Сохибкории инфироди (фарди)
Сохибкории инфироди (фарди), фаъолияте мебошад, ки асосан аз ҷониби як шахси алохида ташкил карда мешавад. Соҳиб-кор ба сифати менеҷер нақши идоракуниро ба зимма дорад. ҳаҷми сармояи уставиаш начандон бузург буда, пурра барои молу амлоки худ ҷавобгар мебошад. Соҳибкори инфиродӣ худ меҳнат мекунад. Фаъолияти он дар асоси принсипи таваккал бо мақсади ба даст овардани даромад қарор мегирад.
Вай мустақил, бидуни маслиҳати дигар кас фаъолияти ис-теҳсолӣ ва тиҷоратии худро ташкил дода, ҳаққу ҳуқуқи аз нав бунёд кардани корхонаи худ, муайян кардани самту равиши инкишофи ҳозира ва ояндаи он, аз ҳисоби даромади хеш ташкил кардани молу амвол, тибқи қарордод дар бораи иҷора, истифода кардан аз сармояи дигарон, киро кардани нерӯи коргарӣ, кор фармудан, аз кор сабукдӯш кардан, дар банк сарҳисоб кушодан, аз он қарз гирифтан, фоидаи баъди пардохтҳои асосӣ боқимон-даро тибқи салоҳдид тақсим кардан, оиди асъорҳои миллию хориҷ амалиётҳои судманд андешиданро дорад.
Аз ин ҷо хулоса бармеояд, ки соҳибкори фардӣ қарорҳои алоҳидаро оиди истеҳсолию хоҷагидорӣ мустақил, бидуни дахолати давлат ва шаклҳои дигари моликият ҳал менамояд.
Соҳибкори инфиродӣ шахсияти ҳуқуқӣ намебошад. Аз ин ҷиҳат вай фақат андози даромад месупорад ва аз андозе, ки барои корпоратсияҳо таъин карда шудааст, озод карда мешавад. Он ҳамчун шакли маъмули бизнеси хурд дар шакли дӯконҳои хурд, мағозаҳои соҳаҳои хизматрасонӣ, фирмаҳо ва фаъолияти профессионалии ҳуқуқшиносҳо бештар маъмул мебошад. Масалан, дар ИМА зиёда аз 74% корхонаҳои расман ба қайд гирифташударо корхонаҳои хурд (яккадаст) ташкил медиҳанд. 13 млн. хоҷагиҳои яккадаст 7% даромади миллиро тавлид менамоянд. Ба ҳисоби миёна ҳаҷми даромад ба ҳар корхона- 42 ҳаз. долларро дар як сол ташкил медиҳад(19,198).
Афзалияти соҳибкории инфиродӣ дар он аст, ки вай дорои ҳамаи дастаи ҳуқуқ буда, мустақил масъалаҳои истеҳсолию хо-ҷагидориро ҳал мекунад. Муаммоҳои ба қайдгирӣ ҳангоми аз нав сохтани фирма осонтар буда, дараҷаи хароҷотҳои «трансаксионии» дохилӣ нисбат ба дигар шаклҳои мураккабтарини ҳавзаи бизнес — камтар мебошад.
Аз дигар тараф, корхонаҳои хурд ва майдатарин, дар аксарияти давлатҳои низоми бозорӣ аз супоридани андоз озод карда мешавад ё худ аз андози имтиёзнок истифода мекунанд.
Фаъолияти онҳо бидуни танзими давлатӣ сурат мегирад. Вазифаи ташаббуси шахсӣ, ҳавасмандӣ, дараҷаи баланди ангезаи меҳнат ва фоидагирӣ, навоварӣ, ихтироъкорӣ ва ба зудӣ ҷорӣ кардани онҳо дар раванди тавлидот, нисбат ба сохторҳои болоии бизнес фаъолона сурат мегирад.
Баробари афзалият камбудиҳо низ дар фаъолияти соҳибко-рии инфиродӣ ҷой дорад. Ин ҳам бошад:
— фаъолияти соҳибкорӣ фақат аз сарчашмаи сармоягузории худӣ сурат мегирад. Манобеъи илова барои сармоягузории фаъ-олияти хоҷагидорӣ маҳдуд гардонда шудааст. Сармоягузорон ба онҳо хоҳиши ҷудо кардани сармоя надоранд. Ин аз он сабаб рух медиҳад, ки корхонаҳои хурд аксар вақт ба рақобат тоб оварда натавониста, муфлис мешаванд ё шикаст мехӯранд. Ба ҳисоби миёна таи даҳ соли охир, соле аз 3,7 то 7,0 ҳазор корхо-наҳои хурд дар ИМА шикаст хӯрда, қариб ба ҳамин андоза он-ҳо аз нав эҳё карда мешаванд;
— доираи фаъолияти хоҷагидории онҳо аз сабаби нарасидани захираҳо аксар вақт имконияти густариш ёфтан надорад. Яъне дар доираи корхонаҳои инфиродӣ имконияти нафақат васеъ кардани фирмаҳо, балки сохтан, харида гирифтану ҳамроҳ кардани онҳо маҳдуд мебошад.
— ҳамаи вазифаҳои идоракунии корхона, масъулият, ҷавоб-гарӣ, тақсими вақти кор, даромад ва тоҳатто вайрон шудану аз нав эҳё кардани он ба дӯши соҳиби он гузошта мешавад.