Меъморй ва санъати ороиши давлати Сомониён

Бинокорй ва меъморй. Аз сарчашмахои хаттй равшан мегардад, ки дар давраи хукмронии Сомониён бинову касрхои зиёде бунёд гардидаанд, аммо то замони мо каме аз онхо бокй мондаанд. Шумораи кушку иморатхо, сарою дуконхо, масчиду мадрасахо ва макбарахо дар ахди Сомониён афзуданд. Сохтмони бинохои асрхои IX-X бо санъати меъмории замони пешин робитаи зич дошт. Дар сохтмон бештар гил, похса, хишти хом, чуб ба кор бурда мешуд. Дар хамин замон хишти пухта дар сохтмон рох ёфт. Бинохои бошукух пурра аз хишти пухта сохта мешуданд, ки комёбии бузурге буд дар сохтмон.

Яке аз чунин сохтмонхои нодири Осиёи Марказй макбараи Исмоили Сомонй дар Бухоро мебошад, ки дар охири асри IX ва ибтидои асри X бино ёфтааст. Меъморони ин макбара анъанахои бехтарини санъати давраи Сомониён ва замони пешинро истифода бурдаанд. Зохиран макбара шакли мураккаб надорад. Он як иншооти мукаабшаклест, ки болояш бо гунбаз пушида шудааст. Дар айни хол нихоят муносиб афтидани накшхои амудию уфукии девор, зебу ороиши беруни бино тамоми иморатро багоят нафису латиф нишон медиханд.

Воситаи асосии ороиши бино хишти пухта ва намуди асосии накш тарзи гуногуни чидани хишт аст. Накше, ки дар натичаи ба тарзи гуногун чидани хишт пайдо шудааст, басо оддй ва дар айни хол хеле зебо ва шинам аст. Такрибан хар як чузъиёти тарху лоиха ва накшу нигоре, ки дар макбараи Исмоили Сомонй хаст, дар санъати меъмории кадимтари сугд хам ба худ як шабех дорад. Макбараи Исмоили Сомонй гуё мучассамаи равнаку
ривоҷи санъати чандинасраи меъморй буда, тамоми комёбиҳои онро дар бар гирифтааст.

Мақбараи намояндаи охирини Сомониён Абуибро- ҳими Мунтасир низ ҷолиби диққат аст. Мақбара дар наз- дикии деҳаи Остонабобои шаҳрчаи Каркй (Туркманистони имруза) тахминан соли 1005 бино ёфтааст. Дар байни мардум бо номи макбараи Аламбардор ё Аламдор машҳур аст. Ин макбара ҳам аз хишти пухта сохта шуда, чиниши хишт хеле назаррабо ва муҳташам аст.

Макбараи дигаре, ки то имруз нигоҳ дошта шудааст, макбараи Арабато (977 978) мебошад. Ин макбара дар деҳаи Тим (дар Каттакургон, 60 километр дуртар аз нишебии куҳҳои Зирабулок, Узбекистони имруза) вокеъ гаштааст. Макбараи Арабато ҳам бинои мукаабшакли гунбазпуш аст, вале факат як даромадгоҳ дорад. Тарафи даромадгоҳ пештоки баланди муҳташам дорад, ки бо накши зебои барҷаста оро дода шудааст. Дар болои даромадгоҳ токчаҳои ороишй ба назар мерасанд. Барои ороиши макбара масолеҳ ва воситаҳои гуногунро кор фармудаанд. Дар ороиши ин макбара ҳам усули бо чидани хишт накш партофтан, ҳам гачкорй, ҳам гулпартой бо хиштҳои сайкалй ва ҳам сабти катиба дар заминаи накши ислимй ва гайра истифода шудааст. Умуман дар сохту накшунигори ин макбара ҳам аломатҳои меъмории кадимии сугдиро дидан мумкин аст, вале бештар аз он нишонаҳои нав ба назар мерасанд, ки баъдтар хеле такмил ёфта, дар осори меъмории асрҳои Х1-Х11 равшан мучассам мегар- данд.

Дар замони Сомониён боз макбараҳои зиёде, аз чумла макбараи Хоча Нак- шрон дар наздикии ноҳияи

Изображение

Мақбараи Исмоили Сомонӣ.

Бухоро. Асри Х. ва гайра сохта шудаанд.
Ҳамаи ин мақбараҳо ёдгориҳои меъмориву таърихй буда, дар сарзамини Осиёи Марқазй аз асри IX инҷониб бино ёфтаанд ва ҳар қадоми онҳо бо санъати баланди меъмориву бинокории ҳуд бинандаро ба ҳайрат меоваранд. Ҳаман онҳо маҳсули дасти меъморон, бинокорон, ҳаттотон, кошикорон, кандакорон ва наққошон мебошанд.

Дар асрҳои 1Х-Х дар Мовароуннаҳр ва Хуросон намуди ҳавлиҳои феодалони қалон тагйир ёфт, қи онҳо бештар дар шаҳрҳои қалони обод (Буҳоро, Самарқанд, Марв ва гайра) соҳта мешуданд. Чунон қи дида мешавад, дар ин асрҳо биноқорони тоҷиқ услуби меъмории аҷдоди ҳуд — сугдиён, боҳтариён ва дигарҳоро ҳеле бо маҳорат истифода бурдаанд. Дар соҳтмони биноҳо ва қушқҳои муҳташами феодалон ба қандақорй, нақшу нигор ва ороиши онҳо аҳамияти қалон дода мешуд.

Ҳунарҳои бадей (санъати амалӣ). Дар солҳои мавҷудияти давлати Сомониён дигар соҳаҳои ҳунари бадей, аз ҷумла оро додани зарфҳои сафолй, рангу бор ва нақшу нигори матоъ, қолинҳо, санъати ҳаттотй ва гайра, қи пеш буданд, инқишоф ёфтанд ва боз ҳунарҳои нав ба миён омаданд. Чй тавре қи қайд шуд, ҳунари сир додани зарфҳо дар асри VIII ибтидо гирифта буд, вале дар асрҳои 1Х-Х усулҳои сир додани маснуоти гилй багоят тараққй қард, қи ин ба пешравии санъати нақшу нигори зарфҳои сафолини сирдор шароит фароҳам овард. Намунаҳои зиёди ин санъат, аз қабили қоса, табақ, қуза ва гайра то замони мо омада расидаанд ва аксарияташон барои намоиш дар музейҳо чой гирифтаанд. Зарфҳои сафолини дар асрҳои 1Х-Х тайёркарда гуногун буданд. Талаботи мардум ба чунин зарфҳо руз то руз меафзуд. Дар зарфҳои рузгор — пиёлаву косаву табак бо хати зебову хоно чунин навиштачотҳоро мебинем: «Хайроту баракат ба соҳиби ин чиз», «Ош шавад», «Аввали дониш талҳ асту анчомаш ширин», «Саҳоват пешаи мардон», «Саҳоват посбони ҳиммату давлат аст» ва гайра.

Изображение

Мақбараи Мунтасири Сомонӣ.

Аксаран накши ин гуна зарфҳо накши оддии ислимй, яъне тасвири печдарпечи шаклҳои ҳандасй ва наботй аст, вале тасвири маҳлукот, масалан, тасвири мургон низ ба назар мерасад.

Дигар навъи нақш рангубори мармарй мебошад. Барои офаридани ин накш рангҳои гуногунро бе ягон тартиби муайян болои ҳам порча-порча мемолиданд ва дар ин ҳолат ягон накши муайяни маънодор пайдо мешуд.

Дамчун усули иловагии ороиши зарфҳои сафолй усули накр, яъне ҳарошида баровардани накшро низ кор мефармуданд, ки он асосан дар зарфҳои накшашон мармарй ё ҳуд зарфҳои сирдори сабз дида мешавад. Ҷои ҳарош бо сир пур карда мешуд ва дар заминаи сабзи руи зарф накши барчастае ба вучуд меомад, ки асосан аз тасвири шаклҳои ҳандасию наботй ва расми мургон иборат буд.

Изображение

Табақи сирдори асрхои 1Х-Х. Самарканд.

Мардуми тоҷик дар давраи давлатдории худ, яъне замони Сомониён муваффақиятҳои ач- доди пешинаашонро ривоҷ дода, дар айни ҳол комёбиҳои дигар ҳалкҳои ҳдмсояро истифода бур- да, б а онҳо навигариҳо зам менамуданд. Дунарҳои бадей дар иктисодиёти Мовароуннаҳ- ру Хуросон накши бузург бози- даанд. Ин ҳунарҳо чунон афзу- данд, ки дар асри 1Х-Х дигар ҳо- чати аз дигар давлатҳо овар- дани ҳунармандон набуд.

Ҳунарҳои бофандагй, кулолй, сир додани зарфҳои сафолй, накшу нигори матоъҳои гуногун ва гайра ба дараҷаи баланди тараккиёти худ расида буданд. Дар Бухоро, Самарканд, Хуҷанд, Кеш ва дигар шаҳрҳо матоъҳои ҳархела тайёр карда мешуд. Мувофики маълу- моти муарриҳ Абубакри Наршаҳй дар Буҳоро бо номи «Байт-ут-тироз» корҳонаи калони бофандагй кор мекард, ки устоҳо ба гайр аз матоъ боз колинҳои гуногун истеҳсол менамуданд. Маҳсулоти онро ба бисёр мамлакатҳову шаҳрҳо ба савдо мебурданд. Матоъҳои дар Самарканд тайёршуда, аз ҷумла симгун, зарбофт, кимҳоб ва матоъҳои абрешимй ном бароварда буданд. Дар ҳамин давра роҳҳои аз катон (суфи канабй) тайёр кардани газвори ҳушсифат ба вуҷуд оварда шуд.

Маснуоти шишагй, заргарй низ бо санъати баланд зебу зинат дода мешуданд ва ҳаридорони онҳо ҳеле зиёд буданд.

Савол ва супориш

1.Дар бораи тараккиёти бинокориву меъмории давраи Сомониён ҳикоя кунед.

2.Бинокорон ва меъморон кадом масолеҳи бинокориро истифода мебурданд?

3.Оид ба макбараи Исмоили Сомонй ва дигар макбараҳо ҷй медонед?

4.Дар бораи сир додани зарфҳо ҳикоя кунед ва кадом навиштаҷоти руи зарфро медонед?

5.Дар кадом шаҳрҳо матоъҳои паҳтагиро бисёртар тайёр мекарданд?

6.Оид ба корҳонаи калонтарини Буҳоро «Байт-ут-тироз» ҷй медонед ва дар он кадом матоъҳоро тайёр мекарданд?

1.23K
Нет комментариев. Ваш будет первым!