Аппарати Голчи (Диктиосомхо) ва Нуклеоплазма

Дар ҳуҷайраҳои растанӣ диктиосомҳо на дар назди ядро, балки дар ҳар исми ситоплазма ҷойгиранд.онҳо сохти пластинкамонанд доранд. Пластинкаҳои ҷуфт-ҷуфт ҷойгир шуда мембранаҳо, халтача-«систерма»-ро ташкил медиҳанд. Ғафсии онҳо 60 А мебошад. Диктиосомҳо дар уҷайраҳои ҷавон растанӣ кам вомехӯранд. Дар ҳуҷайраҳои калони пур аз шираи ҳуҷайрагӣ қариб мавҷуд нестанд. Диктиосомҳо дар ҳуҷайраҳои растанӣ вазифаҳои сершуморро адо мекунад. Баъзе тадқиқотчиён чунин мешуморанд, ки диктиосонҳо дар мубодилаи моддаҳои иштирок мекунанд, гурӯҳи дигари олимон вазифаи онҳоро ба таври конкретӣ дид а мебароянд.

Яке аз қисми асосии ҳуҷайра мебошад. Вай дар реаксияхои мубодилавии ҳуҷайра ва зиёдшавию расиши он роли муҳим мебозад. Аҳамияти муҳими ядро аз он иборат аст, ки он дар просесси тақсимшавии ҳуҷайра хусусиятҳои ирсиро мегузарнад. Ядро ҳамеша дар ситоплазма ҷойгир аст. Дар ҳар ҳуҷайраи обсабзҳои обҳои ширин – кладовор ядрои бисёр мавҷуд аст. Дар бисёр занбурӯғҳро дар давраи муайяни инкишофи ҳуҷайраҳо ду ядронокӣ пайдо мешавад. Ин гунна ҳуҷайраҳоро дикарионҳо меноманд. Ядрои растаниҳои ибтидоӣ хусусан ядрои занбуруғҳо, ниҳоят хурд аст. Диаметри онҳо 0,5 -2,0 мк мешаванд. Диаметри ядрои ҳуҷайраи соматикии растаниҳои олӣ одатан 6,8 мк мебошанд. Диаметри ядрои ҳуҷайратухми растании қадими кушодатухми саговник 500-600 мк-ро ташкил медиҳанд.

Ядро аз се қисм иборат аст: нуклеоплазма (кариолимфҳо ё шираи ядро), мембранаи ядро ( ҷилд ) ва ядроча.

Нуклеоплазма.

Массаи асосии ядроро ташкил менамояд. Вай шаффоф ва зоҳиран гомогенӣ менамояд. Қисми рангкардашудаи нуклеоплазма дар шакли тӯри зебо намоён мешаванд. Онро тӯри хроматинӣ меноманд. Тӯри хроматинӣ аз риштаҳои борики хроматинӣ иборат аст, ки ҳануз дар хромосомҳо диференсиатсия карда намудааст. Дар ҳар ядро миқдори муайяни хромосомҳо ташаккул меёбанд. Нуклеоплазма монанди ситоплазма аз колоиди гидрофилии ғализи часпактар иборат мебошад.

Таркиби химиявии нуклеоплазма мураккаб аст. Массаи асосии моддаҳои ядроиро сафедаҳо ташкил менамоянд. Он 70-96% вазни хушки ядроро ташкил медиҳад. Қисми сафедаи ядро аз гистонҳо ва протаментҳо иборат аст, ки сохти онҳо нисбатан оддӣ мебошад. Миқдори умумии сафедаҳои ядро аз миқдори кислотаҳои нуклеинӣ зиёдтар аст. Кислотаи нуклеинии ядро асосан ТДН (туршии (кислотаи) дезоксирибонуклеинӣ ва ТРН-туршии (кислотаи) рибонуклеинӣ мебошанд.

Консентратсияи ТДН дар ядро бисёр вақт аз консентратсияи ТРН зиёдтар мешавад. Аксар вақт бо ТДН танҳо сохти хромотинии ядро ҷоёгир карда шудааст. РНК бошад дар ядроча, хроматин ва шираи ядро ҷойгир карда шудааст.

ДНК ва РНК аз ҷиҳати таркиби химиявӣ полинуклеотивӣ мебошад, ки аз молекулаи нуклеоти иборат аст. Дар ситоплазма ДНК қариб во намехӯрад, РНК бошад ҳам ба таркиби ситоплазма ва ба таркиби ядро дохил мешавад. Исбот карда шудааст, ки ДНК дар синтези РНК ва РНК дар синтези сафедаҳо роли муҳим мебозанд. Тахмин мекунанд, ки ДНК дар синтези ферментҳо иштирок мекунад. Ба ҳамин тариқ ДНК ва РНК дар мубодилаи ҳуҷайра роли калон мебозанд. Кислотаи дезоксирибонуклеинӣ, ки дар хромосомаҳо ҷойгир аст, миқдори зиёди информатсияи ирсиро медиҳад.

РНК роли трансформатсияи информатсияи генетикиро мебозад, ки дар молекулаи ДНК ҷойгир аст. (расми 6)

Таркиби сафедаҳои дар рибосомҳо синтезкардашуда бо генҳо (ба хромосомҳо хусусияти ирсӣ мебахшад) бо ёрии РНК- и инфарматсионӣ, ки аз генҳо ба воситаи мембранаи ядро ба рибосомаҳо мегузарад, муқарар карда мешавад. Дар ин ҳолат ДНК гуё матритсае мебошад, ки дар он РНК – и инфарматсионӣ ҷойгир аст. Ҳамин тариқ ДНК ва РНК дар муодила ва фаъолияти ҳаётии ҳуҷайра дар гузарондани хусусиятҳои ирсӣ зивенои марказӣ мебошад. Аҳамияти асосии ядро ҳам дар ҳамин аст.

Мембранаи ядрой (ҷилд). Бар хилофи мембранаи ситоплазма мембранаи ядрой хеле ковок аст.Ба туфайли ин мубодилаи байни ситоплазма ва ядро хеле осон аст,ҳатто молекулаҳои сафедаҳо ҳам аз ковокии мембранаи ядро бемалол мегузаранд. Ғафсии мембранаи ядро ба ҳисоби миёна 300 Ао-ро ( Ао= ангестрем, ки ба 0,0001 микрон баробар аст) ташкил медиҳад. Он аз ду мембренаи ковокиаш васеъ иборат аст. Мемранаи ядро бо мембранаи ситоплазма алоқаманд аст.

КОРИ ГЕРАСИМОВ.

Роли физиологии ядро дар ҳуҷайра аз тарафи И.И.Герасимов муайян карда шуда буд. И.И.Герасимов дар натиҷаи ба ҳуҷайраи тақсимшуда истодаи обсабзи спирогира таъсир кардани бавуҷуд омадани ҳуҷайраҳои беядро ва ҳуҷайраҳои дуядроиро кашф кард.

Ҳамин тариқ бо ин роҳ бори аввал ҳуҷайраҳои полиплоидӣ ҳосил карда шуд. Ҳуҷайраҳои беядро гарчи зинда монда бошанд ҳам, қобилияти тақсимшавӣ надоштанд. Чунки мубодилаи моддаҳо дар онҳо бо роҳи нодуруст мерафт. Крахмали дар вақти фотосинтез ҳосилшуда ба қанд мубаддал намешавад (ҳал намешавад) ва ҳуҷайра ба крахмал пур мешуд. Таҷрибаи мазкур нишон медиҳад, ки ҳолати ҳаётии ҳуҷайра ба мавҷудияти ядро ва плазма вобаста аст.

Ядроча. Одатан дар ядро 1-2, баъзн 3-4 ҷисмчаҳои лӯнда, тухмшакл, яъне ядроча, вуҷуд дорад. Ядроча нисбат ба ядро консистенсияи зич дорад. Дар онҳо микрофиб типҳои диаметраш 50 Апайдо мешаванд. Диаметри ядроча ба ҳисоби миёна 150 А– ро ташкил медиҳад. Ядроча аз ядро чандон дур ҷудо нест ва дар плазмаи ядро бемалол ҷойгир шуда метавонад. Тахмин мекунанд, ки ядроча маркази синтези РНК ва сафеда мебошад.

А. Винчестер дар ситоплазма 3 намуди РНК –ро фарқ мекунонад.

1. РНК –и инфарматсионӣ (хабаррасон), ки молекулаҳои он мувофиқи хусусиятҳои ирсии ҳуҷайра барои ташаккули сохти он аз ДНК – и генҳо ба ситоплазма инфарматсия медиҳад.

2.РНК-и рибосомӣ, ки ба таври муайян аминокислотаҳоро пайваст ва сафедаҳоро синтез мекунанд. Сохти ин сафедаҳо бо хусусиятҳои ирсии ҳуҷайра муайян карда мешавад.

3. РНК-и транспортӣ (нақлиётӣ) дар ситоплазма дар ҳолати озод ҷойгир аст, ки аминокислотаҳои холисро ба рибосомаҳо мегузаронад ва дар ин ҷо аз аминокислотаҳо сафедаҳои ирсии дахлдор синтез карда мешавад. Роли шаклҳои гуногуни РНК дар ядро ва ситоплазма мувофиқи таъиноти А.Винчестер дар расми 6 нишон дода шудааст.

Ба ҳамин тариқ ядро қисми асосии ҳуҷайра буда вазифаҳои ниҳоят гуногунро иҷро менамояд. Ҳуҷайра бе ядро вуҷуд дошта наметавонад ва ядрои беҳуҷайра ҳам ба зиндагӣ қобилият надорад.

2.53K
Нет комментариев. Ваш будет первым!