Асосхои таълимот дар бораи хучайра(ситология)
Кашфиёти сохти ҳуҷайрагии растаниҳо.
Тамоми организмҳои зинда аз ҷумла растаниҳо ҳам аз ҳуҷайраҳои хурдтарини бо чашми оддӣ дида нашаванда иборатанд. Ҳуҷайра ва сохти ҳуҷайрагии организм баъди ихтирои шишаҳои оптикӣ кашф карда шуда буданд. Дар охири асри ХУ1 ва ибтидои асри ХУ11 устоҳои оптикии Голландия Ганс ва Захарӣ янстонҳо микроскопӣ аввалинро сохтанд. Ихтирои микроскоп имконият дод, ки ба воситаи он предмед ва обектҳоро омӯзанд ва ба туфайли он бо кашфиёти нав ба нав бой шудан гирифт. Дар асри ХУ11 сохти ҳуҷайрагии организми растаниҳо муайян карда шуда буд.
Соли 1685 физики англис Роберт Гук дар асари худ «Баёноти баъзе предмедҳои хурд» дафъаи аввал калимаи ҳуҷайра – клетка (аз калимаи юнони селула – ҳуҷайра – хонача ) –ро кор фармудааст.
Доир ба анатомияи растанӣ аввалин асарҳоро олими Англис Грю ва олими италияви Малпигӣ навиштаанд. Ҳар яки онҳо бофтаҳои растанигӣ ва сохти ҳуҷайраҳои онро мустақилона меомӯхтанд. Натиҷаи тадқиқоти худро Грю дар асари худ «ибтидои анатомияи растанӣ» (1682), Малпигӣ бошад дар асари дуҷилдааш «Тасаввурот дар бораи анатомияи растанӣ» (1671) чоп кард.
Вақтҳои дароз пӯстро қисми асосии ҳуҷайра ҳисоб мекарданд. Сарфи назар аз ин қисмҳои зиндаи дохилӣ ҳуҷайра низ диқати тадқиқодчиёнро ҷалб мекард. Соли 1831 Роберт Браун ядрои ҳуҷайраро кашф карда, дар бораи роли муҳими он дар фаъолияти ҳаёти ҳуҷайра фикр баён кард. Соли 1834 олими рус П.Ф. Горянинов (1796-1856) баъдтар олими чах Я. Пуркине ва шогирдони ӯ аҳамияти муҳими массаи зиндаи дохили ҳуҷайраро қайд карданд. Я.Пуркине соли 1830 ин массаро протоплазма номид, ки ин ибора қариб то замони ҳозира истифода бурда мешавад. Соли 1838 ядрочаи пӯсти ҳуҷайраи пиёзро М.Шлейден тасвир кардааст.
Идеяи сохти ҳуҷайрагии организмҳои зиндаро соли 1834 П.Ф.Горянинов дар китоби худ «Ҳамаи организмҳои зинда аз ҳуҷайра иборатанд ва аз ҳуҷайра пайдо шудаанд» баён карда буд. Баъди 4 сол ботаник Матиас Шлейден (1810-188) идеяи сохти ҳуҷайрагии организмро ба назария табдил дод. Назарияи ҳуҷайраги дар ду асар ифода карда шуда буд: М.Шлейден «Маълумотҳо доир ба инкишофи растаниҳо» (1838) ва дар китоби Т.Шван «Тадқиқоти микроскопӣ дар асоси мутобиқии сохт ва инкишофдиҳии ҳайвонот ва растанӣ» (1839). Ба назарияи ҳуҷайра Ф.Энгелс баҳои баланд дода буд. Ӯ онро яке аз се кашфиёти бузурги табиатшиносии асри Х1Х ҳисоб карда буд. Назарияи ҳуҷайра дар таърихи илмии табиатшиносӣ марҳилаи муҳим гардид ва барои хеле инкишоф ёфтани анатомияи растаниҳо ёрӣ расонд.
Дар соли 1840 ба Н.И Железнов (1816-1877) муяссар гардид, дар ҳуҷайраҳои мӯйчаҳои растании традескансия тақсимшавии ядроро мушоҳида кунад. Ин ҳодисаро ӯ дар расмҳои зебо иникос кунонидааст. Ба туфайли ин чунин кашфиётҳои муҳим, монанди тақсимшави кариокенетикии ядро ё митоз (И.Д.Чистияков, (1874) Э. Страсбургер 1875), тақсимшавии редуксионӣ ё мейоз (В.И. Беляев 1892-1894), бордоршавии дучандаи растаниҳои гулдор (С.Г. Навашин, 1898) пайдо шуданд.
Аломатҳои асосии ташкили ҳуҷайраи растаниҳо.
Ҳуҷайра элементи структурии ҳаматарафагии натанҳо олами растаниҳо, балки олами ҳайвонот ҳам мебошад. Аксарияти кули растаниҳои якҳуҷайрагӣ (бактерияҳо, обсабзҳо) ва организмҳои бисёрҳуҷайрагии зарфдор ташкил медиҳанд.
Организмҳои якҳуҷайрагиҳо одатан бо чашми оддӣ дидан мумкин намешавад, вале баъзе онҳо аз як чанд сантиметр, то як метр калон мешаванд (расми 2).
Диаметри обсабзи сабзи батридиум 2 мм буда, пуфакчамонанд мебошад. Ин обсабз якҳуҷайрагӣ буда дар замини нам, дар соҳили кӯл мерӯянд. Се шакли зерини растаниҳои ҳозиразамонро фарқ кардан мумкин аст:
1.Тоҳуҷайрагӣ. Ба ин гурӯҳ вирусҳо, бактериофакҳо ва баъзе бактерияҳо дохил мешаванд.
- Ҳуҷайрагӣ. Шакли васеъ паҳмгардидаи мавҷудияти растаниҳои ибтидоӣ ва олӣ мебошад, ки барои тамоми олами органикӣ хос аст.
- Беҳуҷайра. Ин шакли мавҷудияти баъзе обсабзҳо ва занбӯруғҳо хеле кам во мехӯрад. Ситоплазмаи организмӣ растаниҳои беҳуҷайра бисёр ядро дорад.
Ҳуҷайра чист? Тамоми таърихи омӯзиши ҳуҷайра, аз ҷумла бо ёрии микроскопи электронии ҳозира тадқиқ кардани он нишон дод, ки ҳуҷайра системаи мураккаби структураҳои гуногуни химиявӣ ва биологӣ буда дар он протсесҳои гуногуни ҳаёти ба амал бароварда мешавад.
Се шакли ҳаётии растаниҳои ибтидоӣ мавҷуданд: якҳуҷайрагӣ, калониягӣ ва бисёр ҳуҷайрагӣ. Растаниҳои якҳуҷайрагӣ дар байни обсабз ва занбӯруғҳо вомехӯранд. Масалан: занбӯруғҳои хамиртуруш, занбӯруғ- паразити олпидиум, обсабзи сабзи хламидомонада, хлорококк, хлорелла ва ғайраи обҳои ширин. Ба гурӯҳи растаниҳои якҳуҷайрагӣ эвгленаи сабз низ дохил мешавад, ки он авали баҳор дар кӯлмакҳои борон ба миқдори зиёд дида мешавад.
Намояндагони растаниҳои бисёрҳучайрагӣ колониягӣ волвокс, педиаструм ва ғайра мебошад. Ин растаниҳо дар кӯлҳо, ҳавзҳои обаш ширин мерӯянд. Ҷисми растаниҳои бисёрҳуҷайрагии оддӣ аз қабатча- таллом иборат аст.
Ин гуна растаниҳо талломӣ номида мешавад. Дар таллом қариб ҳамаи ҳуҷайраҳо монанданд ва ҳамон як вазифаи физиологиро иҷро мекунанд.
Ҷисми растаниҳои олии бисёрҳуҷайрагӣ аз ҳуҷайраҳое таркиб ёфтааст, ки вазифаҳои гуногуни физиологиро иҷро менамоянд. Ба туфайли ин ҳуҷайраҳо аз рӯи шаклу сохти худ тамоман фарқ мекунанд.
Шаклҳои ҳуҷайраҳои растаниҳои бисёрҳуҷайрагии олиро ба ду гурӯҳ ҷудо карданд мумкин аст: паренхими (калимаи юнони буда, маънояш бофтаи асосӣ) нисбатан лӯнда ва прозонхими дарозтар карда шуд. Ҳуҷайраҳои паренхими аз рӯи диаметри худякхелаанд, дарозии ҳуҷайраҳои прозенхими бошад, нисбат ба барашон хеле зиёд аст. Ҳуҷайраҳо аз ҷиҳати андоза (бузургӣ) ҳам фарқ мекунанд. Одатан андозаи онҳоро танҳо бо микроскоп муайян кардан мумкин аст. Вале баъзе ҳуҷайраҳо чунон калон мешаванд, ки бо чашми оддӣ дидан мумкин аст. Масалан: ҳуҷайраҳои шираи мағзи меваҳои ситросӣ дарозии ин гунна ҳуҷайраҳо 5 мм, бараш 2,3 мм мешавад.
Ҳуҷайраҳои паренхемии мағзи меваҳои баъзе растаниҳо, масалан тарбус, харбуза, помидор, себ ва ғайра ҳаҷман хело калон аст. Онҳоро ба воситаи лупа дидан мумкин. Массаи асосии ҳуҷайраҳое, ки ҷисмӣ растаниҳоро ташкил медиҳанд, ҳаҷман 0,015 – 0,067 мм мешавад.
Дарозии нахи лифии бисёр растаниҳои бофандагӣ (зағирпоя, канаб) ба 20-40 мм мерасад. Дарозии нахи лифии газна баъзан ба 80 мм мерасад. Дарозии муякҳои чигитии пахтаи оддӣ, ки аз як ҳуҷайра иборат аст, 23-31 мм мешавад дар навҳои пахтаи элитӣ то 65 мм дароз будани нахро мушоҳида мекунем.
СОХТИ ҲУҶАЙРАИ РАСТАНӢ.
Ҳуҷайраҳои растанӣ аз 3 қисм иборат аст: протопласт- моддаҳои зиндаи дохили ҳуҷайра (танаи он) ва ҷилд, ки плотопластро мепӯшонад. Протопласт зоҳиран ба луҳоб монанд аст ва дар таркиби химиявиаш пайвастаҳои мураккаби моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ дорад.
ПРОТОПЛАСТ ВА КОМПОНЕНТҲОИ ОН.
Қисми зиндаи протопласт аз комплекси органелаҳои зиндаи ҳуҷайра иборат аст. Органелаҳои ҳуҷайра аз ситоплазма бо менбрана ҷудо карда шудааст, ки сӯрохиҳои калон дорад.
Органелаҳои зиндаи ҳуҷайра аз инҳо иборат аст: Ситоплазма Cytoplasma, ки системаи структуравии ҳуҷайра мебошад. Ядро Nucleus, компененти муқимии ҳуҷайра аст, ки дар реаксияи мубодилавӣ фаъолона иштирок мекунад. Дар ядро моддаҳои начандон калони гирдамонанд- ядрочаҳо мавҷуанд.
Пластидҳо Plastides аз ҷисмҳои беранг ё сафедаҳои рангин иборатанд. Пластидҳо дар реаксияҳои мубодилавии ҳуҷайра, ки он танҳо ба ҳуҷайраи растанӣ хос аст, фаъолона иштирок мекунанд.
Митохондрияҳо Mitachondria дар зери микроскоп намуда гранулаҳои сферавӣ ё ҳуҷайравӣ доранд. Онҳо дар реаксияҳои мубодилавии ситоплазма фаъолона иштирок карда, ферментҳои нафасгирӣ доранд, ки озодшавии энергияро таъмин менамояд. Митохондрияҳо ҳам дар ҳуҷайраи ҳайвонот ва ҳам растанӣ дучор мешаванд.
Дар қатори ин органелаҳои комилан дифференсиалӣ дар ситоплазма боз органелаҳои хеле хурд мавҷуданд, ки онҳо вазифаҳои муҳими физиологиро иҷро мекунанд. Ба онҳо ҷиҳози Голҷӣ, тӯри эндоплазмагӣ, рибосомаҳо, сферасомаҳо ва дигар органелаҳо дохил мешаванд.
Ҷилд маҳсули фаъолияти ҳаётии ситоплазма буда, рӯи ҳуҷайраро мепӯшонад ва онро аз таъсири муҳити зоҳирӣ муҳофизат намуда, аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар гузаштани моддаҳоро ба тартиб меандозад. Моҳияти ҷилд «дарвоза»-и ҳуҷайра мебошад.