Пардаи хучайра

Ҳуҷайраи растанӣ баракси ҳуҷайраи ҳайвонот пардаи ғафс дорад. Онҳо протопласт дарпротсеси фаъолияти ҳаёти кор карда мебарояд. Мавҷудият ё вуҷуд надоштанипарда нишонае мебошад, ки ҳуҷайраирастаниро аз ҳуҷайраи ҳайвон фарқ мекунад. Аз рӯи ақидаи бисёр олимон ин нишонахеле аломати бо эътимод мебошад. Пардапротопластаро аз таъсири берунӣ муҳофизат мекунад ва ҳуҷайраро ба шаклдароварда, мустаҳкам менамояд. Аз дарун пардаи ҳуҷайра бо плазмолемма фарш карда шудааст. Баъзе ҳуҷайраҳои растанӣ парда надорад. (ҳуҷайраҳоиҷинсӣ, луоби ва ғайра).

Пардаи ҳуҷайравобаста ба расиш ва типи ҳуҷайра хеле тағир меёбад. Ҳуҷайраҳои ҷавон – пардаи тунуктар дошта ҳуҷайраҳои пурра ташакул ёфта пардаи ғафс доранд. Пардаи ҳуҷайра хусусияти ба ҳар шаклу ҳаҷм пештараашро барқарор карда метавонад. Пардаи ҳуҷайра дар вақти дарозшавӣ ҳам мустаҳкам мебошад. Сохти парда бо функсияи ҳуҷайра алоқаманд аст.

Таркиби химиявӣ ва структураи парда. Дар таркиби парда бештар целлюлоза (клетчатка), гемицеллюлоза (нимклетчатка) ва моддаҳои пектинӣ дохил мешаванд. Аз ҳама аҳамиятнок целлюлоза мебошад, ки он то 90% моддаҳои пардаро ташкил медиҳад. Вай аз ангиштоб(полисахарид) иборат аст, ки ба крахмал монанд мебошад ва чунин формудаи эмпирикӣ (С 6 Н 10 О 5) дорад. Аммодар ин ҷо «п» коэффиценти дигар буда, сохти молекулаҳо ҳам мураккабтар мебошанд. Молекулаҳои целлюлоза структураи риштамонанд доранд ва ба таври мутавозӣ ҷой гирифта ба як бандча – мицелла тӯб мешаванд. Мицеллаҳо ҳам элементҳои бештар калонтар – фибрилаҳоро ташкил медиҳанд, ки сӯроҳиҳои байни онҳо пур аз моддаҳои асосии парда (матрикс)мебошад. Ин модда аз пектин ва гемицеллюлозаиборат аст. Целлюлоза танҳо дар кислотаҳои зӯр ва реактивҳои Швейцер маҳлул мешавад. Гемицеллюлоза ҳаммоддаи хеле устувор мебошад. Вале нисбат ба целлюлоза ба осони ҷудо мешавад. Гемицеллюлоза ҳамчун моддаи ғизоии захиравӣ бештар дар пардаи ҳуҷайраҳои тухми ва меваи растанӣ(дарахти қаҳва, нахли хурмо, люпин) ҷамъ мешавад.

Моддаҳои пектинӣ баракси целлюлоза ва гамицелюлоза на аз малекулаҳои риштамонанд, балки аз молекулаҳои ба шохаҳо ҷудо шуда иборатанд. Моддаҳои пектинӣ ва чандон мустаҳкаманд ва нисбатан ба осонӣ ҷудо мешаванд. Пардаи ҳуҷайраҳои баъзе растаниҳои ибтидоӣ комилан аз моддаҳои пектинӣ иборатанд.

Гузоришва расиши парда. Дар ҳуҷайра пардаи якум ва дуюм аз ҳамдигар фарқ кунонида мешаванд. Ҳар як ҳуҷайраи аз нав ташкилшудадарҳол ба пардаи тунуки шаффоф печондамешавад. Ин парда аввал буда дар он моддаҳои гамицелюлоза, пектинӣ ва миқдори зиёдиоб мавҷуданд. Вақте, ки ҳуҷайра ҳаҷмаш калон шуда, аз расиш мемонад ташакули пардаи якум низ ба охирмерасад. Баъзе ҳуҷайраҳо то охири умри худ бо пардаи якум печонда мешаванд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо баъди тамомшудани расиши ҳуҷайра протопласти он пардаи дуюмро ташкил медиҳад. Ба таркиби пардаи дуюм асосан целлюлоза дохил мешавад. Он одатан қабат- қабат буда, хатҳои борикдорад, ки ин аз асбоби сохти субмикроскопиаш мебошад. Барзиёдии целлюлоза боисисифати баланди механикии пардаи дуюм мегардад. Баъзан дар ҳуҷайра дар шакли қабати тунуки дохилӣ пардаи сеюмро фарқ мекунанд.

Дарбайни пардаҳои якуми ҳуҷайраҳои ҳамсоя қабати моддаи пектинии байниҳуҷайрагӣ мавҷуд аст, ки онро пластинкаи мобайни меноманд.Вайроншавии пластинкаи мобайнӣ боиси ҷудошавии ҳуҷайра мацерасия мешавад.

Пардаи ҳуҷайрабо ду роҳ калон мешавад: бо роҳи ба қабатҳоикӯҳна (опозитсия) гузоштани қабатҳои навӣ( одатан аз дарун) парда ва бо роҳи дар байни қабатҳои кӯҳна ҷорӣ намудани ҳиссачаҳои моддаҳоипарда

Дар вақти ситорриз дучоргардидан тамоми ҳуҷайра фишурда шуда ситоплазма ба деворча ҷудо намешавад ва беобии ҳуҷайра ба қисмҳоиҷудогонаи ҷилд ҳам таъсир мерасонад. Ҳаминтавр ситорриз дар натиҷаи бо роҳи осмосӣгум кардани об ба амал наомада, балки ба туфайли аз растанӣ бухор шуда, ба муҳитиатроф парешон шудани об ба вуҷуд меояд.

482
Нет комментариев. Ваш будет первым!