Таснифоти меъёри хуқиқи байналхалқи
Меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқиро аз рӯи якчанд асосҳо таснифот мекунанд.
1.Аз рӯи доираи амалкуниашон ба меъёри универсалӣ ва локалӣ тақсим мешаванд.
2.Бо тарзи ба танзимдории ҳуқуқи меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқӣ ба диспозитивӣ ва императивӣ тақсим мешаванд. Меъёрҳои универсалӣ муносибатҳое, ки дар он ҳамаи давлатҳои қисми зиёди онҳо иштирок мекунанд ва масъалаҳое, ки ба манфиатҳои умумибашарӣ алоқаманд мебошанд ва бояд қобили қабули тамоми давлатҳо шаванд ба тартиб медарорад. Чунин меъёрҳои ҳуқуқиро инчунин ҳама эътирофкунанда /маъмул/ меноманд. тамоми давлатҳои дунё новобаста аз низомҳои гуногуни иҷтимои-иқтисоди бояд меъёрҳои универсалиро эътироф кунанд. Ба ин категория, меъёрҳои Оинномаи СММ, Концепцияи Венагӣ дар бораи муносибатҳои дипломатӣ соли 1961, Концепцияи Женевагӣ дар бораи ҳимояи қурбоноиёни ҷанг аз соли 1949 дохил мешаванд.
Меъёрҳои локалӣ дар навбати худ муносибатҳоибайни дув а зиёда давлатҳоро ба танзим медарорад, ки мақсад ва мазмуни меъёрҳои қабулшуда ба манфиатҳои ин давлатҳо мебошад.
Меъёрҳои императивӣ гуфта чунин меъёри ҳуқуқиро меноманд, ки ҳадди рафтори муайянро равшан ва аниқ муқаррар кунад. Хусусияти хоси таҷрибаи байналхалқии асри XX аз он иборат аст, ки аз байни меъёрҳои императивӣ меъёрҳои jus cogenc ҷудо мешуданд.
Таъсири меъёрҳои императивиро асосан бо моддаи 58 Конвенцияи Венагӣ дар бораи шартномаҳои байналхалқӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин мода гуфта шудааст, ки меъёрҳои ҳатмии ҳуқиқи байналхалқӣ аз тарафи тамоми мамлакатҳои дуньё қабул ва эътироф карда мешавад ва рад кардани он номумкин буда, дигаргун сохтани он фақат бо чунин меъёри ҳуқиқи байналхалқии характери олӣ дошта мумкин аст. Меъёрҳои дорои қувваи олии ҳуқуқиро кос когенс /jus cogenc/ меноманд, дигар меъёрҳои боқимонда бояд ба он мувофиқ бошанд. Ба ин меъёрҳо принципҳои ҳуқиқи байналхалқии муосир, принципҳои махсус ва баъзе меъёрҳо /дар бораи масъулияти дипломатӣ, пешгирӣ ва ҷазодиҳии ҷиноятҳое, ки характери байналхалқӣ дошта/ дохил мешаванд. Инчунин қайд кардан зарур аст, ки ҳеҷ гунна санади ҳуқиқи байналхалқие, ки меъёрҳои императивии характери jus cogenc доштаро қайд кардааст, мавҷуд нест.
ҷудо шудани меъёри jus cogenc бо сабаби аз тарафи давлатҳо эътироф шудани як қатор меъёрҳои ҳуқиқи байналхалқие, ки асоси тартиботи байналхалқиро ташкил медиҳанд ба вуҷуд омад.
Меъёри диспозитивӣ гуфта чунин меъёреро меноманд, ки субъектони ҳуқиқи байналхалқӣ дар чорчӯбаи он метавонанд рафтор, ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои дутарафаро дар муносибатҳои муайян вобаста аз ҳолатҳо муайян кунанд. Мисол, мувофиқи ҳуқуқи байналхалқии умуми обҳои назди ҳудуди назди ҳудуди қисми қаламрави давлат ҳисоб мешавад, бинобар ин дар он ҷо моҳидории хориҷӣ манъ аст. Аммо ду давлат байни худ созишнома қабул мекунанд, ки мувофиқи он дар обҳои назди марзии худ ба моҳидории киштиҳои якдигар иҷозат медиҳанд.