Инкишофи ҳисобгирии бухгалтерӣ дар Аврупо

Саромади ҷанбаи ҳуқуқии ҳисобгирии бухгалтерӣ олими намоён – математик ва ҳукукшинос Диего дель Кастелло (1522)мебошад. Ӯ ҳар як факти ҳаёти хоҷагидориро – харид, фурӯш, гузориш ва монанди инҳоро- ҳамчун шартнома тавсиф мекард. Испания мамлакати аввалине мебошад, ки роҳи танзими давлатии ҳисобгириро пеш гирифтааст.

Аз нуқтаи назари техникаи ҳисобгирӣ Кастилло се варианти бурдани ҳисобгириро ҷудо намудааст: 1) Хазинавӣ (ҳисобгирии даромадкунӣ ва харҷи пулҳо ё дар як ва ё дар ду китоб – яке барои даромадкунӣ дигари барои харҷи пулҳо, бурда мешуд); 2) ресконтро (ба ғайр аз ҳисобгирии хазина ҳисобгирии ӯҳдадориҳои бамиёноянда ва пардохти онҳо дар алоҳидагӣ бурда мешуд); 3) пурра (бухгалтерия аз журнал ва китоби асосӣ иборат буд). Вале ин нуқтаи назари бухгалтерияи дутарафа буд, на худи бухгалтерия.

Ҷанбаи ҳуқуқии ҳисобгирӣ аз тарафи Гаспар де Таксада (1546), Бартоломео де Солозано (1590), Франсиско де Эскобар (1603) давом дода шудааст.

Таксада тасдиқ менамуд, ки ҳисобгирии бухгалтерӣ – ин бурдани счётҳо бо мақсади самарабахш идоракунӣ ва назорат аз болои шахсони тобеъ мебошад; Солозано мақсади ҳисобгириро бештар ба таври расмӣ тафсир мекард – нигоҳдории мувозинат дар счётҳо, яъне постулатҳои Пачоли; Эскобар маънии ҳисобгириро бо муносибатҳои ҳуқуқӣ миёни соҳибмулк ва шахсони ҷавобгари материалӣ алоқаманд месохт. Счётҳо барои ҳисобгирии ҳуқуқ ва даъвоҳои шахсони дар гардиши хоҷагидорӣ иштироккунанда кушода мешуданд. Дар ин маврид Экобар ҳамаи счётҳоро ҳамчун калькулятсионӣ тавсиф мекард

(дар системаи счётҳои ӯ счётҳои соҳиби мулк вуҷуд надоштанд). Инро мутобики счётҳои молҳо, масолеҳ ва монанди инҳо фаҳмидан душвор нест, зеро дар қисми дебети онҳо хароҷоти бадасториашон ҷамъ мешавад; ин вазъиятро аз рӯи счётҳои ҳисоббаробаркунӣ фаҳмидан хеле душвор аст, ки чӣ хел қарзҳои дутарафа ва ӯҳдадориҳо калькулятсия мешаванд, ва мувофиқи счётҳои хазина, суратҳисоб тамоман фаҳмиш аз имконият берун аст.

Швайкер дар зери мафҳуми методи ҳисобгирии бухгалтерӣ навишти дутарафаро мефаҳмид, вале нуқтаи назари бисьёр муҳимро мо дар математик ва файласуф Г.В. Лейбниц (1646-1716) мебинем. Ӯ аввалин шуда элементҳои методи ҳисобгирии бухгалтериро бо тартиби хронологии онҳо номбар кардааст. Ӯ менависад: «Бояд ҳар як ҷузъ дуруст муайян карда шавад, онҳоро дуруст ҷобаҷогузорӣ карда, дар охир онҳоро тасниф карда шавад». Ин ҷо чунин корҳои бухгалтерӣ дар назар дошта шудаанд:

  1. муайянкунии факти ҳаёти ҳоҷагидорӣ ва бо ҳуҷҷатҳо дуруст барасмиятдарории он;
  2. сабтнамоии факт дар регистрҳои бухгалтерӣ; 3) иҷроиши амалиёт бо счётҳо.

Вале барои Олмон ҳам монанди бухгалтерони дигар мамлакатҳо қоидаи Швайкер хос буданд: бигзор ҳар кас сабтҳои худро чи тавре, ки метавонад кунад.

Дар Нидерландия бисёр бухгалтерони машҳур зиндагонӣ кардаанд: Ян Импин (1485-1540), С. ван Стевин (1548-1620), С. Г. Кардинель (1578-1647) ва ғ. Ба онҳо майлу рағбат ҳам ба тартиби иҷроиши бухгалтерия, ҳамчунин тафаккури назариявии системаи счётҳо ва навишти дутарафа хос буд.

Навишти дутарафаро дар тамоми соҳаҳои ҳоҷагии ҳалқ, муассисаҳои давлатӣ паҳн намуда, математики машҳур Симон ван Стевин онро аввалин бор илм номидааст. С. ван Стевин мақсади ҳисобгирии бухгалтериро – муайянкунии бойгарии тамоми мамлакат мешуморид, яъне бухгалтерия ин на танҳо микроҳисобгирӣ, балки макро-ҳисобгирӣ низ мебошад. Ҳамзамон микроҳисобгирӣ ба ақидаи ӯ бояд чунин маълумотҳоро пешниҳод менамуд:

  1. оиди нақдинаи хазина;
  2. дар бораи ҳолати ҳисоббаробаркуниҳо бо шахсони ҷавобдеҳ ва ҷавобгари материалӣ;
  3. дар бораи ҳисоббаробаркуниҳо бо дебиторон ва кредиторон;
  4. оиди натиҷаи амалиётҳои (фоида ё зарари) хариду фурӯши ҳар як мол.

Бояд зикр намуд, ки ин хел мақсадҳо аз як тараф ҳамчун ҳисобгирии боигарии мамлакат мақсади умӯмӣ буданд, вале аз ҷониби дигар мақсадҳои алоҳидаи зерин, монанди нақдина дар хазина ниҳоят душвор дарк карда мешуданд.

Генрих Ванинген (1609 счётҳоро ба се гурӯҳ тақсим намудааст:

  1. воситаҳои хусусӣ;
  2. воситаҳои комиссионӣ; 3) воситаҳои ширкат.

А. де Граф (1693) счётҳоро ба чунин гурӯҳҳо тақсим кардааст:

1.воситаҳои соҳибмулк;

2) корреспондентҳо (ҳисоббаробаркуниҳо); 3) амалиётҳои соҳибмулк.

К. ван Гезель (1698) тақсим кардааст:

  1. счётҳои соҳиби молу мулк (ҳамаи счётҳои пассивӣ, счётҳои воситаҳои хусусӣ ва натиҷавӣ);
  2. счётҳои шахсони сеюм (счётҳои ҳисоббаробаркунӣ, ҳамзамон счётҳои молу амволӣ, масалан, счётҳои молҳо, хазина ҳамчун қарзи дебитории шахсони ҷавобгари материалӣ дида баромада мешуданд).

Таснифоти счётҳо ба нақшаи счётҳо оварда расонидааст, дар навбати худ нақшаи счётҳо имкониятҳои гуногуни регистрацияро ба миён овардааст. Ван Стевин авввалин шахсе буд, ки барасмиятдарории як факти ҳаёти ҳоҷагидориро, дар алоқамандӣ бо мақсади ҳисобгирӣ, бо навиштҳои гуногун инъикос намуданро дарк намудааст. Хариди арзишҳои моддӣ мумкин аст бо дебетшавии счётҳои 1) счёти Арзишҳо ё ки 2) счёти Харочоти муомилот, ё ки 3) счёти Капитал ё 4) счёти Молҳо, агар онҳо барои боз фурӯхтан пешбинӣ шуда бошанд, ба ҳисоб гирифта шавад.

Дар Англия аввалин китоб доир ба ҳисобгирӣ аз тарафи муаллими мактаб Хью Олдкастл навишта шудааст. Он 14 августи 1543 дар Лондон аз нашр баромадааст. (Чаҳордаҳ боби аввали ин китоб пурра ба «Рисола доир ба счётҳо ва сабтҳо»-и Л.Пачоли мувофиқ меоянд).

Х. Олдкастл тартиби навишти дутарафаро мебурд. Аз таълифоту коркардҳои бухгалтерони англис инҳоро ҷудо намудан мумкин аст:

Истеҳлок, шаклҳои ҳисобдорӣ, мутобиқсозӣ ва ташкили ҳисобгирӣ дар ҳоҷагии қишлоқ ва саноат.

Дар нимаи дуюми асри ХУII Фаронса давлати муқтадиртарини олам гашта буд. Тарзи ҳисобгирии фаронсавӣ дар аврупо аз ҳама бештар ба назар мерасид. Ҳатто амалияи ҳисобгирии Италиявӣ то нимаи асри ХIХ аз афкори фаронсавӣ баҳра мегирифт.

Кенэ (1694-1774) навишта буд: «Ҳисобгирӣ яке аз соҳаҳои идоракунӣ мебошад, ки аз ҷиҳати ниҳоят мураккабӣ ва моил буданаш ба бесарусомонӣ фарқ мекунад». Вай ба илм будани бухгалтерия шубҳа дошт ва навишта буд: « шаклҳо ва қоидаҳои дар баҳисобгирӣ истифодашаванда ба техникаи пурасроре оварда мерасонанд, ки ба вазъияту шароитҳо мувофиқ карда мешавад ва он ба мартабаи илмӣ баробар нест, то миллатро маърифатнок созад».

Барои муаллифони фаронсавӣ бартарии счётҳо нисбат ба баланс хос аст. Онҳо навишти дутарафаро низ на аз баланс, балки аз счётҳо хулоса мебароварданд. Фаҳмиши аҳмияти назоратии навишти дутарафа ба Самуэл Рикара (1709) хос буд. Ӯ истифодабарии счёти махсусро (назоратиро), ки дар он ҳамаи счётҳо, дар алоқамандӣ аз дебет ва кредити счётҳо, гузаронида мешуданд пешниҳод кардааст. Ин счёт барои ҳисобу китоби фосилавӣ пешбинӣ шуда буд, дар он ҳар рӯз, дар охири рӯзи корӣ натиҷа ҳисоб карда мешуд. Агар натиҷаи дебетӣ ва кредитии ин счет баробар бошад, онгоҳ маълум мешуд, ки гузаронидани счётҳо ба счётҳои Китоби асосӣ дуруст сурат гирифтааст. Пас аз гузаштани якчанд сол Н. д Анастасио, Э.Моте, Д. Чербони ба ин счёт аҳмияти назариявӣ додаанд. Онҳо ин счётро счёти «соҳиби молу мулк» меномиданд.

Пас аз корҳои Л.Пачоли қадами бузург дар инкишофи ҳисобгирӣ ин таклифоти Савари оиди зарурияти бурдани ҳам Китобҳои асосӣ ва ҳам ёрирасон буд. Ҳамин тавр Савари яке аз мафҳумҳои асосии ҳисобгирӣ: тақсимнамоии счётҳо ва регистрҳо, ки дар онҳо маълумот ба намуди синтетикӣ ва аналитикӣ бурда мешуд, яъне ӯ системаи дузинагии сабти маълумотҳоро тартиб дод. Ин барои ташаккули илми бухгалтерӣ заминаи калон гузошт. Бо ин мазмун ду постулати Савариро овардан мумкин аст.

1.Маблағи умӯмии бақияи ҳамои счётҳои аналитикӣ бояд ба маблағи бақияи счёти синтетикие, ки барои ӯ кушода шудаанд баробар бошад.

2.Маблағи умӯмии гардишҳои дебетӣ ва кредитии счётҳои аналитикӣ бояд ба маблағи гардиши дебетӣ ва кредитии счёти синтетикие, ки барои ӯ кушода шудааанд баробар бошанд. Риоянамоии постулатҳои Савари шарти асосии дуруст бароҳмонии ҳисобгирии бухгалтерӣ мебошад.

Таснифоти счётҳо аз ҷониби Де ла Порт ва Баррем ташаккул ёфтааст. Де ла Порт счётҳоро ба се гурӯҳ ҷудо намудааст;

а) счётҳои соҳибмулк (счёти Сармоя, Фоида ва зарар);

б) счётҳои молу амвол (счёти хазина, молҳо ва монанди онҳо);

в) счётҳои муросилоткунандагон (счётҳои ҳисоббаробаркуниҳо, ки қарзҳои дебиториву кредиториро нишон медиҳанд). Таҳаввули счётҳо чунин аст:

  1. авввал счётҳои арзишҳои моддӣ ба вуҷуд меоянд;
  2. баъд счётҳои воситаҳои пулӣ;
  3. пас аз он счётҳои ҳисоббаробаркунӣ;
  4. аз ин баъд счётҳои гузоришоти молиявӣ;
  5. баъд счётҳои воситаҳои хусусӣ; 6) дар охир счётҳои натиҷавӣ.

Дар Фаронса мо бо ҷанбаҳои эҳсосотии ҳисобгирӣ во мехӯрем. Чунончӣ, Мулинье мӯътақид бар он буд, ки омӯзиши бухгалтерӣ ин калиди хушбахтист. Пурра дар ҳақиқат чунин мешуморид, ки бухгалтерия ин илмест «ба дил оромӣ мебахшад, боигариро ҳифз менамояд ва ба сӯи хушбахтӣ мебарад».

Ҳамин тавр ҳисобгирӣ предмети фаъолияти илмӣ гашт. Ҳисобгирӣ аз маҷмӯъаи қоидаҳои танзимшавандаи эмпирикӣ ва догматикӣ ба воситаи тадқиқкунии фаъолияти ҳоҷагидорӣ ва метадологияи хусусӣ мубаддал гашт. Вале ҳисобгирӣ ба илм мубаддал гашт ё не? Чунончи Г.Спенсер гуфтааст: «Ҳеҷ куҷо хат кашида гуфтан мумкин нест, ки – Аз ин ҷо илм оғоз мегардад». Ба ҳар ҳол дар асри ХYIII ҳисобгирӣ ба илм табдил ёфтааст, ҳамчунин табдил наёфтааст. Дар ин давра тафаккури бухгалтерӣ вуҷуд дошт, вале илми ҳисобгирӣ то ҳол набуд, счётбарӣ буд, вале счётшиносӣ набуд.

446
Нет комментариев. Ваш будет первым!