Роли растани дар табиат
ГАРДИШИ БИОЛОГИИ МОДДАҲО.
Дар байни растаниҳою муҳит алоқаи хеле мураккаб вуҷуд дорад. Растанӣ дар гардиши моддаҳо дар табиат роли калон мебозад. Растаниҳои сабз (автотрофӣ – аз калимаи юнонӣ: «аутос» – худ, «трофос»- ғизо) ва ғайри органикӣ (гетеротрофӣ – аз калимаи юнонӣ «гетерост»- дигар, «трофос»- ғизо ) дар ин гардиш роли гуногунро мебозанд.
Растаниҳои сабз дар сайёраи мо манбаи ҳаёт мебошанд. Онҳо воситачии байни офтоб ва тамоми организмҳои зинда мебошанд.
Растаниҳои сабз энергияи рӯшноии офтобро, ки ба рӯи онҳо меафтад, фурӯ мебаранд ва ин энергия дар ҳуҷайраҳои онҳо ба энергияи химиявӣ табдил ёфта, ба туфайли ин моддаҳои ғайри органикӣ, ки ба растанӣ аз муҳити атроф дохил мегарданд, ба моддаҳои органикӣ – сафедаҳо, равғанҳо, ангиштобҳо, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ ва ғайраҳо табдил меёбанд. Ин раванд фотосинтез номида мешавад. Ин раванд фақат дар рӯшноӣ ба амал меояд. Ин моддаҳоро ҳамчун ғизо натанҳо худи растаниҳо балки инсон, ҳайвон ва растаниҳои сабз истифода мебаранд.
Растаниҳо чунин таркиб ёфтаанд, ки узвҳои чандин карад таксимшудаи рӯи заминии онҳо, аз ҷумла баргу шохаҳо барои ҳар чи бештар дошта гирифтани нуриҳои офтоб ёрӣ мерасонанд.
Растаниҳои сабз, пигменти сабз – хлорофил доранд, ки он қобил аст, ки энергияи офтобро фурӯ бара два бо ёрии он моддаҳои ғайри органикиро ба моддаҳои органикӣ табдил диҳанд ва ба фазо оксигени озодро ҷудо намоянд.
Ба татқиқоти фотосинтез ва хлорофил асарҳои К.А.Тимирязев бахшида шудаанд. Вай дар ин соҳа бисёр кашфиётҳои қиматбаҳо кардааст. Барги сабзро ӯ ҳамчун ягона лабаратория меноманд, ки дар шароити табии ки дар ҳуҷайраҳои он моддаҳои ғайри органикиро ва моддаҳои органикӣ табдил медиҳанд. К.А.Тимирязев маҳсули фотосинтезро «консерви нуриҳои офтоб» номид. Дар қаъри замин дар боқимондаҳои растаниҳои сабз онҳо ба моддаҳои гуногун табдил ёфта, милионҳо сол консерватсия мешаванд. Ангиштсанг, нефт, торф ва ғайра ҳамчун манбаи энергетикӣ истифода мешаванд.
Растаниҳои сабз дар равандҳои фаъолияти ҳайётиашон миқдори зиёди биомассаҳоро ҷамъ мекунанд, ки онҳоро ҳайвонот ва инсон истифода мебаранд.
Агар онро ба ҳисоб гирем, ки майдонҳои васеъи ҳам хушки ва ҳам оби бо растаниҳо пушида шудаанд, миқёси хеле калони мубодилаи моддаҳо айнан маълум мешавад, ки онро растаниҳо ба амал меоранд.
Намояндагони олами растаниҳои ғайри сабз – замбуруғ ва бактерияҳо ҳам дар гардиши моддаҳо аҳамияти муҳим доранд. Роли онҳо хусусан дар бобати ба таркиби худ ҷудо шуда, ба минерал табдил ёфтани боқимондаҳои органикӣ дар хок калон аст. Дар ҳар грамм хок якчанд миллиард бактерия мавҷудаст. Баъзе занбурӯғҳо ва бактерияҳо бо растаниҳои олӣ алоқаи мураккаби симбиотикӣ пайдо мекунанд. Масъалан, занбурӯғ дар решаи растании дараҷаи олӣ (микориза) ҷой гирифта, дар просеси ба минерал табдилёбии моддаҳои органики хок иштирок мекунад.
Бактерияҳои лӯнда (Rizobium Leguminosarum) дар решаи растаниҳои лӯбиёгӣ зиндагӣ карда, нитрогени озоди фазоро аз худ мекунанд ва барои бо пайвастагиҳои нитрогенӣ бой кардани хок ёри расонда, худи растаниҳоро низ қисман бо ғизои нитрогенӣ таъмин мекунанд.
Мутавозиан вуҷуд доштани организмҳои автотрофӣ ва гетеретрофӣ шарти муҳими гардиши моддаҳо дар табиат мебошанд. Элементҳои химиявӣ, ки ҷисмҳои организмҳои зиндаро ташкил медиҳанд ва дар табиати беҷон во мехӯранд, аз гази карбонат, нитроген, оксиген, гидроген, фосфор, оҳан, калсий, калий ва ғайра иборат мебошанд. Аммо организм ва маҳсули фаъолияти ҳайётии онҳо моддаҳои органикиро ҳам дар бар мегиранд, ки онҳо дар табиати беҷон дучор намешаванд. Асоси моддаҳои органикиро пайвастагиҳои мураккаби карбони бенитроген ва нитрогеннок ташкил медиҳанд. Асоси моддаҳои зинда – сафедаҳо мебошанд, ки онҳо аз пайвастагиҳои нитрогеннок иборатанд. Пайвастагиҳои бенитроген бошанд, дар таркиби организми зинда аз ангиштоб ва липидҳо иборат мебошанд. Дар просеси мубодилаи моддаҳо ва ғизогирӣ организми зинда ҷисми худро аз элементҳои табиати беҷон таркиб медиҳад. Ягонагии организмӣ зинда ва беҷон маҳз дар ҳамин ифода меёбад. Организмҳои автотрофӣ моддаҳои органикӣ синтез мекунанд, организмҳои гетеротрофӣ бошанд онҳоро ба қисмҳо ҷудо карда, ба минерал табдил медиҳанд, тӯрш мегардонанд ва ғайра. Моддаҳои минералии ғайри органикиро организмҳои автотрофӣ аз нав аз худ карда ба моддаҳои органикӣ табдил медиҳанд, ки онҳоро тамоми растаниҳои ғайри сабзӣ геторотрофӣ, ҳайвонот ва одам аз нав истифода мекунанд.
АҲАМИЯТИ РАСТАНӢ ДАР ҲАЁТИ ИНСОН ВА ХОҶАГИИ ХАЛҚ. ВАЗИФАҲОИ ҲОЗИРАИ БОТАНИКА.
Организмҳои растанӣ, ки манбаи моддаҳои органикӣ мебошанд, одам ва ҳайвонотро бо равған, сафедаҳо, ангиштобҳо, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, моддаҳои минералӣ ва об бисёр дигар пайвастаҳо таъмин менамоянд. Дар аксар мавридҳо растаниҳоро дар соҳаҳои гуногуни саноат ва тип ҳамчун ашёи хом истифода мебаранд.
Дар територияи ҶТ 19 000 намудҳои растаниҳои гуногун паҳн гардидааст. Дар байни онҳо бисёр растаниҳои доругӣ, кавчукдиҳанда, нахдор ва ғайра ҳанӯз кашф карда нашудааст.
Барои ҳалли вазифаҳои муҳими кашфиёти растаниҳои мавҷуда ва номаълум ва аз рӯи план аз худ намудани захираҳои растаниҳои гуногуни мамлакатамон зарур аст, ки қонуниятҳои фаъолияти ҳаёти ва структураи организмҳои растанӣ мувофиқи талаботи комёбиҳои илми чуқур таҳлилу татқид карда шаванд.