Бофтаи хосилкунанда(Меристема)
Аввлин маротиба таснифи бофтаҳо аз тарафи Линк соли 1801 пешниҳод шуд, ки он дар асоси як аломат – дарзоию паҳноии (прозенхимӣ ва паренхимӣ) ҳуҷайра буд. Баъд аз ин П. Ван Тигем боз тамоми бофтаҳоро ба ду гурӯҳи калон ҷудо намуд: зинда ва мурда. Ӯ чунин меҳисобид, ки бофтаҳои зинда ва мурда вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд.
Аввалин таснифи муфасал оид ба бофтаҳо аз тарафи физиологӣ бузург И. Сакс соли 1868 пешниҳод карда шуд. И. Сакс тамоми бофтаҳои растаниро аз рӯи аломатҳои пайдоиш ба 3 гурӯҳ ҷудо намуд: пӯшиш, гузаронанда ва асосӣ. Таснифи ҳозира дар асосӣ 2 мактаби илмӣ пешниҳод шудааст: якум дар асоси таърихи инкишоф ( А. Дебари, 1871) ва дуюм дар асоси хусусиятҳои морфо-физиологӣ (С. Швенденер ва Г. Габерландт, 1879). Аз ин ҷо тамоми бофтаҳоро аз рӯи хусусиятҳои зеринашон тасниф мекунанд:
- Аз рӯи функсияи физиологӣ;
- Аз рӯи сохти якхела доштанашон (морфологӣ);
- Аз рӯи пайдоиш;
- Аз рӯи ҷойгиршавӣ.
Ҳамаи ин хусусиятҳоро ба назар гирифта бофтаҳоро бо бофтаи ҳосилкунанда (меристамаҳо), пӯшиш, механикӣ, гузаронанда, идғомӣ (ассимилятсионӣ), ҷудокунанда, ҷаббанда, захиракунанда ва аэренхимавӣ ҷудо мешавад.
I. Бофтаҳои ҳосилкунанда (меристемаҳо):
а) меристемаи ибтидоӣ (прокамбий, перисикл)
б) меристемаи дуюм (камбий, фелоген)
- Апикалӣ (нӯгӣ)
- Латералӣ (паҳлӯӣ)
- Интеркалярӣ
- Захмӣ
II. Бофтаҳои пӯшиш:
- Якумин (эпидермис)
- Дуюмин (перидерма)
- Сеюмин (пӯслох)
III. Бофтаҳои механикӣ:
- Колленхима
- Слкеренхима
- Склереидҳо
IV. Бофтаҳои гузаронанда:
- Ксилема
- Флоэма
V. Бофтаҳои ҷудокунанда:
1. Тарашшӯҳи берунӣ
2. Тарашшӯҳи дарунӣ
VI. Бофтаҳои захиракунанда.
VII. Бофтаҳои ҷабанда:
- Ризодерма;
- Веламен;
- Қабати сипарии ҷабанда дар ҷанини хӯшадорҳо;
- Гаусторияи растаниҳои муфтхӯр;
- Гидропотҳо;
VIII. Бофтаҳои ассимилятсионӣ.
IХ. Бофтаҳои аэренхимавӣ.
Бофтаҳое, ки аз элементҳои шаклан гуногунсохт ва функсияи гуногунро иҷро мекунанд, бофтаҳои мураккаб мебошанд. Бофтаҳое, ки аз элементҳои шаклан якхела ва функсияи ягонаро иҷро мекунанд, бофтаҳои содда мебошанд. Ғайр аз ин бофтаҳоро ба меристемавӣ (бофтаҳои ҳосилкунанда) ва доимӣ (пӯшиш, гузаронанда ва асосӣ) ҷудо мекунанд.
Алоқа байни ҳуҷайраҳо метавонад гуногун шавад. Агар ҳуҷайра зинда бошад алоқа тавассути плазмодесмаҳо; агар мурда бошад дар байни онҳо танҳо алоқаи механикӣ вуҷуд дорад ва ин алоқа низ алоқаи бофтагӣ аст.
Бофтаи ҳосилкунанда ё меристема гурӯҳи ҳуҷайраҳои ҷавони доимо тақсимшаванда буда, бофтаҳои дигарро ҳосил мекунанд. Як қисми ҳуҷайраҳои тақсимшуда доимо хусусияти меристемиашонро нигоҳ дошта, қисми зиёдашон ба бофтаи доимӣ табдил меёбанд. Ин ҳуҷайраҳо дар узвҳои гуногуни расиш ҷойгиранд: нуқтаи сабзиши реша, поя ва ғ.
Меристемаҳо метавонанд муддати дуру дароз то охири ҳаёти растанӣ тақсим шаванд. Чунки онҳо дорои ҳуҷайраҳои инисиалӣ яъне ҳуҷайраҳое, ки хусусияти беохир таксимшавӣ доранд мебошанл.
Меристема аз рӯи пайдоиш якум ва дуюм мешавад. Меристемаи якум аз зигота ба вуҷуд меояд. Меристемаи дуюм бошад, дар растании ташаккулёфта дар натиҷаи ҳолати ғайритафриқии бофтаи асосӣ ҳосил мешавад.
Вобаста ба ҷойгиршавӣ дар танаи растанӣ меристемаро ба нӯгӣ, иловагӣ (ҳар дуяш ҳам якум аст) ва паҳлӯӣ ҷудо мекунанд. Меристемаи паҳлӯӣ якум ва дуюм мешавад Меристемаи нӯгӣ дар нуқтаҳои сабзиши поя ва реша ҷойгир мешавад
Қадкашии растанӣ аз сабзиши меристемаи нӯгӣ вобаста аст. Меристемаи нӯги мураккаб ва гуногун мебошад. Меристемаи нӯгии реша, барг ва шохаҳои паҳлӯи ҳосил намекунад ва хусусияти эндогенӣ дорад. Меристемаи нӯгии поя бошад, хусусияти экзогенӣ дорад ва дар он барг ва навдаҳои паҳлӯӣ ҳосил мешавад.
Ҳуҷайраҳои берунии нуқтаи сабзиш нисбат ба танаи рустанӣ амудӣ (перпендикуляр) тақсим шуда, қабат ҳосил мекунад, ки ин қабат туника номида мешавад. Ҳуҷайраҳои зери туника ба қаду бар тақсим шуда, колбадро (корпусро) ҳосил мекунанд. Аз колбад бофтаи дарунӣ ҳосил мешавад.
Меристемаи интеркалярӣ боқимондаи меристемаи нӯгӣ буда, дар байни бофтаи доимӣ, хусусан дар асоси баргҳои навруста ва байни буғумҳо ҷойгир мешавад. Тамоми навдаҳои нашвӣ инкишофи интеркалиярӣ доранд. Ин ҳодиса дар байни олами наботот хеле паҳншуда мебошанд.
Ба меристемаи паҳлӯи прокамбий, камбий ва феллоген дохил мешаванд. Прокамбий меристемаи якум буда, давоми меристемаи нӯгӣ аст ва бофтаи аввалини гузаронандаро ҳосил мекунад. Дар натиҷаи фаъолияти ҳуҷайраҳои меристемаи паҳлӯӣ узвҳо ғафс мешаванд. Меристемаи паҳлӯиро камбия низ мегӯянд.
Меристемаи захмӣ метавонад дар он қисми растанӣ, ки зарба дидааст пайдо шавад. Онҳо аз ҳуҷайраҳои зиндаи гуногуни бофтаҳои паренхимавӣ пайдо мешаванд.
Камбий меристемаи дуюм аст ва аз бофтаи доимӣ ҳосил шуда, бофтаи гузаронандаи дуюмро ба вуҷуд меорад. Дар натиҷаи рушди камбий рустанӣ ғафс мешавад.
Феллоген (камбии пӯк) меристемаи дуюм буда, аз ҳуҷайраҳои берунии узви рустанӣ ба вуҷуд меояд. Аз он бофтаи пӯшиши дуюмин, рӯпӯст ва пӯстлох ҳосил мешавад.
БОФТАҲОИ АССИМИЛЯТСИОНӢ
Вазифаи асосии бофтаи ассимилятсионӣ ин фотосинтез мебошад. Маҳз дар ҳамин бофтаҳо моддаҳои органикӣ синтез шуда, энергия захира мешавад. Протсеси фотосинтез яке аз хосиятҳои муҳими биосфера ба шумор рафта онро барои ҳаёт коршоям мекунад.
Бофтаҳои ассимилятсионӣ сохти содда дошта ва аз ҳуҷайраҳои якхелаи тунукдевор иборатанд. Ҳуҷайраҳояш дорои миқдори зиёди хлоропластҳо мебошанд. Аз ин ҷо баъзан ин бофтаҳоро хлоронхима меноманд. Хлоропластҳо одатан якқабата дар зери девори ҳуҷайра ҷойгиранд. Дар зери таъсири рӯшноӣ ва мубодилаи газҳо хлоропластҳо бо осони ҳаракат мекунанд (ин ҳодисаро дар барги турчаи обӣ дидан мумкин аст). Дар вақти қабат гузоштани ҷилд калоншавии қисми болои девори ситоплазма ва зиёдшавии миқдори хлоропластҳо ба амал меояд. Чихеле ки мушоҳидаҳо бо микроскопии электронӣ ва ҳисобҳои математики нишон медиҳанд дар ҳуҷайраи рушткунандаи ин бофтаҳо миқдори хромосомаҳо 5 маротиба зиёд мешавад. Ҳаҷми умумии хлоропластҳо 70-80%-ро ташкил мекунанд. Агар дар ҳуҷайраҳои рушткунандаи бофтаҳои ассимилятсионии тамоми растаниҳо хлоропластҳо дар мудати 5-10 рӯз пайдо шаванд давомнокии мавҷудият ва пиршавӣ метавонад аз як чанд ҳафта (дар растаниҳои алафӣ ва дарахтони баргрез) то як чанд сол (растаниҳои ҳамешасабз) давом ёбад. Бофтаҳои ассимилятсионӣ дар танаи растанӣ дар зери эпидермиси барг ва навдаҳои ҷавон ҷойгир мешаванд, ки он барои мубодилаи газҳо ва рушноӣ мувофиқ кунонида шудааст. Дар хлоренхима масофаи калони байниҳуҷайрагӣ мавҷуд аст, ки он гардиши газҳоро таъмин менамояд. Хоренхима аз мағзи эпидермис гузашта ба баргу пояҳои ҷавон ранги сабз мебахшад. Дар баъзе мавридҳо хлоренхима метавонад чуқуртар дар зери бофтаҳои механикӣ ва гирдоггирди банчаҳои гузаронанда ҷойгир шавад. Дар инҷо қайд кардан мумкин аст, ки вазифаи асосии он ситези ангиштобҳо набуда, балки ҷудокунии оксиген барои раванди фотосинтез мебошад. Ин оксиген барои нафаскашии бофтаҳои дохилии поя, дар мадди аввал ҳуҷайраҳои зинда ва банчаҳои гузаронанда истифода мешавад. Онҳо оксигенро ҳамчун энергия барои мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд. Хлоренхимаро дар мева, гулҳо ва дар баъзе мавридҳо дар реша низ вохӯрдан мумкин аст (решаҳои ҳавоӣ ва решаи растаниҳои обӣ).
БОФТАҲОИ ЗАХИРАКУНАНДА
Моддаҳое, ки растани синтез ва аз берун мегирад метавонанд дар шакли захира тарҳрез шаванд. Тамоми ҳуҷайраҳои зинда қобилияти захира намудани моддаҳоро доранд. Дар он вақт дар бораи бофтаи захиравӣ сухан гуфтан чоиз аст, ки вазифаи захирашавӣ дар мадди аввал меистад. Бофтаҳои захиравӣ дар тамоми растаниҳо ва узвҳои гуногуни онҳо дида мешаванд. Онҳо дар тухм гузошта мешаванд, ки дар оянда аз он ҷанин барои инкишофи худ ғизо мегирад. Дар растаниҳои эфимерӣ ин он қадар маълум нест, чунки давраи нашвашон ниҳоят кӯтоҳ аст. Дар растаниҳои бисёрсола он дар реша, поя ва инчунин дар узвҳои махсуси шаклдигаркадаашон (метаморфоз) вомехӯранд. Бофтаҳои захиравӣ аз ҳуҷайрахои зиндаи паренхимӣ иборатанд. Моддаҳо дар ду шакл: сахт ва моеъ захира мешаванд. Дар шакли сахт донаҳои оҳар ва сафеда захира мешаванд. Дар базе растаниҳо роли захиравиро гемиселлюлозаи таркиби ҷилд мебозад. Мисол дар тухми дарахти нахли хурмо он захира шуда, ҳангоми сабзиши тухм дар зери таъсири ферментҳо ба қанд табдил меёбад. Дар ҳолати моеъ бошад қанд дар бехмеваи лаблабу, сабзӣ, пиёзаки пиёз, дар пояи найшакар, меваи ангур, тарбуз ва ғ дида мешавад. Баъзе растаниҳои дигар қобилияти нигҳдоштани обро доранд.
БОФТАИ АЭРЕНХИМАВӢ
Дар тамоми узв ва бофтаҳои растанӣ ҳуҷайраҳои паренхимӣ роҳҳои ҳавогузарро ба вуҷуд меоранд. Тавассути онҳо ҳаво ба он қисмҳои растанӣ, ки ҳавои атмосфериро гирифтан наметавонанд, бурда мерасонад. Чунин системаи ҳавогузарони ҳуҷайраҳои паренхимиро аэренхима меноманд. Ин ҳуҷайраҳо тавассути масомаҳои бофтаҳои пӯшиш бо атмосфераи муҳит алоқаманд мешаванд. Таркиби газҳои байниҳуҷайравӣ аз газҳои атмосфера фарқ мекунад, чунки ҳуҷайраҳо дар раванди фаъолияти худ (фотосинтез, нафаскашӣ ва транспиратсия) ба дохили ҳуҷайра дигар газҳоро хориҷ намуда, аз берун газҳои дигарро фурӯ мебарад.
БОФТАИ ПӮШИШИ ЯКУМ (ПӮСТПАРДА) ЭПИДЕРМИС
Бофтаи пӯшиш тамоми узвҳои рустаниро пӯшонида, онро аз бухоршавии зиёди об, гармою сармои номӯътадил, воридшавии микроорганизмҳо ва таъсири дигар омилҳои номусоиди беруна муҳофизат мекунад. Бофтаи пӯшишро ба якумин – пӯстпарда (эпидерма) ва дуюмин – рӯпӯст (перидерма) ва пӯстлох ҷудо мекунад. пӯстпарда дар қабати берунии ҳуҷайраҳои нуқтаи сабзиши тана (туника) ҳосил мешавад. Баргу навдаҳои навруста бо пӯстпарда пӯшида шудаанд ва дар оянда он бо рӯпӯст ва пӯслох иваз мешаванд.
Пӯстпарда дар раванди эволютсия хеле барвақт ҳангоми ба хушкӣ мутобиқ шудани растаниҳо пайдо шудааст. Ҳуҷайраҳои пӯстпарда ниҳоят зич ҷойгир шудаанд. Пӯстпарда дар шароити номусоид ба растанӣ имконият медиҳад, ки обро мӯътадил бухор карда, алоқаашро бо муҳити беруна мувофиқ гардонад. Вазифаи асосии пӯстпарда ин мубодилаи газҳо ва транспиратсия мебошад. Ғайр аз ин вазифаҳо пӯстпарда боз ҳуҷайраҳои дохилиро аз воридшавии микроорганизмҳои касалиангез ва таъсиротҳои механикӣ муҳофизат карда ба он устуворӣ мебахшад. Тавасути пӯстпарда ба берун равғанҳои эфирӣ, об ва намакҳо хориҷ мегарданд. Эпидерма метавонад инчунин вазифаи ҷаббишро иҷро кунад. Пӯстпарда аз ҳуҷайраҳои рушдкунандаи ноҳамвор иборат буда, ситоплазмааш ба ҷилди ҳуҷайра пайваста ҷойгир мешавад. Ҷилди берунии ҳуҷайра бағоят ғафс аст ва онро кутикула меноманд. Дохилиаш аз селлюлоза ва моддаҳои пектинӣ иборат аст.
Вазифаи ҳифзи пӯстро мӯякҳо, пӯста (кутикула) ва пӯшиши ҳалолати (восковой налёт) зиёд мекунанд.
Мӯякчаҳо ҳиҷобӣ ва ғадудӣ мешаванд. Мӯякчаҳои ҳиҷобӣ чун узви пӯшиш дар атрофии барг барои рустанӣ шароити мӯътадил ба вуҷуд меоранду мӯякчаҳои ғадудӣ ба муҳити атроф омилҳои ҳаётан муҳими растаниро ба монанди: об, равғани эфир ва ғайраро ҷудо мекунанд. Мӯякчаҳо якҳуҷайравию бисёрҳуҷайравӣ, муқаррарӣ ва шоханок мешаванд.
Пӯста (кутикула) қабати моддаҳои мумшакл буда, ба баргҳо имконият намедиҳад, ки аз меъёр зиёд обро бухор кунанд.
Пӯшиши ҳалолатӣ чун пӯста мубодилаи обро ба тартибу низом меорад ва фарқаш аз пӯста дар он аст, ки онро бо осонӣ соф кардан мумкин аст.
Дар пӯстпарда вазифаи мубодилаи ҳаво ва обро даҳонча иҷро мекунад.
Даҳонча аз қисмҳои зерин иборат аст: 1) ҳуҷайраҳои иловагии атрофии даҳонча;) 2) ду ҳуҷайраи қулфаки лубёшакл ва хлорофиллноки ҷилдашон ба дараҷаи нобаробар ғафс; 3) тарқиши даҳонча; 4) ковокии ҳаводаро.
Тарқишҳои ҳуҷайраҳои қулфаки даҳонча кушода ва пӯшида шуда, оббухоркунӣ ва мубодилаи газҳоро ба танзим медарорад. Механизми ҳаракати ҳуҷайраҳои қулфак бо ғафсии нобаробари ҷилди ҳуҷайраҳои он вобаста аст, чунки ҷилди атрофи тарқиши даҳонча нисбат ба дигар қисмҳои ҷилди ҳуҷайра ғафстар мебошад. Ҳуҷайраҳои қулфак дар вақти кушода будан аз ҳисоби ҷаббиши ионҳои калийгӣ ва оби ҳуҷайраҳои атрофаш ҳаҷман калон мешаванд, ки ин ба баландшавии фишори осмосӣ дар ҳуҷайра оварда мерасонад Агар даҳонча маҳкам бошад, ионҳои калий суст ворид мешаванд. Ин онро нишон медиҳад, ки бо ҷараёни ғилзати ионҳои калий об ҳам аз ҳуҷайраҳои қулфак хориҷ мешавад ва дар натиҷа он ҳаҷман хурд шуда даҳонча маҳкам мешавад. Дар ҳуҷайраҳои қулфак митохондрия ва хлоропластҳо зиёданд. Митохондрияҳо манбаи энергиянд. Хлоропластҳо маҳз барои онҳо ангиштобҳоро синтез мекунанд.
Миқдор ва паҳншавии даҳонча вобаста аз намуди растанӣ ва шароити муҳит метавонад тағйир ёбад. Дар растаниҳои марғзор, ҷангал ва маданӣ миқдораш аз 100 то 700 дар 1мм2 –ро ташкил медиҳад.
БОФТАИ ПӮШИШИ ДУЮМИН (рӯпӯст ва пӯстлох)
Бофтаи пӯшиши якумин пӯстпарда, барг ва навдаҳои наврустаро мепӯшонад. Пояи асосии растаниҳои алафии бисёрсола, навдаи дарахт, навдаи зеризаминӣ ва қисмҳои кӯҳнаи бисёрсолаи решаро бофтаи пӯшиши мураккаби бисёрқабата – рӯпӯст (перидерма) мепӯшонад, ки он бофтаи пӯшиши якум пӯспардаро иваз мекунад. Рӯпуст аз маҷмуи ҳуҷайраҳое, ки сохт ва функсияҳои гуногунро дороанд, иборат аст. Ин ҳуҷайраҳо: феллема (пӯк) вазифаи муҳофизатӣ; феллоген (камбияи пӯкӣ) аз ҳисоби фаъолияти ин ҳуҷайраҳо перидерма мудати дуру дароз ғафс мешавад; феллодерма вазифаи ғизогириро иҷро мекунад.
Рӯпӯст аз феллоген ҳосил мешавад. Дар қисми зиёди дарахтон ва буттаҳо феллоген дар навдаҳои яксола дар мобайни фасли тобистон пайдо шудаанд. Рӯпуст ҳангоми тақсимшавии тангенталии ҳуҷайраҳои пӯстпарда ба вуҷуд меояд (мисол дар бед). Баъзан феллоген дар қабати зери эпидермис (марҷондарахт) ва қабатҳои чуқуртари пӯслох (малина ва смородина) пайдо мешавад. Ҳуҷайраҳои феллоген (камбии пӯк) якчанд маротиба тақсим шуда, қисми беруниаш пӯк шуда, аз рушд мемонад. Пӯкро феллема меноманд. Вазифаи асосии пӯк аз зиёд бухоршавии об, аз сармою гармо, воридшавии микроорганизмҳо ва дигар таъсироти муҳит муҳофизат намудани растанӣ аст. Қисми ками ҳуҷайраҳои феллоген ба дарун ҷудо мешаванд. Онҳо рушд карда, феллогенро бо моддаҳои ғизои таъмин менамоянд. Чунин ҳуҷайраҳо феллодерма номида мешаванд. Ҳуҷайраҳои он зинда монда, вазифаи ғизоии феллогенро иҷро мекунанд. Баъзан феллоген яктарафа фаъолият намуда ба берун феллемаро дода, аммо феллодерма якқабата мемонад (марҷондарахт). Ҳангоми пайдошавии феллема ранги сабзи навдаҳо хокистарӣ мешавад.
Ҳуҷайраҳои зиндаи зери перидерма мӯхтоҷи алоқа ва мубодилаи газҳо бо муҳит мебошанд. Чунин алоқаи растанӣ бо муҳити берун тавассути адасакҳо (масомаҳои газгузар) ба амал меояд. Дар болои навдаҳои ҷавони дарахтону буттаҳо лӯндачаҳои хурд дида мешаванд. Агар мо онҳоро кундаланг бурем мебинем, ки онҳо аз ҳуҷайраҳои паренхимавии рушдкунандаи лӯнда ва пароканда иборатаанд. Дар мобайни ҳуҷайраҳои ин бофта газҳо давр мезананд. Адасак аз кандашавӣ ва рахнашавии пӯк ҳосил мешавад. Дар адасак ҳуҷайраҳои паренхимавии рушдкунанда воқеъ гардидаанд.
Дар адасакҳо мубодилаи газ аз зиёд будани масофаи байниҳуҷайравии паренхимавӣ ба амал меояд. Умуман, ҳамаи ҳуҷайраҳои паренхимавии адасакҳо бофтаи пуркунанда номида мешаванд. Баробари фарорасии зимистон дар натиҷаи рушд ва ғафсшавии бофтаи пуркунанда қабати ҳуҷайраҳои пӯк ҳосил шуда, сӯрохии адасакро мепӯшонанд. Дар баҳор дар зери фишори ҳуҷайраҳои наврушдкунанда қабати пӯка канда шуда, рахна мешавад ва адасак алоқаашро бо муҳити атроф барқарор менамояд. Мисол ҳангоми баҳорон бо плёнкаи полиэтиленӣ пӯшонидани навдаи бешоху барг, дар муқобили ҳар як адасак аз конденсатсияи буғи оби аз адасак баромадагӣ қатраи об пайдо мешавад.
Дар аксари дарахтон ба ҷойи рӯпӯсти нисбатан суфта пӯстлохи кафида пайдо мешавад. Дар дарахти себ он дар сини 6-8, дар хаданг баъди 50 сол пайдо мешавад. Тавассути чунин раванд ҳуҷайраҳои сабзандаи дар байни ин қабатҳо нобуд мешаванд. Ҳамин тавр пӯстлох аз қабатҳои пай дар пайи пӯк ва дигар бофтаҳои нобутшудаи пӯслох иборат аст. Онҳои маҷмӯи бофтаҳое мебошанд, ки таркиби мураккаби гистологӣ доранд. Бофтаҳои мурдаи пӯслоҳ қобилияти ёзиданро надоранд, чунки ба танаи ғафсгардида вобастагӣ дорад. Дар оянда дар поя тарқишҳо пайдо шуда, аммо то чуқурии бофтаҳои зинда рафта намерасад. Ҳудуди перидерма ва пӯстлохи беруна баробари пайдоиши ин тарқиш маълум мегардад. Ин ҳудуд дар дарахти тӯс хеле хуб намудор аст.
Пӯстлохи ғафси ҳосилшуда танаи дарахтро аз захмдоршавии механикӣ, сӯхтор ва якбора тағйирёбии ҳарорати хеле гарм ё хунук муҳофизат мекунад.
Пӯстлох ҳалқашакл ва пулакчашакл мешавад. Агар феллоген ба танаи дарахт ҳалқавор ҷойгир шуда бошад. Пӯстлохи ҳалқашакл ва чун сафҳа алоҳида-алоҳида ҷойгиршуда бошад, пулакчашакл номида мешавад. Танаи бута ё дарахти пӯстлохашон пулакчашакл сӯрох-сӯрох ба назар менамоянд. Баъзе дарахтон пӯстлох надоранд. Масалан, танаи сафедор ва ғубайро ҳамеша рӯпӯст пӯшидааст.
БОФТАИ МЕХАНИКӢ
Дар обсабзҳо вазифаи скелетро ҷилди ҳуҷайра иҷро мекунад.
Дар растанҳои дараҷаи олӣ бофтаҳои гуногуни механикӣ ҳосил мешаванд. Дар якҷоягӣ бо дигар бофтаҳо онҳо каркас – арматураи растаниро ташкил медиҳанд. Онҳо имконият медиҳанд, ки растанӣ ба таъсироти механикӣ – шамол, борон, раъду барқ ва пурбории худ тоб орад. Бофтаи механикӣ се хел – склеренхимавӣ, колленхимавӣ ва склереидӣ мешавад.
Склеренхима бофтаи асосии механикӣ аст, ки одатан ҷилди ҳуҷайраҳояш ба чӯб табдил ёфта, аз расиш мемонанд. Ҳуҷайраҳои склеренхима прозенхимавианд (дарозии ҳуҷайра аз бараш даҳҳо ва ҳатто садҳо маротиба зиёд аст). Аз ин рӯ, ҳуҷайраҳои склеренхимавиро нах ҳам меноманд. Склеренхима асосан дар поя, реша ва қисми дар таркиби бандчаҳои гузаронанда вуҷуд дорад. Склеренхимаи флоэмаро нахи лифӣ меноманд. Нахи лифӣ чандир ва ёзанда мешавад.
Склереидҳо ҳуҷайраҳои аз рушд мондаи ғафсанд. Аз склеренхима бо ҳуҷайраҳои лӯнда (ҳуҷайраҳои сангин-брахисклереидҳо) ва сершоха (астросклереидҳо) ё ки бо сохт дигари доштаашон фарқ мекунанд. Чунин склереидҳо дар пӯчоқи чормағз, донак ва қисми нарми баъзе меваҳои тари нок, биҳӣ ва ғайра мавҷуданд.
Колленхима ҳуҷайраҳои паренхимавии рушдкунанда аст. ҷилди ҳуҷайрааш кам ғафс мешавад. Аз ин рӯ, протопласти ҳуҷайрааш рушдкунанда буда, хлоропласт низ дорад. Колленхима дар зери пӯстпардаи тана ва баргпоя ҷойгир шуда, ба онҳо ранги сабз мебахшад. Он узви механикӣ ва идғомӣ буда, бо сохти ғафсшавии ҷилди ҳуҷайраҳояш се хел – кунҷӣ, сафҳавӣ ва ковок мешавад.
Дар колленхимаи кунҷӣ ҷилди ҳуҷайраю дар колленхимаи сафҳавӣ танҳо ду тарафи амудии ҷилди ҳуҷайра ё ки тарафи уфуқии ҳуҷайра ғафс мешавад.
Дар колленхимаи ковок масоҳати байни ҳуҷайраҳо нағз наъшунамо ёфтааст. Дар он ҷилди ҳучайрае, ки бо масоҳати байни ҳуҷайравӣ ҳамшафат аст, ғафс мешавад.
БОФТАИ ГУЗАРОНАНДА.
Дар растанӣ моддаҳо бо ҷараёни болораванда ва поёнфароянда ҳаракат мекунанд. Бо ҷараёни болораванда об ва моддаҳои маъданӣ аз реша ба барг тавассути ксилема – (чӯб) – бардошта мешаванд. Бо ҷараёни поёнфароянда, моддаҳои органикӣ маҳлулшуда дар раванди фотосинтез ҳосилшуда аз барг ба реша тавассути флоэма мефароянд.
Ксилема аз унсурҳои гузаронанда – трахея (найча) ва трахеидҳо; бофтаҳои механикӣ-нахҳои склеренхимавӣ ё чӯбин, ки вазифаи такягоҳро иҷро мекунанд ва паренхимаи чӯбин, ки дар он моддаҳои ғизоӣ захира мешаванд, иборат аст.
Трахеидҳо ҳуҷайраҳои прозенхимавианд ва рушд намекунанд. Ҷилдашон ғафси чӯбин аст ва алоқаашон тавассути масомаҳо ба амал меояд. Трахеидҳо дарунхолианд. Дарозиашон аз якчанд сантиметр то 1-2 ва баъзан дар печактанаҳо то 3 м аст. Найчаҳо аз қатори амудӣ ҷойгиршудаи ҳуҷайраҳои паренхимавӣ ҳосил мешаванд. Дар байни онҳо ҷилдҳо ба арз сӯрох мешаванд ва ҷилдҳои боқимонда канораҳои сӯрохнок ҳосил мекунанд. Протопласти ин ҳуҷайраҳо нобуд мешаванд. Ҳуҷайраҳои найча ҳосилкунандаро ҳуҷайраҳои буғумофер (членик) меноманд.
Вобаста ба ғафсшавии ҷилди ҳуҷа