ШАКЛХОИ ТАКСИМШАВИИ ЯДРО

Афзоиш яке аз хусусиятҳои асосии ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот мебошад. Организмҳои бисёрҳуҷайра дар натиҷаи расиш ва афзоиши ҳуҷайра, ки қисми он ташкил медиҳад, афзуда инкишоф меёбанд. Тақсимшавӣ ҳуҷайраи организмҳои якҳуҷайрагӣ дар Айни ҳол усули афзоиши онҳо ба шумор меравад. Дар бисёр маврид ҳуҷайра бо ёрии тақсимшавӣ, ё худ бо усули муғҷабандӣ, меафзояд, ки инро дар баъзе бактерияҳо, занбурӯғҳо ва ғайра мушоҳида кардан мумкин аст.

Чор усули тақсимшавии ҳуҷайра вуҷуд дорад: амитоз, митоз, эндомитоз ва мейоз.

Ҳуҷайраи растанӣ ва ҳайвонот бо ҳамон як усул тақсим мешавад.

Тақсимшавии амитозӣ-и ҳуҷайраро ба тарзи дигар тақсимшави роста меноманд. Зеро дар вақти бо ин усул тақсимшавӣ аввал монанди рақами 8 ядро ба таври оддӣ ду тақсим мешаван, сонӣ протопласт пурра ва тамоми ҳуҷайра ба ду тақсим мешавад. Дар ин ҳолат моддаҳои ядроӣ дар байни ҳуҷайраҳои духтарӣ баробар тақсим намешавад. Амитоз дар ҳуҷайраҳои бофтаҳои пир тез-тез дучор мегардад. Онро дар ҳуҷайраҳои ҷавон низ мушоҳида кардан мумкин аст. Тақсимшавии амитозиро соли 1840 Н.Железнов (дар растаниҳо), соли 1841 Римак (дар ҳайвонот) кашф кардаанд. Амитоз баъзан во мехӯрад. Онро дар вақти тақсимшавии ҳуҷайраҳои байни буғумҳои обсабзҳо, дар эндосперма ташкалул ёфта истифодаи баъзе растаниҳо, пиёз (Х. М. Каролинская 1951), дар бофтаи мушакҳои ҳайвоноти мӯҳрадор ва ғайра мушоҳида кардаанд.

Митоз ё кариокинез, усули васеъ паҳмгардидаи таксимшавии ҳуҷайра мебошад. Бо усули митоз ҳуҷайраҳои вегетативӣ (соматикӣ)-и тамоми растаниҳо, ҳайвонот ва одам меафзояд. Аз ин сабаб ҳам митозро бештар тақсимшавии соматикии ҳуҷайра меноманд.

Тақсимшавии митозии ҳуҷайра просесси мураккаб буда, ба туфайли он масолеҳи ҳуҷайра дар байни ҳуҷайраҳои духтари баробар тақсим мешавад.

Тақсимшавии ядрои растаниҳоро бори аввал И.Д.Чистяков кашф кардааст. Ӯ ин просесро дар китоби худ «Материалҳо доир ба таърихи растанӣ (дар мисоли чилбуғум ва плаун)», ки соли 1874 чоп гардида буд, тасвир кардааст. Соли 1875 Э.Страсбургер дар ядрои тақсимшуда истода пайдоиши структураи риштамонандро кашф кардааст, ки бо ранг-кунандаҳои асосӣ ба осонӣ ранг мегирад. Ӯ онҳоро хромосомҳо (аз калимаи юнонии «хрома»-ранг, «сома»- ҷисм, тан ) номид. Баъдтар соли 1882 В.Флеминг шакли риштамонанди хромосомҳоро ба назар гирифта, ибораи «кариокинез»- роб о ибораи «митоз» (аз калимаи юнонии «митоз»- ришта) иваз кард.

Маънои митоз аз он иборат аст, ки ба ҳуҷайраҳои духтарӣ ҳамон миқдору шакли хромосомҳои дар ҳуҷайраҳои модарӣ мавҷударо гузаронда медиҳад.

Митоз натанҳо усули универсалӣ тақсимшавии ҳуҷайраҳои организмҳои зинда мебошад, балки вай универсалӣ будани худи механизми тақсимшавии митозии ҳам ҳайвонот ва ҳам орагнизмҳои растаниро низ дар бар мегирад. Қайд кардан лозим аст, ки механизми мураккаб ва қонунии митоз дар просесси эволютсияҳо ба амал омадааст. Маънои биологии ин аз он иборат аст, ки дар байни ҳуҷайраҳои духтарии ба вуҷудомада истода моддаҳои ирсии хромосомҳо баробар тақсим карда шаванд. Ин бо роҳи ба ду тақсим шудани кислотаи ДНК ва сафедаҳои хромосомӣ дар ҷисми хромосом ҳанӯз дар бораи тайёрии ядро ба тақсимшавӣ дар интерфаза ба амал меояд.

Ба туфайли редупликатсияи хромосомҳо (ресинтез) шумораи он пеш аз тақсимҳо ба ҳуҷайраҳои духтарӣ дучанд мешавад ва баъди тақсимшавӣ дар ҳар як ҳуҷайраи духтарӣ миқдори аввали хромосомҳо боқӣ мемонад. Дар натиҷа ҳуҷайраи духтарӣ он чиро ки ҳуҷайраи модарӣ дорад, мегирад. Митоз ба ҳуҷайраҳои духтарӣ натанҳо моддаҳои хромосомиро баробар тақсим мекунад, балки ин чунин онро бо компоненти протопласт пурра таъмин менамояд.

Хромосомҳо ба миқдори муайнеро ба вуҷуд меоранд, ки барои ҳар як намуди растанӣ ва ҳайвонот хос аст. Аз баски асоси хромосомаҳо ДНК ташкил медиҳад, онҳо хусусиятҳои ирсиро аз авлод ба авлод мерасонанд. Хромосомҳо дар ибтидои тақсимоти митозӣ аз моддаҳои хромативӣ, ки дар шакли лӯнда ё ришта (дар ядроҳои тақсимшаванда) дар шираи ядро нобарор тақсим шудаанд, ташаккул меёбанд. Хромосомхо ҳамеша дар ҳолати дисперсӣ дар ядро ҷойгиранд. Компонентҳои макромолекулаи онҳо дар тамоми ядро паҳм гардидаанд.

Одатан ядрои тақсимнашавандаро ядрои «ором» меноманд, вале дар давраи «оромӣ» дар ин гуна ядроҳо протсесси тайёри ба тақсимшави меравад, ки он ба аз нав ташкилёбии метаболӣ алоқаманд мебошад.

С. Г. Навашин дар давраи тайёрии ҳуҷайра ба тақсимшавӣ дар ядроҳои «ором» протсесҳои махсуси фаъолияти педагогиро нишон дода буд. Инро ба назар гирифта Фрей-Висслинг Мюлаталер таклиф карданд, ки «ядрои ором» ядроҳои аз ҷиҳати метаболӣ фаъол намида шаванд.

Давраи байни пайдарпайи ду маротиба тақсимшавии ҳуҷайра, ки ядро дар ҳолати «оромӣ» ҳангоми тайёрӣ ба тақсимшавии минбаъда тағир меёбад, интерфаза номида мешавад.

Ҳуҷайраҳо пир шуда, қобилияти тақсимшавиро гумм мекунанд. Дар ин ҳолат онҳо ба интерфаза мегузаранд ва фаъолияти худро давом медиҳанд, вале ба тақсимшавӣ тайёр намешаванд.

Дар ҳуҷайраҳои шаклан гуногун давомнокии сикли тақсимшавии ҳуҷайра низ гуногун аст. Баъзе ҳуҷайраҳо сикли кӯтоҳи ҳаётӣ доранду тез-тез тақсим шуда меистанд. Дигарашон интерфазаи дуру дароз доранд. Дар ҳуҷайраҳои зуд афзоянда митоз якчанд дақиқа давом мекунад. Дар организмҳои гуногун он аз як чанд дақиқа сар карда, то 2-3 соат давом мекунад. Интерфаза бошад аз 8-10 соат то якчанд шабонарӯз давом мекунад.

Тағироте, ки ядро дар давоми интерфаза ва баъди интерфаза (тақсимшавӣ) аз сар мегузаронад, мураккаб мебошад, вале ниҳоят бо тартиб аст.

Тамоми комплекси просесҳое, ки дар натиҷаи онҳо аз як ҳуҷайра ду ҳуҷайраи нав ташкил меёбад, сикли митози номида мешавад.Сикли митози аз якчанд марҳила иборат аст: мигратсияи хромосомҳо ба маркази ҳуҷайра, ки он аз ҳамдигар ба масофаи муайян аз гурӯҳо ҷудо мешавад, ба дарозӣ (экватсионӣ) ҷудошавии хромосомаҳо, ки дар ин протсес хромосомаҳо ба ду қисми нимтагӣ ҷудо нашуда, балки структураи духтарӣ ташкил меёбад ва он айнан ба ҳар яки хромосоми мазкур мувофиқ аст ва дар охир ба ҳар тарафи ҳуҷайра паҳн шудани митоз ситогенез мебошад. Дар ин марҳила дар ҳар сатҳи ҳуҷайраҳои модарӣ дар байни ядроҳои духтари аз нав ташкил ёфта деворчаҳои назди ҳуҷайрагӣ ба вуҷуд меояд.расми 7.

Профаза ҳолати ибтидойи митоз гӯё давоми интерфаза мебошад. Звенои пайвасткунандаи байни интерфаза ва профаза препрофаза мебошад. Дар вақти профаза редукликатсияи хромасомаааҳоро дар бар мегирад. Дар ин ҳолат барои ба амал омадани митоз энергия ҷамъ мешавад.

Дар ибтидои профаза ядро ҳаҷмаш калон хромосомҳо гуногун мешаванд ва шаклан ба риштаҳои борики тобхӯрда монанд мегарданд, ки тамоми ядроро фаро мегиранд. Дар ин вақт ситоплазма аз ҷиҳати физикавию химиявӣ тағир меёбад. Редупликатсия дар вақти препрофаза сар задаи хромосомҳо бо ташаккули пурраи хроматид (ба ду қисм нимтагӣ тақсимшавии хромосомҳо) тамом мешавад. Ба ҳамин тариқ хромосомҳои профазагӣ аз ду риштаи борики спиралмонанд (хроматид) иборат мебшад, ки онҳо ба тамоми рафти дарозии худ ба ҳамдигар зич пайвастаанд. Дар протсеси профазагӣ ба спирал табдилёбии хроматид давом мекунад. Дар ин ҳолат нӯгҳои спиралҳо наздик шуда, спирали калонро ташкил медиҳанд. Дар ҷои калоншуда миқдори спиралҳо кам, диаметрашон бошад васеъ мешавад. Ин протссес бо кӯтоҳ ва ғафсшавии хромосомҳо ба охир мерасад. Дар охири профаза дар сатҳи ядро хромосомҳои чӯбмонанди кӯтоҳи пурра ташакулёфтаро мушоҳида кардан мумкин аст, ки берун аз ядро сар то сари ҷилди он ҷойгиранд. Дар ин вақт ҷилди ядро ва ядроча вайрон ва гум мешаванд. Бо худи ҳамин профаза ба охир расида структураи дутарафаи хромосомаҳоро фарқ кардан мумкин аст.

Метафаза дар вақти метафазаи барвақти ё профазаи бе вактӣ баъди вайрон шудани ҷилди ядро бо номи дук пайдо мешавад.Дар ин ҳолат хромосомаҳо аз нав дар марказ ва дар экватори дук ҷойгир мешаванд.Хромосомҳо бо риштаҳои дук ба воситаи сентромерҳо пайваст мешаванд.

Участкаи бештар равшани хромосомҳо сентромера номида мешавад, ки гранулаҳои на чандон калон дошта ду хромосомҳоро мепайвандад. Риштаҳои дук, ки бо хромосомаҳо пайванд мебошад, риштаҳои хромосомӣ номида мешавад. Хромосомҳо дар экватори он ҳуҷайра қариб дар як сатҳ ҷойгир шуда пластинкаи ба ном ядроиро ташкил медиҳанд. Ба туфайли ин хромосомаҳоро аз рӯ ба рӯй ҳуҷайра дида, онҳоро ба осонӣ шуморидан мумкин аст.

Дар охири метафаза баробарвазнии хос вайрон мешавад. Ин ҳолат дар вақти тақсимшавии сетромер, ки то ин дам хроматидҳоро бо ҳам мустаҳкам мегардонад ба амал меояд. Баъди ин хроматид аз ҳам ҷудо мешавад. Акнун хромасомаҳои духтарӣ ҷудо шуда ба ҳар қутб равона карда мешаванд. Анафаза сар мешавад.

Анафаза. Дар вақти анафаза хромасомаҳои духтарӣ қатъиян ба қутбҳо ҳаракат мекунанд. Дар охир анафаза дук ҳам ҷои худро дигар мекунад. Риштаҳои байни ду гуруҳи хромосом будани он ба экватор кашол мешаван ва риштаҳои байни минтақавиро ташкил медиҳанд.

Телофаза. Қатъиян ба қутбҳо кашол шуда рафтани хромосомҳо ибтидои телофаза мебошад. Дар ин давра сохти спиралии (хромонема – риштаи спиралмонанди хромосом) – ро фарқ кардан мумкин аст.

Умуман телофаза гуё аз роҳи баръакси профаза иборат аст. Хромосомҳо чандон ғафс намешаванд. Хромосомҳо ба диспирализатсия дучор мешаванд ва онҳоро кариоплазма макида мегиранд. Ядроча ва ҷилди ядро аз нав барқарор ва пайдо мешавад.

Баъди тамом шуда истодани телофаза ба амал меояд. Дар ин давра ситоплазма ва компонентҳои он дар байни ҳуҷайрҳои духтарӣ тақсим мешаванд (митохондрия ва аппарати Голҷӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Дар баробари дар экватори минтақаи ҳуҷайраҳои модарӣ ташкил ёфтани девори пластинкагӣ дар байни ядроҳои духтарӣ ситотинез ба охир мерасад. Пластинкаи мобайнӣ дар натиҷаи ҳаракати тӯрҳои дохили плазмагӣ ташкил ёфта, бо иштироки диктиосонҳо ва риштаҳои пайвастаи дукҳо ба амал меояд. Плазмодесмаҳо, ки ҳуҷайраҳоро байни ҳмдигар мепайванданд, аз аввалин ташакули деворчаи ҳуҷайра пайдо мешаванд.

Ба ҳамин тариқ маънои биологии ҷудошавии митозӣ аз баробар тақсим кардани масолеҳи ирсии дар хромосомаҳо мавҷуда иборат аст.

Дар протсесси тақсимшавии митозии ҳуҷайра хромосомҳо ба шарте нишонаҳои ирсиро мегузаронад, ки агар тамоми органелаҳои зиндаи ҳуҷайраҳо бо моддаҳои ядро (хромосомаҳо) алоқаи пураи метаболӣ дошта бошанд.

Ҳар як навъи растанӣ, ҳайвонот ва одам дар ҳуҷайраҳои соматикӣ миқдори муайяни хромосомҳо доранд. Миқдори хоси хромосоми нав кариотип номида мешавад. Кариотипи ҳар як намуд одатан дутогӣ мешавад – гурӯҳи диплоидии хромосомҳо мебошанд ва бо аломати «2» нишон карда мешавад. Аз ин рӯ дар ҳуҷайраҳои соматикӣ гурӯҳи хромосомҳо ҳамеша диплоидӣ мебошанд. Гурӯҳи яктогии хромосомҳо дар ҳуҷайраҳои ҷинси испораҳо мавҷуд мебошанд ва гаплоидӣ номида мешаванд. Дар поён мисоли кариотипҳои баъзе навҳои растанӣ нишон дода мешаванд.

Спирогира (обсабз), 24

Пиёз 16

Бодиринг 14

Ҷуворимакка 20

Тути оддӣ 28

Рожь 14

Шолӣ 24

Нахуд 16

Харбуза 18

Олу 48

Тамоку 48

Бо усули митозӣ ҳуҷайраҳои ҷавони соматикӣ, ҳуҷайраҳои бофтаҳои муташакил тақсим мешаванд. Баъзан бо ин усул ҳуҷайраҳои пири паренхимӣ низ тақсим мешаванд.

Тағирёбии кариотип. Кариотип бо таъсири омилҳои гуногуни муҳит тағир меёбад. Ҳангоми тағироти оддии кариотип миқдори хромосом зиёд мегардад. Ин ҳодиса диплоид номида мешавад. Дар натиҷаи диплоид шаклҳои триплоидӣ (3 п), тетроплоидӣ (4 п) ва полиплоидӣ ба вуҷуд меоянд. Дар шароити табиӣ дар натиҷаи полиплоидия намудҳои нав пайдо мешаванд. Шаклҳои полиплоидиро ба таври сунъӣ дар натиҷаи ба растанӣ ё тухми сабзидаистода бо моддаҳои гуногуни химиявӣ, радиошуоҳо ва ғайра таъсир расондан пайдо кунонидан мумкин аст.

П.М.Жуковский чунин мешуморад, ки аксарияти навъҳои растаниҳои полезӣ, мевагӣ, инчунин токи ангур ва дигар растаниҳои зироатӣ шаклҳои полиплоидӣ мебошанд. Генетики намоёни америкои Л.Стебинс полиплоидро яке аз роҳҳои эволютсияи олами растанӣ ҳисоб мекунад.

Эндомитоз.

Шакли сеюм тақсимшавӣ буда, аз тақсимшавии дохили ҳуҷайрагӣ иборат аст. Дар вақти эндомитоз дар ҳуҷайра редупликатсияи хромосом ба амал омада, вале хромосомҳо ба қутбҳо пароканда намешаванд. Эндомитоз одатан боиси полиплоид мегардад.

Тақсимшавии редуксионӣ (мейоз). Ин усули тақсимшавӣ дар намояндагони ҳам ибтидоӣ ва ҳам ташаккули олии олами ҳайвоноту растанӣ дучор мегардад. Бар хилофи тақсимшавии митозӣ бо усули мейоз на ҳамаи ҳуҷайраҳо, балки ҳуҷайраҳои органзмҳои махсус тақсим мешаванд. Лаҳзаи ба амал омадани тақсимшавии мейозӣ сарфи назар аз он ки организм серҳуҷайра ва ё якҳуҷайра мебошад, ба ҳолати муайяни расиш вобаста аст.

Хусусияти характерноки тақсимшавии мейозӣ аз он иборат аст, ки дар просесси тақсимшавии ҳуҷайра миқдори хромосомҳо ду баробар кам (редуксия-таназзул) мешавад. Аз ин сабаб ин усули тақсимшавии ҳуҷайра редуксионӣ номида мешавад.

Тамоми протсесси мейоз аз ду бор паи ҳам тақсимшавии ядро иборат аст. Тақсимшавии якум хело мураккаб аст. Зеро дар ин вақт редуксияи хромосом ба амал меояд. Тақсимшавии дуюм бошад ҳамчун тақсимшавии оддии митозӣ ба амал меояд. Дар натиҷаи тақсимшавии мейозӣ 4- ҳуҷайраи гаплоидӣ ба вуҷуд меояд. Онҳо дар як ҳолат спораҳо (дар аксарияти растаниҳои ибтидоӣ ва тамоми растаниҳои олӣ), дар ҳолати дигар гаметаҳо (дар ҳайвонот ва баъзе растаниҳои ибтидоӣ ) –ро ташкил медиҳанд.

Ҳар як тақсимшавии метозӣ аз профаза, метофаза, анафаза, телофаза ва ситопинеза иборат аст.

Профазаи тақсимшавии аввалин дуру дароз аст ва як чанд давра тақсим мешавад.

Лептонема ё давраи риштаҳои борик. Дар ин давра хромосомаҳо ташаккул меёбанд. Танҳо хромосомҳои пайдошуда аз риштаҳои борики хроматин иборатанд. Онҳо дар шакли кулӯлаи тобхӯрдаанд. Дар ин давра хромосомҳо ба гурӯҳи дубора (диплоид) мувофиқанд.

Зигонема ё давраи зигонемагӣ. Аз ҷуфт-ҷуфт наздикшавии хромосомҳои гомологӣ иборат аст. Дар бисёр маврид хромосомҳои наздикшуда пайваста мегарданд.

Пахинема ё давраи риштаҳои ғафс. Риштаҳои хромосом кӯтоҳ шуда ғафс мегарданд ва канюгатсияи (пайвастшавӣ) хромосомҳои гомологӣ ба амал меояд. Аз ин сабаб миқдори умумии хромосомҳои ҷуфт ду баробар кам мешаванд. Табиати дубораи хромосом чандон аён намешавад. Баъзан хромосомҳои ҷуфт бо ҳам тоб хӯрда гӯё чӯбчаи риштаҳои ғафси тугундор (кроссинговер)-ро ташкил медиҳанд. Дар вақти кросинговел (чиликшавӣ) хроматидҳои тоб хӯрда участка иваз мекунанд ва дар ин ҳолат хромосомҳо аз участкаҳои хромосомҳои гуногун иборат мешаванд.

Диплонема ё давраи диплогиенӣ. Дар ин давра ҳар яки хромосомҳои гомологӣ комилан ба ду хроматид (хромосомҳои нимтагӣ) ҷудо мешаванд. Дар натиҷа ҳар як ҷуфти гомологӣ аз 4 хроматид иборат мешавад. Дар баъзе ҷойҳо хроматидҳо пайвастаанд. Ин гуна участкаҳо хиазма номида мешавад.

Чи қадаре, ки хромосоми диплонема дароз бошад, хиазма ҳам ба ҳамон андоза зиёд аст. Хиазмаҳо ба мубодилаи участкаҳои байни хроматидҳо ёрӣ мерасонанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ядрои байни липтонема ва пахинема одатан хромосомҳои борику дароз зич ва шаклан лӯнда мешаванд. Дар ин ҳолат хромосомҳо чандин маротиба тоб мехӯранд. Ин гуна тобхӯрии массаи хроматинӣ давраи синопсиса номида мешавад. Ин баъди диплонема ба амал меояд. Ин давра дар профаза ниҳоят кашол меёбад.

Дикинез ё давраи охрини профазаи тақсимшавии аввалини мейоз мебошад. Дар ин давра хромосомҳои ду тақсим шуда якбора кӯтоҳ ва ғафс мешаванд. Хромосомҳои ҷуфт – ҷуфт пайвастгардидаи гомологӣ айнан намоён мешаванд. Зеро онҳо дар экватори ҳуҷайра рост ҷойгиранд. Хромосомҳои ҷуфти мейозӣ бивалент ё диадҳо номида мешаванд. Миқдори онҳо дар диакинез гаплоидӣ аст ба онҳоро ба осонӣ шуморидан мумкин. Дар баъзе намудҳои растанӣ, аз баски хромотидҳо айнан дигар мешаванд, бивалентҳо низ чортогӣ менамоянд. Дар диакинез бивалентҳо бештар намуди зоҳирии барои намуди мазкури растанӣ хосро қабул менамоянд. Онҳо шакли наъл, ҳалқа, калидча, чӯбчаи рост ва ғайраҳо қабул карда метавонад. Дар охири диакинез ядроча ва ҷилди ядро гумм мешаванд.

Метафазаи тақсимшавии аввалин. Бивалентҳои хромосомҳо дар экватори ҳуҷайра ҷойгир шуда, пластинкаи ядроиро ташкил медиҳанд. Дуки ахроматинӣ пайдо мешавад, ки ба воситаи он нимаи хромосомҳои ҷуфт (бивалентҳо) рӯ ба сӯи қутбҳо мениҳанд. Дар бивалентҳо ду сӯрох пайдо мешаванд: яке дар байни хромосомҳои ҷуфти гомологӣ, ки сӯрохии редуксиони ном дорад, дигаре дар байни хроматидҳо – нимаи ҳар як хромосом, ки сӯрохии экватсионӣ номида мешавад. Дар метафазаи дерина мувофиқи сӯрохии редуксионӣ ҷудошавии хромосомҳо пешбинӣ шуда, ба қутбҳо паҳн мегарданд.

Анафазаи тақсимшавии аввалин: нимаи аз рӯи сӯрохии редуксионӣ ҷудо шудаи бивалентҳо, ба ном унивалентҳо ба воситаи риштаҳои дук ба қутбҳо мераванд. Аз баски редуксияи ҳақиқии миқдори хромосомҳо ба амал омад, дар ҳар як қутб шумораи ду баробар камшудаи онҳо (фазаи гаплоидӣ) дида мешавад. Табиати думаъногии ҳар як хромосом аз ду нимтоги хроматидӣ иборат аст.

Интеркинез ё давраи гузариш.

Ин давра ба андозае интерфазаи тақсимшавии митозиро ба хотир меорад ва барои кам шудани сикли тақсимшавии якуму дуюм мадад мерасонад.

Тақсимшавии дуюм мисли тақсимшавии митозӣ (эквасионӣ) мегузарад. Баъди интеркинез профаза ва метофазаи тақсимшавии дуюмин дар ҳар қутб ҷудогона ба амал меояд. Хромосомҳо аз рӯи сӯрохиҳои экватсионӣ ҷудо мешаванд ва дар анафазаи дуюм ба қутбҳо паҳн мешавад. Дар ҳар яки чор қутб шумораи гаплоидии хромосомҳо ҷойгиранд.

Дар телофазаи тақсимшавии дуюм чор ядрои гаплоидӣ ташаккул меёбад, ки онҳо ба воситаи ҷилди худ пушонда шуда ба ҳуҷайраҳои мустақил табдил меёбанд. Давраи охирини мейоз ташаккули тетрад номида мешавад. Ин давра тақрибан ба ситокинезӣ тақсимшавии митозӣ мувофиқ аст. Дар аксарияти организмҳои растанӣ тетради спораҳо, дар одам, ҳайвонот ва шумораи начандон зиёди растаниҳои ибтидоӣ гаметаҳои нарина ё модина тетрад мебошад.

Тақсимшавии редуксионӣ аҳамияти муҳими биологӣ дорад. Ба туфайли редуксияи хромосомҳо намудҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Ба туфайли тақсимшавии редуксионии бо навбатии давраҳои ядрои- диплоидӣ ва гаплоидӣ ба амал меояд ин дар сикли инкишофи авлод боиси бо навбатии насли ғайри ҷинсӣ (спорофит) ва ҷинсӣ (гаметофит) мегардад. Бе шубҳа бо навбатии авлод дар нигоҳ доштани намуд, ки дар қатори эволютсионӣ пайдо мешавад, роли калон мебозад. Ба Хамин тариқ тақсимшавии редуксионӣ барои дар ҳар як намуд аз авлод то авлод нигоҳ доштани миқдори хоси хромосомҳо зарур аст. Тақсимшавии редуксиониро соли 1885 В.И.Беляев кашв карда буд. Сонӣ он дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон аз нав кашф карда шуда буд. Ба муносибати ҳалли масъалаҳои тағироти ирсӣ тадқиқи давраҳо ва қисмҳои мейоз яке аз проблемаҳои муҳими биологияи ҳозира мебошад.

875
Нет комментариев. Ваш будет первым!