​ХУқУқИ БАЙНАЛХАЛқИИ ОММАВИ ВА ХУСУСИ, АЛОқАМАНДИ ВА ФАРқИ ОНХО

Доираи масъалаи ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ аз хусусӣ дар адабиётҳои ҳуқуқӣ фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад. Як гурӯҳ олимон ҳуқуқи байналхалқии хусусимро ба ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ якҷо менамоянд. Чӣ тавре, ки дар боло гуфта гузаштем, дар адабиётҳои ҳуқуқии охирҳои асри XIX ва асри XX истилоҳи «ҳуқуқи байналхалқии муоссир» кор бурда мешавад. Ба ақидаи олимони ин истилоҳро истифода намуда«ҳуқуқи байналхалқии муоссир» ба ду намуд ҷудо мешавад: ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ.Гарчи ҳуқуқи байналхалқии хусусиро онҳо ба ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ якҷо накунанд ҳам, лекин онҳо истилоҳи «ҳуқуқи байналхалқии оммави»-ро бо истилоҳи «ҳуқуқи байналхалқии муоссир» қвриб як медонанд.

Гурӯҳи дигари олимон ҳуқуқи байналхалқии муоссирро ба яке аз соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ дохил менамоянд.

Гурӯҳи сеюм дар он ақида аст, ки ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, меҳнатҳо бо элементи хориҷӣ меомӯзад ва барои ҳамин ҳам соҳаи комплексии ҳуқуқ мебошад.

Гурӯҳи чоруми олимон ҳуқуқи байналхалқии муоссирро соҳаи алоҳидаи ҳуқуқ ҳисоб мекунанд, ки мо низ ин гурӯҳро ҷонибдорем, зеро барои соҳаи ҳуқуқ шудан пеш аз ҳама матлаб ва методи худро доштан лозим аст.

ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ матлаб ва методи ба худ хос дорад, ки онро аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ фарқ мекунонанд.

ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи хуқуқ, муносибатҳои характери граждани доштаро бо элементи хориҷиаш ба танзим медарорад.

ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ ва хусусӣ бо якдигар алоқаманд мебошанд ва алоқамандии онҳо дар он зуҳур меёбад, ки меъёрҳои ҳар ду соҳаи ҳуқуқӣ ба як мақсад нигаронида шудааст, ки ташкил намудани шароитҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои байналхалқӣ дар соҳаҳои гуногун мебошад. Дар баробари ҳамин Фарқияташон дар он аст, ки:

1.Муносибатҳои батанзимбарориашон гуногун мебошад. Дар ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ мавқеи асосиро муносибатҳои сиёсии байни субъектони ҳуқуқӣ байналхалқӣ ташкил медиҳад, ки ин масъалаҳои таъмини сулҳ ва бехатарии байналхалқӣ, соҳибихтиёрии давлатҳо, дахолат накардан ба корҳои дохилии дигар давлат, масъалаҳои беяроқгардонӣ мебошанд. ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ бошад, муносибатҳои характери гражданӣ доштаро бо элементи хориҷиаш ба танзим медарорад.

2.Ба сифати субъекти ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ шахсони юридикию воқеи ва дар баъзе ҳолатҳо давлат баромад мекунад. Дар ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ бошад шахси воқеи субъект шуда наметавонад.

3.Ба сифати сарчашма дар ҳуқуқи байналхалқии хусусӣ шартномаи байналхалқӣ, одатҳои байналхалқӣ, қонунгузории дохили давлатӣ ва таҷрибаи судию арбитравӣ баромад мекунад, вале дар ҳуқуқи байналхалқии оммавӣ қонунгузории дохилидавлатӣ ва таҷрибаи сдию арбитражӣ сарчашма ҳисоб намешавад.

426
Нет комментариев. Ваш будет первым!