Муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ва субъектони он

Муносибатҳои ҷамъиятӣ баъди батанзимдарории ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ табдил меёбанд. Бинобар ин предмети ҳӯқуқи мурофиаи гражданӣ ва муносибатҳои ҳуқуқи мурофиа гражданиро бояд дар алоқаманди дид.

Муносибатҳои ҳуқуқӣ шакли асосии ба танзимдарории муносибатҳои ҳуқуқӣ шакли асосии батанзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, ҳамчун воситаи таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ баромад мекунанд.[1]

Муносибатҳои ҳуқуқии мурофиаи гражданӣ дар ҷараёни баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ дар судҳои салоҳияти умумӣ байни суд ва дигар субъектони мурофиаи гражданӣ пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва қатъ мегарданду тавассути меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражднӣ танзим карда мешаванд.

Муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ хусусиятҳои ба худ хосро доро мебошад, ки аз инҳо иборатанд:

  1. Онҳо муносибатҳои ҷамъиатие мебошанд, ки дар ҷараёни баррасӣ ва ҳал намудани парвандаҳои гражданӣ пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва қатъ мегарданд;
  2. Онҳо тавассути меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ танзим карда мешаванд;
  3. Як тарафи муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии гражданӣ дар ҳама ҳолат суди босалоҳият мебошад. Муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ бе иштироки суд вуҷуд дошта наметавонанд;
  4. Муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии гражданӣ муносибатҳои ҳокимиятӣ мебошанд, тарафи соҳибҳокимият дар ин муносибатҳо ҳама вақт суд маҳсуб меёбад. Субъектони дигари муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ бошад, аз ҷумла прокурор низ дар ҷараёни мурофиаи гражданӣ ба суд тобеъ мебошанд;
  5. Муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ муносибатҳои татбиқи ҳуқуқ мебошанд, чунки суд дар ҷараёни ин муносибатҳо меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавиро ба муносибатҳои мушаххаси ҳуқуқии тарафайн татбиқ менамояд.[2]

Асосҳои пайдоиш, инкишоф ва қатъгардии муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ аз инҳо иборат аст: 1) меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ; 2) қобилияти ҳуқуқдории мурофиаи гражданӣ ва қобилияти амалкунии мурофиаи гражданӣ.

Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ гуфта, қоидаҳои рафтори аз ҷониби давлат қабулшудаеро меноманд, ки фаъолияти судҳои салоҳияти умумиро ҷиҳати амалӣ намудани адолати судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ ба танзим медароранду барои истифодаи якчандкарата нисбат ба гурӯҳи номуайяни субъектон равона шудаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ ба монанди меъёрҳои ҳуқуқии дигар дорои се унсур мебошанд:

  1. Гипотеза
  2. Диспозитсия
  3. Санксия

Қобилияти ҳуқуқдории мурофиаи гражданӣ гуфта, қобилияти бо қонун пешбинишудаи шахсро дар бораи доштани ҳуқуқи субъективии мурофиаи гражданӣ ва ӯҳдадориҳои субъективии гражданиро меноманд.

Қобилияти ҳуқуқдории мурофиаи граждании шаҳрванд аз лаҳзаи таваллуди вай пайдо шуда бо марги шаҳрванд қатъ мегардад.

Қобилияти ҳуқуқдории мурофиаи граждании ташкилотҳо бошад, аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтани онҳо, яъне аз лаҳзаи ба даст овардани мақоми шахси ҳуқуқӣ пайдо мешавад ва бо барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ қатъ мегардад.

Қобилияти амалкунии мурофиаи гражданӣ бошад, ин қобилияти бо қонун пешбинӣ шудаи шахс ҷиҳати бо ҳаракатҳои худ ба даст овардани ҳуқуқҳои субъективии мурофиавии гражданӣ ва иҷро намудани ӯҳдадориҳои субъективии мурофиаи гражданӣ, ҳамчунин ба намояндаи судӣ супоридани пешбурди парвандаи гражданӣ мебошад.

Қобилияти амалкунии мурофиаи граждании шаҳрванд аз синни 18 солагӣ, яъне аз лаҳзаи ба балоғат расидани вай пайдо мешавад ва бо фавти шаҳрванд қатъ мегардад. Оид ба як қатор парвандаҳои гражданӣ, ки аз муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, оила ва меҳнатӣ бармеоянд, тибқи қонун шаҳрвандони ноболиғони аз 14 то 18 сола мустақиман ба сифати тараф ё шахси сеюм иштирок мекунанд. Мувофиқан дар ин парвандаи гражданӣ онҳо дорои қобилияти амалкунии мурофиаи гражданӣ мебошанд.

Қобилияти амалкунии мурофиаи граждании ташкилотҳо дар як вақт бо қобилияти ҳуқуқдории мурофиаи граждании онҳо пайдо мешавад ва аз лаҳзаи қатъгардӣ қобилияти амалкунӣ низ аз байн меравад.

Таркиби ҳуқуқӣ гуфта, факти ҳуқуқӣ, яъне ҳолати мурофиавиро меноманд, ки аз ҷониби суд ва дигар субъектони мурофиаи гражданӣ анҷом дода шуда ҳар маҷмӯъ боиси пайдоиш, инкишоф ва қатъшавии муносибатҳои ҳуқуқии мурофиаии гражданӣ мегарданд.

Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ бисёр гуногун мебошад ва мавқие мурофиавии онҳо аз ҳамдигар фарқи калон дорад.

Субъектони муносибатҳои мурофиаи гражданӣ гуфта, шахсонеро меноманд, ки тибқи қонун дорои ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъективии мурофиавии гражданӣ буда, метавонанд ё бояд дар муносибатҳои ҳуқуқии мурофиаи гражданӣ иштирок намоянд.[3]

Субъектони мурофиаи гражданиро ба се намуд тақсим намудан мумкин аст: 1. Суд;

  1. Шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ;
  2. Шахсони ба адолати судӣ ёрирасон.

Як тарафи ҳатмӣ ва зарурии ин муносибатҳо мақомоти юрисдиксионӣ, яъне суд мебошад. Дар зери мафҳуми суд дар қонунгузории мурофиаи гражданӣ судҳои се зинаи низоми судҳои салоҳияти умумӣ, ҳамчунин судҳои марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ дар назар дошта мешавад.

Суд ягона мақомоти давлатиест, ки дар мурофиаи гражданӣ адолати судиро оид ба парвандаҳои гражданӣ амалӣ мекунад. Суд мурофиаи гражданиро роҳбарӣ менамояд, ба шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳоро фаҳмонда медиҳад. Дар амалӣ намудани ҳуқуқи субеъктивии мурофиаи гражданӣ ба шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ кӯмак менамояд. Онҳоро аз оқибатҳои ҳуқуқии содир намудан ё содир накардани ин ё он амалиёти мурофиавӣ огоҳ менамояд.

Доираи субъектони тарафи дуюми муносибатҳои ҳуқуқи мурофиаи гражданӣ хеле васеъ мебошад ва вобаста ба мақсаду вазифаҳои дар мурофиа доштаашон мавқеи ҳуқуқиашон фарқ мекунанд.

Қонунгузор онҳоро барои аз дигар субъектон фарқ карда тавонистан махсус номгузорӣ кардааст — шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ. Шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ гуфта, шахсонеро маноманд, ки дар мурофиаи гражданӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ ё шахсони дигарро ҳимоя мекунанд, ба оқибати кор манфиаити ҳуқуқӣ доранд. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои барои онҳо пешбинишуда воқеан моҳияти мурофиаи гражданиро муайян мекунад, вале шахсони иштирокчии парвандаи гражданиро вобаста ба мақсадашон дар мурофиаи гражданӣ ба ду намуд тақсим менамоянд:

  1. Шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои худашонро ҳимоя мекунанд (даъвогар, ҷавобгар, шахсони сеюм);
  2. Шахсоне, ки ҳуқуқу манфиатҳои шахсони дигарро бо мақсади хизматӣ ё қарзи шаҳрвандию ҷамъиятӣ ҳимоя мекунанд (намояндагон, прокурор, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандони ҷудогона).

Шахсони ба адолати судӣ ёрирасон дар фарқият аз шахсони иштирокчии парвандаи гражданӣ ба оқибати кор манфиати ҳуқуқӣ надоранд, ташаббуси онҳо боиси пайдоиш, инкишоф ва қатъгардии муносибатҳои ҳуқуқии мурофиавии гражданӣ намегардад. Шахсоне, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ ёрӣ мерасонанд (экспертҳо, котиби маҷлиси судӣ, шоҳидон, тарҷумон, холисон) дар мурофиа ягон хел манфиати моддӣ ва мурофиавӣ надоранд. Онҳо танҳо вазифаи касбии хизматӣ ё шаҳрвандии худро иҷро мекунанд. Мавқеи онҳо бештар ба воситаи ӯҳдадориҳояшон муайян карда мешавад ва агар бо иҷрои он вобаста бошад, қонунгузор ин ё он ҳуқуқро пешбинӣ кардааст. Дар дигар мавридҳо чунин имконият пешбинӣ нашудааст.


[1] Джалилов Дж.Р. Гражданское процессуальное проавоотношение и его субъекты. – Душанбе, 1962. -С.7[2] Ниг.: Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. – Душанбе: ЭР-граф, 2009. -С.305.[3] Ниг.: Пособие для адвоката. – Душанбе, 2005. қ.2. с.183-184. (муаллифи боб – Н.Н. Фозилов).
301
Нет комментариев. Ваш будет первым!