Барнома-дастури компютерӣ

Барнома яке аз афзорҳои асосии истифодабарандаи компютер ба ҳисоб меравад. Бесабаб барномаро дастури компютерии истифодабаранда намегӯянд.

Тамоми равандҳое, ки дар компютер ба вуқӯъ мепайванданд, таҳти иҷрои ин ё он барнома амалй мегарданд. Масалан, ба кор омодашавии системаи амалиётиро

барнома идора мекунад. Худи системаи амалиётй — барнома аст. Ҳар гуна бозии компютерй низ барнома аст. Тамошои видео ё шунидани мусиқӣ низ бо ёрии ягон барнома амалй мегардад.

Гурӯҳи барномаҳое ҳастанд, ки онҳоро худи истифодабарандагон дар компютер насб менамоянд. Ин гуна барномаҳоро барномщои истифодабарандагон мегӯянд. Ба ин навъ барномаҳо бозиҳои компютерй, барномаҳои видеой, аудиоплеерҳо ва ғайра дохил мешаванд.

Гурӯҳи дигари барномаҳое ҳастанд, ки онҳо ҳангоми насби системаи амалиётй ба таври худкор дар компютер насб мегарданд. Ин гуна барномаҳоро барномаҳои хидматӣ мегӯянд. Ҷузвдонҳои системавии Ҳамин компютер (Этот компьютер), Лавҳаи идорӣ (Панель управления), Роҳбалад (Проводник) ва гайра аз қабили ҳамин навъи барномаҳо мебошанд.

Гурӯҳи сеюми барномаҳое ҳастанд, ки онҳо ба таври худкор худашон дар компютер насб мегарданд ва ҳангоми ба кор шурӯъ кардани компютер, ба хотираи фаврии он кӯчида, «зери парда» фаъолият менамоянд. Ин гуна барномаҳоро барномаҳои системавӣ мегӯянд. Масалан, худи системаи амалиётй ба ин навъи барномаҳо мансуб аст.

Барнома аз парванда, қабл аз ҳама, бо қисми иловагии номаш фарқ мекунад. Қисми иловагии номи барномаҳо, маъмулан, «.ехе» мебошад. Ҳангоми огози кори барнома, бевосита интерфейс — майдони корни он кушода мешавад. Ҳангоми огози кори парванда бошад, аввал барномае ба кор шурӯъ мекунад, ки ин парванда ба воситаи он сохта шудааст. Ba ниҳоят, парванда — маҳсули барнома буда, барнома — маҳсули барномасоз мебошад.

Ҳамин тариқ, барномаи компютерй — пайдарпайии дастурҳое мебошад, ки барои иҷрои компютер пешбинй шудааст. Мафҳуми «барномаи компютерй»-ро ба матни додашудаи худи барнома (рамзи барномавй) низ татбиқ мекунанд.

Барномаи компютерӣ – маҷмӯи дастурҳо ва додаҳое мебошад, ки сахтафзори компютериро ба ҳисобкунӣ ё идоракунии ҷузъи мушаххаси система ҳидоят менамояд.

Кулли барномаҳои компютериро якҷоя бо қоидаҳои истифодабариашон таъминоти барномавии компютер ё нармафзор меноманд. Таъминоти барномавии компютерро, ки аз миллионҳо барномаҳои гуногун иборат аст, асосан барномаҳои системавӣ, татбицӣ ва забощои барномарезӣ ташкил медиҳанд.

Маҷмуи барномаҳои дар компютер истифодашавандаро таъминоти барномазӣ ё нармафзор меноманд.

Ба барномаҳои системавӣ — системаҳои амалиётӣ, барномаҳои хидматӣ (утилитҳо), барномаҳои зиддивирусӣ, трансляторҳо, компиляторҳо, системаҳои ташхис, барномаҳои шабакавӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Ба барномаҳои татбщӣ бошад, виросторони матнй, графикӣ, рӯнамой, ҷадвалҳои электронй, системаҳои идоракунии пойгоҳи додаҳо, бастаи барномаҳои муҳосиботй, менеҷменти оморй, системаҳои худкорсоз, системаҳои маълумотй-ҳуқуқй ва ҳоказо дохил мешаванд.

Раванди таҳияи барномаи компютериро — барномасозӣ ва шахси машғули ин фаъолиятро — барномасоз мегӯянд. Матни аввалаи барномаҳои компютерй бо ёрии барномаҳои махсус сохта мешаванд, ки онҳоро забонҳои барномарезӣ мегӯянд. Барои иҷрои барномаҳо дар компютер, матни тайёри онҳо аз тарафи протсессор ба рамзҳои мошинӣ (рамзи дуй) табдил дода мешаванд. Раванди аз забони барномарезй ба рамзи мошинй табдил додани барномаро компилятсия ё интерпретатсия меноманд.

Дар аксар забонҳои барномарезй матни додашудаи барномаҳо аз номгӯи дастурҳое иборат мебошанд, ки асоси онҳоро алгоритмы мувофиқи ҳалли масъалаҳо ташкил додаанд. Чунин тарзи барномасозй — тарзи императивӣ ном дорад. Дар тарзи декларативны барномасозй бошад, танҳо тавсифҳои аввала ва пешдиди додаҳои коркардшаванда тасвир карда шуда, интихоби алгоритми мувофиқи ҳалли масъала ба зиммаи барнома-интерпретатори махсус вогузор карда мешавад. Ин гуна забонҳои барномарезиро забощои алгоритма низ мегӯянд.

Эзох: Алгоритм — тарзи иҷрои пайдарпайи амалҳоест, ки ҳалли масъаларо таъмин менамояд.

Барномаҳоро бо ду тарз — матнй ва графика (визуалй) сохтан мумкин аст. Дар мавриди якум, рамзи барномавӣ бо усули дастӣ ҳарфчинй карда мешавад. Дар мавриди дуюм, фаъолияти вазифавии барнома ба воситаи унсурҳои интерфейси графикии истифодабаранда муайян карда шуда, матни барнома бошад, ба таври худкор тавлид меёбад. Матни барнома дар як вақт метавонад ҳам барои воридоти тағйироти дасти дастрас бошад ва ҳамзамон аз барномасоз комилан пӯшида бимонад.

Матни барномаи компютерй бо ёрии системам амалиётӣ аз хотираи беруна ба хотираи фаврии компютер интиқол дода шуда, аз тарафи протсессор то расидан ба интиҳои барнома, дастур аз паси дастур иҷро карда мешавад. Раванди кори барнома ё бо иҷрои охирон дастури он анҷом меёбад ва ё бо пайдошавии ягон ғалати нармафзорй ё хатогии сахтафзорӣ пеш аз муҳлат ба поён мерасад. Дар ҳар ду маврид ҳам CA ба таври худкор идоракунии кори компютерро ба зиммаи худ мегирад.

1.07K
Нет комментариев. Ваш будет первым!