Муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ дар ҷамъият муносибатҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғайра ҷудо мешаванд ва ҳар як соҳаи ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқии алоҳидаро ба танзим медароранд. Яке аз ин муносибатҳо, муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад, ки аз тарафи меъёрҳои ҳамин соҳа яъне, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиӣ ба танзим дароварда мешавад. Муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷинояти дар ду ҳолат амал мекунад, ҳолати аввал, пас аз ҳукми айбдоркунанда эътибори қонунӣ пайдо мекунад, ки тибқи он шахс ба ягон намуди ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшудааст. Ҳолати дувум пас аз барои иҷро фиристодани ҳукми, суд пас аз баррасии ҳукм дар мақомоти болоӣ ҳукмӣ судро қабул карда бо амрномаи, худ бароӣ иҷроба мақомоти дахлдори давлати мефиристонад. Чунки тибқи моддаи 4-уми Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, барои адо кардани ҷазои ҷиноятӣ танҳо ҳукме, ки эътибори қонуни пайдо кардааст ба ҳисоб меравад. Аз рӯзи ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунандаи суд, ҳолати ҳуқуқии маҳкумшуда дигар мешавад то ба қувваи қонуни пайдокардани ҳукми судшаванда, пас аз эътибори қонуни пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаe маҳкумшуда ҳисобида мешавад, яъне маҳкумшаванда чун субеъкти муносибатҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ба субеъкти муносибатҳои ҳуқуқии иҷрои ҷазои ҷинояти табдил меёбад.[1]

Ба монанди дигар муносибатҳои ҳуқуқи муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз се унсур иборат мебошад:

субъект, объект ва мазмун.

Субъекти муносибатҳои ин фан иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи фаҳмида мешаванд, ки дорои ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зерин мебошанд. Ба сифати субъектони муносибатҳои ҳуқуқӣ иҷрои ҷазои ҷиноятӣ шахсони ҳуқуқи ва шахсони ҷисмонӣ баромад мекунанд. Ва дар ин муносибатҳо ду гурӯҳи аосии субъектҳо иштирок мекунанд: маҳкумшудагон ва давлат, ки дар симои муассисаҳои ислоҳӣ колонияҳои ислоҳӣ, марказҳои ислоҳӣ, колонияҳои ислоҳии сукунат ва маҳбасҳо, қисми ҳарбии интизомӣ ва дигар мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазои ҷинояти, дидан лозим аст ва ҷазои ҷинояти аз номи давлат таин ва аз тарафи он иҷро карда мешавад.

Аз тарафи дигар, субъекти муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ суд мебошад, ки шахс дар содир намудани ҷиноят бо ҳукми суд гунаҳгор дониста шуда, ба намудҳои ҷазои ҷиноятӣ гирифтор мешавад.

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷинояти ташкилотҳои ҷамъиятию динӣ давлатӣ ва ғайри давлатӣ шӯроҳои волидайн ва ташкилотҳои байналхалқие мебошанд, ки фаъолияти онҳо ба муҳофизати маҳкумшудагон равона шудааст. Субъекти муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ прокуроҳо ҳам ба ҳисоб мераванд, зеро дар ҳалли масъалаҳои ҳуқуқии иҷро ва адои ҷазои ҷиноятӣ ширкат меварзанд ва аз болои маъмурияти муассисаҳои ислоҳӣ назорат мебаранд.

Объекти муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ зуҳуроти ҷамъиятиро ташкил медиҳад, ки вобаста ба он муносибатҳо ба миён меоянд, ба сифати ин объектҳо баромад мекунанд:

— ҳуқуқу озодиҳои маҳкумшудагон ва ӯҳдададориҳои онҳо;

— ҳуқуқу озодиҳои мақомотҳои иҷрокунандаи ҷазо;

— шароити адо кардани ҷазо ;

— озодкардани аз ҷазои ҷиноятӣ ва ғайра.

Объекти ин муносибатҳо манфиати қонунии субъектҳо ё иштирокчиёни ин муносибатҳои ҳуқуқӣ метавонад бошад.

Мазмуни муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои ин муносибатҳо ташкил медиҳад, яъне агар як субъект ҳуқуқ дошта бошад ва субъекти дигар ӯҳдадор мебошад ва баръакс.

Меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

Меъёри ҳуқуқ ҷузъи ибтидоии ҳуқуқ мебошад. Ҳамчун унсури ибтидоӣ, меъёри ҳуқуқ қоидаҳои рафтори муайянеро меноманд, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ равона кардашудаанд. Аз ин ру, меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиӣ қоидаи рафтори иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ мебошад, ки ба муносибати иҷрои ҳукми айбдоркунандаи суд ба вуҷуд омада, аз тарафи мақомоти олии қонунгузорӣ давлат қабул шуда, ба чораҳои маҷбуркунии давлат таъмин мешаванд.

Меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ монанди меъёрҳои дигар соҳаи ҳуқуқ аз се қисми асосӣ, яъне гипотеза, диспозитсия ва санксия иборат мебошад.

Гипотеза шарту шароитҳои иштирокчиёни ин муносибатҳоро муайян намояд, диспозитсия қоидаи рафтори онҳоро муқарар мекунад ва санксия барои иҷро накардани шарту шароитхо ва қоидаи рафтор ҷазоро пешбини менамояд[2]

Яке аз нишонаҳои фарқунандаи меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ дар он ифода меёбад, ки гипотезаи онҳо дар меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва дар меъёрҳои ҳуқуқи мурофиаи ҷиноятӣ пешбини шудаанд. Яъне меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар он ҳолате амали мешаванд, ки агар дар ҷомеа ҷиноят содир шуда бошаду шахси ҷинояткор ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шуда, ба ҳукми суд гунаҳгор дониста шуда ва ҳукми суд эътибори қонуни пайдо карда бошад.8

Меъёрҳои ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятиро вобаста ба асосҳои гуногун тасниф намудан, мумкин аст. Чунончӣ вобаста ба шакли ифодаёбӣ, меъёрҳои ӯҳдадоркунанда, манъкунанда ва ҳавасмандкунанда ном гирифтаанд. Меъёрҳои ӯҳдадоркунанда ба зимаи иштирокчиёни ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ иҷро намудани ӯҳдадории муайянро мегузоранд. Масалан маҳкумшудагон вазифадоранд, ки талаботи қонунан асосноки маъмурияти муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазоро ба ҷо оранд.

Меъёрҳои манъкунанда меъёрҳое ҳастанд, ки содир намудани амалҳои муайнро нисбати субъектҳои ҳуқуқ манъ мекунанд.

Меъёрҳои ҳавасмандкунанда тартиб ва чораҳои ҳавасманд кардани иштирокчиёни ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятро муқарар мекунанд.

Аз руӣ дараҷаи қаътияти меъёрҳои императивӣ ва диспозитивӣ мешаванд.


[1] Салимов Ҳ. Ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ Душанбе 2005. с.78[2] Ниг: Сотиволдиев Р Ш. Назарияи умумии ҳуқуқ ва давлат Душанбе 2003 муфасалтар баён шудааст

338
Нет комментариев. Ваш будет первым!