Хукукхои шахсии гайримодди ва таснифи онхо
Дар байни сохахои хукуки Чумхурии Точикистон хукуки граждани макоми хосса дорад. Аз як тараф, ин сохаи хукук агар дорои мавзуи хеле васеъ бошад, аз тарафи дигар, меъёрхои хукукии он муносибатхои чамъиятиеро низ танзим мекунанд, ки гайримодди (« бепайкар ») мебошанд. Хусусан баъд аз кабул намудани Кодекси нави граждании Чумхурии Точикистон ин кабил муносибатхо боз хам бештар фаро гирифта шудааст.
Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки хукуки граждани ба низом медарорад, ба ду гурух чудо мешаванд:
1.Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки бо молумулк алокаманданд;
2.Муносибатхои шахсии гайримоддие, ки бо молумулк алокаманд нестанд.
Муносбатхои шахсии гайримодди асосан байни шахрвандон оид ба неъматхои гайримодди ва мазмуни иктисоди надошта ба вучуд меоянд. Вале онхоро мутлакан аз муносибатхои молумулки чудо кардан нодуруст аст. Масалан, агар муаллиф барои асари эчодкардааш мукофот гирад. Дар ин чо мо алокамандии ин ду гурухи муносибатхои чамъиятиро мушохида § карда метавонем. Чуноне Ш.Т. Тагойназаров кайд мекунад, ин муносибатхо ягонагии умуми доранд.
Новобаста аз ин гуфтахо муносибатхои шахсие мавчуданд, ки ба молумулк алокаманди надоранд. Сухан дар бораи хаёт ва саломати, эътибори шахси, шаъну шараф, масунияти шахси, номусу номи нек, эътибори кори ва гайра меравад.
Ин неъматхо бо шахсият алокаи ногусастани дошта, бегонанашавандаанд. Ин муносибатхо мавзуи муомилоти моли шуда наметавонанд. Аз ин ру, нисбати онхо танхо муносибатхои шахси, гайримодди чой дорад, онхоро аз шахсияти одам чудо намудан номумкин аст ва мувофикан ба дигар шахс дода намешаванд.
Ин хусусиятхоро ба назар гирифта, баъзе олимон бар он акидаанд, ки меъёрхои укуки граждани ин кабил муносибатхоро на танзим, балки хифз менамояд.
Ин нукта дар кисми 2 моддаи 2 Кодекси граждании Федератсияи Русия бевосита сабт шудааст. Дар он чо аз чумла омадааст:
«2. Хукук ва озодихои бегонашавандаи инсон ва дигар неъматхои гайримодди бо конунхои граждани хифз мешаванд,
агар аз мохияти ин неъматхои гайримодди тартиби дигаре барнаояд.»
Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тамоман тартиби дигар пешбини шудааст. Дар кисми 5 моддаи 1 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст:
«5. Муносибатхои марбут ба татбик ва хифзи хукуку озодихои инсон ва дигар неъматхои гайримодди (муносибатхои шахсии гайримолумулкие, ки ба муносибатхои молумулки алокаманд нестанд) бо конунхои граждани танзим карда мешаванд, зеро аз мохияти ин муносибатхо тартиби дигаре барнамеояд.»
Ба фикри ман мавкеи Кодекси граждании Чумхурии Точикистон ба вокеият наздиктар аст. Зеро хифз намудан яке аз роххои танзими хукуки аст. Вагарна аксари меъёрхои хукукие, ки ба хифзи хукуку озодихо равона гаштаанд, мохияти худро гум мекунанд. Масалан, Кодекси чиноятии Чумхурии Точикистон аксаран аз меъёрхои хифзкунанда иборат аст. Ба хар хол, чун мавзуи рисола ба дигар масъала бахшида шудааст, ба мохияти ин бахс дода намешавем.
Неъматхои гайримодди гарчанде бо шахсияти одам алокаманд бошанд хам, онро набояд чун чузъи биологии одам донист. Яъне онхо дар шакли хукуки субъективи чой доранд.
Хукуки субъективи мафхуми абстракти аст, бинобар ин, ифодаи мукаммали он хеле душвор аст. Аз ин сабаб, дар адабиёти хукуки то хол мафхуми ягонаи хукукхои гайримодди чой надорад.
Ш.Т.Тагойназаров мафхуми хукукхои шахсиро то дарачае дар шакли мукаммал пешниход намудааст. Мухтасаран онро чунин баён намудан мумкин аст: хукукхои шахси ин хукукхои мукаддаси вокеан мавчударо меноманд, ки барои таъмини мустакилият, ифодаи чихатхои мусбии шахсият таъин шуда, барои ташаккули сифат ва кобилияти ичтимоии инсон равона шудаанд, ки вобаста ба ин хусусияташон аз чониби конунгузори эътироф гашта, хифзи онхо кафолат дода шудааст.
Барои боз хам амиктар дарк намудани хукукхои шахсии гайримодди бояд онхоро тасниф намоем.
Тахлили меъёрхои алохидаи Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон нишон медихад, ки доираи зиёди хукукхои шахси дар он мустахкам шудаанд. Масалан:
— дахлнопазирии хаёт, кадр, номус (моддаи 5);
— хукук ба хаёт ва дахлнопазирии шахс (моддаи 18);
— дахлнопазирии манзил (моддаи 22);
— махрамияти мукотиба, сухбатхои телефони, муросилот ва мухобироти шахс (моддаи 23) ва гайра.
Хамаи ин ва дигар хукукхои шахси низоми муайянро ташкил медиханд. Низомхои мураккаб эхтиёчот ба таснифот доранд. Дар мавриди мо низ хукукхои шахсии гайримодди бояд тасниф карда шаванд, зеро ин хукукхо низоми мураккаберо ташкил медиханд. Ба гайр аз он, «… тадкик, муайян кардани аломатхои таснифотии хукукхои шахсии гайримодди ва танзими онхо ба максади таъсири самараноки хукуки ба хаёти чамъияти, мукаммал ва муназзамсозии муносибатхои чамъияти, инчунин хифзи хукук ва манфиатхои шахрвандон зарур аст».
Вале таснифи ин хукукхо дар доираи рисолаи дипломи хадафхои дигарро пайгири менамояд. Ин чо бояд мо мавкеи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро муайян сохта, накши онро дакик созем. Зеро рисолаи дипломи махз ба хамин хукуки шахсии гайримодди бахшида шудааст.
Таснифи хукукхои шахсии гайримодди дар адабиёти хукуки аз руи махакхои гуногун ба амал бароварда шудааст. Масалан, В.А.Рясенсев вобаста ба манфиатхое, ки хукукхои шахсиро ташкил медиханд, хукукхои шахсии гайримоддиро ба 5 гурух чудо кардааст:
1)неъматхои гайримоддие, ки аз шахсият чудонопазиранд (хаёт, саломати, дахлнопазирии шахсият);
2)неъматхои гайримоддии фардисозандаи инсон (ба ин гурух муаллиф ном, шаъну шараф ва гайраро дохил кардааст);
3)манфиатхои гайримодди дар сохаи хукуки оилави;
4)манфиатхои гайримоддие, ки аз иштироки шахрвандон дар мехнати чамъияти (хамаи намудхои эчодиёт), инчунин аз амалисозии хукук ба тахсилот, истирохат ва гайра бармеоянд;
5)манфиатхои гайримодди дар сохаи манфиатхои гайримодди.
Ш.Т.Тагойназаров аз руи махаки табиати хукуки онхоро чунин тасниф месозад:
1) хукукхое, ки аз шахсият чудонопазиранд (хукук ба хифзи хаёт, саломати, психика, дахлнопазирии шахсият ва гайра);
2) хукук ба зохирсозии сифатхои ичтимоии шахсият, инчунин таъмини кафолати махдуднопазирии ин холат (хукук ба ном, номи фирмави, шаъну шараф, симо ва гайра);
3) хукук ба дахлнопазирии хаёти шахси ва махрамияти он (хукук ба дахлнопазирии акди никох, дахлнопазирии манзил, хуччатхот шахси, махрмияти мукотиба ва гайра);
4) хукук ба фаъолияти эчоди ва истифодаи натиҷаи он (хукук ба муаллифи, истифодаи дастовардхои фарханги ва гайра).
Дар китоби дарсии «Хукуки граждани» (кисми 1) хукукхои шахсии гайримодди аз руи махаки максади ба амал баровардани онхо тасниф шудаанд:
1)хукукхои шахсии гайримолумулкие, ки бехатарии чамъиятии шахсро таъмин менамоянд: хукук ба хаёт, хукук ба саломати, хукук ба бехбудии мухити атроф ва гайра;
2)хукукхое, ки ба ташаккули фардии шахсият дахл дорад: хукук ба ном, хукук ба симои шахси ва нуктаи назар, акида, хукук ба шаъну шараф, эътибори кори;
3)хукукхое, ки мухторияти шахсро дар чомеа таъмин менамояд: хукук ба дахлнопазирии хаёти шахси, хукук ба дахлнопазирии мукотибот, гуфтугуи телефони ва ахбори телеграфи, хукук ба дахлнопазирии манзил ва гайрахо.
А.Е. Шерстобитов махакхои таснифи хукукхои шахсии гайримоддиро тахлил намуда, барои муайянсозии мансубияти мавзуии ин хукукхо таснифоти зеринро пешниход кардааст:
1) хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои фардисозии шахсияти ваколатдор равона шудаанд. Ба ин гурух у хукук ба ном, хукук ба хифзи шаъну шараф ва гайраро мансуб медонад;
2) хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои таъмини дахлнопазирии шахсят равона шудаанд. Чунончи, хукук ба дахлнопазирии чисмони, хифзи хаёт ва саломати, хукук ба симои шахси ва гайра;
3). хукукхои шахсии гайримоддие, ки барои таъмини дахлнопазири ва махрамияти хаёти шахрвандон равона шудаанд: хукук ба дахлнопазирии манзил, хуччатхои шахси, хукук ба махрамияти хаёти шахси ва гайра.
Дар адабиёти хукуки таснифоти дигар низ чой дорад, вале барои дарки мохият ва макоми хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори пешкаш намудани таснифоти болои кифоя аст.