​МАФХУМИ ХУқУқИ БАЙНАЛХАЛКИ ВА ХУСУСИЯТИ ОН

Истилоҳи «ҳуқуқи байналхалқӣ» аз тарафи умум дар асри ХIХ қабул гашт, ки то ин давра истилоҳи қадимаиҳуқуқи римӣ «ҳуқуқи халқ»-ҳо истифода мешуд. Дар адабиётҳои ҳуқуқии ҳозира бошад бисёртар истилоҳи ҳуқуқи байналхалқии муосир истифода мешавад. ҳамаи истеллоҳои номбаршуда бо истилоҳи «ҳуқуқи байнидавлат»-ҳо ҳаммазмун мебошанд. Истилоҳномаҳои ҳуқуқи байналхалқиро ба ду гурӯҳ ҷудо менамоянд:

1.Истилоҳномаҳои сиёсӣ дипломатӣ ва умумиҳуқуқӣ;

2.Истилоҳномаҳои хоси ҳуқуқи байналхалқӣ.

Баистилоҳномаҳои сиёсӣ дохил мешавад, давлат, истиқлолият, худмуайянкунии халқу миллатҳо, сулҳ, бехатарии ҷанг, забткориҳо ва ғайра.Ба истилоҳномаҳои дипломатӣ: иммунитетҳои дипломатӣ, округи консулӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ ва ғайра. Истилоҳномаҳои умумии ҳуқуқӣ бошад аз меъёрҳои ҳуқуқ, срчашмаи ҳуқуқ, ҷавобгарии ҳуқуқӣ ва ғайра иборат мебошад. гурӯҳи дуюм, яъне истилоҳномаи хоси ҳуқуқи байналхалқӣ, эътирофномаи байналхалқӣ, ҷиноятҳои характери байналхалқӣ дошта, ёриҳои ҳуқуқӣ оиди парвандаҳои ҷиноӣ, супоридани ҷинояткор ва ғайра.

ҳуқуқи байналхалқӣ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқи шартномавӣ ва одати иборат мебошад, ки дар натиҷаи созиши байни давлатҳо кор карда шудааст ва муносибати байни иштирокчиёни муносибатҳои байналхалқиро ба танзим медарорад. ҳуқуқи байналхалқӣ аз муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатӣ фарқ мекунад.

Муносибатҳои байналхалқӣ он вақт ба муносибатҳои мубаддал мешаванда, ки дар натиҷаи созиши байни давлатҳо онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам гарданд ва танзимкунандаи рафтори субъектони ҳуқуқи байналхалқӣ бошанд.

Дар зери дипломатия тарз ва методҳои сиёсати берунии давлат ва ташкилотҳои байналхалқӣфаҳмида мешавад. Истифода намудан аз чунин тарз ё методҳо дар кор кардани меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ё ҳамроҳ шудан ба онҳо мумкин аст. ҳуқуқи байналхалқӣ ҳамчун соҳаи махсуси ҳуқуқ хусусиятҳои ба худ хос дорад. Ин хусусиятҳо дар субъект, матлаб, сарчашмаҳо ва инчунин дар тарзи таъмин, принцип ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ ифода меёбанд.

1.Ба сифати субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ давлат, халқу миллатҳои озодихоҳ ва ташкилотҳои байналхалқӣ баромад мекунанд, лекин шахсони воқеи субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ ҳисоб намешаванд. Аз ин ҷо ҳуқуқи байналхалқӣ ягона соҳаи ҳуқуқ мебошад, ки шахси воқеиро субъекти худ эътироф намекунад.

2.Матлаби ҳуқуқи байналхалқӣ он муносибатҳои махсуси байналхалқӣ мебошанд, ки аз ҷониби ҳуқуқи байналхалқӣ ба тартиб дароварда мешаванд, ки дар он дорои ҳуқуқи олии мустақили давлати иштироккунанда мебошад.

Лоиқи қайд аст, ки на ҳамаи муносибатҳои байналхалқиро ҳуқуқи байналхалқӣ ба тартиб медарорад. Мисол, муносибатҳои байналхалқиро дар соҳаи варзиш, фарҳанг, ташкилотҳои диннӣ, ки характери муносибати ҳуқуқи байналхалқиро надоранд, танзим наменамоянд.

3.Объекти муносибатҳои ҳуқуқи байналхалқӣ – ҳамаи он чизе эътироф мешавад, ки дар асоси он субъект дар муносибатҳои ҳуқуқии байни худ бо назардошти принцип ва меъёрҳои умумиэътирофгаштаи ҳуқуқи байналхалқӣ дар робитаҳои байналхалқӣ баромад мекунад. Дар ин ҷо объекти ҳуқуқи байналхалқӣ набояд он чизе ҳисоб шавад, ки ба салоҳияти дохили давлат таалуқ дошта бошад.

4.Сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқӣ танҳо шартномаҳои байналхалқӣ ва одатҳои байналхалқӣ шуда метавонанду халос.

қонунгузори дохили давлат, қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ, қарорҳои судҳои давлатҳои алоҳида, корҳои олимони ҳуқуқшиноси байналхалқӣ, сарчашмаи ҳуқуқи байналхалқӣ ҳисоб намешаванд, лекин ба сифати сарчашмаи ёрирасон баромад мекунанд.

5.Чи тавре, ки дар боло қайд кардем, яке аз хусусиятҳои муҳими ҳуқуқи байналхалқӣ ин характери махсуси маҷбуркунии он мебошад. Чорабиниҳои маҷбуркунӣ ба муқобили давлате, ки вайронкунандаи меъёр ва принципҳои ҳуқуқи байналхалқӣ мебошад андешида мешавад. То слои 1928 чораи асосии маҷбуркунӣ дар ҳуқуқи байналхалқӣ ин истифодаи қувваи ҳарбӣ ҳисоб мешуд. Дар Айни ҳол истифодаи қувваи ҳарбӣ дар ҳуқуқӣ байналхалқӣ ҷиноят ҳисобида шуда ва танҳо он ба сифати чораи худмудофиакунӣ аз забткориҳо баромад кунад.

628
Нет комментариев. Ваш будет первым!