Тараққиёти шадҳрдории давлати сомониён

Шаҳрҳои Осиёи Марказй дар асрҳои IX X, ҷунон ки маъҳазҳои таъриҳй тасдик мекунанд, назар ба шаҳрҳои Аврупои Гарбй аз ҷиҳати ободониву тараккиёт кариб сад сол пеш рафта буданд. Шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон дар аҳди Сомониён ҳеле ободу кабудизор гашта, богҳои сермеваю обашон мусафо доштанд. Шаҳрҳои Самарканду Марв ва дигарҳоро богот, ҳавзҳо, сардобаҳо, гулзорҳо, бозорҳо, корвонсаройҳо, масҷидҳо, мадрасаҳо зинат медоданд. Шаҳрҳои калонтарини давлати Сомониён Буҳоро, Самарканд, Марв ва гайра буданд, ки оид ба ҳар кадомаш маълумоти муҳтасар медиҳем.

Изображение

Боқимондаҳои девори Бухоро

3.Рабаз — маҳалли тиҷорату ҳунармандй. Аксар вакт шаҳристони он маркази иктисодию сиёсии шаҳр дониста мешуд, вале баъзан ҷунин бартариҳоро аз даст медод. Дар Шаҳристон ва гирду атрофи он бозорҳою гузаргоҳҳо, дуконҳою корвонсаройҳо ҷой мегирифтанд. Ин шаҳр дар асри IX ёздаҳ дарвоза дошт. Дар он қасрҳо, биноҳои бошукуҳи аъёну ашроф, маҳаллаи ободу зебои ҳуш- манзараи Ҷуи Мулиён вокеъ гашта буданд. Дар марказ бозорҳо, корвонсаройҳо, дӯкондорон ва пешаварон ҷой доштанд.Бухоро пойтахти давлати Сомониён ҳисоб меёфт. Бухоро дар замони ҳукмронии арабҳо мисли дигар шаҳрҳои Мова- роуннаҳру Хуросон борҳо ҳароб гардида буд. Арабҳо соли 709 Буҳороро забт намуда, кисми ҳавлиҳои сокинони Бу- ҳороро зуран кашида гириф- танд ва ҳатто мардуми зиёди шаҳрро ронда, ба ҷои онҳо кабилаҳои арабро шинонданд. Умуман дар бисёр шаҳрҳои давлати Сомониён арабҳо зу- ран маскан гирифтанд. Аммо дар аҳди Сомониён вазъият тагйир ёфт. Ба туфайли роби- таҳои тиҷоратй ва аз ҳар ҷиҳат тараккй ёфтани давлат ҳаёт нисбатан орому пойдор гардид. Шаҳрҳо ба шаҳрҳои ободи феодалй табдил меёфтанд. Буҳоро ҷун дигар шаҳрҳои кадими тоҷикнишини Осиёи Марказй ба се кисм ҷудо мешуд: 1. Арк — куҳандиз (калъа), ҷои зисти шоҳ, 2. Шаҳристон — ҷои зисти табакаҳои гуногуни мардуми шаҳр,

Шаҳр дар замони Сомониён ҳеле равнак ёфта буд. Он дорои кушкҳо, меҳмонҳонаҳо, корвонсаройҳо, боғҳою сардобаҳо ва ҳавзҳо гардид. Исмоили Сомонй касри бошукуҳе бино намуд ва дигар ашрофу давлатмандон ба у пайравй карда, касрҳо, масҷидҳо, кушкҳо бино намуданд. Буҳоро маркази дини ислом ҳисоб меёфт. Буҳоро дар байни мамлакатҳои Осиёи Пеш яке аз шаҳрҳое буд, ки дар он бори наҳуст мактаби олии мусулмонй — мадраса бино ёфтааст.

Самарқанд шаҳри калонтарини давлати Сомониён дониста мешуд. Барои тараккиёти он мавкеи географиаш аз ҳар ҷиҳат мусоидат мекард. Шаҳр дар чорроҳаи тиҷорат ҷой гирифта буд. Қариб ҳар як ҳавлии Самарканд бог доштааст. Қучаҳои Самарканд сангфарш буданд. Худи Самарканд кариб 2 ҳазор сардоба доштааст. Самарканд бо оби дарёи Зарафшон таъмин мешуд ва барои ин аз новаҳо, корезҳо, ҳавзҳо, сардобаҳо, чоҳҳо, кубурҳои сафолй истифода мебурданд.

Заминдорон, тоҷирон, диндорони ашроф, амалдорони давлатй дар касрҳою бусгонсаропҳо мезистанд. Замин- дорони калон дуконҳо, корвонсаройҳои ҳудро дар бозорҳо месоҳтанд. Тоҷирон гарчанде машгули тиҷорат буданд, дар шаҳрҳо ва деҳаҳо замин доштанд. Дар шаҳр руҳониёни калон (муфтиҳо, козиҳо, шайҳҳо ва дигарон) соҳиби обруи зиёд буданд.

Самарканд масҷиду ҳонакоҳ ва мақбара — мазорҳои бисёр ва барои пиёдагардон роҳи зеризаминй дошт. Дар шаҳр биноҳои ду-сеошёнаро дидан мумкин будааст. Хусусан дар замони Сомониён Самарканд ҳеле пеш рафта буд ва баъди Буҳоро маркази фарҳанги тоҷик ҳисоб меёфт. Дар асри X шаҳр кариб 200 ҳазор аҳолй доштааст.

Марв шаҳри ободтарини давлати Сомониён ҳисоб меёфт (ҳоло шаҳри Марии Туркманистон). Шаҳр дар поёноби дарёи Мургоб, дар сари роҳи тиҷоратии Гарбу Шарқ ҷой гирифта буд. Тоҷирон аз Марв ба Самарқанду Бухоро ва сони ба Чин раҳсипор мешуданд. Роҳи дигари Марв тоҷиронро ба суи Балх, Ҳиндустон ва Тибет мебурд. Дар аҳди Сомониён шаҳр ба самти гарб васеъ шуда, дар он бисёр соҳаҳои пешаварй тараққй қарданд. Шаҳр ва музофоти Марв аз чор қанали аз дарготи дарёи Мургоб қандашуда бо об таъмин мегардиданд. Марв дар асрҳои 1Х-Х шаҳри сераҳолитарин ҳисоб меёфт. Дар шаҳр миқдори биноҳои боҳашамати аз ҳишти пуҳта соҳташуда сол аз сол меафзуд, қи дар онҳо ашроф ва давлатмандон мезистаанд. Музофоти Марв шаҳру деҳаҳои зиёдеро муттаҳид менамуд.

Изображение


Харобахои Марв

Нишопур. Ин шаҳр ҳануз дар замони ҳуқмронии сулолаҳои Тоҳириён ва Саффориён пойтаҳти тамоми Хуросон буд. Нишопур дар сари роҳи қорвонгузар ҷой гирифта, молҳои аз ҳалиҷи Форс ва аз шаҳрҳои Кирмон, Рай, Гургон ва Хуросон оварда дар ҳамин ҷо ҷамъ мешуданд, қи барои пешравии иқтисодиёти шаҳр ва равнақ ёфтани пешаварй аҳамияти бузург дошт.

Хуҷанд. Шаҳр дар доманаи водии Фаргона ҷой гирифта буд ва масоҳаташ 6x8 қилометрро дар бар мегирифт. Аз байни шаҳр қанали қалон мегузашт ва он шаҳриёнро бо об таъмин менамуд. Шаҳр дар иҳотаи боготу ангурзор буда, бо меваҳои лазизи шақаринаш фарқ меқард. Аз шаҳр роҳҳои тиҷорат ба Сугд ва Чоҷ гузашта, тоҷиронро ба Чину Эрону мамлақатҳои Аврупо ме- бурданд. Устод Садриддин Айнй дар бораи ин шаҳр ҷунин навиштааст: «Ана, ҳамин вазъияти табий дар замонҳои қадим ҳам Хуҷандро яқе аз ободтарин ва пурсарваттарини шаҳрҳои Осиёи Марқазй гардонда буд. Бинобар ин аст, қи география ва таъриҳнависони қадим ин шаҳрро «аруси дунё» ё ин қи «тирози ҷаҳон» номидаанд, қи зинат ва ороиши ҷаҳон гуфтан аст.»

Дулбук — шаҳри қадима ва пойтаҳти музофоти Хуталон (собиқ вилояти Кулоб) дар ҳудуди деҳаи Курбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ҷой гирифта будааст. Шаҳри қадима будани Дулбуқро бостоншиносон исбот намудаанд.

Шаҳри Ҳулбук ҳам куҳандиз, шаҳристон ва рабаз доштааст. Дар асрҳои 1Х-Х Ҳулбук бо ҳунармандони ҳуд — кулолон, шишагарон ва гайра шуҳрат доштааст. Кулолгарон барои рузгор зарфҳои ҳарҳела — ҳум, куза, табак месоҳтанд. Шишагарон зарфҳои гуногуни шишагини накшдор тайёр мекарданд.

Дар Дулбук биноҳои бошукуҳи аз ҳишти пуҳта ва ҳом соҳта кам набуданд. Кучаҳои васеъ ва сангфарш доштааст. Ба воситаи кубурҳои сафолини дар зери замин ҳобонда биноҳо бо об таъмин мешуданд. Бостоншиносон дар Дулбук ба микдори зиёд зарфҳои биринчй, сафолй ва шишагй, донаҳои шатранчи аз устуҳони фил соҳта пайдо кардаанд.

Бунҷикат пойтаҳти давлати асримиёнагии Истаравшан ҳисоб меёфтааст ва он дар байни Сугду Хучанд воқеъ будааст. Иклими он мусоид ва форам буда, шаҳр касрҳо, ҳавлиҳо ва боготу токзорҳои зиёд доштааст. Дар шаҳр кариб 20 ҳазор кас мезистааст. Дар шаҳр касбҳои оҳангарй, реҳтагарй, бофандагй, кулолй, ордкашй, меъмориву накшунигори девор, кандакорй, бинокорй ва гайра тараккй карда будааст. Бостоншиносон бисёр ёдгориҳои кадима, аз чумла биноҳо, кушкҳои бисёрошёна, ибодат- ҳонаҳо ва гайраро пайдо кардаанд.

Балх. Шаҳри Балҳ (дар шимоли Афгонистони имруза) ҳеле кадима буда, ҳануз дар асрҳои У1-1У пеш аз милод соҳта шудааст. То замони Сомониён бисёр давраҳои фочиавиро аз сар гузаронидааст. Яке аз онҳо ҳучуми арабҳо мебошад. Арабҳо шаҳрро ба ҳок яксон карда буданд. Соли 785 аз нав бунёд гардида, ба маркази тичорату фарҳанг табдил ёфтааст. Дар баркарор намудани ин шаҳри бостонй ҳизмати ҳонадони Бармакиён багоят бузург аст. Дар аҳди Сомониён шаҳри Балҳ (номи музофот ҳам Балҳ аст) ба яке аз шаҳрҳои тараккикарда табдил ёфтааст. Мувофики сарчашмаҳои таъриҳй музофоти Балҳ 47 шаҳр доштааст. Шумораи сокинони Балҳ кариб ба Буҳоро баробар будааст. Соли 742 дар маркази шаҳр масчиди калонтарин бино ёфтааст.

Ба воситаи шаҳри Балҳ роҳҳои савдо ба Диндустон, Бадаҳшон ва аз он чо ба Тибет вучуд доштаанд. Точирон аз Балх гузашта, молҳояшонро ба Бомиён (шаҳри қадима дар шимолу гарбтари Кобул), Газна ва гайра мебурдаанд.

Дирот. Ин шахр дар шимоли Афгонистони имруза ҷой гирифтааст. Номи шаҳру вилоят яқ аст. Ҳирот шаҳри қадима буда, гуё дар замони Искандари Мақдунй (охирҳои асри IV пеш аз милод) бунёд шудааст ва бо номи Искандарияи Ориёй машҳур будааст. Номи Ҳиротро дар давраи ҳуқмронии сулолаи Сосониён (асрҳои 111 \'11 милод) ба ҳуд гирифтааст

Ҳирот дар давраи ҳукмронии сулолаи Тоҳириён ва Сомониён шаҳри ободтарин ҳисоб меёфтааст. Исмоили Сомонй соли 900 музофоти Хуросонро ба даст медарорад ва дар ин вақт Ҳирот шаҳри бузургтарину ободтарин будааст. Шаҳрро дарёи Ҳарируд бо об таъмин меқардааст. Ҳар давраи Сомониён шаҳр чор дарвоза доштааст. Сайёҳон ва тоҷирон аз Ҳирот баромада, ба шаҳрҳои Балҳ, Сиистон (вилоят дар Афгонистону Эрон), Нишопур роҳ мепаймудаанд. Шаҳр бисёр қорвонсаройҳо, бозорҳо, меҳмонҳонаҳо, масчидҳо доштааст.

Ҳоқими шаҳр берун аз он, дар маҳаллаи Ҳуснобод мезистааст. Ҳар шаҳр ба ҷуз масҷидҳои мусулмонй боз оташқадаи зардуштиён ва қалисои масеҳй амал меқарданд.

Савол ва супориш

1.Кадом шаҳрҳои Осиёи Марқазй назар ба шаҳрҳои Аврупои Гарбй сераҳолитар буданд?

2.Оид ба шаҳри Буҳоро ҷй медонед?

3.Ҳар бораи Самарқанди асри 1Х-Х ҳиқоя қунед. Шаҳрҳои қалонтарини давраи Сомониёнро ба ҳотир биёред.

4.Аҳволи ҳунармандони шаҳр ҷй ҳел буд ва онҳо ҷй истеҳсол меқарданд?

5.Имруз шаҳрҳои Марв, Нишопур, Балҳ ва Ҳирот дар қадом давлатҳо воқеъ гаштаанд?

6.Оид ба шаҳри Ҳулбуқ ва Бунҷиқат ҷй медонед?


[1] С.Айни. Куллиёт, ҷилди 5, саҳ 125.

1.21K
Нет комментариев. Ваш будет первым!