Таснифи компютерҳо аз руйи имкониятҳои функсионали

Татбиқи компютер тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти инсонро дар бар гирифтааст. Имруз соҳа ё самти фаъолиятеро пайдо кардан хеле душвор аст, ки дар он компютер татбики худро наёфта бошад. Новобаста ба ин, талабот ба компютер ва хизматрасонии компютерй дар ҷомеа мунтазам ру ба афзойиш аст. Инсоният кддам ба кадам ба ҷомеаи иттилоотй ворид шуда истодааст. Аз ин ру, беҳуда нест, ки асри XXI — асри информатика ва технологияи иттилоотй ном бурда мешавад.

Дар сохахои гуногун, мувофикдн ба хусусият ва хаҷми иттилооти коркардшаванда, талабот ба иктидори компютерхои истифодашаванда низ гуногун аст. Масалан, дар марказҳои илмиву тадкикотй, ки дар онхо хаҷми хисоббарорихо ва коркарди додахо хеле зиёд аст, на аз компютерхои фардии одй, балки аз компютерхои пуриктвдортар истифода мебаранд. Дар мавриди идора кардани парвози киштии кайхонй ё пешгуйии обу хаво бошад, аз компютерхои пуриктидортарин истифода бурдан лозим меояд, ҷунки дар ин мавридхо коркарди аз хад зиёди иттилоот, бо истифода аз моделхои математики, зарур аст.

Талабот ба иқтидори компютерхое, ки асосан барои тахия ва коркарди санадхои матнй пешбинй шудаанд, нисбатан камтар аст. Бинобар ин, мувофиқдн, онхо метавонанд камиқтидортар бошанд. Барои иҷрои максадхои бузург бошад, хусусан офаридани филмхои бадей ё идора кардани шабакахои ҷахонии бонкй, ки дар онхо коркарди хаҷми калони иттилооти тасвирй ё ракамй талаб карда мешавад, компютерхои махсус ва хеле пуриқгидор заруранд. Яъне, хамаи он компютерхое, ки имруз сохта ва истифода бурда
мешаванд, дорои имконият ва хосиятҳои гуногун мебошанд. Ва ҳамин тарик, бозсозиву рушди хусусиятҳои техника ва технологияи компютерй ба раванди доимй ва устувор табдил ёфтааст ва ончунон босуръат пеш меравад, ки шояд пас аз муддати начандон зиёди вакт зарурияти аз нав тачдиди назар кардани ин китоб низ пеш ояд.

Компютерҳоро аз руйи параметрҳои муайян ва хосиятҳояшон ба синфхо тақсим мекунанд, ки онро одатан таснифи компютерро мегуянд. Компютерхоро таснифи қатъй додан хеле мушкил аст, чунки онхо аз руйи баъзе параметр ё хосиятхояшон метавонанд ба як синф ва аз руйи дигар параметру хосиятхояшон ба синфи дигар мансуб дониста шаванд. Аз ин ру, таснифи компютерхо шартан гузаройида мешавад. Масалан, мо метавонем компютерхоро аз руйи параметрхои хачми хотираю чисмй, зудкорию соли барориш, чузъи пойгохй, сохаи истифодабарй. ва гайра ба синфхо чудо намоем.

Агар мо таснифи компютерхоро тибки нишондодхои:

  • таъйинот ва имконоти онҳо дар коркарди иттилоот;
  • имкониятҳои робитавии онҳо бо корбарон (интерфейс);
  • ҳаҷми ҷисми онҳо;
  • имкониятҳои захиравии онҳо.

ва гайра дида бароем, он гох бо назардошти тахдили талаботи рузафзун ба техникаи электронй, компютерхои муосирро ба таври зайл ба синфхо таксим карда метавонем:

Изображение

Акнун ба худ чунин савол мегузорем; Он нишондодҳое, ки аз руйи онҳо мо компютерхоро тасниф намудем, чй арзише доранд? Барои ба ин савол чавоб ёфтан, мухитеро тасаввур мекунем, ки дар он фаъолияти корй танхо аз нигахдорй, хифз, коркард ва интиколи иттилоот иборат аст. Шумо зуд пай бурдед, ки ин гуна мухит, пеш аз хама, ба мухити кории компютер монанд аст, чунки дар ин бора шумо дар синфхои поёнй маълумот пайдо карда будед. Бале, шумо дуруст хулоса баровардаед. Агар хосиятхо ва параметрхои компютер хдр кадар бехтар бошанд, он гох барои ичрои вазифахои баробар аст.

  • 1 байт (як байт) = 23 бит = 8 бит;
  • 1 Кбайт (як килобайт) = 210 байт = 1024 байт;
  • 1 Мбайт (як мегабайт) = 220 байт = 1024 Кбайт;
  • 1 Гбайт (як гигабайт) = 230 байт = 1024 Мбайт;
  • 1 Тбайт (терабайт) = 240 байт = 1024 Гбайт;
  • 1 Пбайт (петабайт) = 250 байт = 1024 Тбайт;
  • 1 Эбайт (эксабайт) = 260 байт = 1024 Пбайт;
  • 1 Сбайт (секстибайт) = 270 байт = 1024 Эбайт.

Илова ба хосиятҳои болой, имконтятҳои компютер ба омилҳои дигар низ вобаста аст:

  • разряднокии протсессор;
  • ҳаҷми хотираи беруна;
  • хосиятҳои кисмҳои берунаи нигоҳдорй, иртибот ва дохилкунию хориҷкунии иттилоот;
  • имконияти иттилоотгузаронии таҷҳизоти иртиботй;
  • имконияти дар як вакт бо компютер кор карда тавонистани якчанд корбар
  • имконияти дар компютер ба таври параллели кор карда тавонистани якчанд барнома;
  • имконияти пайвастшавй ба шабака;
  • эътимоднокй.
3.16K
Нет комментариев. Ваш будет первым!