Иқтисодиёт чист? Ва дигар саволҳо бо ҷавобҳояшон

Дар бораи иқтисодиёт ҳама ва ҳар рӯз ҳарф мезананд. Бинобар ин дар саҳифаҳои китоби мазкур моро суҳбате оид ба иқтисодиёт интизор аст. Дар аввал бояд донист, ки «иқтисодиёт» чист? Истилоҳ (ё вожаи «иқтисодиёт»-ро) се хел таъриф кардан мумкин аст:

Якӯм иқтисодиёт — ин маҷмӯи муносибатҳое мебошад, ки байни одамон дар доираи истеҳсолот, тақсимот, муомилот ва истеъмоли неъматҳо ва хизматрасониҳои моддӣ ва ғайримоддӣ сурат мегиранд. Бояд дар назар дошт, ки иқтисодиёт бо риштаҳои ноайён ҳамаи паҳлӯҳои ҷомеаро фаро мегирад.

Дуюм, иқтисодиёт тарзи ташкили фаъолияти одамонро ифода карда, барои ба вуҷуд овардани неъматҳои зарури истеъмолӣ ва қонеъ гардонидани талаботи онҳо нигаронда шудааст. Талабот ҳоҳиши бошууро- на ва ё бешууронаи одамонро барои ба даст овардани неъматҳои зарурӣ ба мақсади пешбурди фаъолият ва инкишофи шахс ифода менамояд.

Сеюм, иқтисодиёт илмест, ки истифодабарии самараноки захираҳои маҳдудро барои қонеъ гардонидани талаботи номаҳдуди одамон меомӯ- зад. Умуман истилоҳи «иқтисо- диёт»-ро ҳамчун қонун, қоидаи

Изображение

хоҷагидорӣ, яъне тарзу усулҳои хоҷагидорӣ бо мақсади таъмини талаботи одамон тавассути и теҳсоли неъматҳои ҳаётан зарур маънидод кардан мумкин аст. Аз сабаби он ки илми иқтисодиёт рафтор, фаъолияти одамон- ро меомӯзад ба гурӯҳи илмҳои ҷамъиятӣ дохил мешавад.

Дар ҳаёти иқтисодӣ одатан се иштирокчии асосӣ фаъолият мекунанд: оилаҳо (хоҷагиҳои хонагӣ),

фирмаҳо ва давлат. Фаъолияти онҳо байни ҳамдигар вобастагии мутақобила дошта, тавассути бозори омилҳои истеҳсолот (яъне, захираҳое, ки барои истеҳсоли неъматҳо за- руранд) ва бозори молҳои ис- теъмолӣ (неъматҳои аз тарафи

одамон истеъмол ва ё тавассути шартҳои бозорӣ мубодилшаванда) ба роҳ монда мешавад.

НЕЪМАТҲО ҳамаи он воситаҳое мебошанд, ки барои қонеъ гардондани талаботи инсон нигаронида шудаанд.

ОМИЛҲОИ ИСТЕҲСОЛОТ захираҳое мебошанд, ки аз тара- фи одамон барои истеҳсол кардани неъматҳои ҳаётӣ истифода мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар раванди фаъолият дар иқтисодиёт ба си- фати иштирокчии асосӣ шахс, оила ва ё хоҷагии хонагӣ баромад меку- над. Бахусус, барои қонеъ гардондани талаботи хоҷагиҳои хонагӣ тамо- ми фаъолияти иктисодиёт дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон равона карда шудааст.

ХОҶАГИИ ХОНАГӢ воҳиди иқтисодиест, ки аз як ва ё якчанд нафар иборат буда, ҷиҳати ба даст овардани даромад аз ҳисоби омилҳои истеҳсолоти дар ихтиёрдошта ва истифода кардани ин даромадҳо барои дарёфти молу хизматрасониҳо бо мақсади истеъмоли шахсӣ мустақилона қарорҳо қабул мекунад.

Намуди одии хоҷагии хонагӣ шахси алоҳида мебошад, ки бидуни на- здикон зиндагии ҷудогона бурда, воситаҳои заруриро худ ба даст меова- рад ва истеъмол мекунад. Намуди мураккаби хоҷагии хонагӣ оила аст, ки аз волидайну фарзандон иборат буда, дар хонаи алоҳида хоҷагии уму- миро пеш мебарад. Аъзои оила дорои омилҳои истеҳсолот, пеш аз ҳама, меҳнат қувваи корӣ мебошад. Бар ивази меҳнати дар корхонаҳо иҷро- карда дар шакли музди кор аъзои оила даромад ба даст меорад ва оид ба истифодаи он ба мақсади харид намудани маҳсулоти истеъмолӣ, сару либос, пардохти хизматҳои коммуналӣ, истироҳат ва ғайраҳо қарорҳо қабул мекунад.

Ғайр аз меҳнат аъзои оила метавонад соҳибмулки дигар омилҳои истеҳсолот, ба монанди заводу фабрика, қитъаи замин ва дигарҳо низ бошад. Оила аз истифодаи ин омилҳои истеҳсолот низ даромад ба даст оварда метавонад. Бояд қайд намуд, ки хоҷагиҳои хонагӣ дар қатори дав- лат соҳибмулки захираҳои табиии мамлакат маҳсуб меёбанд. Бинобар ҳамин ҳамаи кӯшишҳои давлат барои самаранокии истифодаи захи- раҳои иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии хоҷагиҳои хонагӣ равона карда шудаанд.

Аз ин лиҳоз илми иқтисодиёт рафтор ва фаъолияти одамонро дар раванди хоҷагидорӣ меомӯзад. Омӯзиш ва донистани ин илм барои ода- мон, корхонаҳо ва давлат баҳри беҳтар шудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда мусоидат мекунад.

Чи хеле ки маълум аст, тамоми мавҷудоти зиндаи сайёраи Замин аз табиат истифода мебаранд, вале танҳо инсон барои қонеъ гардондани 6

талаботи худ қобилияти дигаргун кардани неъматҳоро (дар ҳаҷм ва на- мудҳои гуногун) дорад.

Дар баробари ин на ҳамаи неъматҳоро метавон ба вуҷуд овард ва ис- теҳсол кард. Бинобар ин илми иқтисодӣ тамоми неъматҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад: 1) неъматҳои ғайрииқтисодӣ (табиӣ, озод); 2) неъ- матҳои иқтисодӣ.

НЕЪМАТҲОИ ҒАЙРИИҚТИСОДӢ гурӯҳи неъматҳоеанд, ки дар табиат захираи беохир доранд ва барои қонеъ кардани тала- боти одамон кифояанд.

Ин гурӯҳи неъматҳо зарурати истеҳсолӣ надошта, дастраси ҳама- гонанд, озодона ва ройгон мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ба неъматҳои ғайрииқтисодӣ ҳаво, нури Офтоб, оби борон, моҳӣ дар уқёнус ва ғайра дохил мешаванд.

Қисми зиёди талаботи инсон аз ҳисоби неъматҳои иқтисодӣ, яъне молу хизматрасониҳое, ки аз тарафи одамон истеҳсол шудаанд, қонеъ гардонида мешаванд. Ҳаҷми ин неъматҳо барои пурра қонеъ гардонда- ни талаботи одамон нокифояанд ва танҳо аз ҳисоби истифодаи омилҳои иловагии истеҳсолот зиёд гардонида шуда, бо тарзҳои гуногун тақсим карда мешаванд.

Имрӯз одамон нисбат ба давраҳои қадим зиндагии хубтар доранд, ки ин ҳама натиҷаи афзоиш ва беҳтаршавии хусусиятҳои неъматҳои иқти- содист (хӯрока, сару либос, манзил ва ғ).

Барои истеҳсоли неъматҳои ҳаётан зарур одамон захираҳои табиӣ, меҳнат ва дигар воситаҳои махсус (таҷҳизот, объектҳои истеҳсолӣ ва ғ.)-ро истифода мебаранд, ки ҳамаи онҳо омилҳои истеҳсолотро ташкил медиҳанд.

Намудҳои зерини омилҳои истеҳсолотро ҷудо кардан мумкин аст: меҳнат; замин; сармоя.

Зери мафҳуми меҳнат ҳамчун омили истеҳсолот, фаъолияти одамон оид ба истеҳсоли молу хизматҳо фаҳмида мешавад.

МЕҲНАТ дар раванди истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифо- да кардани қобилияти зеҳнӣ ва ҷисмонии одамон мебошад.

Бузургии ин омил дар маҷмӯъ дар миқёси мамлакат аз миқдори аҳо- лии синни қобили меҳнат, сатҳи таҳсилоти одамон, касбияти онҳо асо- сан вобастагӣ дорад. Соҳиби заҳираи меҳнат даромад мегирад, ки онро музди меҳнат меноманд.

Зери мафҳуми замин ҳамчун омили истеҳсолот, тамоми захираҳои табииро, ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ истифода мешаванд, дар бар мегирад. Соҳибмулки захираҳои табиӣ низ даромад мегирад ва он рента номида мешавад.

Мафҳуми сармоя ҳамчун омили истеҳсолот, биною иншооти истеҳ- солӣ, дастгоҳу таҷҳизотро, ки барои истеҳсоли неъматҳои иқтисодӣ ис- тифода мешаванд, дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки меҳнат ва замин омилҳои аввалиндараҷаанд, яъне бе мавҷудияти онҳо хоҷагидорӣ вуҷуд дошта наметавонад. Сармоя бошад, омили дуюмдараҷа аст ва он тавас- сути меҳнати инсон сохта мешавад, чунки дастгоҳу таҷҳизот дар табиат худ аз худ пайдо намешаванд.

Барои таҳлили равандҳои иқтисодӣ одатан аз меҳнат боз як омили дигари истеҳсолот — соҳибкорӣ ҷудо карда мешавад, ки он қобилияти одамонро, ба монанди дуруст баҳо додан барои пешниҳоди молҳои нав ба харидорон ва ё ворид намудани технологияҳои нав бо мақсади соҳиб шудан ба фоидаи зиёд, ҷой доштани хавф ва зарар дидан аз фаъолияти тиҷо- ратӣ ва хавфи аз даст додани пасандозҳои худ ва инчунин пурсамар исти- фода бурдани дигар омилҳоро барои истеҳсоли неъматҳои зарури ҷамъи- ятӣ дар бар мегирад.

Дар мавриди аввал барои мо муайян нест, ки меҳнат аз қобили- яти соҳибкорӣ чӣ фарқе дорад, дар ҳоле ки ҳам соҳибкор ва ҳам кор- гари кироя якҷо фаъолият мекунанд. Албатта, фарқияте ҳаст, чунки коргари кироя танҳо амалҳоеро ба анҷом мерасонад, ки аз тарафи соҳиб- мулк-соҳибкор фармуда мешаванд. Соҳибкор бошад, такя ба қобили- ятҳои худ намуда, оид ба чӣ, чӣ қадар ва чӣ тавр дар корхона бояд истеҳ- сол намудан қарорҳо қабул мекунад. Ғайр аз ин қарорҳои соҳибкор бояд пешомади раванди истеҳсолот ва фурӯши маҳсулотро низ фаро гирифта тавонад. Ана, ҳамин ҳолатҳо иқтисодчиёнро водор месозанд, ки қобили- яти соҳибкориро ба сифати омили истеҳсолот ворид намоянд.

Дар асри XX иттилоот низ ба қатори омилҳои истеҳсолот ворид шуда, тамоми маълумот ва ахбореро, ки ба одамон барои пеш бурдани фаъолият дар иқтисодиёт зарур аст, дар бар гирифт. Ҳаҷми ин захираро чен кардан имконнопазир аст, лекин арзиши он басо гарон мебошад.

Мукаммал намудани тарзи истифодаи омилҳои истеҳсолот барои ҷамъият ду унсури муҳим, яъне махсусгардонии меҳнат ва мубодилаи натиҷаи онро ба миён овард.

Махсусгардонии меҳнат дар принсипҳои инкишофи хоҷагидории ҷамъиятӣ асос меёбад, ки муҳимтарини онҳо: тақсимоти бошууронаи меҳнат байни одамон; бо касбҳои нав омӯзондани одамон; имконияти ҳамгироӣ, яъне ҳамкорӣ баҳри ноил гаштан ба мақсади умумӣ мебошанд.

Умуман, арзишнокии махсусгардонии меҳнат ба асосҳои зерин такя мекунад: якум, ҳамаи одамон қобилияти гуногуни зеҳнӣ ва ҷисмонӣ до- ранд ва фаъолияти онҳо низ аз рӯи қобилияти меҳнатиашон интихоб мегардад. Дуюм, махсусгардонии меҳнат барои одамон имкон медиҳад, ки касби интихобкардаашонро такмил диҳанд ва бо сифати баланд молу хизматҳоро пешниҳод намоянд. Сеюм, рушди қобилияти меҳнатӣ вақтро 8

низ сарфа намуда, зарари гузариш аз як намуди меҳнат ба намуди дигари онро кам мекунад.

Махсусгардонӣ ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат барои одамон имконияти истеҳсоли зиёди неъматҳоро таъмин намуд, ки ба ғайр аз қисми истеъмолшаванда, қисми изофаро ба вуҷуд овард. Ҳолати мазкур зару- рати мубодилаи доимии неъматҳоро ба миён овард.

Мубодилаи доимии молу хизматрасониҳо ҳамчун сарчашмаи пайдоиши фаъолияти муҳим, яъне тиҷорат мебошад, ки шакли хариду фурӯш ё ки мубодилаи молро ба пул мефаҳмонад.

МОЛ ашёи моддиест, ки барои истеъмол ва ё мубодила истеҳсол карда мешавад.

ХИЗМАТРАСОНИҲО гуфта фаъолияти самаранокеро меноманд, ки арзишнокии муайянро доро мебошад.

ТИҶОРАТ мубодилаи озоду самараноки неъматҳост, ки шакли хариду фурӯши молҳо ва хизматрасониҳоро тавассути пул мефаҳмонад.

2.81K
Нет комментариев. Ваш будет первым!