Гуногунии намудхои растани
Илме, ки олами растаниҳо, сохти организми растаниҳо, қонунияти инкишофёби ва фаъолияти ҳаётӣ, дар кураи замин паҳншавӣ, алоқаи дутарафаи онҳоро бо омилҳои муҳит ва дигар масъалаҳоро меомӯзад, ботаника номида мешавад. Калимаи ботаника аз калимаи юнони «ботане» гирифта шудааст, ки маънояш ҷисми сабз, сабзавот ва алаф мебошад.
Растаниҳои сабз қобилиятноканд, ки энергияи офтобро истифода карда, барои ғизои худ аз ҳисоби пайвастагиҳои ғайри органики, намакҳои минералӣ, гази карбонат ва об, моддаҳои органикӣ бавуҷуд оваранд. Ин гунна растаниҳоро бар хилофи баъзе намудҳои бактерияҳои хемотрофӣ, растаниҳои фототрофӣ меноманд.
Растаниҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикиро синтез мекунад, ба гурӯҳи растаниҳои автотрофӣ дохил мешаванд. Ҳамаи ҳайвонҳо аз баски барои истеъмол кардани танҳо моддаҳои тайёри органикӣ қобиланд, гетеротрофӣ мебошанд. Дар олами растаниҳо ҳам намояндагоне мавҷуданд, ки барои онҳо моддаҳои тайёри органикӣ заруранд. Ба онҳо занбӯруғ, бисёрии бактерияҳо, растаниҳои паразитӣ ва сапрофитҳо дохил мешаванд. Қобилияти хӯрокҳазмкунӣ танҳо ба организми ҳайвонот дахл дорад. Гурӯҳи калони растаниҳои ҳашаротхӯр маълуманд, ки намояндагони онҳо бо ёрии аппарати шикори (расмӣ 1) ҳашаротро на фақат шикор мекунанд, балки бо ёрии ферментҳои махсус ҳазм мекунанд, ки онҳо ба таркиби ферментҳои организми ҳайвонот- пепсин, трипсин ва ғайра монанданд.
Қобилиятнокӣ ба ҳаракат ҳам танҳо ба организми ҳайвонот хос нест. Чунон, ки маълум аст, бисёр растаниҳои ибтидоӣ, хусусан растаниҳои якҳуҷайрагӣ ё баъзе обсабзҳои калониягӣ дар ҳолати вегетативӣ ҳаракат мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҷинсии бисёр организмҳои олӣ ва ибтидоӣ фаъолона ҳаракат мекунад. Рӯ ба тарафи нури офтоб гаштани лаъличаи баргҳо ва гули растанй низ мисоли ба ҳаракаткунӣ қобилият доштани олами растанӣ мебошад.
Ҳам растаниҳои ибтидои ва ҳам растаниҳои организмашон олиташаккул дар просесси мубодила ҳамеша тағир меёбанд. Онҳо дар просесси ба муҳит мутобиқшави барои пайдоиши шаклҳои гуногуни организмҳои растанӣ ва ҳайвонот мадад мерасонанд.
Мувофиқи маълумотҳои илми дар замони ҳозира шумораи намудҳои растаниҳое, ки дар рӯи замин мерӯянд, тахминан ба 450 000 – 500 000 мерасад. Ин миқдор дар байни гурӯҳҳои ҷудогонаи растанӣ ба таври зерин тақсим карда мешавад:
Обсабзҳо 40 ҳазор
Занбӯруғҳо, миксомиситҳо, бактерияҳо 100 ҳазор
Лишайникҳо 15 ҳазор
Папоротникшаклҳо 6 ҳазор
Ушнашаклҳо 18 ҳазор
Лучтухумҳо 500
Растаниҳои пӯшидатухм ( гулнок) зиёда аз 280 ҳазор
Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки растаниҳои пӯшидатухм дар замони ҳозира ниҳоят бисёранд. Онҳо аз экватор сар карда то арзи шимолӣ, аз биёбону нимбиёбон сар карда то кӯҳҳои баланд, на танҳо тамоми хушкӣ, балки ин чунин ботлоқу обанборҳои тамоми қитъаҳои кураи заминро ишғол кардаанд. Сабаби бисёр будани пӯшидатухмҳо дар он аст, ки дар просеси эволютсия дар намояндагони гурӯҳи номбаршуда растаниҳо чунин узвҳо монани гул ва мева пайдо шудаанд. Тухми растаниҳои пӯшидатухм дар даруни мева ҷойгиранд, ки онро аз таъсири номусоиди берунӣ муҳофизат мекунанд. Ба туфайли ин пӯшидатухмҳо ба шароитҳои гуногунтарини ҳаётӣ мувофиқшуда ва ниҳоят зиёд шуда, тамоми територияи холии кураи заминро ишғол кардаанд.
ОНТОГЕНЕЗ ВА ФИЛОГЕНЕЗ
Протсеси инкишофи индивидуалии организм онтогенез номида мешавад. Дар онтогенез хусусиятҳои наслии организм зоҳир мегарданд, ки барои таксони мазкур дар давраи дуру дарози ташаккули он хос аст. Протсеси таърихии ташаккули таксон (намуд, авлод, тартиб ва ғайра) филогенез номида мешавад. Дар онтогенези ҳар як растанӣ хусусиятҳои хоси зинаҳои асосии инкишофи таърихии таксони мазкур яъне марҳилаҳои асоси филогенези он зоҳир мегардад. Ҳар як онтогенез гӯё такрори кӯтоҳмуддати филогенези таксони мазкур мебошад. Бинобар ҳамин антрогенез бо филогенез якмаъно аст.