Мавқеи андозхо дар чодаи таъмини дороии давлат
Барои фаъолияту мавҷудияти давлат маблағҳои зарурӣ лозиманд. Маҳз ба тауфайли маблағҳои гирдовардаи давлат мавқеу қувваи иқтисодиро соҳиб мегардад. Одатан дар шароити кунунӣ маблағҳои дар ихтиёри давлат мавҷудбуда аз ҳисоби чунин корҳо ба даст оварда шудаанд:
— фаъолияти хоҷагидорӣ ва хусусигардонии амволи давлатӣ;
— гирдоварии маблағҳо бо роҳи ситонидани андозу боҷгирӣ ва ҳар гуна инъомҳову бозёфтҳо.
Давлат дар иқтисодиёт мавқеи духеларо ба худ гирифта метавонад. Аз рӯи ин нишона давлатҳое дучор мешаванд, ки ҳиссаи афзалиятнок ва ё тамоили иқтисодиро ба зери тасарруфи худ мегиранд ва ё дар он ба монанди хоҷагиҳои ҷудогона нақши маълумро соҳиб мешаванд. Дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиёда аз 90% даромади миллии мамлакат бо воситаи сохторҳои давлатӣ ҷудо ва аз нав тақсим карда мешуданд. Дигар мамлакатҳои собиқ сотсиалистӣ ҳам таи даҳсолаҳои 60-80-уми садаи XX дар ҳамин дараҷа даромади миллиро гирд оварда, онро аз нав тақсим мекарданд. Аз рӯи ҳамин нишона муҳаққиқон он мамлакатҳоро давлатҳои фармонфармоию тобеияти мутлақ ҳисоб мекарданд.
Дар даҳсолаҳои авали фаъолияти Иттиҳоди Шӯравии собиқ, давлат тамоили Иқтидору захираҳоро ба ихтиёри худ гирифта, сохтмонҳои азиму сершуморро ба роҳ монда ва барномаҳои азими коллективонии хоҷагии қишлоқу индустрикунонии мамлакатро ба амал бароварда буд. Зери таъсири ин комёбиҳои намоён мамлакатҳои дигари ҷаҳон ҳам солҳои 30-50-ум боғайратона ба иқтисод ворид шуданро пеш гирифта буданд. Вале, мутаасифона моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот барҳам дода шуда, бинобар аз характери ғайримолӣ гирифтани қобилияти меҳнатӣ имкониятҳои фаъолияти озоди эҷодӣ ҳам пахш карда шуда буд.
Ин ҳолати имконоти пешрафти иқтисодро бакуллӣ аз байн рабуда буд. Таҷрибаи мамлакатҳо нишон дод, ки фаъолияти соҳибкории корхонаҳои давлатӣ дар ҳадду худи муайян самарабахш буда метавонад. Ва ин хислатро вай нигоҳ намедорад. Бинобар он бо гузашти вақт ҳадди давлатигардонии иқтисод ҳам бояд дигаргун шуда истад. Маҳз ҳамон марому равиши давлатигардонии иқтисодро давлатҳои европоӣ бо муваффақият амалӣ мекунад. ҳиссаи бо ёрии сохторҳои давлатӣ тақсимшавандаи даромади миллӣ дар ин мамлакатҳо дар ҳудуди аз 10% то 40-50% мерасад.
Дар замони ҳозира яке аз роҳҳои таъмини дорои давлат, андозгирӣ аз аҳолӣ ва ташкилотҳои қобилияти андозсупорӣ дошта мебошад. Бо ҳамин роҳ давлат сиёсати тақсимотро ҳам татбиқ мекунад. Дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон сиёсати тақисмоти давлат ба ҳамон нигаронда шудааст, ки даромадҳои ҳадди ақал ва аксар бо ҳамдигар наздик карда шаванд. Бо ҳамин мақсад ҳадди ақали музди меҳнат бо таври қонунгузорӣ танзим менамоянд.
Мавриди муайян кардани меъёри андоз аз даромадҳои шаҳрвандон ва низому меъёри афзояндаи андоз аз даромад ба роҳ монда мешавад. Яъне аз музди паст андози камтар гирифта, баробари зиёдшавии даромад сатҳи андоз баландтар таъйин карда мешавад. Ин гуна усуси ҳисобу рӯёнидани андоз имкон медиҳад, ки даромади каму зиёд бо ҳамдигар наздик карда шуда, то андозае адолати иҷтимоӣ ҳамчун маҳаки танзмгарӣ истифода бурда шавад.
Дар ҳолатҳои ҷудогона хароҷоти давлат афзуда, дар навбати худ талаб менамояд, ки меъёри андозҳо зиёд карда шавад. Чунки як роҳи асосии зиёд кардани даромади давлат афзоиши андоз ба шумор меравад. Одат давлат кӯшиши зиёд кардани андоз аз аҳолиро камтар истифода мебарад, чунки ин гуна сиёсат ва давлати пешгирифтаи он «писанди» халқ дониста намешавад. Бо мақсади ҳалли мушкилот зиёд кардани андози фоидаи шахсони ҳуқуқиро пеш мегиранд. Аммо амалан зиёд шудани андози фоида сатҳи худи фоидаро паст гардонида, бо ҳамин роҳ имкони зиёдшавии даромади давлатро барҳам медиҳад. Бинобар он ин гуна сиёсати молиявӣ бояд мулоҳизакорона пеш гирифта шавад.
қисми зиёди даромади аҳолӣ ва ташкилотҳо дар замони ҳозира дар сектори хусусии иқтисодиёт ба вуҷуд меояд. Имконияти танзими давлатии ин гуна даромадҳо (фоида) маҳдуд буда, татбиқи амалияи бо роҳи маъмурӣ ба даромади давлатӣ гузаронидани онҳо бошад, мумкин нест.
Андозсупоранда танҳо тавассути андозҳои муқарраркардаи КА дар ташаккули даромади буҷети давлатӣ иштирок менамоянд. Маблағи буҷет бо ҳамин роҳ ҷамъоварӣ шуда, барои фаъолияти давлат ва мақомоти он, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, молиякунонии соҳаҳои иҷтимоӣ харҷ мешавад.