Баҳисобгирии иттиҳоди шӯравӣ

1917-1918 –кӯшишҳои устуворкунии ҳоҷагӣ, роҳҳои мутобиқгардонии методҳои ҳисобгирӣ ба системаи нави ҳоҷагидорӣ;

1918-1921– воридгардӣ ба ҷамъяти нав, вайронкунии системаҳои кӯҳна ва шаклҳои ҳисобгирии бухгалтерӣ, ташкили ченакҳои ҳисобгирии аз ҷиҳати принсипиалӣ нав;

1921-1929 – Сиёсати Нав Иқтисодӣ (НЭП), аз

навбарқароркунии системаи анъанавии ҳисобгирии бухгалтерӣ;

1929-1953 – саноатикунонӣ, сохтмони социализм, ташкилкунии принципҳои нави ҳисобгирии бухгалтерӣ;

1953-1984 – ташаккули ҳисобгирии истеҳсолӣ, таҳлил ва сохтори ташкилкунии он ва вусъатдиҳии коркарди

механизатсионии маълумоти иқтисодӣ;

1985 – бозсозӣ дар тамоми муносибатҳои иҷтимоӣиқтисодии мамлакат, кӯшишҳои эҳёи принципҳои классикии ҳисобгирии бухгалтерӣ.

Кайд намудан зарур аст, ки тамоюли ташкилкунии иқтисодиёти мутамарказонидашудаи бо тартиби маъмурӣ идорашаванда дар Руссия аллакай дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба миён омаданд. Аз ҷониби ҳокимияти Шӯравӣ дар соли 1918 миллигардонии бонкҳо, саноати калон ва савдои ҳориҷӣ ба ин ҷарайён ҳусни хотима бахшидаанд. Асоси ин ситемаи идоракуниро принципи тақсимнамоии захираҳо ташкил медод. Ташкилотҳои ҳокимиятӣ тамоми захираҳои муҳими истеҳсолӣ – ашёи хом, сӯзишворӣ, озуқаворӣ ва ҳамчунин қувваи коргариро дар дасти худ ҷамъ мекарданд ва онҳоро миёни тамоми истеъмолкунандагон на аз рӯи афзалияти бозорӣ тақсим менамудаанд Ҷанбаи моддию молии такрористеҳсол аз ҳама муҳим шуморида шуда, паҳлӯҳои молиявӣ-арзишии он дуюмдараҷа ҳисобида мешуд. Мавҷуд будани захираҳои молиявии барои идомадиҳии истеҳсолоти маҳсулот зарур, дар корхона нақши муҳимро намебозид.

Тағироти сохти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, системаҳои идоракунии иқтисодиёт дар ҳисоби ҳоҷагӣ инъикос нагашта наметавонистанд. Шароитҳои нав дар назди ҳисобгирӣ, аз он ҷумла ҳисобгирии бухгалтерӣ масъалаҳои навро вогузор намуданд, ки ҳалли навро талаб менамуданд. Беҳуда нест, ки пас аз чанд рӯзи инқилоби Октябр В.И.Ленин шиори машҳури худро: «Социализм- ин пеш аз ҳама ҳисобгирӣ»-ро эълон доштааст.

Ҳамин тавр яке аз шартҳои асосии мавҷудияти давлати Шӯравиро В.И.Ленин дар ташкили системаи ягонаи ҳисобгирӣ ва назорат медид. Системаи ягонаи ҳисобгирӣ ва назорат бояд пеш аз ҳама воситаи буғикунии синфҳои сарнагунгашта ва бадастории ҳокимияти иқтисодӣ аз онҳо мегашт.

Дар илми ҳисобгирӣ вазифаҳои аз ҷониби ҳокимияти навтаъсис гузошташуда чӣ тавр инъикос ёфтааст? Дар ин давра ҳисобгирии бухгалтерӣ аз ғояҳои нав бой нагаштааст, вале мақсадҳои пешинаи худро аз даст надодаст. Олимони бузурги Русияи то инқилобӣ –

Е.Е.Севере, А.П. Рудановский, А.М. Галаган, Н.А. Кипарисов, Р.Я.Вейцман – таълифотҳои нав кардаанд ва ҳамчунин корҳои гузаштаро аз нав нашр намудаанд. Дар замони аввали ҳокимияти Шӯравӣ А.М.Галаган (1879-1938) миёни бухгалтерон шахси бонуфус мегардад. Шогирди А.П.Рудновский ва Ф.Бести – А.М.Галаган ҳамчун идеологи ҳисобгирӣ дар шароити инкилоби пирӯзгашта мегардад. Вай аввалин ҳуҷҷатҳои муҳими нормативиро дар доираи баҳисобгирӣ тайёр мекунад ва онро дар хоҷагии ҳалқи милликунонидашаванда ҷорӣ месозад.

Аллакай 5 декабри соли 1917 қарор «Дар бораи ташкил ва ҳайати коллегияи комиссариати назорати давлатӣ» баромада буд. Дар ҳайати комиссариат Бухгалтерияи марказии давлатӣ созмон дода шуда буд, ки бояд дар охири соли ҳисоботи баланси генералӣ ва ҳисобот тартиб дода онро барои тасдиқ ба съезди Шӯрои умумироссиягии намояндагони коргарон ва ҳизматчиён пешниҳод менамуд.

Вақте ҳокимият дар миёнаи соли 1918 ба сиёсати «Коммунизм ҳарбӣ» гузаштанро қарор дод, вазъият дар мамлакат ба таври куллӣ тағир ёфт. Ба амал татбиқнамоии ин барнома ба вайроншавии ҳаёти ҳоҷагидорӣ ва мустаҳкамгардии базаи иҷтимоии зидди инқилобӣ оварда расонид. Дар алоқа бо ин шароити кори кормандони ҳисобгирӣ ҳам якбора бад гардид.

Барҳамдиҳии хоҷагии молӣ дар тирамоҳи соли 1918 пешбинишуда ба ақидаи ҷоринамоии ҳисобгирӣ бе истифодабарии ченаки пулӣ замина гузошт. Дар назарияи ҳисобгирӣ масъалаҳои нав пайдо шудаанд, ки мутахассисонро ба се гурӯҳ ҷудо мекарданд. Гурӯҳҳои ҷудошударо шартан чунин номидан мумкин аст: романтикҳо, натуралистон ва реалистҳо.

Бисёр иқтисоддонони машҳур собит мекарданд, ки дар замони коммунизм ченаки пулӣ моҳияти худро аз даст медиҳад ва барои ҳамин ченакҳои нави аз рӯи ақидаи эшон бештар мукаммалро пешниҳод мекарданд. Ин гурӯҳро хаёлпарастон (романтик) меномидаанд. Онҳо кӯшиш менамуданд, то ченаки нави ҳисобгириро муқаррар намоянд, ки онҳоро ба самт ҷудо менамуд: меҳнатӣ, энергетикӣ ва шайъй. Дар байни онҳо аз ҳама бонуфуз ҷарайёни меҳнатӣ буд, ки намояндагони он ченкунии арзишҳои материалиро бо соатҳои корӣ ба мақсад мувофиқ мешумориданд.

Гурӯҳи дигарро зоҳирпарастон (натуралистон) ташкил медоданд (П. Амосов, Н. Савич, А. Измайлов). Онҳо ченаки пулиро бекора мешумориданд, ба он ивазкунандаи даркорӣ наёфтаанд, бинобар ин бухгалтерияро чун ҳисобгирии натуралии материалӣ дида баромадаанд. Ҳамаи он ченакҳое, ки хаёлпарастон ва зоҳирпарастон фикр карда баромада буданд (трэдҳо, эргҳо) бузургиҳои тамоман сафсата ва ё бузургиҳои натуралии таъхири оғозшавии ҳисобгирӣ ҳисобгирии инвентарӣ, ки имконияти ҷамъбасткунии маълумотҳоро намедод, буданду ҳалос. Вале дар замони барҳамдиҳии умӯмии урфу одатҳои мамлакат, пурра пошхӯрии системаи пулию-қарзӣ, натурализацияии ҳаёти ҳоҷагидорӣ, ин пешниҳодот ба таври пурра муҳим ва мувофиқи талаботи замона буданд. Ин кӯшиши тафаккури ҳисобгирӣ ҳангоми додани ҷавоби ғайриоддӣ дар вазъятҳои муташанниҷ мебошад.

Бухгалтерон – реалистон бо ҷаҳонбинии на он қадар васеъ бурдани ҳисобгириро чӣ тавре, ки омӯхта буданд, давом медоданд. Онҳо инструкцияҳои (дастурҳои) навро қабул менамуданд ва аз рӯи виҷдон онро чӣ хеле, ки метавонистанд истифода менамуданд. Вале баландшавии сатҳи нархҳо, пастшавии қобилияти харидкунии рубл онҳоро ба фикр намудан маҷбур месохт. Бисёре аз фикркунандагон бар он ақида омада буданд, ки бояд моддаҳои баланс дар асоси индекси нархҳо аз нав баҳодиҳӣ карда шаванд. Нақши асосиро дар ин гурӯҳи бухгалтерон С.Ф.Глебов бозидааст. Оппоненти асосии ӯ сарвари реалистони қатъӣ, А.П.Рудановский буд, ки ба аз нав баҳодиҳии моддаҳои баланс зид буд. А.П.Рудановский чунин мешуморид, ки ҳамаи арзишҳо дар баҳисобгирӣ бояд бо он нархе инъикос ёбанд, ки аз рӯи онҳо ҳодисаи ҳаёти хоҷагӣ ба амал омадааст. Моҳияти гуногунфикрӣ миёни реалистон ба реалистони қатъӣ дар даркнамоии нақши баланс буд. Реалистон дар баланс усули инъикоскунии воситаҳои хоҷагӣ ва сарчашмаи пайдоиши онҳоро медиданд ва аз нав баҳодиҳии пайвастаи онро талаб менамуданд. Реалистони қатъӣ бошанд дар зери мафҳуми баланс усули мақоисакунии хароҷот (актив) ва даромадҳоро (пассив) мефаҳмиданд, бинобар ин ба аз нав баҳодиҳии муттасили баланс зид буданд.

Дар охири соли 1922 барориши билетҳои бонкӣ ба бозгашатан ба ченаки устувори пулӣ имконият додаст. Ин боиси қатъшавии мубоҳисот гардид ва ба бухгалтерон барои ҳалли масъалаҳои умӯмии назарияи ҳисобгирӣ диққат равона сохтанро имконият дод.

Гузариш ба сиёсати нави иқтисодӣ аз як тараф эҳёи муносибатҳои пулию молиро дар доираи хоҷагиҳои муқаррарии майдадеҳқонӣ ва ҳоҷагиҳои капиталистӣ мефаҳмонд. Аз тарафи дигар бошад кӯшиши алоқамандкунии сектори давлатиро бо бозор, ҳамзамон тағирдиҳии идоракунии хоҷагӣ ва баландбарории самарнокии фаъолияти онро нишон медод.

Ҳисоби тиҷоратӣ (коммерческий расчёт) шакли муҳимтарини нави фаъолияткунии корхонаҳои давлатӣ буд. Дар баробари ин шакл боз дигар шаклҳо: иҷора, консессия ва ҷамъятҳои омехта, иттиҳодияҳои кооперативӣ, ҷамъятҳои саҳҳомии давлатӣ истифода мешуданд.

Сиёсати нави иқтисодӣ ҳоҷагидориро дар шаклҳои бештар самарбахши он аз нав ба вуҷуд овард. Пули курсаш устувор ин самарбахшӣ ва истифодабарии принципҳои анъанавии ҳисобгириро таъмин менамуд. Олимони барҷаста дар ин давра фаъолияти худро ба роҳ монда буданд. Инҳо Е.Е.Сивере, Р.Я.Вейцман, Н.А.Кипарисов, Н.А.Блатов, И.Р. Николаев ва махсусан А.П.Рудановский ва

А.М.Галаган буданд.

Яке аз олимони барҷаста И. Р. Николаев, шогирди Н. Б. Струве, буд. Ӯ ба устоди худ ҳангоми навиштани қисмати оид ба ҳисобгирии бухгалтерӣ дар китоби «Ҳоҷагидорӣ ба нарх» кӯмак расонидааст. И.Р.Николаев (1877-1942) он нуқтаи назарро пешниҳод намудааст, ки мувофиқи он ҳисобгирии бухгалтерии тавассути баланс ташкилшуда ин инъикоси пурраи равандҳои реалӣ шуда наметавонад. Ҳисобгирӣ бояд танҳо он маълумотеро пешниҳод намояд, ки барои идоракунӣ истифода мешавад ва бадастории ин маълумот дар раванди қабулкунии қарорҳои идоракунӣ таъсир карда метавонад.

И.Р.Николаев инчунин ҷанбаҳои молиявии ҳисоби ҳоҷагиро инкишоф дода онро асоснок кардааст. Ӯ ин қоидаро тарафдорӣ менамуд, ки танҳо дар натиҷаи ба пул мубаддалгардӣ арзишҳои материалӣ ба ҳаҷми фоида ва зарар таъсир мерасонанд.

Дар адабиёти ватанӣ мумкин аст ӯ аввалин шахсе буд, ки замони эътирофкунии фурӯшро танҳо замони даромадкунии воситаҳои пулӣ мешуморид. Ҳоло он яке аз қоидаҳои баҳснопазири ҳисобгирӣ мебошад.

 Баландтарин қуллаи афкори ҳисобгириро Рудановский ва

Галаган фатҳ намудаанд. Александр Павлович Рудановский (18631934) – олими машҳур буд. Ӯ инқилоб ва дигаргунсозиҳои социалистиро қабул карда буд, вале методҳои идоракунии хоҷагиро, ки дар замони коммунизми ҳарбӣ ба вуҷуд омада буданд рад менамуд. Мувофиқи оқидаи ӯ СНИ (НЭП) ҳисобгирии асилро боз эҳё намудааст, ки бояд аз дағалиҳои пешина озод бошад. Ғамҳорӣ нисбат ба ҳисобгирии маҳсулнок ба аз тарафи Рудановский ташкилкунии таълимоти нав доир ба предмет ва методи ҳисобдорӣ оварда расонидааст. Дар зери предмети ҳисобгирӣ ӯ балансро мефаҳмид, ки он дар худи хоҷагӣ мавҷуд мебошад. Методро Рудановский ба тарзҳои гуногун муайян кардааст. Дар таълифоти аввалин вуҷуд доштанд: бақайдгирӣ, систематизация, координация. Баҳодиҳӣ дар ин ҷо на чун метод, балки чун мақсади ҳисобгирӣ дида баромада мешуд. Дар таълифоти баъдина: – систематизация; координация; баҳодиҳӣ. Ҳамзамон ӯ методро ҳамчун воситаи омӯзиши предмет тафсир мекард:

а). Бақайдгирӣ – методи бештар анъанавӣ ва маъмули ҳисобгирӣ, ба назораткунӣ дар омор мувофиқ мебошад.

б). Систематизация – қоидаи сохторбандии счётҳои ҳисобгирӣ, ки онҳоро танҳо ба намуди счётҳои балансӣ дида мебарояд. Таълимоти Рудановский доир ба систематизация ва баланс якчанд камбудиҳоро дороянд, вале сарфи назар аз инҳо ин таълимот дар доираи умӯмии назария муваффақияти афкори ҳисобгирӣ мебошанд.

в). Координация – ҷой ба ҷо гузории амалиёти ҳоҷагидорӣ мувофиқи счётҳои баланс – бо ёрии навишти дутарафа амалӣ карда мешавад.

г). Баҳодиҳӣ – ошкоркунии натиҷаи молиявӣ, ки мумкин аст танҳо дар процессии фурӯш ба миён ояд, барои он, ки ҳамаи арзишҳо аз рӯи арзиши аслӣ нишон дода мешаванд.

Ҳоло якчанд афкори Рудановский чун дороии бухгалтерони ватанӣ гардидаанд. Авалан, аз тарафи ӯ ба ҷои мафҳуми сармоя (капитал) мафҳуми нави фонд пешниҳод шудааст. Дуюм, ӯ счёти Фурӯшро асоснок кардааст. Сеюм, ӯ зарурияти итоаткунии бухгалтерро дар масъалаҳои методологӣ ба сарбухгалтер нишон додаст. Чорум, ӯ бо ҷамъбасткунии балансҳо, танҳо бо роҳи бевосита истодагарӣ мекард ва принципи ведомостҳои ҷамъбастиро ҷорӣ намудааст.

Вале шахси бештар бонуфуз на Рудановский, балки шогирди ӯ А.М. Галаган мебошад. Дар муносибати концептуалӣ Александр Миҳайлович Галаган (1879-1938) шахси пайраву ҳаммаслак набуд, ва таҳаввули ӯро ба якчанд давраҳо ҷудо намудан мумкин аст. Дар соли 1916 ӯ собиқаи ҳисобгирии бухгалтерии аврупоро, бештар итолиёвиро ба қалам додааст. Дар соли 1928 ин собиқаро омӯхта консепцияи бештар мукаммал ва аҷоибтарро кор карда баромадааст. Дар соли 1930 кӯшиш намудааст, то назарияи диалектикию – материалистии ҳисобгирии бухгалтериро созмон диҳад.

Галаган идеяи хоҷагидории алоҳида ҳамчун предмети ҳисобгириро инкишоф додаст. Ӯ нишон медиҳад, ки фаъолияти х оҷагидории ҳар як корхона се элементи муҳимро дар назар додар: субъектҳо, объектҳо ва амалиёт.

Субъект гуфта ӯ иштирокчиёни раванди ҳоҷагидорӣ, объект – ҳаргуна воситаҳои гардон ва ғайригардони корхонаро дар назар дорад. Амалиёт – ин таъсири инсон ба арзишҳое, ки бо онҳо сарукор дорад.

Ҳангоми тавсифи метод Галаган кӯшиш кардааст, то ҳамаи усулҳои анъанавии ҳисобгириро дар чор гурӯҳи методҳо: а) назорат; б) таснифот; в)индуксия ва дедуксия; г) синтез ва таҳлил; ҷамъоварӣ намояд.

Ҳарчи ки набошад ҳам Рудановский ва Галаган- бухгалтерони машҳури мактаб Шӯравии ҳисобгирӣ, созмондиҳандагони он мебошанд. Идеяҳои додаи онҳо дар амалия ва назарияи он чӣ, ки номи « Ҳисобгирии социалистӣ»-ро гирифта буд боқӣ мондаанд.

462
Нет комментариев. Ваш будет первым!