Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз

Ҷавобга рии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз ин таҳти маҷбурияти давлати иҷро намудани ӯҳдадориҳои андозбанди аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда мебошад. Ҳуқуқвайронкунии андоз — ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофиқонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад. Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгари кашидан мумкин нест:

-аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва тавзеҳоти хаттии мақоми андоз ё дигар мақоми давлати, ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд;

-аз ҳисоб баровардани бақияпули аз дигар андозҳо аз ҷисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохтшуда, аз ҷумла андозҳои пардохтаи агенти андоз;

-бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 5 моддаи 73 Кодекси андоз.

-агар дар субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсисёфта, ки супорандаи андоз буда, бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, ҳуқуқвайронкунии андоз дар рафти аввалин санҷиши маҷмӯ ё мавзӯии андоз, ки пас аз 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи қайди давлатии он гузаронидашуда ошкор гардида бошад.

Ҷавобга рии ҳуқуқӣ барои вайрон намудани қонунгузории андоз ду намуд мебошад:

1.Ҷавобгари маъмурӣ. Шахсони воқеи ва ҳуқуқи мутобиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгари кашида мешаванд:

— сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз;

-кам нишон додани маблағи андозҳо;

-вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;

-монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши андоз;

-вайрон кардани мӯҳлати ба баҳисобгирии бақайдгири гузоштан дар мақомоти андоз;

-зикр накардан ё нодуруст зикр кардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук ҳисобнома-фактураҳо;

-вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ё нигоҳ надоштани он;

-кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркуни ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (дипозитии) шахсони воқеи мутобиқи моддаи 76 Кодекси андози ҶТ) ба шахсони воқеи ва ҳуқуқи бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-вайрон кардани мӯҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеи ва ҳуқуқи кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркуни ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеи мутобиқи моддаи 76 Кодекси андози ҶТ);

-пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба мақоми андоз;

-иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз мутобиқи моддаи 97 Кодекси андози ҶТ, ки барои гузаронидан мутобиқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисобҳои шахсони сеюм — дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредити, ки дар он ба ҳамин андозсупоранда хизматрасони сурат мегирад) маблағҳои пули ба ҳисоби пӯшонидани қарзи андози андозсупоранда;

-ғайриқонуни монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино;

-риоя накардани тартиби соҳиби, истифода ва (ё) ихтиёрдории амволе, ки мақоми андоз ба ҳабс гирифтааст;

-вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали;

-ба мақоми андоз пешниҳод накардани маълумоти зарури;

-аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молпявию кредити саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рӯи супоришномаҳои пардохтаи андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд.

Барои ҳуқуқвайронкуни маъмури ҷазо дар намуди огоҳи ва ҷарима тадбиқ мегардад. Агар ҳуқуқвайронкунии андоз дар субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсис, ки супорандаи андоз буда, бо низоми соддакардашуда андоз месупорад, дар рафти аввалин санҷиши маҷмӯӣ ё мавзӯии андоз, ки пас аз 30 моҳи пурраи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии давлатии он гузаронида шудааст, ошкор шуда бошад, нисбати чунин андозсупоранда танҳо огоҳии маъмурӣ татбиқ карда мешавад. Ҳамзамон андозсупоранда ӯҳдадор аст бо дарназардошти ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андоз, дар давоми 5 рӯзи корӣ аз лаҳзаи додани қарор дар бораи огоҳии маъмурӣ ба мақоми андоз ҳисоботи андози ислоҳшударо пешниҳод намояд ва дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқвайронкуниҳои ошкоргардидаи андозро бартараф намояд, аз ҷумла андозҳо, чаримаҳо ва фоизҳои аз рӯи онҳо насупоридаро пардохт намояд

2.Ҷавобгари ҷиноятӣ. Шахсони воқеи барои содир намудани ҷиноятҳои зайл дар соҳаи қонунгузории андоз мутобиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд:

— саркаши аз пардохтҳои гумрукӣ;

— саркаши аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ;

— саркашии шахси воқеи аз пардохти андоз.

Барои содири ҷиноят ҷазо дар намуди ҷарима, корҳои ислоҳӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ тадбиқ мегардад.

419
Нет комментариев. Ваш будет первым!