Такмилдиҳии ҳисобгирии истеҳсолӣ, эҳёи принсипҳои классикии ҳисобгирии бухгалтерӣ
Стратегияи инкишофи баъдиҷангии хоҷагии ҳалқ на танҳо аз барҳамдиҳии зарари расонидаи ҷанг ва расидан ба сатҳи то замони пешазҷангии хоҷагии ҳалқ, балки аз инкишофдиҳии минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда иборат буд. Дар ин давра низ роҳбарияти мамлакат бо коркардабарои нақшаҳои панҷсола, ҳамчун шакли асосии банақшагирӣ рӯй оварда буданд.
Дар солҳои аввали баъдиҷангӣ диққати асосӣ ба барқарорнамоӣ ва инкишофи саноати вазнин дода мешуд, яъне ҷанбаи саноаткунонии мамлакат, ки аз солҳои 20-ум оғоз ёфта буд, давом дода мешуд. Дар солиҳо 1950 маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1940 қариб ду маротиба зиёд гардид.
Дар доираи ҳисобгирии хароҷот ва калькулятсияи арзиши аслии маҳсулоти тайёри ҳисобгирии бугалтерӣ такмилёбии босуботи донишу малака дида мешуд. Инро махсусан аз рӯи баҳсу мубоҳисаҳо оиди он, ки дар зери объекти калькулятсия чиро фаҳмидан даркор аст, дидан мумкин аст. Нуқтаи назари олимони машҳурро муқоиса намудан аҷоиб аст: М.С.Рубинов ва А.С.Наринский дар зери мафҳуми объекти калькулятсия маҳсулоти арзиши истеъмолии муайянро дар назар доштанд; А.Ш.Маргулис- намуди маҳсулотро; П.С.Безруких- маҳсулоти ҷудогона, корҳо, хизматҳо, гурӯҳи маснуоти якҷинсаро;
Н.Г.Чумаченко- воҳиди маҳсулоти коркардашавандаро;
В.Б.Ивашкевич ва Б.И.Валуев-маҳсулотро аз нуқтаи назари рақамҳои нархномавӣ.
Маънидодкуниҳои объекти калькулятсия дар охири солҳои 50-ум ба мубоҳиса доир ба вариантҳои нимфабрикатии ташкили ҳисобгирии харочот барои истеҳсолот ва кулькулятсия арзиши аслии маҳсулот оварда расонид.
Рақобат калькулятсияро қариб, ки бемазмун месозад, зеро дар ин ҳолат нарх дар зери таъсири талабот ва таклифот сурат гирифта, худ аз худ арзиши аслии ҳақиқӣ ба нархи фурӯш таъсир намерасонад (арзиши нақшавӣ ё арзиши аслии нормативӣ таъсир мерасонад). Зарур набудан ва имконият надоштани калькуляцияро кӯшиш менамоем, ки нишон диҳем.
Оё калькуляция ҳатталимкон аст? Умӯман калькуляция мумкин аст ё калькуляцияи саҳеҳи бухгалтерӣ имконият дорад? Мувофиқи чунин мулоҳизаҳо дар ҳолати аввал ҷавоби мусбат додан, ва дар ҳолати дуюм ҷавоби неро додан лозим меояд.
Такмили сохтори ташкилии ҳисобгирии бухгалтерӣ.
Ин масъала дар давраи карахтӣ аҳамияти муҳим пайдо кард. То соли 1964 ташкили ҳисобгирӣ ба намуди ғайримарказикунонида ба роҳ монда шуда буд, баъд ба таври марказонидашуда, аз аввали бозсозӣ сар карда доир ба манфиатнокии децентрализацияи ҳисобгирӣ боз бо сухан меронданд.
Марказонидан – ин системае мебошад, ки ҳисобгирӣ аз ҷониби соҳибмулк (шахси идоракунандаи фаврӣ) ташкил карда мешавад ва ҳар як иштирокчии раванди хоҷагидорӣ ба ӯ тобеъ мебошад.
Ғайримарказикунонӣ – ин системае, ки ҳисобгирӣ аз рӯи ҳар як объекти ба ҳайати корхона дохилшаванда ташкил карда мешавад ва сатҳи тобеият аз рӯи нишондоди мақомоти болоӣ таркиб меёбад.
Аз миёнаҳои солҳои 50-м меҳанизацияи ҳисобгирӣ такони сахт мегирад. Идеологи асосии бухгалтерия мошинӣ Василий Иванович Исаков гаштааст. Ӯ шакли таблица – перфакартавии ҳисобдориро ташкил карда аст. Таълимот оиди меҳанизация ва автоматизацияро созмон додаст.
Маҳз ба туфайли Исаков ва пайравони ӯ дар фаолияти рӯзмарраи ҳар як бухгалтер масъалаҳои зерин, монанди, ба як шакл дарорӣ (унификация) ва қолабисозии (стандартизация) ҳуҷҷатҳои ибтидоии ҳисобгирӣ, таҳрезии регистрҳои ҳисобгирӣ ва ғайра, ворид гаштаанд.
Фаҳмиши дуюм бо он алоқаманд аст, ки вобастагии ҳаёти хочагӣ ва навишти дутарафа аз муносибатҳои дутарафаи субъектҳои гардиши хоҷагидорӣ бармеояд. Ифшокунандагони нуқтаи назари трасцендентӣ
А. И. Гуляев ва Н.А. Блатов буданд
Шарҳдиҳии сеюм бо он асос ёфтааст, ки бухгалтер бо ёрии навишти дутарафа танҳо факти ҳаёти хоҷагидориро назорат мекунад ва нишон медиҳад, дар ин вақт барои ӯ хусусият ва мундариҷаи воқеъа муҳим нест. Чунин нуқтаи назар барои намояндагони назарияи балансӣ (Н.С.Лунский, Р.Я.Вейцман, Н.А.Кипарисов, Я.М.
Гальперин) хос буд.
Ва дар охир нуқтаи назари муқаррарӣ (конвенциалӣ). Мақсади он пурра практикӣ мебошад. Ҳамагуна сабти ягон факти ҳаёти хочагидорӣ бо муоҳидаи миёни бухгалтер ва роҳбарият (конвенция) пешакӣ муайян карда шудааст.