Ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ

Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Раёсат ва шӯъбаҳои алоҳидаи Вазора ги молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда мешавад.

Дар ин дастурамал ҳолатҳои зерин нишон дода шудааст:

– нақшаи хисобҳои баҳисобгирии бухгалтериро дар муассисаҳо;

– шаклҳои бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ;

– роҳҳои истифодабарии «Нақшаи ҳисобҳои

баҳисобгирии бухгалтерӣ барои инъикоснамоии

амалиётҳо аз рӯйи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое, ки

аз фондҳои ғайрибуҷетӣ гирифта шудаанд»;

-шаклҳои ҳучҷатҳои ибтидоӣ ва феҳристҳои

баҳисобгирии бухгалтерӣ;

-методҳои баҳодиҳии активҳо ва ӯхдадориҳо;

-алоқамандии ҳисобҳо аз рӯйи амалиётҳои асосии

бӯхгалтерӣ;

-дигар саволҳои ташкили баҳисобгирии бухгалтерӣ.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ба низом даровардани баҳисобгирии санадҳои меъёриро ба табъ расонад.

Мувофиқи моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгарӣ барои ташкили баҳисобгирӣ дар корхонаҳо, риояи қонунҳо ҳангоми иҷроиши амалиётҳои хоҷагиву молиявӣ ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои бухгалтерӣ ба зиммаи роҳбари корхона гузошта мешавад.

Баҳисобгирии бухгалтерӣ дар муассисаҳо (ташкилотҳо) назорати мунтазамро дар рафти иҷроиши харҷномаи даромад ва хароҷотҳо, ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ҳифзнамои воситаҳои пулӣ ва молҳои қиматнокро бояд таъмин намояд.

Ба ӯҳдадориҳои коркунони муҳосибот дохил мешавад:

– назорат аз болои дуруст ва сарфакорона мақсаднок харч кардани маблағҳои аз рӯйи харҷномаи даромад ва хароҷот, инчунин муҳофизати воситаҳои пулӣ ва молҳои қиматнок дар ҷойҳои нигохдорӣ ва истифодабарии онҳо;

– бурдани баҳисобгирии даромад ва хароҷот аз рӯйи маблағҳое, ки аз фондҳои ғайрибуҷетӣ ворид шудаанд;

– иштирок дар гузаронидани барӯйхатгирии амвол ва ӯхдадориҳои молиявӣ, саривақт ва дуруст муайянку-нии натиҷаи барӯйхатгирй, инъикоснамоии онҳо дар баҳисобгирӣ;

– ҳисоб кардан ва дар вақти муқарраршуда додани муз-ди меҳнати коркунон, идрорпулии хонандагон,

донишҷӯен, аспирантҳои муассисаҳои таълимӣ;

– тартибдиҳӣ ва пешниҳоди ҳисоботҳои бухгалтерй (семоҳа, шашмоҳа, нӯҳмоҳа, солона) дар вақти муай-яншуда;

– маблағгузории муассиса (ташкилот), инчунин аз рӯйи иҷроиши харчномаи даромад ва хароҷот ва дуруст ба роҳ мокдани баҳисобгирии бухгалтерӣ;

– нигоҳдории ҳуччатхо (ҳуҷчатҳои ибтидоик баҳисобгирӣ, фехристҳои баҳисобгнрии бухгалтерии ҳисоботҳо, инчунин харҷномаи дароглал ва хароҷот) дар мувофиқа бо қоидаҳои давлатии корҳои бойгонӣ

Нақшаи ташкили баҳисобгирии бтагалтерп аз элементҳои зерин иборат аст: нақшаи ҳуҷҷатикунонй ва гирдгардиши ҳуҷҷат; нақшаи барӯйхатгирй; нақшаи ҳисобҳо ва алоқамандии онҳо; нақшаи ҳисоботҳо; накшаи барасми-ятдарории техникии баҳисобгирӣ; нақшаи ташкняи меҳнати коркунони муҳосибот.

Дар нақшаи ҳуҷҷатикунонии номгӯи ҳуччатҳои ибтидоӣ ва феҳристхои баҳисобгирӣ барои баҳисобгирии амалиётҳои хоҷагӣ нишон дода мешавад.

Барои бурдани баҳисобгирии бухгалтерӣ дар муассисаҳо шакли 05 «Системам ба шакли муайян даровар-дашудаи ҳучҷатикунонии буҷетӣ, молиявй, баҳисобгирӣ за ҳисобот» ва шаклҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ 03 «Системаи ба шакли муайян даровардашудаи ҳуҷҷатикунонии ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ» истифода бурда мешавад.

Ташкили асосии баҳисобгирии ибтидой дар муассиса ҷадвали гирдгардиши ҳуҷҷат ба ҳисоб меравад. Зери мафҳуми гирдгардиши ҳуҷҷат роҳе, ки ҳуҷчати буххалтерӣ аз лаҳзаи тартибдиҳӣ то супоридан ба бойгонӣ тай мекунад, фаҳмйда мешавад.

Гирдгардиши ҳуччат дар бухгалтерия бояд дар асбси ҳуҷҷатҳои ҳукукй, ки Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи ҳуччат ва ҳуҷчатнигорӣ тггсдик кар-дааст, ба роҳ монда шавад.

Асоси инъикоснамоии ахбор оид ба амалиётҳои хоҷагй дар феҳристҳои бухгалтериро ҳучҷатҳои ибтидоӣ ташкил

медиҳад. Онҳо бояд ншпондиҳандаҳоро ҳаққонӣ, саривақт ва дуруст нишон диҳанд.

Ҷадвали гирдгардиши ҳуҷҷатҳоро сармуҳосиб ва роҳбари ташкилот тартиб дода, онро тасдиқ мекунанд.

Дар нақшаи баруйхатгирй тартиб, шакл ва мӯҳлати гу-заронидани барӯйхатгирии нақшавӣ ва ғайринақшавиро му-айян мекунанд. Мӯҳлати гузаронидани барӯйхатгирии ғайринақшавӣба шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул бояд маълум набошад.

Нақшаи ҳисоботҳо ва алоқамандии онҳоро барои ташкилотҳои буҷетӣ Дасгурамали аз ҷониби Вазорати мо-лияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда муайян менамояд.

Дар нақшаи ҳисоботҳо номгӯи шаклҳои ҳисоботҳо, давраҳок ҳиссбот, ном ва нишонии ташкилот ва муассиса, ному насаби коркунони барои тартибдиҳии ҳисобот масъул нишон дода мешавад.

Дар нақшаи барасмиятдарории техникии баҳисобгири характеристикаи шаклҳои баҳисобгирӣ, ки дар ташкилоти мазкур бурда мешавад, нишон дода шуда, инчунин кадом мошинахои ҳисоббарор ва таҷҳизотҳо дар ташкилот истифода мешаванд, нишон дода мешаванд.

Дар нақшаи ташкили меҳнати коркунони бухгалтерия – сохтори дастгоҳ, воҳиди бухгалтерия, характеристикаи ӯҳдадории ҳар як коркунон муайян карда шуда ва ҷадвали баҳисобгирии корҳо тартиб дода мешавад.

Ҷадвали баҳисобгирии корҳо: фардӣ, таркиби ва ҷамъбахтй мешавад.

Дар ҷадвали фардй кадом корҳое, ки ҳар як коркун бонд иҷро кунад ва мӯҳлати иҷроиши он нишон дода мешавад.

Дар ҷадвалҳои таркибй кадом корҳо ва дар кадом мӯҳлат аз тарафи қисмҳои сохтории бухгалтерия ё ин ки ташкилот иҷро карда мешавад, нишон дода шудааст.

Дар ҷадвали ҷамъбастӣ мӯҳлати иҷроиши баҳисобгирии алоҳидаи корҳо (тартибдиҳии ҳисобот, гузаронидани барӯйхатгирӣ) нишон дода мешавад. Он дар наму-ди ҷамъбастй ҳамаи равандҳои баҳисобгириро нишон медиҳад.

Ҳуқуқ, ӯҳдадори ва ҷавобгарии сармуҳосиб

Мувофики Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии бз-хгалтерӣ» сармух, осибро (дар ҳолати дар шта-ти корхона ҷой будан) роҳбари корхона (муассиса) интихоб менамояд.

Сармуҳосиб бевосита ба роҳбари корхока тобеъ буда, барои ташкил кардани сиёсати баҳисобгирӣ, бурдани баҳисобгирй, сари вақт ва пурра пешниҳод кардани ҳисоботҳо чавобгар аст.

Сармуқосиб мувофиқати амалиётҳои хоҷагии баама-ломадаро бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорзгро аз рӯи ҳаракати амвол ва иҷрои ӯхдадориҳо таъмин менамояд.

Талаботи сармуҳосиб оиди тартиб додани ҳуҷҷатҳо ба амалиётҳои хоҷагӣ ва шӯъбаи ҳисобдорӣ пешниход кардани ҳуҷҷатхои зарурӣ ва маълумотҳо барои ҳамаи коркунони корхона ҳатмӣ мебошад.

Дар ташкилот ҳамаи ҳуҷҷатҳои бухгалтерии ба иҷроиши харҷномаи даромад ва харочотҳо аз рӯйи маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳое, ки аз фондҳои тайрибуҷетй гирифта шудаанд алоқаманд ҳастанд, роҳбари ташкилот ва сармуҳосиб имзо мегузоранд.

Дар ҳолати набудани розигии тарафайн байни роҳбар ва сармухосиби ташкилот оиди гузаронидани ама: п1ётҳои алоҳидаи хоҷагидорӣ, дар ҳолати мавҷуд будани фармони хаттии роҳбари ташкилот оиди ба ӯхда ғирифтани ҷавобгарии пурра барои оқибатҳои он иҷро карда мешавад.

Сармуҳосиб ҳуқуқ дорад:

– ӯҳдадории хизмати ҳар як коркуни бухгалтерияро муайян намояд, то ин ки ҳар як коркун вазифай худро донад ва онро иҷро намояд;

– доир ба тартиби қайд намудани амалиётхо ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба бухгалтерия дастурамал пешниход кунад;

– аз ҳамаи зерсохторҳои ташкилот сари вақт супоридани ҳуҷҷатхо, ҳисоботҳо, сметаҳо, шаргномаҳо ва дигар санадҳои барои баҳисобгирии бухгалтерӣ заруриро талаб намояд;

– барои аз кор холй намудан, ба дигар вазифа гузарони-дани шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул – хазинадорҳо, кормандони анбор ва ғайра мавқеи худро баён намояд;

– ҳисоботҳои бухгалтерй ва тавозунҳо, ҳисоботҳои, оморӣ оид ба мӯҳимтарин нишондиҳандаҳои кориташкилот, ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтану додани пул, ашёҳои қиматнок ва ғайраҳоро имзо намояд (бо ҳамроҳии роҳбари ташкилот).

Ба ӯҳдадориҳои сармуҳосиб дохиланд:

  • ташкили дуруст ва ратсионалии ҳисобдорӣ дар ташкилот, риояи ҳатмии қоидаҳои бурдани он, ҷорӣнамудани шаклҳои пешқадами бурдани ҳисобдорӣ бо истифодаи технологияи иттилоотии замонавӣ;
  • баҳисобгирии дуруст ва саривақтии воситаҳои ташкилот, инъикоси дурусти онҳ дар ҳисобҳои бухгалтерӣ;
  • риояи ҳатмии қоидаҳои баҳисобгирии хаэинавӣ, сарфи дуруст ва мақсадноки маблағҳои аз бонк гирифташуда;
  • тартиб додани ҳисоботҳои бухгалтерй дар асоси ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ ва қайдҳои бухгалтерӣ, пешниҳоди саривақтии онҳо дар мӯҳлатхои муайяншуда;
  • таҳлил намудани вазъи молиявӣ – ҳоҷагидории ташкилот дар асоси ҳисоботҳои бухгалтерӣ;
  • нигохдории бойгонии бухгалтерӣ бо тартиби муқаррар

кардашуда.

Ҳангоми аз кор озодкунии сармуҳосиб супоридани корҳо ба сармуҳосиби навтаъиншуда (ё ба иҷрокунаидаи ин вазифа) гузаронида шуда, дар рафти он тафтиши ҳолати ҳисоботҳои бухгалтерӣ ва дурустии онҳо санҷида шуда, санади супоридану қабул, ки аз тарафи роҳбари ташкилот тасдиқ карда шудааст, тартиб дода мешавад.

Барӯйхатгирии амвол ва ӯҳдадориҳои молиявӣ

Барӯйхатгирӣ, санҷиши пуррагии амвол ва ӯҳдадориҳоиташкилот, инчунин ба таҳти назорат гирифани амалиётй шахсони аз ҷиҳати моддӣ масъул мебошад.

Барӯйхатгирӣ яке аз унсурҳои баҳисобгирии бухгалтерӣбуда, воситаи мубориза бар зиддӣ камомад, талафот ва

дуздидани пул, молҳои қиматнок, инчунин воситаи назорати амалӣ барои муҳофизати воситаҳои ташкилот мебошад.

Мақсадҳои асосии барӯйхатгирӣ аз инҳо иборат аст: ҳисоб намудани амволи ҳақиқатан мавҷуд буда, муқоисаи амволи мавҷудбуда бо маъл^-мотҳои дар қайдҳои бухгалтерй қайд гардида- тафтиши пурра инъикос ёфтани ӯҳдадориҳо дар ҳисоботҳои молиявӣ.

Вобаста аз давраи фарогирии санҷиши амвол ва ӯҳдадориҳои ташкилот, барӯйхатгирӣ пурра ва қисман шуда метавонад.

Барӯйхатгирии пурра ҳамаи намуди амвол ва ӯҳдадориҳои молиявии ташкилотро фаро мегирад.

Барӯйхатгириӣ қисман як ё якчанд намуди амвол ва ӯҳдадориҳоро фаро мегирад (воситаҳои пулӣ, молу масолеҳ ва ғ.).

Ба ғайр аз ин вобаста ба таъиноти худ барӯйхатгирӣ нақшавй ва гайринақшавӣ мешавад.

Барӯйхатгирии нақшавй – тадбири пешакӣ ва дар нақша пешбинишуда мебошад, ки тартиб ва мӯҳлати гуза-ронидани он муайян карда шудааст.

Барӯйхатгирии ғайринақвашӣ – дар ҳолати ногаҳонй бо супориши махсус хабар расонидан дар бораи камбудиҳои ҷиддии ин ё он шахси ҳисобдиҳанда гузаронида мешавад.

Гузаронидани барӯйхатгирӣ дар холатҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

  • ҳангоми харид, фурӯш ва ба иҷора додани амволи ташкилот:
  • пеш аз тартиб додани хисоботи молиявии солонағайр аз амволе, ки барӯйхатгириаш на пештар аз 1-уми октябри соли ҷорӣ сурат гирифтааст. Барӯйхатгирии восрггаҳои асосиро дар се сол як маротиба гузаронидан мумкин аст, барӯйхатгирии фондҳои китобхонаро бо-шад дар 5 сол як маротиба;
  • ҳангоми иваз намудани шахсони мутасаддй; ҳангоми муқаррар шудани далелҳои дуздӣ ё сӯйистифода аз мансаб;
  • ҳангоми офатҳои табиӣ, сӯхтор, садама ва ё дигар

вазъи фавқулодда;

  • ҳангоми барҳам додани ташкилот;
  • дар дигар ҳолатҳо, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Барои гузаронидани барӯйхатгирӣ дар ташкилот ко-миссияи доимамалкунандаи барӯйхатгирӣ дар ҳайати роҳбари ташкилот ё муовини он (раиси комиссия), сармуҳосиб ва дигар мутахассисон (муҳандисон, иқтисодчиён, техникҳо ва ғ.) ташкил карда мешавад. Ҳайати шахсии комиссияро роҳбари ташкилот тасдиқ менамояд. Ғоиб будани яке аз аъзои ҳайати комиссияи барӯйхатгирӣ барои ғайриҳақиқӣ ҳисобидани натиҷаҳоикори комиссияи барӯйхатгирӣ асос шуда метавонад.

То оғози тафтишоти амволи ҳақиқӣ комиссияи барӯйхатгирӣ, ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содиротӣ вобаста ба ҳаракати воситаҳои пулӣ ва ё ҳолати маводҳои арзишноку восктаҳои асосиро ҷамъ менамояд.

Раиси комиссия ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикрёфтаро, ки ба хисобот ҳамроҳ мешаванд, бо нишондоди «То барӯйхатгирӣ» имзо мегузорад.

Пеш аз оғози барӯйхатгирӣ ба аъзои комиссия фармон супорида шуда, ба раис бошад тамғакунак (ки то хотимаи кори комиссия дар ихтиёри раис мемонад) дода мешавад.

Агар барӯйхатгирӣ якчанд рӯз давом кунад, биноҳое, ки дар онҳомаводҳои арзишнок нигоҳ дошта мешаванд, пас аз рафтани аъзои комиссия бояд мақкам ва мӯҳр карда ша-ванд. Ҳангоми танаффус дар фаъолияти комиссияи барӯйхатгирӣ рӯйхат ва навиштаҷоти комиссия бояд дар ҷевону қуттиҳои махсус маҳкам дар биноҳои маҳкам нигоҳ дошта шаванд.

Дар ҳолати барӯйхатгирии ногаҳонӣ ҳамаи маводҳои арзишнок, дар хузури комиссияи барӯйхатгирӣ тайёр карда мешавад, дар дигар ҳолатҳо пешакӣ.

Тафтиши маводҳои боқимонда, ҳатман дар ҳузури шахсони мутасадцӣ гузаронида мешавад. Мавҷуд будани маводҳои арзишиок ҳангоми барӯйхатгирӣ бо роҳҳои ҳатман баҳисобгирӣ, баркашидан, чен намудан муайян карда мешавад.

Агар қайдҳои бухгалтерӣ дастӣ тартиб дода шуда бо-шанд, бояд навиштаҷотҳо аниқу равшан сабт карда шаванд. Дар ҳар саҳифаи қайдҳои бухгалтерӣ ба таври хаттӣ шумо-

раи рақамҳои тартибии маводхои арзишнок ва ҷамъи умумии шумораи онҳо бо ченакхои аслӣ нишон дода мешавад.

Рохбари ташкилот вазифадор аст, ки шароити хуби кориро барои комиссияи барӯйхатгирӣ муҳайё созанд, то тафтишот пурраю ҳақиқӣгузаронида шавад.

Тартиб додани замимаи муқоисавии барӯйхатгирӣ

Замимаи муқоисавии бухгалтерӣ барои маводҳои арзишноке тартиб дода мешавад, ки хангоми барӯйхатгирӣ далелхои аз маълумотҳои мавҷуда фарқ кардани онҳо ошкор карда шуда бошад. Дар замимаи муқоисавӣ натиҷаи барӯйхатгирӣ қайд карда мешавад, яъне фарқияти байнк далелҳои ҳангоми барӯйхатгирӣ ҳосилшуда ва далглҳои дар ҳисоботҳои бухгалтерӣ дарҷёфта нишон дода мешавад. Арзиши зиёдатӣ ва норасоихои маводҳои арзишнок дар замимаи муқоисавӣ мувофиқ ба хисоби бухгалтерӣ оварда мешавад. Натиҷаи барӯйхатгирӣ бояд дар ҳисоби ҳисоботи хамон моҳ, ки барӯйхатгирӣ ба итмом расидааст нишон дода шавад.

Замимаи муқоисавӣ барои тартиб додани санад оид ба натиҷахои барӯйхатгирӣ асос ба шумор меравад.

Санад оид ба натиҷаҳои барӯйхатгириро комиссияи бо фармони роҳбари ташкилот муайяншуда, барои инъикос-намоии натиҷахои барӯйхатгирӣ тартиб медиҳанд.

Дар санад рақам, санаи замимаи муқоисавӣ, ки дар асоси он санад тартиб дода шудааст, нишон дода мешавад. Инчунин номгӯйи объектҳои барӯйхатгирӣ, воҳиди ченак, микдор, рақами хисоби бахисобгирии буҷетӣ, арзиши як воҳид, норасоихо аз рӯйи дебет ва кредитӣ дар ҳисобхои ташкилот гузаронида шуда ва гайра инъикос карда мешавад.

Дар санад раис ва ҳамаи аъзои комиссияи барӯйхатгирӣ имзо мегузоранд. Санад баъди тасдиқ карда шудан барои кори минбаъда ба муҳосибот супорида мешавад.

929
Нет комментариев. Ваш будет первым!