​Мафхум ва мазмуни хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори

Мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукукхои субъективи мукаррар шудаанд. Ин хукукхо ба гурухи хукукхои граждании гайримодди дохиланд. Болотар мо атрофи масъалаи неъматхои шахсии гайримодди сухан ронда, таснифоти хукукхои шахсии гайримоддиро низ тахлил намудем. Инчунин дар он чо масъалаи мавкеи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори дар низоми дигар хукукхои шахсии гайримодди барраси шуда буд. Холо бошад, мафхум ва мазмуни ин хукуки субъективи муфассалтар мавриди тахлил карор хохад гирифт.

Пеш аз баррасии мафхуми ин хукук мо бояд ба як масъалаи хеле нозук диккат дихем. Мохияти аслии ин масъала дар он аст, ки дар адабиёти хукуки бархе аз мухаккикон хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро ба хайси хукуки субъективи намешиносанд.

Дар хакикат ин хукуки субъективи дорои хусусиятхои хоси зиёд аст, вале харгиз онхо барои инкори хукуки субъективи будани хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори асос шуда наметавонанд. Баъзе муаллифон ин хукукро чузъи таркибии кобилияти хукукдори медонанд[1], кисми дигар онро ба мазмуни кобилияти хукукдори дохил мекунанд.[2]

Барои рушнои андохтан ба мохияти масъала бояд сараввал мафхуми худи хукуки субъективи кушода шавад. Л.К.Рафиева оид ба муайянсозии ин мафхум олимон ба чунин гуруххо таксим кардааст:

1)муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун муддао барраси мекунанд (Масалан, М.М.Агарков яке аз чонибдорони чунин акида аст);

2)муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун воситаи таъмини рафтори муайяни шахсони ухдадор барраси мекунанд (масалан, О.С.Иоффе ба ин акида таваччухи хосса зохир кардааст);

3)муаллифоне, ки хукуки субъективиро хамчун андозаи рафтори имконпазир ё ичозатдодашуда мефахманд;

4)муаллфоне, ки хукуки субъективиро хамчун рафтори ичозатдодашудаи худи шахси ваколатдор ва имконияти талаб намудани рафтори муайянро аз шахсони ухдадор мефахманд (масалан, ин гуна акидахоро дар тадкикотхои Н.Г.Александров ва Ю… Толстой дучор шудан мумкин аст).[3]

Хукук ба шаъну шараф бояд хамчун хукуки субъективи дар маънии охирин фахмида шавад.

Ба ибораи дигар гуем, хукук ба шаъну шараф чунин хукуки субъективиест, ки мохияти онро хукуки хар шахс ба дахлнопазирии шаъну шарафи у ва имконияти талаб кардани худдори аз поймол кардани ин хукук аз чониби шахсони вокеи ва хукукии дигар ташкил медихад.[4]

Ин чо хусусияти мухими ин хукук ошкор карда шудааст. Яъне ин хукук новобаста аз оне, ки поймол мегардад ё не, хамеша чой дорад. Пас, дар ин асно бояд ду мафхум аз хамдигар фарк карда шаванд: худи хукук ва хифзи ин хукук.

Хукуки субъективии шахс ба шаъну шараф то поймол гаштан ва баъд аз поймол гаштан низ чой дорад. Дар вакти поймол гаштани он масъалаи хифзи ин хукук ба миён меояд.

Ш.Т.Тагойзаров мазмуни моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон тахлил намуда, ба чунин хулоса омадааст, ки тарзхои поймол кардани шаъну шараф, ки дар ин модда пешбини шудааст, хамаи тарзхои поймолгардии шаъну шарафро дар бар намегирад. Шаъну шараф мумкин аст, ки бидуни пахн кардани ягон маълумот низ поймол карда шавад.

Аз ин ру, муаллиф ба чунин хулосае меояд, ки масъала бояд фаррохтар гузошта шавад. Дар ин замина у байни ду мафхум тафовут мегузорад: аввалан, хукук ба шаъну шараф ва эътибор, сониян, хукук ба хифзи шаъну шараф аз хама намуди вайронкорихо.

Болотар зикр шуда буд, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки мутлак баромад мекунанд. Мувофикан, хар як шахси дигар (доираи номуайяни ашхос) ухдадоранд, ки аз поймол кардан ё суикасд ба ин хукуки шахс худдори намоянд.

Нуктаи дигарро низ ин чо бояд кайд сохт, ки хукуки субъективии мазкур аз хукуки моликият фарк мекунад. Дар хукуки моликият дар мадди аввал харакати худи шахси ваколатдор меистад, дар хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори бошад, дар мадди аввал худдори намудани ашхоси ухдадор аз харакатхо меистад. Ин хусусияти хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори аз мазмуни меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон бармеоянд.

Хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун неъмати гайримодди ва хамчун муносибати муайяни чамъияти фахмида мешавад. Аз ин чо хусусияти дигари ин хукуки субъективиро нишон додан мумкин аст. Мавзуи танзими хукукиро дар ин маврид на хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчен неъмат, балки хамчун хукук нисбати он (муносибати чамъияти) ташкил медихад.

Мувофики Кодекси граждании Чумхурии Точикистон хар шахс хукук дорад, ки рад намудани маълумоти пастзанандаи шаъну шараф ва эътибори кории уро аз суд талаб кунад. Конструксияи конун дар ин маврид чунин аст, ки хукуки шахси ваколатдор ба ухдадории дигар ашхос мувофик меояд. Меъёри конун дигар ашхосро барои худдори аз амали муайян даъват мекунад, модом ки кор чунин ранг гирифта бошад, пас меъёри конун ин хукуки субъективиро танзим мекунанд, ки хифз намудани ин хукук танхо чузъи ваколати шахси манфиатдор аст. Аз ин ру, мавкеи конунгузории Чумхурии Точикистон дар хусуси он, ки хукукхои шахсии гайримодди аз чониби меъёрхои хукук танзим мешаванд, асоснок аст.

Дар адбиёти хукуки инчунин дар таркиби хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ваколатхои сохиби, истифода ва тагйир доданро тафрика мегузоранд.

Ваколати сохиби кардан имконияти доштани шаъну шараф ва эътибори кори новобаста аз иродаи дигар шахсони сеюм мебошад.

Ваколати истифода имконяти истифодаи тасаввурот дар бораи худ дар доирахои гуногун мебошад.

Ваколати тагйир додан имконияти содир намудани амалхои муайянро дар назар дорад.

Хусусияти дигари меъёрхои хукукие, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро танзим мекунанд, дар он аст, ки дар ин меъёрхо хамаи ваколатхои шахси сохиби ин хукукро пешбини кардан номумкин аст. Яке аз сабабхои асосие, ки барои пешниход кардани мафхуми умумии хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори монеа мегардад, махз хамин аст.

Хамин тавр, дар вакти баррасии масъалаи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи бояд ба баъзе хусусиятхои ин хукук диккат дод. Масалан, конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон бештар ба чанбаи негативии ин хукук – рафтори манъшудаи ашхоси ухдадор диккат додааст. Сониян, конун на худи ин неъмат (шаъну шараф ва эътибори кори), балки муносибатхо вобаста ба онро танзим месозад. Бо далелхои дар боло овардашуда бо катъият метавон гуфт, ки хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хамчун хукуки субъективи баромад мекунад. Хама гуна акидахо оид ба инкори ин хукук хамчун хукуки субъективи асоси чидди надоранд. Чуноне кайд шуд, чунин муаллифон ба баъзе хусусиятхои ин хукук этибор дода, мохияти худи ин хукуки субъективиро мадди назар кардаанд.

Хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори хукуки субъективии хар як шахси вокеи ва хукуки мебошад. Ин хукук аз дорандаи он чудонашаванда аст. Дар сурати поймол шудани ин хукук ба манфиатхои шахсони дахлдори зарари мохияти расонида мешавад, аз ин ру, эътироф шудани ин хукуки субъективи ва кафолат дода шудани он аз чониби давлат ахамияти бузург дорад.

Пас, хукук ба шаъну шараф ва эътибори кориро чунин муайян намудан мумкин аст:

хукук ба шаъну шараф чунин хукуки субъективиест, ки мохияти онро хукуки хар шахс ба дахлнопазирии шаъну шарафи у ва имконияти талаб кардани худдори аз поймол кардани ин хукук аз чониби шахсони вокеи ва хукукии дигар ташкил медихад.

721
Нет комментариев. Ваш будет первым!