Вазифаҳои асосии баҳисобгирии буҷетӣ

– ташкили пурра ва боэътимоди ахбор дар бораи фаъолияти ташкилот ва ҳолати амволи вай, истифодабарандаи дохилӣ, ҳисоботи бухгалтерии роҳбар, муассисон] иштирокчиён, инчунин истифодабарандагони берунӣ Амаблағгузорон, қарздиҳандагон ва дигар истифодабарандагони ҳисоби бухгалтерӣ;

– таъмини ахбори зарурй ба истифодабарандагони дохилӣ ва берунии хисоботи бухгалтерй барои назорат аз болои риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вӯҷудоии амалиётҳои хоҷагидории ташкилот ва мувофиқи мақсад будани онҳо, микдор ва ҳаракати амвол ва ӯхдадорӣ, истифо-дабарии захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявӣ;

– пешгирии натиҷахои манфии фаъолияти хоҷагидории ташкилот, нишон додани захираҳои дохилии хоҷагӣ ва таъмини устувори молиявӣ.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар ташкилотҳои буҷетй хусусияти махсус дорад. Ба ин хусусиятҳо мансубанд:

– назорати иҷроиши харҷномаи хароҷотҳо;

– дар вақти баҳисобгирӣ ҷудо кардани хароҷотҳои

ҳақиқӣ ва хазинавӣ;

– гузаштан ба системаи хазинадории иҷроиши буҷет;

– хусусиятҳои соҳавии баҳисобгирй дар ташкилотҳои буҷавӣ (тандурустй, маориф, илм ва ғайра).

Ҳуҷҷатҳои асосии меъёрии муайянкунандаи асосҳои методологии тартиби такмил ва пешбурди бахисобгирии бухгалтерӣ дар ташкилотхои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Қонун «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ», с. 1999

2. Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004

4. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002

5. Дастурамал дар бораи сиёсати баҳисобгирии корхонаҳо, с. 1999 (бо фармони Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, №135).

6. Дастурамал оид ба пешбурди бахисобгирии муҳосибӣдар муассисаҳои буҷетӣ. Душанбе, 2010 (ба фармони

Вазири молия тасдиқ шудааст аз 26.12.2000 № 157).

Аз ҳуҷҷатҳои меъёрии дар боло зикршуда, муҳим ин Қонун«Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» ва Дастурамал дар бораи сиёсати бахисобгирӣ дар корхонаҳо, дастурамал оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣдар муассисаҳои буҷегӣ(№154 26.12.2000) баҳисоб мараванд.

Дар Қонун «Дар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ» моҳияти баҳисобгирии бухгалтерӣ, вазифаҳои вай, қоидаҳои асосии пешбурди он, баҳодиҳии амвол ва ӯҳдадорӣ, таркиби ҳисоботи бухгалтерӣ, тартиб ва мӯҳдати пешниҳоди он, мафҳумҳои асосӣдар бораи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисобот (дар бораи ҳисобҳо навишти дугона ва ғ.) нишон додашудааст;

Қоидаҳо (принсипҳо)-и асосии баҳисобгирии бухгалтерӣ

Қоидаҳои асосии пеш бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ дар Қонун «Дар бораи баҳисобгирии бухгнлтсрӣ» чунин муйян карда шудааст:

1. Ҳатми будани навишти дугонаи амалиётҳои хочагӣ дарНақшаи ҳисобҳо, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

2. Дар баҳисобгирии бухгалтерии хароҷотҳои ҷорӣ барои, истеҳсоли маҳсулот, корҳои иҷрошуда ва хизматҳои расонидашуда аз хароҷоти ба гузоштани сармоя алоқаманд буда, алоҳида ба амал меояд.

3.Ҳатмӣ будани ҳуҷҷатикунонии амалиётҳои хоҷагӣ. Хуҷҷатҳои ибтидоӣ бояд дар вақти бавуҷуд омадани ималиёт ё ин ки дарҳол баъди ба анҷом расидани амалиёти хоҷагӣ тартиб дода шаванд.

4. Барои батартибдарорӣ ва ҷамъоварии маълумоте, ки дар ҳуҷҷатҳои бахисобгирӣнигоҳ дошта мешаванд, фехристҳои бахисобгирӣ, шаклҳо, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудаанд, истифода бурда мешаванд.

5. Ҳатмй будани гузаронидани барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳо.

Баҳодиҳии амвол ва уҳдадориҳо

Баҳодиҳӣ, инъикоси амвол ва ӯҳдадориҳои ташкилот дар бахисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи бухгалтерӣ дар шакли пул ифода меёбад.

Ба таркиби хароҷотҳои ҳакиқии баамаломада дохил мешавад: хароҷотҳо барои харидани (ба даст овардани) молу мулк, подошҳои комиссионӣ, боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳо, хароҷотҳо барои боркашонӣ, нигохдорӣва бурда расонидани молу амвол ва ғ.

Амвол ва ӯхдадориҳои хоҷагӣбояд ҳатман ба ифодаипулӣ баҳо дода шаванд. Баҳо ба маҷмӯи хароҷотҳои ҳақиқии истеҳсолӣ бо ифодаи асъор аз рӯи зарурият дода мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад пули миллӣ (сомонӣ) истифода бурда мешавад.

Истифода бурдани шакли дигари баҳодиҳӣ танҳо дар ҳолати зарурӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии танзимгар дар бораи ҷорӣ намудани баҳисобгирӣ пешбинӣ карда шудааст, иҷозат дода мешавад Сабткунӣ дар бахисобгирӣ аз рӯи хисобҳои асъори корхона ва аз рӯи амалиётҳои онҳо бо арзи хориҷӣ, инчунин бо арзидар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳҳои ҳисоб кардан ба пули тоҷикӣдар Бонки миллии Тоҷикистон, аз рӯи қурби он дар рӯзи гузаронидани амалиёт ҳисоб карда мешавад.

Ҳуҷҷаткунонии амалиётхои хоҷагӣ

Хуҷҷати бухгалтерӣ шаҳодатномаи хаттӣ буда амалиётхои дар хоҷагӣ баамаломада дар он инъикос меёбад ва бо имзои шахсони маъсул тасдиқ карда мешавад. Ҳамин тавр, ҳуҷчати бухгалтерӣ – дилхоҳ паҳнкунандаи ахбор ма бошад, ки бо ёрии он бақайдгарии ибтидоии амалиётҳои хоҷагӣ гузаронида мешавад. Ба воситаи ҳуҷҷатҳон бухгалтерӣ ҳамаи амалиётҳои хоҷагӣ ба расмият дароварда мешаванд. Ин баҳисобгирии пай дар пай ва пурраи ҳамаи объектҳои баҳисобгарӣ; асосноккунии ҳуқукии қайдҳон бухгалтерӣ; истифодабарии ҳуҷҷатҳо барои назорати фаври ва ҷории фаъолияти хоҷагидории ташкилот; назорат аз болои ҳифз намудани молу мулк; устуворгардонии

қонунгузорӣ; мақсаднок ва қонуни будани ҳар як амалиёти хоҷагиро ҳангомитафтишоти ҳуччатҳо таъмин менамояд.

Шакл ва мушаххасоти ҳуҷҷатҳо

Шакли ҳуҷҷат мачмӯи нишондиҳандаҳо ваҷойгиршавии онҳоро дар хуҷҷатҳо муайян менамояд. Номгӯи нишондиҳандаҳо ва микдори онҳо дар ҳуҷҷатҳо, асосан аз мазмуни амалиётҳои бавучудомадаи хоҷагӣ нобастагӣ дорад. Мушаххасот барои ҳар як ҳуҷҷат асос ба ҳисоб меравад. Онҳо мазмуни амалиётҳои ба вуҷуд омадаро муайян менамоянд. Ба чунин мушаххасот дохиланд: номи ҳуҷҷат, рамзи шакл, санаи тартибдиҳӣ, номи ташкилот, мазмуни амалиёти хоҷагӣ, ченакҳои амалиётҳои хоҷагӣ (бо ифодаи пулӣ ва аслӣ), имзои шахсони муайяншуда.

Дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои бухгалтери, ки бо ичроиши ^,lpҷнoмaи даромад ва ҳароҷотҳо аз рӯи маблағҳои буҷетӣ ии маблағҳое, ки аз фондҳои ғайрибучетӣ гирифта шудаанд, роҳбари таппсилот ва сармуҳосиб имзо мегузоранд.

Тарзҳои тартибдиҳӣ ва коркарди ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳоро бояд дар намунаҳо ва шаклҳои муайяншуда бо пуркунии ҳамаи мушаххасот тартиб дод, Агар баъзе мушаххасот пур карда нашуда бошанд, дар ҷойи холигӣ онроқайд кардан зарур аст.

Дар ҳуҷҷатҳо қайдҳо ба воситаи қалами кимиёзӣ, ручкаҳои шариқдор, ё ин ки ба воситаи мошинаҳои чопкунӣ ва восиоситаҳои худкор истифода мешавад. Дар ҳуҷчатҳои пули бошад маблағро бо рақам ва бо ҳарф нишон медиҳанд. Ҳуҷчатҳо бояд бо диққат тартиб дода шавад, матн ва рақамҳо дуруст ва фаҳмо навишта шуда бошад. Агар дар магн ё рақами ҳуҷҷат ба хатоӣ роҳ дода шуда бошад, онро бояд ислоҳ кард (тавреислоҳ кард, ки навишти пештара хонда шавад), навишти дурустро дар болояш қайд кард ва якбора сабаби ислоҳкуниро қайд намуда, шахси ислоҳкунанда имзои худро дар ҳуҷҷат мегузорад.

Дар баъзе ҳучҷатҳо масалан, ҳуҷҷатҳои хазинавӣ ва бонкӣ ислоҳи хатоиҳо манъ карда шудааст.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ба бухгалтерия воридгардида ҳатман чӣ аз рӯи шакли дурусти пуркунӣ ва чӣ аз рӯи мазмун таф-тиш карда мешаванд.

Ҳамаи ҳучҷатҳои бухгалтерии тафтишкардашуда кор-карди бухгалтерӣ гузаронида мешаванд, ки дар натиҷаи коркард баҳогузорӣ, гурӯҳбандӣ ва аломатгузории онҳо му-айян карда мешавад.

Дар зери мафҳуми баҳогузории ҳуҷҷатҳо баҳои пулии дар ҳуҷҷатҳои молу масолеҳи қимматбаҳо нишон дода шуда фаҳмида мешавад.

Гурӯҳбандӣ – ин ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои якхела дар як бандча (даста) мебошад.

Ҳуҷҷаххои истифодашуда ба бойгонӣ супорида мешавад. Роҳе, ки ҳучҷати бугхалтерӣ аз лаҳзаи тартибдихд то супори-дан ба бойгонӣ тай мекунад, гардиши ҳуҷҷат номида мешавад.

Дар бойгонӣ парвандаҳо бо ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ аз тарафи ташкилотҳои давлатӣ (бойгонии давлатӣ, ташкилотҳои болоӣ) муайяншуда нигохдорӣ мешаванд.

Ҳисоботҳои семоҳа, варақаҳои барӯйхатгирӣ (инвертарӣ) ва китоби баҳисобгирии воситаҳои асосӣ, шартномаҳо бояд се сол нигоҳ дошта шаванд.

Ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва замима ба онҳо, варақаҳои пардохтӣ, рӯйхатхои баҳисобгирӣ (китоби асосӣ, журнал -ордерхо ва ғ.), ҳисоботҳои нимсола ба мӯҳлати панҷ сол нигоҳдорӣ мешаванд.

Ҳисоботҳои солонаи тавозуни ташкилот даҳ сол нигоҳдорӣ мешаванд.

Варақаҳои шахсии кормандон, фармонҳо оид ба фаъо-лияти асосӣ, ҳуҷҷатҳои (шиноснома) бино, иншоот ва таҷҳизот ба мӯҳлати 75 сол нигохдорӣ мешаванд.

583
Нет комментариев. Ваш будет первым!