​Мафхуми сарчашмахои хуқиқи байналхалқи

Истилоҳи сарчашмаи ҳуқуқ дар ду мазмун истифода бурда мешавад; дар мазмуни моддӣ ва расмӣ. Дар зери срчашмаҳои моддӣ шароитҳои модии ҳасти ҷамъият фаҳмида мешавад. Сарчашмаи расмии ҳуқуқ – ин чунин шахсе мебошад, ки дар он меъёри ҳуқуқ ифодаи худро меёбад. Фақат сарчашмаҳои расми ҳамчун категорияи юридикӣ ҳисоб мешаванд ва матлаби азхудкунии илми ҳуқуқшиносиро ташкил медиҳад. Дар зери сарчашмаи ҳуқиқи байналхалқӣ натиҷаи ҷараёни барпо кардани меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ фаҳмида мешавад.

Моддаи 38 Статуси Суди Байналхалқии СММ номгӯи сарчашмаҳои ҳуқуқи байналхалқиро дар бар мегирад, ки дар асоси онҳо суд бояд баҳсҳоро дида барояд. Ба онҳо дохил мешаванд;

а)конвенцияҳои умумӣ ва махсуси байналхалқие, ки аз тарафи давлатҳои баҳскунанда, қоидаҳои он эътироф кара мешаванд;

б)одатҳои байналхалқӣ ҳамчун далели таҷрибаи умумӣ ва меъёри ҳуқуқӣ эътироф шудаанд;

в)принципҳои умумии ҳуқуқ, ки аз тарафи миллатҳои тамаддуни дуньё эътироф шудаанд;

г)қарорҳои судӣ ва таълимоти мутахассисони пуртаҷрибаи миллатҳои гуногун, оид ба ҳуқиқи байналхалқӣ ҳамчун воситаи ёрирасон барои муайян кардани меъёрҳои ҳуқуқ.

Дар зери конвенсияҳои умумӣ, шартномаҳое, ки ба он тамоми давлатҳо аъзо мебошанд ё ки метавонанд аъзо шаванд, фаҳмида мешаванд ва онҳо дорои чунин меъёрҳо мебошанд, ки барои тамоми иттиҳоди байналхалқӣ ҳатми мебошад.

Ба конвецияҳои махсус шартномаҳое дохил мешаванд, ки шумораи иштирокчиёнаш маҳдуд аст ва барои онҳо қоидаҳои ин шартномаҳо ҳатмӣ мебошанд.

Чунин рафтори субъекти ҳуқиқи байналхалқие, ки дар натиҷаи амали якхела ё айниятдошта ба вуҷуд омадааст ва ҳамчун меъёри ҳуқуқ эътироф шудааст, одати байналхалқӣ шуда метавонад.

қарорҳои ташкилотҳои байналхалқие, киифодакунандаи мавқеи мутобиқшудаи давлатҳо аст,ҳамчун лаҳзаи асоси барои ташкил шудани одат шуда метавонад.

Ба пайдоиши қоидаи рафтор ҷараёни ташкили одат хотима намеёбад. Фақат аз тарафи давлатҳо ҳамчун меъёри ҳуқуқ эътироф шудани ин ё он қоидаи рафтор он ба одат мубаддал мегардад.

қувваи ҳуқуқии меъёрҳои одатӣ бо меъёрҳои шартномавӣ баробар мебошанд.

Квалификацияи қоидаи рафтор ҳамчун одат масъалаи мураккаб мебошад. Дар фарқияти аз меъёрҳои шартномавӣ, одатҳо бо акти ягона, хатти расмигардонидашуда намешаванд. Бинобар ин барои муқаррар кардани одатҳо воситаҳои ёрирасон истифода мешаванд; қарорҳои суддӣ ва таълимотҳо, қарорҳои ташкилотҳои байналхалқӣ ва санадҳои яктарафаи давлатҳо.

Ба қарорҳои судӣ, ки воситаи ёрирасон мебошад, қарорҳои Суди БайналхалқииСММ, дигар мақомотҳои байналхалқии суди ва арбитражи дохил мешаванд.

Дар баъзе мавридҳо қарорҳои судӣ метавонанд ибтидои ташкилшавии меъёри одатии ҳуқиқи байналхалқӣ шаванд.

Дар гузашта меҳнати олимони ҳуқуқшиноси барҷаста дар соҳаи ҳуқиқи байналхалқӣ бисёр вақт ҳамчун сарчашмаи ҳуқиқи байналхалқӣ дида баромада мешуд. ҳоло ҳам аҳамияти ташкилотҳо ва назарияҳои онҳоро истисно кардан мумкин нест, ки онҳо дар баъзе мавридҳо барои фаҳмонда додани қоидаҳои алоҳида ёри мерасонанд. ҳамчун воситаи ёрирасон барои муайян кардани вуҷудияти одат, амали яктарафа ва актҳои давлат баромад мекунад. Онҳо метавонанд ҳамчун далели эътирофи ин ё он қоидаи рафтор ҳамчун одат баромад кунанд. Ба чунин амалҳо ва актҳои яктарафа қонунгузории дохили ва дигар санадҳои меъёрӣ дохил мешаванд.

481
Нет комментариев. Ваш будет первым!