Инкишофи адабиёт ва мусиқи дар давлати Сомониён

Нашъунамо ва расман эътироф шудани адабиёти форс- точик. Асрҳои 1Х-Х барои пешравии адабиёти қитобии тоҷик, ки аз эҷодиёти даҳанакии халқ баҳра мегирифт, шароити хеле мусоид мухайё кард. Давлати Сомониён давраи тавлиди адабиёти форс-точик не, балки давраи нашъунамои он хисоб меёбад. То замони Сомониён хам ба забони форсй-точикй адабиёти бадей вучуд дошт ва шоирону олимон дар асрхои IX-X ба забони форсй-точикй асархо офарида буданд. Абуабдуллохи Рудакй, Абул- косими Фирдавсй, Абулхасани Балхй, Абуалй ибни Сино, Абулхусайни Бухорой, Аббоси Самаркандй, Шокири Бухорой ва даххо дигарон аз чумлаи онхоянд. Он даврае буд, ки ба чуз адабиёти ба забони точикй эчодшуда, боз бисёр шоирону олимони Мовароуннахр, хусусан онхое, ки ба дарбор наздик буданд, ба забони арабй низ асархо таълиф менамуданд.

Сомониён дар таърих хамчун пушту панохи олимону шоирон ва ахли илму адаб, фарханг ва санъати нафис шухрат пайдо кардаанд. Дар ин чабха сахми вазирони ботадбир Абулфазли Балъамй ва Абуабдуллохи Ҷдйхонй хеле бузург аст. Сомониён бо ин мехостанд истиклолияти миллии худро намоиш диханд ва гурури арабхои хавобаландро паст кунанд, то онхо дарк намоянд, ки тамаддуни мардуми форс-тоҷик аз онхо хеҷ камй надорад.

Абуабдуллоҳ Рудакй. Сомониён барои шухрати худро афзун гардондан шоирону олимонро ба дарбори худ даъват менамуданд. Яке аз ҷунин шоирони мумтоз ва сарояндаву навозандаи номй Абуабдуллох Рудакй буд, ки соли 858 дар дехаи Панҷруди нохияи Панҷакенти имруза таваллуд ёфтааст. Вай сардафтари адабиёти классикии форс-тоник мебошад. Баъди шухратманд гаштанаш аз тарафи амири Сомониён Насри II ба дарбор даъват карда мешавад. Қариб тамоми умраш дар Бухоро мегузарад. Абулфазли Балъамй яке аз дустон ва такягохи Рудакй буд. Вай дар хакки Рудакй ҷунин гуфтааст: «На дар Араб на дар Аҷам шоире, ки ба у баробар шуда тавонад, нест». Рудакй дар дарбори Сомониён сохиби шухрату бойгарй шуд, вале дар пиронсолиаш уро барои ба харакати халкии карматихо мутааллик буданаш аз дарбор ронданд ва мувофики ривоятхо ба ҷашмонаш мил кашида, кур карданд. У дар ҷунин холат ба зодгохаш равон шуд ва дере нагузашта, дар дехааш Паннрӯди имруза соли 941 вафот кард.

Аз эҷодиёти бой ва гуногуни у танҳо зиёда аз як ҳазор байт то давраи мо расидааст, ки онҳо аз маҳорату санъати баланди шоирии вай шаходат медиханд.

Шоир мардумро ба накукорй, андуҳтани дониш, аз сахтихои зиндагй дилҳунук нашудан даъват мекунад:

Ҳар кй н-омуҳт аз гузашти рузгор,

Низ н-омузад зи ҳеҷ омузгор.

Шоир донишомузиро яке аз сарватҳои бузургтарини инсонй медонад ва онро ин тавр тараннум намудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз рози дониш бениёз… Дониш андар дил чароги равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Бисёр шоирони номии замони Рудакй ва баъдина уро «Устоди шоирони ҷаҳон», «Соҳибкирони шоирй» ном бурда, бо ҳурмату эҳтироми зиёд ёдовар мешаванд. Осори Рудакй барои бисёр шоирони забардасти классик ҷун мактаб ҳизмат кардааст.

Бостоншиносони машҳури Аврупо Рудакиро ба Го- мери Юнон баробар кардаанд.

Карнҳо гузаштанд ва боз мегузаранд, вале шуҳрати шоири безавол дар дили ҳонандагони бешумор беш аз пеш но мегирад.

Соли 1958 дар сар то сари Тоҷикистон 1100-солагии зодрузи шоир ҷашн гирифта шуд ва дар он намояндагони собиқ ҷумҳуриҳои Шуравй ва бисёр намояндагони мамлакатҳои ҳориҷй иштирок доштанд. Барои ҳотираи шоирро абадй гардондан дар деҳаи Панҷруд ҳайкали шоир гузошта шуд. Дар ноҳияи Панҷакент музеи ба номи шоир ба кор сар кард. Майдони назди Донишгоҳи аграрии ҷумҳуриамонро ҳайкали Абуабдуллоҳ Рудакй зинат ме- диҳад. Доло Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон, Донишгоҳи педагогии Кулоб, мактабҳо ба ҳуд номи Абуабдуллоҳ Рудакиро гирифтаанд.

Ҷумҳуриамон барои асарҳои арзандаи бадей Ҷоизаи давлатии ба номи Рудакй таъсис намудааст.

Дар асри X бисёр шоирони барҷаста, ба монанди Абулхасан Шахиди Балхй, Абумансур Дакикй ва дигарон ҳаёт ба сар бурдаанд.

Соли таваллуди Абумансур Дақиқӣ номаълум, ва- фоташ тахминан соли 977 аст. Тазкиранависон ҷои таваллуди уро тахминан шаҳри Тус (дар Хуросон) ё Самарканд ва ё Буҳоро гуфтаанд. Эҷодиёти шоир аз дарбори хокими музофоти Ҷагониён, ки яке аз музофотхои ободи давлати Сомониён буд, сар шудааст. Сипас у ба дарбори Сомониён даъват шуда, бо супориши амир Нухи II Сомонй ба офаридани «Шоҳнома» шуруъ мекунад. Аммо онро ба поён расонда наметавонад, зеро аз тарафи гуломаш кушта мешавад.

Баъд аз у Абулкосими Фирдавсй «Шоҳнома»-ро ба риштаи назм кашида, ҳазор байти навиштаи Дакикиро низ ба он ҳамроҳ мекунад. Ба калами Дакикй боз касида, газал, байтҳо тааллук доранд. Бисёр шоирони забардасти форс- тоҷик — Фарруҳй, Сузанй, Адиб Собири Тирмизй ва дигарон уро бо эҳтиром ёд кардаанд.

Мувофики карори ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) соли 1978 1000-солагии Абумансур Дакикй ҷашн гирифта шуд.

Абулқосими Фирдавсӣ. Шоири бузурги мумтози он даврон, классики адабиёти форс-тоҷик Абулкосими Фирдавсй миёни солҳои 934 941 дар деҳаи Божи наздикии Туси Хуросон ба дунё омадааст. У соҳиби маълумоти ҳубе мешавад ва ҷуз забони модариаш форсй-тоҷикй боз забони арабиро аз ҳуд мекунад. Ҷдвонии шоир дар замони ривоҷу равнаки давлати Сомониён ва ташаккули ҳалкияти тоник гузаштааст. Фирдавсй аз айёми ҷавонй дар орзуи гирд овардани киссаву ривоятҳои кадимаи ниёгони ҳуд буд. У барои амалй гардондани нияташ ба маркази давлати Сомониён — Буҳоро, дигар шаҳру музофотҳо сафар карда, оид ба таъриҳи гузаштаи ҳалкҳои эронинажод маълумоти зиёде ба даст меоварад ва дар синни 35-солагй ба таълифи «Шоҳнома» шуруъ мекунад. Шоир дар ин асар галабаи некиро бар бадй нишон дода, каҳрамонию ватандустии

халқи мазлуми мехнатиро тасвир намудааст. У мардуми эронинажодро ба муборизаи зидди ачнабиён даъват мекунад. Фирдавсй баъди мехнати тулонй асари оламшумули «Шохнома» — ро соли 994 ба поён мерасонад, вале дар ин вакт давлати Сомониён багоят заиф шуда, ру ба инкироз нихода буд.

Ба ҷои Сомониён сулолаи нав — Газнавиёни туркнажод бо сардории Султон Махмуд ба сари хокимият омаданд. Шоир «Шохнома»-ро ба Султон Махмуд тақдим кард, вале Султон Махмуду дарбориёнаш ба қадри ин асари безавол нарасиданд ва ба шоир руи хуш надоданд. Ба замми ин, шоирро таъқиб намуда, бо амри Султон Махмуд хостанд уро ба зери пои фил андозанд. Фирдавсии бузург аз ин нияти бадкирдоронаш огоҳ гашта, ба Ҳирот гурехт. У дар айёми пирй ба зодгохаш-шахри Тус баргашта, солхои охири умрашро дар қашшоқиву махрумиятхо гузаронд ва соли 1020 (мувофиқи баъзе маълумотхо соли 1025) вафот қард. Рухониён Фирдавсиро қофир хонда, нагузоштанд, қи дар қабристони мусулмонон дафн қунанд. Ҷасади шоир дар боги худаш ба хоқ супурда шуд.

Солхо, қарнхо гузаштанд, номи Фирдавсй ҷовид монд. Суханхои хитобан ба Махмуди Газнавй гуфтаи у хақ баромаданд:

Бинохои обод гарданд хароб, Зи борону аз тобиши офтоб. Пай афқандам аз назм қохе баланд, Ки аз боду борон наёбад газанд. Бад-ин нома гар умрхо бигзарад, Бихонад хар он қас, қи дорад хирад. Намирам аз ин пас қи ман зиндаам, Ки тухми суханро пароқандаам.

Фирдавсй ба ҷуз «Шохнома» боз газал, қасида ва рубой хам офаридааст. Шоири инсонпарвару ватандуст дар таърихи адабиёти форс-точиқ яқе аз бузургтарин шоирон ба шумор меравад. Асари ҷовидонии у «Шохнома» дар хазинаи фарханги ҷахонй абадй ҷо гирифтааст.

«Шохнома» ба ҷандин забонхои ҷахон тарҷума шудааст. Дар ҷумхуриамон достонхои алохидаи он борхо ҷоп шудаанд.

Соли 1965 нашри пурраи «Шоҳнома» дар 9 ҷилд бо ҳуруфи кириллй дастраси хонандагон гардид. Эчодиёти шоирро дар мактабҳои миёнаву олии ҷумҳуриамон меомузанд. Ба Китобхонаи давлатии миллии Ҷумҳурии Точикистон номи Абулкосими Фирдавсии бузург дода шудааст.

Дар аҳди Сомониён боз бисёр шоирони соҳибдевон, ба монанди Абулҳасан Шаҳиди Балҳй, Абушакури Балҳй, Робиаи Балҳй ва дигарон низ зиндагй ва эҷод кардаанд.

Мусиқӣ. Мусиқии мардуми тоҷик таърихи бой ва қадим дорад. Ҳануз дар давраи хукмронии сулолаи Сосониён (22-4 651) дар дарбори онхо мутрибону сарояндагони зиёди форс-точик бо сарварии Борбад чамъ омада буданд. Дар асрхои IX X хунари мусикй мисли дигар чабхахо хеле пеш рафта буд. Чунон ки дар боло зикр шуд, Абуабдуллох Рудакй навозанда ва сарояндаи бузург буд. Вай дар овони чавониаш навохтани барбат (панчтори имруза)-ро аз устоди номии хамон давра мусикишинос Абулаббоси Бахтиёр омухт ва ба чуз ин боз асбобхои мусикии уд, руд (асбобхои тордори мусикй) ва чангро хеле бо махорат менавохт.

Дар хамин асрхо бисёр шоирон хунари сарояндагй ва навозандагиро доштанд. Шоир ва мусикишинос Абухафси Сугдй, шоир ва бастакор Абусалик, шоир Абутолиби Хуросонй, Исои Барбатй, устоди Рудакй — Абулаббоси Бахтиёр, инчунин шоирон Шахиди Балхй, Абумансур Дакикй за Абулкосими Фирдавсй на танхо хамчун шоирони машхур, балки хамчун мутриб писанди мардум гардида буданд.

Дар асрхои IX-X оид ба мусикии точик олимони закй Абуалй ибни Сино ва Абунасри Форобй асархо таълиф тамудаанд. Худи Абуалй ибни Сино чор асари мусикй ва асбобхои онро офаридааст. Сарчашмахои таърихй гувохй медиханд, ки вай хангоми муоличаи касалихои асаб мусикиро истифода мебурдааст.

Форобй дар катори асархои мусикй боз асбобхои мусикй низ месохтааст. Баъзе охангхои офаридаи у то хол дар Эрон ва дигар мамлакатхо машхуранд. Эчодиёти ин мусикишиноси машхур диккати бисёр мутафаккиронро ба худ чалб намудааст. Шоири классик ва мусикишиноси забардаст Абдурахмони Чомй (1414 1492) ба фаъолияти мусикии Форобй бахои баланд додааст. Бисёр олимони мамлакатхои чахон хизмати бузурги Форобиро оид ба мусикй кайд кардаанд.

Дар он асрхо илми мусикй ва истифодаи он хеле инкишоф ёфт. Мусикй тамоми чабхахои хаёти мардумро фаро гирифта буд. Дофизону мутрибон дар туйхо, чашнхо хунарнамой мекарданд.

Чунон ки маъхазхои таърихй гувохй медиханд, дар байни мардуми эронинажод аз замонхои кадим боз сурудхои мотамй пахн гашта буданд. Дар ахди Сомониён асбобхои мусиқии зеринро истифода мебурданд: танбур, рубоб, чанг, барбат (асбоби кадимии удмонанди мусикй, ки хашт тор дорад), най, сурнай, шайпур (карнайча), карнай, доира, табл ва гайра.

Дофизони имрузаи мо охангхои Ушшоқ, Ирок, Рост ва гайраро месароянд, қи онхо дар асрхои 1Х-Х хонда мешуданд ва минбаъд ба «Шашмақом» (силсилаи суруду охангхои классикии мардуми точик) дохил шудаанд.

Савол ва супориш

1.Кадом шоирони пеш аз давраи Сомониёнро медонед?

2.Дар бораи фаъолияти Абуабдуллох Рудакй хикоя қунед. Ба чуз шеърхои дар ин қитоб оварда боз кадом шеърхои уро аз ёд медонед?

3.Вазири хирадманд Абулфазли Балъамй дар хаққи Рудакй чй гуфтааст?

4.Оид ба эчодиёти Абулқосими Фирдавсй ҳиқоя қунед.

5.Абулқосими Фирдавсй барои офаридани «Шохнома» чанд сол ранч қашид ва Султон Махмуди Газнавй шоирро чй тавр қадрдонй қард?

6.Дар замони Сомониён санъати мусиқй чй хел инқишоф ёфта буд?

7.Кадом навозандаи номй муаллими Абуабдуллох Рудақй буд?

8.Мусиқишиносони забардасти ин даврро номбар қунед.

927
Нет комментариев. Ваш будет первым!