​Тарзхои махсуси хифзи хукуки-граждании шаъну шараф ва эътибори кори

Дар хукуки граждани тарзхои хифзи хукуки граждани гуфта, чорахои моддии хукукии дорои хусусияти мачбуркунандаро мефахманд, ки конуни граждани мукаррар намудааст ва тавассути онхо иштирокдорони муносибатхои хукуки натичаи дахлдори хукуки дилхохро ба даст меоранд. Ба ибораи дигар гуем, дар натчаи он хукуки вайронгардида ё мавриди бахс карор ёфта эътироф карда мешавад, баркарор мешавад, ба хукуквайронкунанда таъсир расонида мешавад.

Дар моддаи 12 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон якчанд тарзхои хифзи хукукхои граждани пешбини шудааст:

— эътирофи хукук;

— баркарор намудани вазъе, ки то вайрон кардани хукук чой дошт ва пешгири намудани амалхое, ки хукукро вайрон мекунанд ё барои вайрон кардани онхо тахдид менамоянд;

— беъэтибор донистани ахдхои мавриди бахс ва истифодаи окибатхои беэътибор донистани ахдхои беэътибор;

— беэътибор донистани санади макомоти давлати ёмакомоти хокимияти махалли;

— худхифозати хукук;

— водор намудан ба ичрои ухдадорихо дар шакли асл (натура);

— чуброни зиён;

— руёнидани ноустуворона;

— чуброни зиёни маънави;

— катъ кардан ё тагйир додани муносибати хукуки;

— аз чониби суд татбик нагардидани санади хилофи конун будаи макомоти давлати ё макомоти хокимияти махалли;

— бо роххои дигари пешбининамудаи конун.

Ин тарзхое, ки дар моддаи 12 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд, хусусияти умуми доранд. Вобаста ба хосияти хар як муносибат ин тарзхо ба таври хосса нисбати онхо татбик мегарданд. Масалан, чуброни зиёни маънави Аслан хоси муносибатхои шахсии гайримоддист. Нисбат ба муносибатхои амволи танхо дар холатхои бевосита пешбини намудаи конун чуброни зиёни маънави имконпазир аст.

Хукуки субъективи ба гайр аз тарзхои умуми, инчунин тавассути тарзхои махсус низ хифз мешаванд. Масалан, дар кисмхои 3-5 моддаи 174 Кодекси граждании Чумхурии Точикистон арзхои махсуси хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори пешбини шудаанд:

«3. Шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар хамон ахбори воситаи умум чавоби худро нашр кунад.

4… Талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад.

5. Агар карори суд ичро нашуда бошад, суд хак дорад гунахкорро чарима бандад, ки ба андоза ва бо тартиби пешбининамудаи конунхои мурофиави ба нафъи Чумхурии Точикистон руёнида мешавад. Пардохти чарима гунахкорро аз ухдадории ичрои амли дар карори суд пешбингардида озод намекунад.»

Кисми 4 моддаи мазкур ба ду тарзи махсуси хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ишора кардааст: нашри раддия ва чавоб дар воситахои ахбори умум.

Шахсе, ки ба шаъну шараф ва эътибори кории у тавассути воситахои ахбори умум поймол гардидаанд, метавонад талаб намояд, чавоби у дар хамон воситаи ахбори умум нашр гардад ё талаб намояд, ки худи нашриёт раддия нашр кунад. Албатта, тарзи дуюми хифзи ин хукуки субъективи самараноктар аст, зеро аз чониби кули мардум ба тарики мусбат кабул мегардад.

Дар адабиёти хукуки ду мархалаи раддияро фарк мекунонанд: мархалаи якум, ин аз чониби суд конеъ гардонидани талаби шахси манфиатдор оид ба хифзи хукуку манфиатхои поймолгаштааш мебошад, ки дар шакли эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхои пахнгашта баромад мекунад. Суд дар ин мархала чавобгарро барои нашри раддия ухдадор месозад. Мархалаи дуюм бошад, ичроиши карори судро дар бар мегирад. Дар ин мархала шахси чавобгар ухдадории ба зиммаш гузошташударо ба ичро мерасонад.[1]

Ба акидаи мо чунин масъалагузори галат мебошад. Зеро рад кардани маълумоти ба хакикат номувофик мумкин аст, ки то мархалаи дуюм нарасад (агар аз нигохи мархалабандии муаллиф тахлил намоем). Эътироф намудани ба хакикат номувофик будани маълумоти бадномкунанда ва баровардани карор дар ин хусус, инчунин ичрои карори суд хамчун пайдархамии фаъолияти макомоти суди мебошад, ки онро мурофиаи граждани меноманд. Мархалабандии раддия аз нигохи хукуки шояд умуман нолозим бошад, зеро эхтиёч барои ин нест.

Дар холатхое, ки чабрдида чуброни зиёни маънави ва чуброни зарарро, ки аз пахн кардани маълумоти халалдоркунандаи хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандааш ба у расидааст, талаб менамояд, шарти асосии конеъ кардани талаботи у ин мукаррар кардани ба хакикат номувофик будани ин гуна маълумотхо мебошад.

Ба хакикат номувофик будани маълумотхои халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшаванда хамчун холати хатмие мебошад, ки ба асоси даъво оид ба хифзи шаъну шараф бо тамоми тарзхои дар конун пешбинишуда дохил аст (ба гайр аз нашр кардани чавоб).

Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори тавассути тарзи махсус – радкуни аз чониби суд сурат мегирад. Сипас чуброни пулии зарари маънавии шахс ва чуброни зарархои дигари молумулки ба амал бароварда мешавад, ба шарте, ки албатта, чунин талаботхо пешниход карда шаванд.

Бинобар ин аз чониби суд эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхо бо рохи рад кардани онхо мухимтарин тарзи махсуси хифзи шаъну шараф ва эътибори кори мебошад.

Дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон чунин омадааст: шахрванде, ки воситахои ахбори умум дар хусуси у маълумоти халалдоркунандаи хукук ё манфиатхои бо конун хифзшавандаашро нашр кардаанд, хак дорад дар хамон ахбори воситаи умум чавоби худро нашр кунад. Ин холатро тартиби тосудии хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори меноманд.

Дар адабиёти хукуки оид ба зарурати чори намудани тартиби тосудии хифзи шаъну шараф ва эътибори кори акида баён шудааст.[2] Вале далели овардашуда оид ба ин масъала ба такид тобовар нест. Худи муаллиф низ маълумотхои омории диккатчалбкунандаро овардааст.

Мувофики тадкикоти гузаронидашуда аз 350 шахси пурсидашудаи даъвогарон дар суд 230 нафарашон пешаки ба хайат тахрияи васоити ахбори умум мурочиат кардаанд, аз ин микдор танхо 3 нафарашон, ки тахминан 1,3%-ро ташкил медиханд, ба талаботашон чавоб гирифтаанд (дар чавоб оварда шудааст, ки ба суд мурочиат намоянд), кисми бокимонда ягон чавоб нагирифтаанд.[3]

Сабаби чунин вазъ фахмо аст: воситаи ахбори оммае, ки маълумотро нашр кардааст, харгиз барои рад кардани чунин маълумот манфиатдор нест.

Ба акидаи мо мавчудияти зинаи алохидаи хатми хангоми хифзи шаъну шараф ва эътибори кори ба манфиати кор нест. Умуман гирем, тамоми чунин коидахо (ба монанди мухлати иддао ва гайра) хилофи талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Сабаб дар он аст, ки хар шахс хукук ба кафолати хифзи суди дорад. Ин хукук мавчудияти хама гуна зинахои хатмиро дар ин миён инкор мекунад. Аз ин ру, коидае, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст (талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад), беэтибор аст.

Мавчудияти зинаи мурочиат ба макоми ахбори умум аз бисёр чихат самаранок аст. Масалан, макоми шахси хукуки сари вакт аз хатоии худ огох шуда, онро ислох мекунад; имконяти хал намудани бахс бо мувофикаи тарафхо; кам гаштани мурочиат ба суд оид ба хар масъалаи чандон хусусияти мухим надошта (зеро бе ин хам кори судяхо дар Чумхурии Точикистон бо сабаби мавчуд набудани судхои махсус оид ба масъалахои чинояти ва оид ба масъалахои граждани бехад бисёр аст) ва гайра. Максади мо ин чо собит кардани як масъала аст: мавчудияти чунин зина набояд хусусияти хатми дошта бошад.

Тарзи дигари хифзи хукук ба шаъну шараф ва эътибори кори ин нашр кардани чавоб дар воситаи ахбори омма мебошад.

К.Б.Ярошенко чунин мешуморад, ки пахн кардани маълумот дар воситахои ахбори омма, ки хукук ба чавоб гардониданро ба вучуд меорад, « худ ба худ бадномкунанда ё ба хакикат номувофик нестанд, вале то кадом дарачае хукук ва манфиатхои бо конун хифзшавандаро поймол мекунанд, ба эътибори кори таъсир мерасонанд. Бештари вакт он бо танкид дар хаки шахрванд алокаманд аст».[4]

Хамин тавр, тахлили тарзхои хифзи шаъну шараф ва эътибори кори хеле зиёд мебошанд. Хифзи шаъну шараф ва эътибори кори тавассути тарзи махсус – радкуни аз чониби суд сурат мегирад. Сипас чуброни пулии зарари маънавии шахс ва чуброни зарархои дигари молумулки ба амал бароварда мешавад, ба шарте, ки албатта, чунин талаботхо пешниход карда шаванд.

Бинобар ин аз чониби суд эътироф кардани ба хакикат номувофик будани маълумотхо бо рохи рад кардани онхо мухимтарин тарзи махсуси хифзи шаъну шараф ва эътибори кори мебошад.

Дар ин чо акидаи худро оид ба масъалаи дигар низ бояд кайд кунем. Ба акидаи мо мавчудияти зинаи алохидаи хатми хангоми хифзи шаъну шараф ва эътибори кори ба манфиати кор нест. Умуман гирем, тамоми чунин коидахо (ба монанди мухлати иддао ва гайра) хилофи талаботи Конститутсияи Чумхурии Точикистон мебошад. Сабаб дар он аст, ки хар шахс хукук ба кафолати хифзи суди дорад. Ин хукук мавчудияти хама гуна зинахои хатмиро дар ин миён инкор мекунад. Аз ин ру, коидае, ки дар Кодекси граждании Чумхурии Точикистон омадааст (талаби шахрванд ё шахси хукукиро дар мавриди нашри раддия ё чавоб дар воситаи ахбори умум дар сурате суд барраси мекунад, ки макоми ахбори умум нашри онро рад кунад, ё дар давоми як мох нашр накарда ва ё бархам дода бошад), беэтибор аст.

Мавчудияти зинаи мурочиат ба макоми ахбори умум аз бисёр чихат самаранок аст. Масалан, макоми шахси хукуки сари вакт аз хатоии худ огох шуда, онро ислох мекунад; имконяти хал намудани бахс бо мувофикаи тарафхо; кам гаштани мурочиат ба суд оид ба хар масъалаи чандон хусусияти мухим надошта (зеро бе ин хам кори судяхо дар Чумхурии Точикистон бо сабаби мавчуд набудани судхои махсус оид ба масъалахои чинояти ва оид ба масъалахои граждани бехад бисёр аст) ва гайра. Максади мо ин чо собит кардани як масъала аст: мавчудияти чунин зина набояд хусусияти хатми дошта бошад.

744
Нет комментариев. Ваш будет первым!