ПЛАСТИДХО

Пластидҳо қисми муҳими ҳуҷайра буда, дарситоплазмаи растаниҳои сабз вуҷуд дорад. Онҳо дар реаксияҳои мубодилавии ҳучайра роли муҳим мебозанд. Дар ҳуҷайраҳои ҳайвонот,занбурӯғҳо, миксомитсетҳо, бактерияҳо пластид нест.

Ҷисми пластид строма номида мешавад. Сафеда ва липидҳо асосистромаро ташкил дода дар ҳолати колоиди мавҷуданд.

Намудҳои зерини пластиҳоро фарқ мекунонанд: хлоропластҳо, рангисабз, хромопластҳо- рангҳои зард, норинҷӣ ва лейкопластҳо – пластидҳоиберанг.

Хлоропластҳодар байни растаниҳои ибтидоӣва ҳам олӣ васеъ паҳн гардидааст. Дарстромаи холоропластҳо пигменти сабзи хлорофил, инчунин пигментҳои зард ва норинҷӣ-каротин ва ксантофил синтез кардамешаванд. Хлоропласти обсабзҳо хроматофорҳо номида мешавад. Онҳо шаклан гуногунанд: пластинмонанд, кузачашакл,тасмашакл. Ин шаклҳо ба ҳар як намуд ё авлоди растаниҳо хосанд. Миқдор ва ҳаҷмипластидҳо дар намудҳои гуногун ва Бофтаҳои гуногуни растаниҳо як хел нест. Якхроматафори гластидмонанд ёкосачашакли обсабзҳо баъзан тамоми сатҳи ҳуҷайраро ишғол мекунад.

Микдори хлоропластҳо дар ҳуҷайраҳоибарги себ ба ҳисоби миёна ба 50 адад мерасанд. Ҳаҷми доначаҳои хлорофилӣ тақрибан 3-7 мк –ро (агар ғафсиаш 1-3 мк бошад) ташкил медиҳад.

Хлоропластҳо дар торикӣ тамоми массаи ситоплазмаро баробар фаро мегиранд.

Сохти хлоропласт хеле мураккаб аст. Сохти мураккаби мембранаи онро дар зери микроскопи электронӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз берун хлоропласт бо ҷилди ду менбранагӣ (расми 9) пушидашудааст. Дар дохили хлоропласт системаи ду мембранагӣ пластидҳои махсус ҷойгиранд, ки онҳоро ламеллаҳо меноманд. Байни ламеллаҳо пур аз моддаҳои стромаҳо (матрикс) мебошанд. Онҳо асоси сафедаҳо доранд. Нӯги ламеллаҳо ба ҳам наздику як шуда ҳалқаипайваста- халтачаро ташкил медиҳад, он диск номида мешавад. Тахминан хлорофиллбо қабати мономонекулярӣ ламеллаҳоро мепӯшонад.Дар стромаи хлоропласт донаҳои крахмал, қатраиравған ва дигар маҳсули мубодилаи ҳуҷайрадучор мегарданд. Асоси хлоропластро сафедаҳо (қариб 50 %), хлорофилл (9-10),каротиноидҳо (1-2), ферментҳо ва кисми начандон калони РНК ва ДНК ташкил менамояд.

Вазифаи асоси холоропластҳо ба амал баровардани фотосинтез мебошад.Моҳияти фотосинтез аз он иборат аст, ки аз гази карбонат (ду оксиди карбон), намакҳои минералӣ, газ ва об пайвастагиҳои ҳаётан зарури органикӣ синтез карда мешаванд. Маълум аст, ки тамоми протсеси фотосинтез аз силсилаи мураккаби реаксияҳо иборат буда, онро ба ду давра, давраи равшанӣ ва давраи торикӣ тақсимкардан мумкин аст.

Крахмали дар хлоропластҳо ҷамъ шуда махсули аввалин ва дар аминопластҳо ҷамъ шуда махсуми дуюмин номида мешавад.

Ба ҳамин тариқ хлорофилл манбаи муҳими ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Хлорофилл танҳо дар хлоропластҳо ошкор карда шудааст.

Дар ибтидои асри ХХ (1901-1910) М.С. Цвет ду шакли гуногуни хлорофилро ҷудо кард: хлорофилли «а»- пигменти сабзу кабуд ва хлорофилли «б» – пигменти зарду сабз формулаи хлорофилли «а» С55 Н72О5 N4 Мg, хлорофилли «б» С55Н70О6 N4 Мgмебошанд.

Чунон ки нишон дода шуд, дар таркиби хлоропластҳо боз пигменти сурху норинҷии каротин (С40 Н51)ва пигменти зарди тиллоранги ксантофилл химиявии хлорофилро бо сафедаҳоихлоропласт муайян карданд.

Агар дар хок нитроген, магний, оҳан, синк, фосфор ва дигар моддаҳонарасад, инчунин синтези сафедаи конститутсиони стромаи хлоропласт вайрон шавад, синтези муътадили хлорофилл қатъмегардад ва баргҳо зард мешаванд, ин ҳодиса хлороза номида мешаванд.

Хромопластҳо дорои рангизарду норинҷӣ ва сурхчаи пигменти гурӯҳи каротиноидҳо мебошанд. Дар вақтҳоиохир зиёда аз 50 каротиноидҳо муайян карда шудаанд. Хромопластҳо дар меваҷотипухтаистода (мисли қаламфур, тарбуз, помидор ва ғайра) ва баргҳои тоҷгул(садбарги зард ва ғайра) дучор мегарданд.

Вазифаи хромопласт аниқ муайян карда шудааст. Тахмин мекунанд, ки онҳохлорофиллро аз турушшавӣ нигоҳ медоранд.

Лейкопластҳо пластидҳои беранг буда дар онҳо крахмал, сафедаҳо ва равған ҷамъмешаванд. Ба ин муносибат амилопластҳо – лейкопластҳои крахмалҷамъкунанда,олеопластҳо – лейкопластҳои равғанҷамъкунанда ва протеопластҳо – лейкопластҳоипротеинҷамъкунанда (сафедаҷамъкунанда) – ро фарқ мекунанд.

Крахмал дар дохили амилопластҳо ҷамъ мешаванд. Дар ҳар амилопласт маркази ҷамъкунӣ – қисми стромаи пластидҳо вуҷуд дорад, ки он бо менбранаҷудо карда шудааст. Дар протеинпластҳо одатан дар шакли кристаллҳо (даррастании канн – дар ҳуҷайраҳои назди гарданаи реша ҷойгир шуда ва дар орхидеядар ҳуҷайраҳои лӯндаҳои реша ҷамъ мешаванд.

1.68K
Нет комментариев. Ваш будет первым!