ПАЙДОИШ ВА ИНКИШОФИ ХУқУқИ БАЙНАЛХАЛқИ
Доири пайдоиши ҳуқуқи байналхалқӣ фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Олимони ҳуқуқшиноси байналхал қӣ пайдоиши онро бо пайдоиши давлат, ҳодисаи таърихӣ ва манфиатҳои инсонӣ алоқаманд медонанд. Фикру ақидаи олимонро оиди ин масъала ба гурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:
Гурӯҳи аввал тарафдори он мебошанд, ки ҳуқуқи байналхалқӣ дар асрҳои миёна бо пайдо шудани давлати ягонаи муттамарказ дар Аврупои ғарбӣ ба вуҷуд омадааст. Ба ин гурӯҳ олимон Л.Оппенгейм /англис/, Ф.Лист /немис/, Н.Захарев /рус/ шомил буданд. Дар баробари ҳамин баъзе аз намояндагони ин гурӯҳ масалан пайдоиши ҳуқуқи байналхалқиро бо ҷаҳони Вестфалӣ /соли 1948/ ва пайдоиши асри Г.Грация «Оиди ҳуқуқи ҷанг ва сулҳ» алоқаманд медонанд.
Гурӯҳи дуюми ҳуқшиносон аз қабили А.Гефтер /немис/, Ф.Мартенс, М.Таубе /рус/ пайдоиши ҳуқуқи байналхалқиро дар асрҳои миёна бо таъсири дини насронӣ алоқаманд менамуданд.
Ба гурӯҳи сеюм бошад, ҳуқуқшиноси белгия ивье дохил мешавад, ки пайдоиши ҳуқуқи байналхалқиро бо пайдоиши идеяи «шахсият» дар дунёи қадим як медонист. ӯ дар он ақида буд, ки дар Давлатҳои Шарқи қадим ҳуқуқи байналхалқӣ вуҷуд надошт.
Назарияи марксизм-ленинизм пайдоиши ҳуқуқи байналхалқиро бо пайдоиши давлат алоқаманд дониста онро дар ҳар як формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ бо хусусиятҳои ба худ хос дида мебарояд. Олимоне, ки тарафдори ин назария мебошанд, дар он ақидаанд, ки давлат ва ҳуқуқ зуҳуроти таърихианд, процессии пайдо шудан, инкишов ва тағир ёфтани мазмун ва шакли онҳо баробар буда ва ҳар як формацияи ҷамъияти ба типпи давлат ва ҳуқи худ обгӯ мебошад. Ин ба ҳуқуқи байналхалқӣ низ таалуқ дорад. зеро пайдоиши он бевосита ба пайдоиши давлат вобаста буда ва дар натиҷаи ба вуҷудоии давлатҳо ва тариқи онҳо низоми махсуси ҳуқуқи байналхалқӣ ба вуҷуд омад, ки он муносибатҳои муҳимми сиёсӣ, иқтисода фарҳангию ҳарбии байни онҳоро танзим менамуд. Ба тағирёбии формацияи иҷтимоию иқтисодӣҳуқуқи байналхалқӣ низ тағир меёфт. Левин Д.В. масъалаи пайдоишиҳуқуқи байналхалқиро баробари пайдоиши синфҳо дар ҷамъият ва давлат донад ҳам, вале таърихи ҳуқуқи байналхалқиро на аз нигоҳи формацияҳои ҷамъиятӣ тақсимбандӣ намуд, балки бо назардошти дигар унсурҳои таърихӣ ба панҷ марҳила ҷудо намудааст:
Марҳилаи аввал ҳуқуқи байналхалқӣ дар асрҳои қадим номида мешуд, ки он асрҳои ХIY ва XY пеш аз мелод то асри Y-ӯми мелодиро дар бар мегирад;
Марҳилаи дуюми ҳуқуқи байналхалқӣ дар асрҳои миёна, ки давраи феодализмро дар бар мегирад, ки он ба асрҳои YI-XY рост меояд;
Марҳилаи саввуми ҳуқуқи байналхалқӣ дар давраи гузариш аз феодализм ба ҷомеаи сармоядорӣ мебошад, ки асрҳои XYI-XYIII-ро дар бар мегирад;
Марҳилаи чорум ҳуқуқи байналхалқӣ дар замсад низ номида мешуд, ки солҳои 1789 то солҳои 1917-ро дохил менамояд;
Марҳилаи панҷум ҳуқуқи байналхалқӣ дар замони навтарин мебошад, ки аз соли 1917 то ҳозирро дар бар мегирад.
Дар китобҳои таълимии солҳои охир нашргашта оиди пайдоиши ҳуқуқи байналхалқӣ чунин омадааст: агар мафҳуми ҳуқуқи байналхалқиро ҳамчун ҳуқуқи танзимкунандаи байни қабилаю кавм /қавм/-ҳо шарҳ диҳем, он гоҳ бояд қайд намуд, ки ҳуқуқи байналхалқӣ дар давраи сохти общинагию қабилавӣ вуҷуд дошт, то пайдоиши давлат ва агар мафҳуми ҳуқуқи байналхалқиро ҳамчун танзимнамоии муносибати байни давлатҳо шарҳ диҳем, он гоҳ мафҳуми ҳуқуқи байналхалқӣ бо пайдо шудани давлат бавуҷуд омадааст.
ҳуқуқи байналхалқӣ дар ҳар як формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ хусусият ва ҷиҳатҳои фарқкунандаи худро доро мебошад. Ёдгориҳои моддию фарҳангие, ки ин қатор давлатҳои Шарқи қадим ёфт шудаанд, гувоҳи пайдоиши ҳуқуқи байналхалқӣ аз сохти ғуломдорӣ буда ва низ ифодакунандаи иродаи синфи ҳукумронро ва ҳифзкунандаи манфиатҳои онҳо буд. Пас ҳуқуқи байналхалқӣ дар ин сохти ҷамъиятӣ дорои хусусияти синфӣ буд. Аз тарафи дигар ҳуқуқи байналхалқӣ дар он давра хусусияти минтақавӣ низ дошт.
Бозёфтҳои ёдгориҳои Хитои қадим, ҳиндустон, бобулистон, Эрон, давлатҳои Африка, Юнон ва Рим аз мавҷудияти меъёрҳои ҳуқуқи сафирӣ, шартномавӣ, тартиби бурдани ҷанг шаҳодат медиҳад. Дар сохти ғуломдорӣ аввалин бор тартиби бастани шартномаҳои байналхалқӣ ба вуҷуд омада, принципи назорат аз болои иҷроиши он ҷорӣ гашт, ки он заминаҳои асосии пайдоиши яке аз принципҳои асосии ҳуқуқи байналхалқӣ, принципҳои бовиҷдонона иҷро намудани ӯҳдадориҳои байналхалқӣ гардид. Бо назардошти тараққиёти ҷамъият ва донишҳои ҳуқуқии ҷомеа ҳуқуқи байналхалқӣ низ инкишоф меёфт.қоидаҳои нав ба вуҷуд меомаданд. Масалан, пеш аз оғози ҷанг давлати ҷангкунанда ҳатман ба душмани худ оиди ҷанг намуданаш огоҳ менамуд ва баъди ҷанг ҳатман шартномаи сулҳ мебаст, ки назорат аз болои он ҳатмӣ буд.
ҳуқуқи байналхалқӣ дар сохти феодалӣ нисбат ба сохти ғуломдорӣ ҷиҳатҳои прогрессивӣ дошт, зеро он дар заминҳои ҳуқуқи байналхалқии сохти ғуломдорӣ ба вуҷуд омада буд. Шакли идеологияи сохти феодалӣ дин буд ва он бевосита ба ҳуқуқи байналхалқӣ таъсири худро мерасонд. Дар давлатҳои мусулмонӣ бошад қуръон сарчашмаи асосии ҳуқуқи байналхалқӣ ба ҳисоб мерафт. ҷанг ҳамчун шакли муносибати байналхалқӣ эътироф карда мешуд. ҳар як феодал вобаста аз парокандагию ноустуворӣ худро мустақил эълон намуда, меъёрҳои ҳуқуқи сафириро барои худ тартиб медод. Дар натиҷаи зуҳурёбии омилҳои байналхалқии иқтисодӣ ҳуқуқи консулӣ низ арзи вуҷуд намуд. Дар давраи сохти феодалӣ дар бисьёр давлатҳо ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ ва молумулкии хориҷиён ва дахлнопазирии сафирон ҳамаҷониба кор карда шуд. Ба сохти феодалӣ хусусиятҳои зерин хос мебошад: парокандагӣ, тобеияти вассалӣ, ҷангҳои дохилӣ, ноустувории ташкили давлат, ки он ба муносибатҳои байналхалқӣ низ таъсири худро расонидааст. Илми ҳуқуқи байналхалқӣ дар сохти феодалӣ ба вуҷуд омадааст. ҳуқуқи байналхалқӣ дар сохти сармоядорӣ хусусият ва ҷиҳатҳои прогрессевии худро дошт. Дар ин давра як қатор принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ қабул гардиданд, аз он ҷумла принципи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии як дигар ва ғайра.
Меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ оиди тартиби бурдани ҷанг, вақти ҷанг иваз намудани муосирон, маҳдуд сохтани забткориҳо, кор карда шуданд. Давлатҳои Булғория, Сербия, Румыния ба сифати субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф шуданд. Хусусиятҳои ҳуқуқи байналхалқӣ дар сохти сармоядорӣ дар он ифода меёфт, ки он манфиатҳои халқҳои пуриқтидорро таҷасум менамуд, ки номи тамадуниро доштанд.
Хусусиятҳои дигари ҳуқуқи байналхалқӣ дар ин давра дар он зуҳур меёбад, ки сохти сармоядорӣ бо таври расмӣ ҳамаро «баробар» эълон намуд.
Давлатҳои капиталистӣ дар ташаккул ва инкишофи ҳуқуқи байналхалқии муосир ва сиёсати ҷаҳон мавқеи муҳимро ишғол намуданд. Махсусан қабули декрет дар бораи сулҳ дар таърихи инсоният ҳамчун санади муҳим, баҳри наҷоти инсоният хизмат намудааст.