ва ҷаҳон ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳуқуқи байналхалқии экологӣ[1] ду шакли ҳамкориҳои давлатҳо оид ба ҳифзи муҳити табиии атроф ҷудо карда мешавад: 1) шакли шартномавӣ – дар коркард ва қабули шартномаҳо оид ба ҷабҳаҳои гуногуни масоили муҳити табиии атроф инъикос меёбад; 2) шакли ташкилӣ – дар баргузоркунии конфронсҳои байналхалқӣ дар сатҳи байнидавлатӣ ва инчунин дар ташкил ва фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи муҳити табиии атроф амали мегардад.

Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи экология дар ду самт ба роҳ монда шудааст: яке бо давлатҳои алоҳида (созишномаҳои дутарафа) ва дигаре бо ташкилотҳои байналхалқӣ (шартномаҳои байналхалқӣ). Ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи экология аз ҷумла бо Федератсия Русия, Ҷумҳуриҳои Белорусия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, ИМА, Норвегия, Германия, Туркия, Шветсария ва дигар давлатҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экология аз ҷумла бо СММ, ИДМ ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкориҳо дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол бо бисёр давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ дар соҳаи экология ҳамкориҳои қавӣ барқарор кардааст[2].

Мақомоти давлатӣ дар соҳаи экология қариб дар тамоми мамолики ҷаҳон, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мақомоти қудратӣ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Туркия нисбат ба дигар мақомоти давлатӣ мақомоти давлатӣ дар соҳаи экология нуфузу мартабаи зиёдтарро соҳиб гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор намудан ва инкишоф додани ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаи экология Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ ва дигар мақомоти давлатӣ масъул мебошанд.

Дар натиҷаи ҳамкориҳо дар соҳаи экология бисёр шартномаҳои байналхалқӣ ба имзо расидаанд, ки онҳоро сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқии экологӣ низ номидан мумкин аст. Онҳоро метавон чунин пешниҳод кард:

  1. Конвенсияи Базелӣ «Дар бораи назорат аз болои кашонидани транссарҳадии партовҳои хатарнок ва бартараф кардани онҳо» (аз соли 1989);
  2. Конвенсияи Венагӣ «Дар бораи ҳифзи қабати азон» (аз соли 1985);
  3. Конвенсия «Дар бораи гуногунрангии биологӣ» (аз соли 1992);
  4. Ковенсияи Ромсарӣ «Дар бораи обу ботлоқзорҳое, ки асосан ба сифати ҷои зисти мурғҳои обӣ халал ворид мекунанд ва аҳамияти байналхалқӣ доранд» (аз соли 1971);
  5. Конвенсияи Вашингтонӣ «Дар бораи савдои байналхалқии намудҳои фауна ва флораи ёбоӣ, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд» (аз соли 1973);
  6. Конвенсияи Женевагӣ «Дар бораи ифлоскунии транссарҳадии ҳаво дар масофаи дур» (аз соли 1979);
  7. Конвенсияи Парижӣ «Дар бораи ҳифзи мероси умумиҷаҳонии маданӣ ва табиӣ» (аз соли 1972);
  8. Конвенсияи Бернӣ «Дар бораи ҳифзи фауна ва флораи ёбоӣ ва бошишгоҳҳои муҳити табиӣ дар Европа» (аз соли 1979);
  9. Конвенсияи Боннӣ «Дар бораи ҳифзи намудҳои ҳиҷраткунандаи ҳайвонҳои ваҳшӣ» (аз соли 1979);
  10. Конвенсияи СММ «Дар бораи ҳуқуқи баҳрӣ» (аз соли 1982);
  11. Конвенсияи Парижӣ «Дар бораи мубориза бо биёбоншавӣ» (аз соли 1994);
  12. Конвенсияи Хелсинкӣ «Дар бораи муҳофизати баҳрии ноҳияҳои баҳри Балтика» (аз соли 1974);
  13. Конвенсияи Эспоӣ «Дар бораи баҳодиҳии таъсиррасонӣ ба муҳити атроф дар контексти транссарҳадӣ» (аз соли 1991);
  14. Конвенсияи байналхалқӣ «Дар бораи ҳифзи паррандагон» (аз соли 1950, ш. Париж);
  15. Конвенсияи Вашингтонӣ «Дар бораи танзими сайди китҳо» (аз соли 1946);
  16. Конвенсияи доиравии СММ «Дар бораи тағйирёбии иқлим» (аз соли 1992, ш. Ню-Йорк);
  17. Созишномаи Ослоӣ «Дар бораи ҳифзи хирсҳои сафед» (аз соли 1973);
  18. Созишномаи Ню-Йоркӣ «Дар бораи ҳифзи китҳои хурди баҳри Балтика ва Шимол» (аз соли 1992);
  19. Созишномаи Хелсинкӣ «Дар бораи ҳифз ва истифодабарии обҳои равон ва кӯлҳои байналхалқӣ» (аз соли 1992);
  20. Стратегияи Рованиягӣ «Дар бораи муҳофизати муҳити атрофи Арктика» (аз соли 1991, Финляндия).

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин шартномаҳои байналхалқӣ дар соҳаи экология ҳамроҳ гаштааст: Конвенсияи Венагӣ «Дар бораи ҳифзи қабати азон», Конвенсия «Дар бораи гуногунрангии биологӣ», Конвенсияи доиравии СММ «Дар бораи тағйиёбии иқлим», Конвенсия «Оид ба мубориза зидди биёбоншавӣ ва ҳоказо.

Конвенсияи Венагӣ «Дар бораи ҳифзи қабати азон» дар шаҳри Венаи Австрия соли 1985 қабул шуда, зиёда аз 120 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 иштирокчии он шудааст. Иттиҳоди иқтисодии Аврупо низ иштирокчии он аст. Мақсади асосии он муҳофизати саломатии одамон ва муҳити атроф, тағйирёбӣ дар қабати азон мебошад.

Конвенсия «Дар бораи гуногунрангии биологӣ» соли 1992 дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия қабул шуда, иштирокчиёни он зиёда аз 167 давлат ва Иттиҳоди иқтисодии Аврупо буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 1997 ҳамроҳ гардидааст. Мақсадҳои асосии Конвенсияи мазкур нигаҳдории гуногунрангии биологӣ, истифодабарии устуворонаи қисматҳои гуногунрангии биологӣ, тақсимоти адолатноки фоида аз манбаъҳои генетикӣ мебошад.

Конвенсияи доиравии СММ «Дар бораи тағйиёбии иқлим» соли 1992 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қабул шуда, ба он зиёда аз 59 давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997, шомил гардидаанд. Мақсади асосии он устувор кардани ҷамъоварии газҳои гармнок дар атмосфера дар сатҳе, ки ҳамроҳшавии антропогениро дар низоми ташкилии иқлим пешгирӣ менамояд, мебошад.

Конвенсияи Парижӣ «Дар бораи мубориза бо биёбоншавӣ» соли 1994 дар шаҳри Парижи Франсия қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он соли 1998 дохил шудааст. Мақсади асосии он мубориза зидди биёбоншавӣ ва бартараф намудани оқибатҳои хушкӣ дар кишварҳое, ки ба биёбоншавӣ дучор гаштаанд, мебошад.

Ҳамин тариқ, ҳамкориҳои байналхалқии ҶТ дар соҳаи экология баҳри самаранок истифода намудани сарватҳои табиӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон кушиш карда истодааст, ки ҳамкориҳои байналхалқиро дар соҳаи экология хусусан оид ба захираҳои обӣ ба роҳ монад.


[1] Ниг.: Марочкин С.Ю. Международное право окружающей среды. // Международное право: Учебник для вузов. / Отв. ред. проф. Г.В. Игнатенко и проф. О.И. Тиунов. – М.: Норма, 2005.– С. 575-585; Тоҳиров Н.Ф. Ҳуқуқи байналхалқии муҳити атроф. // Ҳуқуқи байналхалқӣ. Китоби дарсӣ. / Муҳаррири масъул проф. Менглиев Ш.М. – Душанбе: «Ирфон», 2010. – С. 497-506.[2] Ниг.: Международное право. Китоби дарсии зикршуда. – С. 578-580; Ҳуқуқи байналхалқӣ: Васоити таълимӣ. / Муҳаррири масъул проф. Менглиев Ш.М. – Душанбе: «Андеша», 1999. – С. 137-138; Ҳуқуқи байналхалқӣ. Китоби дарсии зикршуда. – С. 264-268; Шоев Фирӯз. Мақолаи илмӣ-оммавии зикршуда. – С. 3.
501
Нет комментариев. Ваш будет первым!