Кодификация, меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқи байналхалқиро ба як низоми ягона дароварда ба онҳо тавсияти аниқ медиҳад. Аммо кодификацияи ҳуқуқи байналхалқӣ бо ин маҳдуд намешавад ва бо зарурати ивазшавӣ ё ин ки навкунии меъёрҳои амалкунанда алоқаманд аст.
Кодификацияи расмӣ ва ғайрирасмӣ мешаванд. Кодификацияи расмӣ дар шакли шартномаҳои байналхалқӣамалӣ мегардад. ҷои махсусро дар ҷараёни кодификация СММ мегирад, ки дар чорчӯбаи он Комиссияи ҳуқиқи байналхалқӣ фаъолият мебарад. Он соли 1947 аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ ба тариқи мақомоти ёрирасон барои тараққиёти ҳуқиқи байналхалқи ва кодефикацияи он ташкил дода шудааст. Комиссия аз 34 аъзо, ки аз тарафи Ассамблеяи Генералии СММ интихоб мешавад, иборат мебошад. Дар давоми фаъолияти худ ин коммисия адади зиёди лоиҳаро кор карда баромадааст. ҳамин тариқ соли 1958 дар Женева Конвенция оид ба ҳуқуқи баҳрӣ, солҳои 1961-1963 дар Вена Конвенция дар бораи робитаҳои дипломатӣ ва консулӣ қабул шудаанд.
Дар чорчӯбаи СММ вазифаҳоро оид ба кодификация ва тараққиёти прогрессивии ҳуқиқи байналхалқии дигар комитетҳо ва комиссияҳо, мисол Комиссия оид ба ҳуқуқҳои инсон. Комитет оид ба истифодабарории фазои кайҳон бо мақсадҳои осоишта иҷро мекунанд.
Кодификацияи ғайрирасмӣ аз тарафи олимони алоҳида ё ин ки коллективҳои онҳо, институтҳои алоҳида, ташкилотҳои ҷамъияти ё ин ки ташкилотҳои ғайриҳукумати ба амл бароварда мешавад. Дар байни онҳо Ассоциацияи ҳуқиқи байналхалқи ва Институти ҳуқиқи байналхалқи ба кодификация ва тараққиёти прогрессивии ҳуқиқи байналхалқи бо роҳи гузаронидани тадқиқртва тайёр кардани лоиҳаи конвенцияҳо оид ба масъалаҳои гуногуни муносибатҳои байналхалқӣ саҳми арзанда гузоштанд.