Асосхои илмии ботаника

Нақша:

  1. Замина ва пайдоиши илмии фан.
  2. Алоқамандии фан бо дигар илмҳо.
  3. Роли ботаника дар пешбарии илмҳои кишоварзӣ.
  4. Тараққиёбии ин фан дар пешрафти Тоҷикистон ва аҳамияти он.

Ботаника аз калимаи лотинии «ботанэ» гирифта шуда, маънояш сабза алаф гиёҳ мебошад. Ин илм аз замонҳои қадим арзи вуҷуд дошта, ба туфайли талаботи рӯзмарраи мардум ба либос, хӯрок, манзил ва доруворӣ пайдо шудааст.

Маълумотҳои аввалинро оиди растаниҳо, дар навиштаҷотҳои хаттии давраи Мисри Қадим дарёфтан мумкин аст, ки ин ба асри сеюми то милод рост меояд.

Донишҳои ибтидоии ботаникӣ ҳатто дар асарҳои файласуфи Юнони Қадим – Арасту, ки ба асри IV- и пеш аз милод рост меояд, дида мешавад. Шогирди Арасту,- Теофраст (солҳои 370- 286 то милод), дар бораи растаниҳо маълумоти басо қиматбаҳо ҷамъ кардааст, ки аз ӯ шаш китоб бо номи «Сабабҳои растанӣ» ва нӯҳ китоб оиди ботаника бо номи «Тадқиқот дар бораи растаниҳо» дастрас гардидааст. Тараққиёти бо суръати илми ботаника ба асри ҶVI рост меояд. Дар ин давра навиштаҷотҳо оиди растаниҳо аллакай ба 6000 адад расиданд. Аввалин бор барои таснифоти растаниҳо олим – Чезальпино (1519- 1603) кӯшиш намудааст.

Ихтирои микроскоп (с.1590) имконият дод, ки сохти дохилии растаниҳо пурра омӯхта шавад. Соли 1665 Роберт Гук бори аввал дар бофтаи растаниҳо ковокиҳои майдаи сершуморро дид, ки онҳоро ҳуҷайра номид.

Ин кашфиёт то замони мо боқӣ монд. Cолҳои 1675- 1679 асари калони олими машҳур Мальпигӣ бо номи «Анатомияи растаниҳо» аз чоп баромад. Соли 1682 бо ҳамин унвон асари олим- Грю аз чап баромад. Ин ду асар ба тарақиёти соҳаи махсус- Анатомияи растаниҳо асос гузоштанд.

Дар асри ҶVIII ба инкишофи ботаника хизмати калони натуралисти Шведӣ- Карл Линей таъсири хуб бахшид. К. Линней барои ҳайвонот ва растаниҳо номгузории дучандаро пешниҳод кард. Дар системаи ҷории Линней тамоми растаниҳои мавҷудаи он вақта ба 24 синф ҷудо карда шудаанд.

Дар баробари инкишофи илми табиатшиносӣ- боғҳои ботаникӣ – бунёд гаштаанд: Аввалин боғи ботаникӣ дар Италия – соли 1309, ташкил ёфта буд, ки ба парвариш ва омӯзиши растаниҳои доругӣ ва хушбуй сару кор дошт. Соли 1333 дар Винетсия. Дар Россия аввалин боғи ботаникӣ соли 1707 (дар Москав) бунёд шуд, ки танҳо растаниҳои доруворӣ парвариш мешуданд. Соли 1812 боғи ботаникии – Никитин дар наздикии Ялта бунёд гашт.

Соли 1945 боғи ботаникии асосӣ, дар шаҳри Москав бунёд гашт.

Ҷумҳурии мо дар ташкилу ривоҷи ин соҳаи биологӣ беаҳамият набуда, боғҳои гуногуни минтақавиро созмон додааcт.

Боғи ботаникии Душанбе соли 1932, дар масоҳати 34 га.

Боғи ботаникии Хуҷанд соли 1955, дар масоҳати 18 га.

Боғи ботаникии Кӯлоб соли 1985, дар масоҳати 15 га.

Боғи ботаникии Помир соли 1940, дар масоҳати 624 га., бунёд гашта ба омӯзиш ва мутобиқатсозии олами набототи гуногуни ватанӣ ва хориҷӣ машғул мебошанд.

Мақсади ҳозираи боғҳои ботаникӣ омӯзиш ва парвариши растаниҳои вилоятҳои гуногуни экологӣ мебошад.

Дар раванди бунёдгардии боғҳои ботаникӣ омӯзиши дигар қисматҳои илми табиатшиносӣ- низ рӯ ба инкишоф оварданд. Пурра гардидани ҳодисаи фотосинтез аз тарафи олим Буссенго дар асри ҶIҶ (пеш Ҷ. Пристли соли 1771), назарияи ҳуҷайра аз тарафи олими олмонӣ- М. Шлейден., Т Шванн, таълимоти эволютсионии Ч. Дарвин дар асри ҶIҶ боиси боз ҳам ривоҷ ёбии илми биология гардид.

Фанни ботаника яке аз ҷузъи илми биология буда, омӯзиши аниқи олами наботот, сохти зоҳирӣ, ботинӣ, пайдоиш ва паҳншавии онҳоро меомӯзад. Ҳоло зиёда аз 500 000 хели олами наботот мавҷуд аст.

Растаниҳо дар гардиши моддаҳо басо роли калон мебозанд. Растаниҳои сабзро аз рӯи ғизогириашон ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд: 1. Растаниҳои автотрофӣ – «аутос» – худ «трофос» – ғизо.

2. Растаниҳои гетеротрофӣ «гетерос»- дигар «трофос» – ғизо.

Организмҳои автотрофӣ аз ҳисоби моддаҳои тайёри органикӣ ғизо нагирифта, аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ тайёр мекунанд, ки барои ғизогирии дигар организмҳо истифода бурда мешаванд. Растаниҳои гетеротрофӣ – хлорофилл надоранд, бинобар ин аз моддаҳои тайёри органикии дигар организмҳо ғизо мегиранд. Замбурӯғҳо, бактерияҳо чунин хосият доранд.

Растаниҳои сабз дорои хлорофилл буда, қобилияти фотосинтез карданро доранд. Қариб аз се ду ҳиссаи олами наботот хусусияти фотосинтез карданро доранд. Ин мавҷудот манбаи ғанигардонии моддаҳои органикии табиат мебошанд.

Дар табиат растаниҳои сабзе мавҷуданд, ки аз ҳисоби моддаҳои тайёрӣ органикӣ ва ғайри органикӣ ғизо мегиранд. Растаниҳои ҳашаротхӯр – росянка, пашшақапак, непентес ва дигарон мансуби ин растаниҳо мебошанд.

Олами наботот чун олами ҳайвонот организми зинда буда, аз руи бисёр ҷиҳати ҳаётиашон шабоҳати хос доранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо як сарчашмаи пайдоиши эволютсионӣ доранд. Растаниҳои сабз дар ҷараёни фотосинтез миқдори зиёди биомассаҳоро ҷамъ мекунад, ки онҳоро ҳайвонот ва одамон истифода мебаранд. Намояндагони растаниҳои ғайрисабз- замбурӯғ ва бактерияҳо ҳам дар гардиши моддаҳо аҳамияти муҳим доранд. Бактерияҳои мавҷудаи хок, дар як грамм хок млрд – ро ташкил мекунанд. Бактерияҳои лӯндашакл- дар решаи растаниҳои лӯбиёгӣ – ҷойгир буда, нитрогени ҳаворо ба нитрогение, ки барои ғизогирии олами наботот зарур аст, табдил медиҳанд.

Замбурӯғҳо дар решаи растаниҳои дараҷаи олӣ ҷойгир шуда (микориза) дар раванди ба минерал табдилдиҳии моддаҳои органикии таркибӣ иштирок мекунанд.

Мавҷудияти организмҳои автотрофӣ ва гетеротрофӣ ба мубодилаи моддаҳои табии оварда мерасонад. Асоси моддаҳои организмҳои зинда ин сафедаҳо мебошанд. Организмҳои зинда аз ғайри зинда бо он фарқ мекунад, ки организмҳои зинда нафас кашида насл ба вуҷуд меоваранд. Организмҳои ғайризинда ин гуна хусусиятҳоро надоранд.

Қисмҳои асосии ботаника

Ботаника ҳамчун илм ба якчанд қисм ҷудо шуда, ҳар як қисми он вазифаи махсусро иҷро мекунад.

1. Морфологияи растаниҳо – Шакли зоҳирии растаниҳоро меомӯзад. Ин соҳа тағиротҳои алоҳидаеро, ки дар давраи дуру дарози эволютсионӣ олами растаниҳо ба худ мегиранд, меомӯзад. Инчунин вобаста будани тағиротҳои зоҳирии онҳоро ба муҳити зист алоқаманд ва ошкор месозад.

2. Анатомияи растаниҳо – Сохти дарунии узвҳои растаниҳоро омӯхта, ҷиҳатҳои дигаргунии узвҳоро ба муҳити зисти онҳо алоқаманд менамояд. Баъди кашфи асбобҳои оптикӣ ин қисми ботаника рӯ ба инкишоф намуд.

3. Ситологияи растаниҳо – Омӯзиши сохти ҳуҷайрагии растаниҳоро дар бар гирифта сохт, шакл, тарзи ҳаётии ҳуҷайраҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

4. Гисталогияи растаниҳо – Илмест, ки ташаккул вазифаҳо ва сохти

бофтаҳои олами набототро меомӯзад.

5. Эмбриология – инкишоф ва сохти ҷанинии тухмро меомӯзад.

6.Физиологияи растаниҳо – протсессҳои ҳаётию инкишофёбии узвҳои дохилии растаниҳоро меомӯзад. (қадкашӣ, инкишофёбӣ, ғизогирӣ, нафаскашӣ оббухоркунӣ (трапенир), раванди фотосинтез ва ғайра).

7. Экология – алоқа ва паҳншавии олами набототро вобаста ба макони зист ё муҳити атроф меомӯзад.

8. Геоботаника – Сохт, таркиб, инкишоф ва вобастагии растаниҳоро, аз омилҳои экологӣ меомӯзад. Геоботаникаро ҳамчун фитосенология низ ном мебаранд.

9. Географияи растаниҳо – Қонуниятҳои паҳншавию – тақсимшавии растаниҳои рӯи заминро дар замони гузашта ва ҳозира меомӯзад.

10. Палеоботаника – Кофтукови геологии олами наботот ва дарёфти боқимондаи пешгузаштагони растаниҳоро муайян месозад.

11. Систематикаи растаниҳо – таснифоти олами набототро вобаста ба аломатҳои наздикашон ба гурӯҳои махсуси таксономӣ, ҷудо мекунад.

Дар натиҷаи алоқамандии фанни ботаника бо дигар илмҳои кишоварзӣ, навъҳои гуногуни растаниҳо: гандум- 3000 навъ, картошка 2000 навъ, зиёда аз 3000 навъи садбарг ва ғайра, бароварда шудаанд.

Инчунин инсоният имрӯзҳо аз канданиҳои зеризаминӣ ангишт, нафт ва торф васеъ истифода мекунад, ки ин ҳама маҳсули олами наботот мебошанд. Намудҳои гуногуни олами наботот – ҳамчун хуроки асосии чорво, истифода мешаванд. Тарбеда, шалғам, каду, гандум, ҷав, ҷуворӣ ва чигит ва ғайра, ки ген барои боз ҳам фаровон гардии маҳсулоти чорво, ширу гӯшт, тухм, пашм ва ғайраҳо таъсири хуб мерасонад.

Роли ботаника дар пешрафти илми агрономӣ ва чорводорӣ.

Ботаника, илм дар бораи наботот, бо бисёр фанҳои дигар алоқаи зич дошта, барои инкишофи илмҳои махсуси агрономӣ, зироатчигӣ ва ҷангалпарварӣ сарчашмаи аввалин дараҷа ба ҳисоб меравад.

Надонистани илми ботаника ва надонистани илми биология барои тарақиёт ва пешравии илмҳои зикршуда аз имкон берун аст.Ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳамавақт ба таъсири шароити муҳит алоқаманд мебошад. Усулҳои агротехникӣ низ ба замин таъсири калон мерасонанд. (коркарди замин, миқдори зарурии дон барои кишт, нуриҳои минералӣ ва ғайра).

Хусусиятҳои морфологӣ ва биологии зироатҳоро агрономӣ ба назар гирифта шуда, шароити мусоиди нашъунамо фароҳам меорад. Ба назаргирии хусусиятҳои морфо – биологии зироатҳо ва риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ боиси ҳосилнокии хуби олами наботот мегардад.

Растаниҳо организмҳое мебошанд, ки ба шароитҳи табиии тағирёфта, тобовар набуда ба зуди ҳолатҳои инкишофёбии худро вайрон ё дигар месозанд. Хушксолӣ, серобӣ, аз меъёр зиёд истифодашавии нуриҳои минералӣ ё норасоии он, мисоли шароитҳои табиӣ мебошанд.

Хусусиятҳои морфо – биологии растаниҳоро дониста мутахассиси кишоварзӣ – агроном нашъунамои дурустии растаниҳоро ба роҳ мегузорад. Аз ин нуқтаи назар донишҷӯи ДАТ омӯзиши чуқури зироатҳои кишоварзиро аз курси ботаника бояд пурра кунад. Донишҳои ботаникӣ, дар оянда барои омӯзиши фанҳои махсуси соҳаи кишоварзӣ замина фароҳам меоваранд.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи кишоварзӣ бе дониши ботаникӣ пешраванда буда наметавонад. Асоси фанҳои – растанипарварӣ, селексия. сабзавотпарварӣ, зироатчигӣ, хокшиносӣ, микробиология, физиология, истеҳсоли хӯроки чорво ва ғайра, ботаника мебошад.

Соҳаи аграномӣ пешбаранда ва ташаккулдиҳандаи дигар соҳаҳои кишоварзӣ мебошад. Мутахассисони дигар соҳаҳои кишоварзӣ низ бо омӯзиши асосҳои агрономӣ машғул мебошанд.

Растаниҳо бо дигаргунии худ дар ҷараёни хокҳосилшавӣ иштирок карда, таъминкунандаи маводҳои зисти организмҳои зинда ба шумор мераванд. Онҳо заминро аз эрозия муҳофизат карда, оксигени муҳити атрофро ғанӣ мегардонанд. Ичунин масолеҳи хуби сохтмонӣ ва доругӣ буда, пешбарандаи иқтисодиёти ҳар кишвар ба ҳисоб мераванд.

Дар Ҷумҳурии мо ба ривоҷу равнақи ин соҳа аҳамияти ҳаматарафа дода шуда, барои ҳосилнокии онҳо тамоми чораҳо аз тарафи идораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Флораи Тоҷикистон аз ҷиҳати гуногунӣ дар байни флораи ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мақоми дуюмро ишғол мекунад. Миқдори флори ҷумҳуриҳои ҳамсоя чунин аст:

т/р

Флораи ҷумҳурӣ

Миқдори намуд.

Шумораи авлод.

Намудҳои эндемикӣ.

1.

2.

3.

4.

5.

Қазоқистон

Тоҷикистон

Узбекистон

Қирғизистон

Туркманистон

4759

4513

3663

3276

2200

1022

994

880

831

683

550

640

366

321

325

Қайд кардан ба маврид аст, ки миқдори растаниҳои (4513), флораи ҷумҳурии мо ба 116 оила тасниф карда шудааст. Аа байни растаниҳои ёбоии Тоҷикистон қисми зиёд (226 намуд) – и онҳо дар арафаи нестшавӣ қарор дошта, ба китоби “Сурхи Тоҷикистон” дохил шудаанд, ки 27 намудашон растаниҳои дарахтӣ – дулона, бодом, ноки каёнӣ ва ғ.

Аз 87 намуди пиёзҳои худрӯи ҷумҳурӣ 17 намуди онҳо ба ин китоб дохил шудаанд. Олами набототу ҳайвоноте, ки ба ин китоб шомил гаштаанд, ба ғамхорӣ ва муҳофизати умумишаҳрвандӣ эҳтиёҷ доранд.

Дар си ҷилди флораи СССР оиди 18 000 намуди растаниҳои дараҷаи олӣ, ки мансуби 1676 авлод, ва 160 оила мебошанд. Маълумот дода шудааст.Аз ин миқдор 6000 намуд ба кӯҳистони Қавқоз ва ҳамин миқдор ба Осиёи Миёна мансуб аст. Аз ҳама камтар ба ҷазираҳои Таймир 31- намуд рост меояд. Дар биёбонҳои Осиёи Миёна 600 намуди растаниҳои флораи СССР нашъунамо мекунанд.

420
Нет комментариев. Ваш будет первым!