Сохахои асосии ботаника
Ботаника фанҳои гуногунро мутаҳид менамояд, ки организми растаниҳо аз ҷумла гуногунии шаклҳои онҳо, сохти зоҳирӣ ва дохилии узвҳои онҳо, қонуниятҳои фаъолияти ҳайётӣ паҳншави дар кураи замин тақсимшавӣ, алоқа ва таъсири байни организмҳои растанӣ ва муҳит, пушиши растанигӣ, мутаҳидии растаниҳо ва самаранок истифода кардани онҳоро ҳарҷониба меомузанд.
Дар давоми таърихи бисёрасринаи илмӣ дар ботаника ба муносибати талаботи ҷамъиятӣ, инсонӣ ва дараҷаи тарақиётӣ, техникӣ дар омузишӣ растаниҳо равияҳои гуногун пайдо мешуданд. Донишҳое ғун карда мешуданд, ки сохт ва ҳаёти растаниҳоро ҳарҷониба иникос менамуданд, методҳои омузиши растаниҳо то рафт такмил дода мешуданд.
Дар замони ҳозира, илми ботаника, ки ягона обектӣ он тадқиқи растаниҳо мебошад ва як қатор фанҳои ботаникӣ бо ҳамдигар алоқаманд, вале қисман мустақил тақсим шудааст: морфология, анатомия, физиология, систематика ва экологияи растаниҳо, фитосенология, географияи растаниҳо, палеоботаника ва ғайра. Ҳар яке аз ин фанҳо соҳаҳои алоҳидаро тадқиқ карда методҳои ба ин соҳа хоси омӯзишро истифода мебарад.
Морфологияи растаниҳо. Шакли зоҳирии растаниҳоро меомӯзад. Ин фан тағиротеро, ки дар натиҷаи эволютсияи дуру дарози олами растаниҳо ва дар давоми ҳаёти индивидуалии растаниҳои алоҳида ба амал меояд, мушоҳида намуда, қонуниятҳои умумии ташакули онҳо ба шароитҳои тағирёбандаи муҳим вобаста намудани шакли растаниҳоро ошкор менамояд.
Анатомияи растаниҳо. сохти дарунии онҳоро меомӯзад. Сохти дарунии растаниҳоро танҳо бо ёрии микроскопҳо нағз дидан мумкин аст. Барои ҳамин ҳам инкишофи анатомия бо такмили микроскоп зич алоқаманд аст.
Ба анатомияи растаниҳо таълимоти оид ба ҳуҷайраро ба соҳаи алоҳида дохил менамоянд. Ин соҳа кайҳост, ки ба илми мустақил- ситалогия ҷудо шудааст ва ҳоло хело тез инкишоф ёфта истодааст.
Омӯзиши сохти дарунии растаниҳо барои фаҳмида гирифтани просесҳое, ки дар он ба амал меоянд, зарур аст. Бо ин соҳаи дигари ботаника-физиологияи растаниҳо машғул аст.
Аз тарафи дигар физиологияи растаниҳо просесҳоеро, ки дар дохти организм ба амал меоянд, тадқиқ намуда ёрӣ мерасонанд, ки тамоми нозукиҳои сохти растаниҳо фаҳмида, алоқаи қонунии байни шакли растанӣ, сохт ва шароити зиндагӣ аниқ муайян карда шавад.
Донистани моҳияти просесҳои физиологӣ, ки растанҳо аз сар мегузаронанд, ба мо роҳҳои идора кардани просесҳоро кушода медиҳанд, мо просесҳои ҳаёти растаниҳоро тағир дода, шаклҳои онҳоро низ мувофиқи талаб тағир дода метавонанд. Ниҳоят донистани физиологияи растаниҳо ба мо ёрӣ мерасонад, ки вазифаҳои амалии зеринро ҳал менамоянд: ҳосили растаниро бардошта массаи зиёди сифатан ба мо даркории растаниро ба даст орем. Дар баробари агрохимия, физиологияи растаниҳо низ асоси зироатчигии самаранок мебошад.( К.А Тимирязев.)
Бо физиологияи растаниҳо биохимия зич алоқаманд аст. Вай ҳам просесҳои химияро тадқиқ менамояд, ки ба асоси ҳодисаҳои ҳаёти гузошта шуданд. Аз дигар тараф биохимия бо микробиология – илм дар бораи микроорганизмҳо алоқаманд аст. Тадқиқи сохти биохимиявии моддаи зиндаи микробҳо ва просесҳои бо фаъолияти онҳо алоқаманд ба мо ёрӣ мерасонанд, ки қонуниятҳои бештар умумии ҳодиаҳои ҳаётиро кашф намоем.
Дар солҳои охир биофизика – илме, ки просесҳои физикӣ ва физикӣ-химиявии дар организмҳои зинда ба амал меомадагиҳоро меомӯзад, ниҳоят инкишф ёфта истодааст. Обектӣ тадқиқи ин фан инчунин сохти организм ва системаи биологӣ тамоми зинаҳои инкишофро аз молекулаи то организм фаро мегирад.
Систематикаи растаниҳо:
вазифадор аст, ки тамоми гуногунии ин организмҳои растаниҳоро класификатсия кунад. Онҳоро ба системаҳое дарорад, ки протсеси эволютсияи олами растаниро аниқтар иникос намояд. Маълумотҳои морфология ва дигар фанҳои ботаникиро истифда карда, систематика растаниҳои ба ҳам монандро ба гурӯҳҳо муттаҳид намуда аз ҷиҳати пайдоиш ба ҳамдигар наздик будани онҳоро ошкор менамояд. Систематика ин гурӯҳҳоро ба система дохил карда, кушиш намояд, ки аз растаниҳои қадимтарин сар карда то растаниҳои ба дараҷаи олӣ инкишоф ёфта, ки дар давраҳои ба замони мо наздики мавҷудияти замин ба вуҷуд омадаанд, ки манзараи умумии эволютсияи олами растаниро нишон диҳад.
Систематикаи растаниҳо аҳамияти калони амали доранд, растаниҳоро классификатсия накарда гуногунии намудҳои зиёди онҳоро фахмидан ва боигарии олами растаниҳоро аз рӯи план барои эҳтиёҷоти инсон истифода намудан имконпазир мегардид.
Экологияи растанихо: вобаста ба шароитҳои ҷои зиндагии онҳоро омӯхта қонунияти ба шароитҳои муҳит мувофиқшавии онҳоро ошкор менамояд, дар просеси аз тарафи он истифода кардани чунин омилҳои ҳаётӣ, монанди равшанӣ, гармӣ, об, элементҳои ғизоӣ ва ғайра роли структураи морфологӣ ва анатомияи растаниҳоро тадқиқ менамояд.
Фитосенология ё геоботаника: қонуниятҳои сохти кӯшиши растанигии кураи замин, просесҳои ташаккул ва эволютсияи гурӯҳҳои растаниҳо ва мувофиқан ба шароитҳои муҳити зоҳирӣ ва таъсири ҳамдигарии растаниҳо, ки гурӯҳҳоро ташкил медиҳанд, тағирёбии таркибу вазъияти онҳоро меомӯзад.
Географияи растаниҳо: қонуниятҳои дар рӯи замин паҳншавию тақсимшавии растаниҳоро дар замони гузаштаю ҳозира меомӯзад.
Палеоботаника: боқимондаҳои растаниҳоро, ки дар замони гузаштаи геологӣ вуҷуд доштаанд ва ҳоло дар ҳолати кофтани мавҷуданд, меомӯзад. Омӯхтани ин боқимондаҳо имконият медиҳад, ки таърихи олами растанӣ аниқ ва алоқаи байни гурӯҳҳои растаниҳои ҳоло мавҷуда муайян карда шавад. Бо ҳамин палеоботаника бо систематика алоқаи зич доранд ва маълумотҳои ин
фан баробари маълумотҳои оид ба растаниҳои ҳло мавҷуда барои ба система даровардани олами растаниҳои истифода карда мешаванд.