Бордоршавии дучанда дар растанихои гулдор

Сабзиши гард дар гардгираки модина. ҳар як дона гард (микроспора) ҳанӯз дар гарддон воқеъ гашта, пеш аз сабзиш хеле тағир меёбад. Ядрои донаи гард дар дохили микроспора ба ду тақсим мешавад, дар натиҷаи и н ҳуҷайраи—генеративӣва вегетативӣ ба вуҷуд меоянд. Одатан ҳуҷайраи вегетативӣ назар ба ҳуҷайраҳои генеративӣ калонтар мешавад. Минбаъд ҳуҷайраҳои генеративӣ ба ду гаметаи нарина—сперма тақсим мешавад.

Гардгираки модина аз бофтаи махсуси ковок иборат мебошад. Ҳангоми барои қабули гарди пухтарасида аз худ моеи часпакро ҷудо мекунад, ки ба вай гард ба осонӣ мечаспад. Ғайр аз ин моеи часпак барои сазиши гардак муҳити нам пайдо мекунад.

Гарди ба гардгирак часпида ба сабзиш сар мекунад. Моддаҳои донаҳои гард печутоб мехӯрад, пардаи тунуки дохилии он –интина ба найча табдил ёфта, дар ҷое, ки экзина сӯрохӣ дорад, месабзад. Найчаи гарди расида, ба воситаи сӯрохии пардаи берунии гард кашол шуда ва ба гардгирак дохил мешавад. Он аз ҷои мулоими сутунча гузашта, минбаъд ба тарафи ғӯрак сабзида баъд ба воситаи деворчаҳои ғӯрак микропилеи муғҷатухм расида мегирад.(расми76)

Роҳи найчаи гард бештар бештар мураккаб ва дароз мешавад. Найчаи гарди баъзе растаниҳо (ҷуворимакка) бояд 25—35 дароз бошад. Моддаҳои зарурии ғизоии сабзишро найчаи гард эҳтимол аз бофтаҳои сутунча гирад. Найчаи гард ба воситаи роҳҳои гузаронанда, бештар аз рӯи ҳуҷайраи найчаи сутунча, ки бо эпидермиси ҳуҷайраҳои барои луобҷудокунӣ қобилиятнок фарш карда шуда растаниҳо ҳаракат мекунад.

Найчаи гард инчунин байниҳуҷапйрагиҳоро бо қувваи фишори осмосӣ ва бо ёрии ферментҳо ҷунбонда, аз байни онҳо ҳаракат крада метавонад. Сабзиши найчаи гард ба андозаи калон ба шароити зоҳирӣ ва хусусан ба ҳарорат вобаста мебошад. Суръати сабзиши найчаи гарди растанӣ гуногун аст: вай дар як соат дар ҷуворимакка – ба 6,25 мм, савсан – 4 мм, қоқу ба 35 мм баробар аст.

Ҳамин ки найчаи гард ба сабзиш медарояд, гардҳои дар он маҷуда ба найчаяки гадак дохил шудан мегирад.Дафътан ба он ядрои вегетативӣ дохил мешавад. Аз паси ядрои вегетативӣ ду сперма медарояд. Ядрои вегетативӣ ва сперма протоплазмаи худро доранд ва аз ин рӯ онҳоро чун ҳуҷайраи дар дохили донаи гард пайдошуда донистан лозим аст.

Ядрои вегетативӣ дар паййдоиши найчаи гардиштирок карда, мубодилаи моддаҳоро метезонад. Дар баробари сабзиши найчаи гард ядрои вегетативӣ тадриҷан макида шуда тамоман гумм мешавад. Сабзиши найчаҳои гард ба бисёр сабабҳои дохилӣ ва зоҳирӣ вобаста аст. Агар дар ғӯрак ҳамагӣ як тухммуғҷа мавҷуд бошад он танҳо як найчаи гарди зуд сабзанда расида мегирад. Найчаҳои боқимондаи сабзида мемиранд. Агар ғӯрак якчанд тухммуғҷа дошта бошад, ҳамон қадар найчаи гард то тухммуғҷа месабзад. Найчаи гард бо таъсири хемотопизм, яъне натиҷаи бо моддаҳои махсуси муғҷатухм ҷудо мекардагӣ ҳаракат кардан он месабзад. Аз ин моддаҳо дар навбати аввал қанду сафеда ва баъд равған аҳамият доранд.

Дубора бордоршавӣ. Дар вақти дохишавӣ ба халтаи ҷанин нӯги найчаи гард мекафад ва ба воситаи ин сӯрохӣ ба халтаи ҷанин ду сперма меафтад. Яке аз он бо тухмҳуҷайра ва дигараш бо ядрои дуюми халтаи ҷанин якҷоя мешавад. якҷояшавии ҳар ду сперма бо ҳуҷайратухму ядрои дуюми халтаи ҷанин қариб дар як вақт ба амал меояд. Моҳияти ҳодисаи дукарата бордоршавии растаниҳои пӯшидатухм низ дар ҳамин аст. Ду карат бордоршавӣ танҳо дар байни растаниҳои пӯшидатухм мушоҳида мегардад.

Баъди бордоршавӣ найчаи гард одатан нест мешавад.

Ҳуҷайратухми бордоршуда ба зигота табдил меёбад. Якчанд вақт зигота дар ҳолати оромӣ мемонад, ки давомнокии он ба шароити зоҳирӣ вобаста аст.

Баъди давраи оромӣ ҳуҷайратухм аз девори кӯндаланг ба ду ҳуҷайра тақсим мешавад. Яке аз он ҳуҷайраи дохилии дар назди маркази халтаи ҷанин мавҷуда дар процессии тақсимшавии минбаъда ба ҷанини тухм ибтидо мегузорад. Дуюмаш- ҳуҷайраи зоҳӣрӣ, ки ба гардбаро нигаронда шудааст, бо деворҳои кӯндаланг ва дароз тақсим мешавад ва гуё овезаро ташкил медиҳад. Ин овеза ба дарозӣ сабзида ҷанинро ба бофтаи ғизоии эндосперма меовезад, ки дар ин вақт он дар ҳолати ниммоеъ мебошад.

Ядрои дуюми халтаи ҷанин баъди бордоравӣ шиддатнок тақсим мешавад ва сабзида ба эндосперми тухм, ба бофтаи ғизоии ҷанин табдил ёфта, тамоми халтаи ҷанинро пур мекнуад.

Баъди бордоршавии дукарата тамоми қисмҳои модина ба куллӣ таъғир меёбад, аз ҳуҷайратухм минбаъд ҷанини тухм ва аз ядрои дуюми халтаи ҷанин эндосперм пайдо мешавад; аз ин рӯ муғҷатухм ба тухм ибтидо мегузорад; интигументҳо сабзида ба ҷилди тухм ва баъди бордоршавӣ тамоми ғӯрак ба мева табдил меёбад.

651
Нет комментариев. Ваш будет первым!