Мафҳум ва принсипҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ
Мафҳуми ҳуқуқи оилавӣ. Ҳуқуқи оилавӣ яке аз соҳаи мустақили ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз маъҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие иборат мебошад, ки муносибатҳои шахсӣ ва молу мулкие, ки дар натиҷаи никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонӣ, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, байни шаҳрвандону шахсони ҳуқуқӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, ба танзим медарорад.
Оила ва ҳаёти оилавӣ барои ҳар як одам мазмуни махсус дорад. Мо дар оила ба камол мерасем, тарбия меёбем, меъёрҳои маънавиро аз бар мекунем, обутоби ҳаётӣ мегирем.[1] Оила барпо кардан ин воқеаест ҳаяҷонбахш вале фаромӯшнашаванда. Оила аз ҷониби ҳар ду тараф (мард ва зан) масъулияти баландеро талаб мекунад.
Вазифаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ дар қонунҳои амаликардаистода оиди оиладорӣ ва моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст, ки оила ҳамчун асоси ҷамъият аз тарафи давлат ҳимоя мешавад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳӣ мерасанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ онҳо баробарҳуқуқанд. Принсипи якканикоҳӣ нигоҳ дошта шудааст.
Дар ҷамъияти мо оила аҳамияти калон дорад ва барои ба тартиб даровардани ҳуқуқи оилавӣ ва муносибатҳои дар он вуҷуд дошта таъсири калоне мерасонад. Дар моддаи 1-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ аз: боз ҳам мустаҳкам кардани оила, ки бо принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст; дар асоси иттифоқи ихтиёрии никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз ғаразҳои моддӣ озоди муҳаббати якдигар, дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарии ҳамаи аъзоёни оила; барпо намудани фарзандон; ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиат ва меҳнати муфиди ҷамъиятӣ ва иштироки фаъолона дар ташкили давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ тарбия кардани фарзандон; ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъминоти ҳаёти хушбахтонаи ҳар як кӯдак; дар муносибатҳои оилавӣ қатъиян барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зараровари замони гузашта; парвариш намудани ҳисси баланди масъулиятнокӣ дар назди оила, иборат мебошад. Мақсади асосии давлат нигоҳ доштани оилаи солим, ғамхорӣ намудан нисбати инсон ва воло бардоштани арзишҳои он мебошад.
Принципҳои ҳуқуқи оилавӣ. Ҳуқуқи оилавӣ барои ба амал баровардани вазифаҳои худ ба принсипҳои зерин такя мекунад:
— Баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар муносибатҳои оилавӣ, сарфи назар аз миллат, нажод ва муносибаташон бо дин;
— баробарҳуқуқии зану мард дар ҳалли ҳама масъалаҳои оилавӣ;
— озодона ва ихтиёрӣ бастани ақди никоҳ.
— якканикоҳӣ ( моногамӣ );
— муҳофизат кардан ва ҳавасманд гардонидани модарӣ;
— тарбияи фарзандони ноболиғ ва таъмини онҳо;
— аз ҳалли масъалаҳои никоҳ ва оила ҷудо будани дин;
— дар зери назорати давлат озодона бекор кардани никоҳ;
— ҳамдами моддӣ ва маънавӣ, ғамхории ҳамдигарии аъзоёни оила.
Ҳуқуқи оилавӣ чун соҳаи алоҳидаи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда ба монанди дигар соҳаҳои ҳуқуқ предмет ва методи танзими муносибатҳои ҷамъиятии худро дорад.
Предмети ҳуқуқи оилавӣ аз маҷмӯи меъёрҳое иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар рафти бастани никоҳ ё бекор кардани он, хешу таборӣ, таваллуди кӯдак, фарзанд хондан, ба парасторӣ, васигӣ ва патронат гирифтани кӯдак пайдо мешаванд, таъғир ва қатъ мегарданд, танзим мекунад.
Ин муносибатҳо хусусияти хоси худро дошта, муносибатҳои ҳуқуқии оилавиро аз дигар муносибатҳои ҳуқуқӣ фарқ мекунонад. Дигар хусусияташ ин зиёд будани миқдори меъёрҳои ҳуқуқие, ки дар қонунҳо ва кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд ва меъёрҳои муҳими конститутсионӣ ҳисобонида мешаванд. Ҳуқуқи оилавӣ методи танзими муносибатҳои ҳуқуқиро, яъне тарзу роҳҳо ва услуби махсуси муносибатҳои ҷамъиятии ҳуқуқиро дорад, ки худи хислатҳои предмети танзимкунӣ муайян менамояд.
Вазифаи асосии ҳуқуқи оилавӣ танзими муносибатҳои шахсии ғайри молу мулкӣ мебошад, ки дар асоси қонунҳо пешбинӣ шудаанд.
Яке аз сабабҳои мустаҳкам гаштани ҳуқуқи оилавӣ — никоҳу оила ин донистани талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи никоҳ ва оила, дар асоси ин талаботҳо донистани маданияти ҳуқуқӣ, инкишоф додани шуурнокӣ дар ҷамъият, ҳурмату эҳтиром дар оила, баробарҳуқуқӣ, иззату эътирофи аъзоёни калону хурди оила, муҳаббати озоду пок, дилгармӣ доштан нисбати оиладорӣ, ҳамаҷониба муҳофизат кардани оила ва таъмин намудани ҳаёти хушбахтона баҳри аъзоёни оила мебошанд, ки барои барпо намудани муносибатҳои оилавӣ сабаб мегарданд. Масулияти баланди оиладорӣ[2] — ҳангоми барпо намудани оила тарафҳо бояд аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои оилавӣ воқиф бошанд ва аз рӯи талаботҳои қонун амал кунанд. Сиёсатмадор К.Маркс дар замони худ навишта буд: « Ҳеҷ кас ба акди никоҳ маҷбур карда намешавад, лекин ҳар касеро, ки ба ақди никоҳ даромадааст, маҷбур намудан зарур аст, ки ба қонунҳои никоҳ итоат кунад ».
[1] Маҳмудов М.А. Оилаи ҷавон ва ҳуқуқ. Душанбе 1991. С, 1 — 3.[2] Усмонов О.У. ва гурӯҳҳи муалифон. Асосҳои давлат ва ҳуқуқи ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе Маориф, 1999, с.131.