Очерки мухтасари таърихи ботаника

Илми ботаника аз замонхои қадим вуҷуд дорад. Илм дар бораи растанӣ ба туфайли талаботи амалии инсон ба хӯрок, либос, истиқоматгоҳ, моддаҳои доруги пайдо шуд.

Аввалин маълумотҳои хаттиро дар бораи растаниҳ дар қадимтарин навиштаҷоти сағонаҳои Миср, ки ба асри сеюм то солшумории мо дахл дорад, пайдо кардаанд.

Донишҳои ибтидоии ботаникаро мо инчунин дар асарҳои философии бузурги Юнон Аристотел пайдо мекунем, ки ӯ дар асри 1У то слшумории мо зиндаги мекард. Шогирди наздики Арестотел, Теофраст (солҳои 370-286 то солшуммории мо) дар бораи растаниҳо бисёр маълумотҳои қиматбаҳоро ҷамъ кардааст. 6- китоби ӯ: «Сабабҳои растанӣ» ва 9- китоби бузурги ботаникӣ «Тадқиқот дар бораи растаниҳо» нигоҳ дошта шудаанд.

Дар давраи асри миёна, баъди сарнагун шудани империяи илми табиатшиносӣ инкишоф наёфт. Дар ин вақт асосан далелҳо ҷамъ карда мешуданд. Баъди ин давраи дуру дароз дар асри ХУ1 ботаника ҳамчун илм бо суръат инкишоф меёбад. Ба инкишофи илми ботаника кашфиёти бузурги географӣ, ки бойгарии растаниҳои мамлакатҳои тропикӣ Осиё ва Америкаро дастраси олимон гардонд, ёрӣ расонд.

Гербарияҳо – колексияҳои растаниҳои хушконида ҷамъ карда мешавад, тасвири растаниҳои кашфшудаю омӯхташуда миқдоранд зиёд мегардад, дар охири асри ХУ1 шумораи навиштаҷот дар бораи растанӣ ба 6 ҳазор расид, таснифоти растанихо бори аввал кушиш карда мешаванд, (Чезалпино, 1519-1603)

Ихтирои микроскоп имконият дод, ки сохти дохилии растанӣ ҷуқур омӯхта шавад ва ба ҳамин тариқ ба инкишофӣ дар анатомия ибтидо гузошта мешавад, ки ба омӯзиши микроскопии сохти растанӣ асос меёбад.

Соли 1665 Роберт Гук (1636-1703) аввалин бор дар бофтаҳои растанӣ ковокиҳои майдаи сершуморро муайян кард ва ин ковокиҳоро «ҳуҷайра» номид, ки он гарчанд мазмунан тағир ёфта бошад ҳам то замони мо боқӣ мондааст. Дар солҳои 1675-1679 бо унвони «Анатомияи растаниҳо» асари калони Малпиги (1628-1694) Чоп карда шуд, соли 1682 бошад бо ҳамин унвон асари Грю аз чоп баромад. Ин ду асари илмӣ ба ташаккули соҳаи нави ботаника- анантомияи растаниҳо ибтидо гузошт .

Дар инкишофи ботаника натуралисти шведи Карл Линней (1707 -1778) роли калон бозид. Ӯ материалҳои дар ҳамон вақт ҷамъ гардидаро ба тартиб дароварда системаи сунъии растаниҳоро ба вуҷуд овард. Ин системаи сунъӣ дар ҳамон давра аҳамияти калон дошт. Линней барои растанӣ ва ҳайвонот системаи дучанда ҷорӣ намуд ва аз рӯи схемаи муайян аксарияти растаниҳои дар ҳамон вақт машҳурро тасвир намуд. Дар системаи Линней тамоми растаниҳои дар ҳамон вақт маълум ба 24 синф тақсим карда шуда буд. Дар асри ХУ111 дар инкишофи илми ботаника то рафт бештар олимони мамлакати мо иштирок кардан мегиранд. Дар ибтидои ин аср дар Москва ва баъдтар дар Петербург аввалин дар Россия боғҳои ботаникӣ бунёд карда мешаванд. Дар ҳамон вақт маркази илмии Россия Академияи фанҳои Петербург буд, ки асосгузори он Пётри 1 буда соли 1725 кушода шуд. Дар инкишофи илмҳои табиатшиносии Академикӣ рус М.В. Ломоносов (1711-1765) роли калон бозид.

Дар охири асри ХУ111 – асоси физиологияи растаниҳо гузошта мешавад. Тадриҷан сири ғизогирии растании сабз ошкор карда мешавад. Дар соли 1771 Д. Пристли муайян менамояд, ки ҳавои бо нафасгирии ҳайвонот «вайрон» шударо растанӣ «дуруст» карда метаваонад. Баъдтар (соли 1779) Ингенгауз аниқ менамояд, ки ҳавои аз тарафи ҳайвонот вайрон карда шударо танҳо растании сабз дуруст карда метавонанд. Дар ин ҳолат растании сабз гази дуоксиди карбон фурӯ мебарад, ки ин протсес дар равшанӣ ба амал меояд. Моҳияти ин протсес танҳо дар натиҷаи таҷриба чуқури Сенебе (1742-1809) муайян карда шуд, ки вай бо кислотаи карбонат ғизо гирифтани растанихои сабз ва дар ин ҳолат дар муҳити атроф аз тарафи онҳо ҷудо карда шудани оксигенро муайян намуд. Роли тозакунандагии растаниҳои сабз, ки аввалин тадқиқодчиён муйян намудаанд, дар ҳамин аст.

Тадқиқоти ҳақиқатан илмии ҳодисаи фотосинтез баъдтар сар шуд. Ин тадқиқотро дар асри Х1Х Буссенго (1802-1887) гузаронд, ки ӯ дар айни замон асосгузори таълимот дар бораи аз хок ғизогирии растанӣ буд. Ба кори Буссенго оид ба масъалаҳои ғизогирии растанӣ К. А. Тимирязев (1843-1920) баҳои баланд дод, ки зиёда аз 40 соли ҳаёти худро ба омӯзиши фотосинтез бахшидааст.

Инкишофи физиологияи растаниҳо бо комёбиҳои химия, физика зич алоқаманд аст. Дар бораи алоқаи зичи физиологияи растаниҳо бо химия мавҷудияти илми биохимия равшан шаҳодат медиҳад, ки он бадалшавии химиявиро дар растанӣ меомӯзад ва ба қонуниятҳо кашфиёти химияи умумӣ ва органикӣ такия мекунад. Чунин соҳаи биология ба монанди физикаи биологӣ ё биофизика ҳам инкишоф меёбад, ки он дар ҳодисаҳои биологӣ қонуниятҳои физикавиро меомӯзад.

Дар физиологияи растаниҳо методҳои нави тадқиқот истифода карда мешаванд, ки ба кашфиёти навтарини физика асос ёфтаанд. Масалан, дар вақтҳои охир барои омӯзиши просесҳои дар растанӣ ба амал оянда изотобҳоирадиоактивииэлементҳо, ки методи атомҳои «нишонакардашуда» ном дорад, васеъ истифода карда мешавад.

Дар инкишофи ҳамаи илмҳои биологӣ, аз ҷумла ботаника, ду кашфиёти бузургӣ миёнаҳои асри Х1Х назарияи ҳуҷайрагӣ ва таълимоти эвалютсионии Ч.Дарвин роли бузург бозиданд. Ба ин ду комёбии илмӣ Маркс ва Энгелс баҳои баланд дода онҳоро ба кашфи қонуқи нигоҳ дошташавии энергия донистанд.

Муваффақияти инкишофи таълимот дар бораи ҳуҷайра дар асрҳои ХУ111-Х1Х бо такмили микроскоп ва техникаи микроскопӣ зич алоқаманд буд. Ботаники немис М.Шлейден (1804-18881) ва зоолог Т.Шван (1810-1882) –ро илм ба таври ҳаққонӣ бавуҷудорандаи назарияи ҳуҷайрагӣ мешуморад. Дар асарҳои М.Шлейден (1838) ва Т.Шван (1839) ва баъдтар А.Вирхов (1855) назарияи ҳуҷайра ва таълимоти универсалии биологӣ табдил дода шудааст. Тадқиқоти минбаъдаи ҳуҷайра бо номи олимони машҳур В.Флеминг, Брючли, Левитский, Данчар, Насонов ва дигарон алоқамандаст. Дар илими биология дар байни ақидаҳои материалистӣ ва идеалистӣ доир ба пайдоиш ва инкишофи олами органикӣ муборизаи тезу тунд давом мекард. То асри Х1Х дар илм оид ба табиат ақидаи идеологӣ хукмрон буд, ин ё он шакли «офарида шудани» олам, доимӣ ва тағирнаёбандагии навъҳоро эътироф менамуданд. Дар ибтидои асри Х1Х натуралистӣ Франсия Ламарк (1744-1829) идеяи эволютсияро суботона инкишоф дод.

Аммо ба вуҷуд овардани назарияи эволютсионӣ ба олими англис Ч.Дарвин муяссар гардид ва ин назария бо номи ӯ номида шудааст.

Асари ӯ «Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиӣ» (1859) дар инкишофи илмҳои биологӣ давраи навро кушод ва дар тафаккури инсонияти тарақипарвар идеяи материалистии инкишофи олами органикиро мустаҳкам ҷойгир кард. Таълимоти Ч.Дарвин дар бораи эволютсия ё худ дарвинизм асоси илмҳои биологӣ мебошад. Дар асоси ин назария системаи илмӣ олами растанӣ ва ҳайвонот кор карда бароварда мешавад. Ба муваффақияти ягонияти ва инкишофи олами растанҳо ҳанӯз корҳои то Дарвин бурдаи олими немис В. Гофмейстер (1824-1877) ёрӣ расондаанд, ки ӯ мафҳуми навбат ба навбатии авлодро ҷорӣ намояд ва ин ҳодисаро дар растаниҳои спорадори дараҷаи олӣ ва тухмдор омӯшта, идеяи ягонагии ҳамаи гурӯҳҳои растаниҳои олиро ба миён гузошт. Баъдтар ботаники Полша Э. Страсбургер (1844-1912) дар асарҳои худ ин идеяро тамоман тасдиқ намонд.

Дар пропагандаи донишҳои ботаники ва ақидаҳои Дарвин доир ба табиат сикли лексияҳои машҳури К.А.Тимириязев, ки дар китобҳои «Ҳаёти растаниҳо» ва «Методи таърихи дар биология» Чоп шуда буданд, роли калон бозид. Дар ин асарҳо К.А.Тимириязев ҳамчун паҳнкунандаи машҳури илм, муҳофизатчи ва пропаганисти идеяҳои Дарвин дар биология баромад мекунад.

К.А.Тимириязев дарвинизмро тарғиб намуда инкишоф дода бар зиди зуҳуроти ҳар гунна ақидаҳои антидаризм дар дохили мамлакати худ ва берун аз он мубориза мебаранд. Тарғиби эҷоткоронаи идеяи дар бораи инкишофи дарвинизм дар мамлакати мо роли калон бозид.

К.А.Тимириязев мактаби калони олимонро ташкил намуд, ки дар соҳаи масъалаҳои гуногун физиологияи растаниҳо кор мекарданд, дар байни онҳо В.И. Палладин ва Д.Н. Прянишников хеле машҳуранд. В.И Палладин (1859-1922) химизми нафасгирӣ ва протссесҳои бо ин зич алоқаманди ҷумҳурии спиртиро омӯхт.

Д.Н. Прянишников (1865-1948) олими бузурги соҳаи физиологияи растаниҳо ва агрохимия мебошад. Корҳои ӯ дар бораи мубодилаи нитрогенӣ растанӣ асоси тасавуроти хозираи илмиро доир ба ин масъала ташкил менамояд.

С.Г Навашин кашфиёти дорои аҳамияти бузурги биологиро ба амал баровард. Ӯ муқарар намуд, ки протсеси бордоршавии растаниҳои пӯшидатухм аз протсеси бордоршавии растаниҳои лӯчтухм бо он ба кули фарқ мекунанд, ки дар бордокунии пӯшидатухмҳо ду стерма иштирок мекунад. Яке аз он б ҳуҷайраи тухми якҷоя ба ҷанин ибтидо мегузорад ва дуюмаш бо яке аз ҳуҷайраҳои халтаи ҷанин якҷоя шуда ба эндосперма ибтидо мегузорад. Аз ин рӯ баръакси растанӣ лӯчтухм, эндоспермаи растаниҳои пӯшидатухм маҳсули протсеси ҷинсӣ мебошад. Протсессеро, ки академик С.Г. Навашин кашф кардааст, д ар илм бордоршавии дучанда меноманд.

Армияи сершумори ботаникҳои мамлакатамон дар нимаи асри Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ пӯшиши растаниҳои ватани худ ва мамлакатҳои бо он ҳамсарҳадро меомӯзанд. Омӯзиши рамстаниҳои мамлакатамон баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр пурзур гардида ба план дароварда шуд.

Ботаники машҳури советӣ В.Л.Комаров (1869-1945), ки бисёр солҳо ба Академияи фанҳои ИДМ сардорӣ макард, олами флораи Осиёи Миёна, Шарқи Дур, нимҷазираҳои Камчатка ва Корея, Шимолу Ғарби Хитойро омӯхт. Бо омӯзиши флора ва пӯшиши растаниҳои Осиёи Миёна О.А.Федченко (1845-1921) ва бо Б.А. Федченко (1872-1947) бисёр солҳо машғул шуданд. Тадқиқотчиёни машғули растаниҳои Сибир- П.Н.Крилов (1850-1931) ва В.В.Сапожников (1861-1924), Кавказ – Н.И. Кузнетсов (1864-1932) ва А.А. Гроссгем (1888-1948) буданд.

Дар натиҷаи корҳои бузурги ба амал гузаронидаи ботаникҳои мо дар вақти ҳозира дар бораи флора ва олами растаниҳои мамлакатамон тасавуроти пурра вуҷуд дорад. Асари бисёрҷилдаи «Флораи ИДМ», ин чунин флораи республикаҳои иттифоқӣ ва баъзе минтақаҳои табиии мамлакат ба вуҷуд оварда шудаанд. Доир ба пӯшиши растанигии ИДМ маълумотнома тартиб дода шудааст.

Дар соҳаи омӯзиши растаниҳои дастпарвар ва тадқиқоти қонунияти тағирёбии ирсӣ, академик Н.И.Вавилов (1887-1943) хизмати калон кардааст, ки бисёр солҳо сардори институти умумииттифоқии илмӣ – тадқиқотии растанипарварӣ буд ӯ барои аз ҷиҳати назариявӣ асоснок кардани корӣ беҳтар намудан ва ба вуҷуд овардани намудҳои нави растаниҳои зироати хизмати бисёре кардааст. Н.И.Вавилов ва ҳамкорони вай коллексияи бои растаниҳои зироатии тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро ҷамъ карда, масъалаҳои пайдоиш ва ҷойгиркунии растаниҳои зироатиро омӯзта манбаҳои асосии пайдоиши растаниҳои зироатиро муайян кардаанд. Коллексияи тухми растаниҳо, ки Н.И Вавилов ва шогирдони ӯ ташкил кардаанду мунтазам нав карда мешуданд, дар замони мо манбаи асосии ба вуҷуд овардани навҳои нави растанӣ мебошад.

И.В.Мичурин (1855-1935) барои ба вуҷуд овардани шаклҳои нави растанӣ аҳамияти дурагакуниро амалан исбот намуд ва методҳои парвариши растаниҳои дурагаро кор карда баромад. Ӯ методҳои нави ба иқлими нав одат кунонидани растаниҳоро кор карда баромада барои ба вуҷуд овардани растаниҳои нави фоиданок идеяи истифода бурдани бойгарии шаклҳои растаниҳои зироатӣ ва ороишдиҳандаи ҷаҳонро пешниҳод намуда васеъ паҳн кард.

681
Нет комментариев. Ваш будет первым!