Сабабдои таназзули давлати сомониён

Пурзуршавии куввахои марказгурез ва кушишҳо барои мустақилият. Аз давраи салтанати Нух ибни Наср (943- 954) сар карда нишонахои сустшавии давлати Сомониён харҷй бештар аён шудан гирифт. Ин заифй, хусусан, дар сохаи молия бисёртар хис карда мешуд. Барои хотима додан ба ҷунин вазъият амир Нух ибни Наср дар як сол аз захматкашон ду маротиба андоз ситонд, вале ин хам натиҷаи дилхох набахшид. Датто сарбозон баъди вафоти Насри II ибни Ахмад маош нагирифта буданд ва ҷунин ахвол кахру газаби горди туркро ба миён овард. Онхо бо сарварони рухониён ва ашрофи дарбор забон як карда, рохи суикасдро пеш гирифтанд. Амир Нух ибни Наср барои пеши рохи ин вазъияти муташанниҷро гирифтан вазирашро сабабгори хамаи ин бадбахтихо дониста, уро ба қатл расонд, вале натиҷаи дилхоҳ ҳосил нашуд ва пояи давлат беш аз пеш беқувват гардид.

Дар як муддати кутох (аз соли 954 то 959) вазифаи хочиби бузург чор бор аз як кас ба каси дигар гузашт, ки ин нишонаи заифшавии давлати Сомониён буд.

Нихоят, ин мартабаи баланд, яъне хочиби бузург, ба дасти Абуалии Балъамй (писари Абулфазли Балъамй) расид. Абуалии Балъамй дар аввал дусти наздики Алптегин буд ва хар дуяшон ахду паймон карданд, ки тамоми корхои давлатиро бо маслихати хамдигар ба субут мерасонанд. Аммо баъди чанде дар байнашон нохушй ба миён омад. Абуалии Балъамй то охири умр — соли 974 ин мартабаи баландро ба зимма дошт.

Мамлакатро бесарусомонй фаро гирифта буд ва шуришхои мардуми захматкаш гох дар ин музофот ва гох дар музофоти дигар сар мезаданд. Датто дар пойтахти давлат — шахри Бухоро ҷунин шуриш ба вуқуъ пайваста буд. Шуришчиён қасри амирро оташ заданд ва горат қарданд.

Дангоми аз салтанат ронда шудани писари Нух Абдумалики I (954 961) горди турқ хеле қувват гирифта, тадриҷан қариб тамоми қорхои давлатдорй ба дасти он гузашт. Нуфузи сардори ин горд ва давлатманди қалон Алптегин беш аз пеш меафзуд ва қор ба дараҷае расида буд, қи худи амир хам бе рухсати у қасеро аз вазифа гирифтан ва ба вазифа таъйин қардан наметавонист.

Абдумалиқи I аз афзудани нуфузи Алптегин ба ташвиш афтода, рохи аз пойтахт дур қардани уро пеш гирифт. Соли 961 хоқимии Хуросонро ба вай супурд. Худи хамон сол Мансур ибни Нух (9619^6) сохиби тахт шуду уро аз вазифаи хоқимй озод қард. Алптегин аз ин сар қашид ва соли 962 ба Балх хуҷум оварда, лашқари амирро шиқаст дод. Сипас ба тарафи Афгонистон равон шуда, шахри Газна, инҷунин яқҷанд вилоятхои Афгонистон ва шимолу гарбии Диндустонро ба даст даровард ва соли 962 хоқимияташро барқарор намуд. Танхо баъди вафоташ (963) Амир Мансур ибни Нух тавонист шахри Газнаро боз ба итоати худ дарорад.

Набудани ягонагй ва низоъҳои байнихудй. Муборизаи баъзе хоқимон ва феодалони қалон барои хоқимият, исёнхои пай дар пай давлати Сомониёнро хеле суст карда буданд ва дар давраи ба тахт нишастани Нухи II ибни Мансур (976-997) давлат ру ба таназзул ниход. Нухи II хатто ба мукобили душмани камкувваттарин хам мубориза бурда наметавонист. Ба замми ин фармонхояш ба ичро намерасиданд. Умуман бесарусомонй хукм меронд. Ҳатто баъзе хокимон бо душманон забон як карда, силохашонро ба мукобили халки худ менигарониданд. Масалан, хокими Хуросон Абуалии Симчурй бо пешвои карахониёни турк Бугрохон ахд карда, аз фиристодани лашкар ба Мовароуннахр даст кашид. Чунин мисолхо бисёр буданд.

Дар чунин вазъияти душвор қабилахои бодиянишини турк — ягмохо, карлукхо ва дигар кабилахо, ки дар Дафтруд ва Қошгар мезистанд, соли 992 аввалин бор ба давлати Сомониён хучум карданд. Саркардахои онхо аз кабилаи ягмо буданд, ки дар таърих бо номи Қарахониён машхуранд.

Чддду чахди Нухи II натичае надод ва бисёр хокимон ва сархангхо хиёнат карда, ба тарафи Қарахониён гузаштанд. Докими Хуросон Абуалии Симчурй ва сардори лашкар Фоик аз чумлаи чунин хоинон буданд. Онхо бо саркардаи Қарахониён Бугрохон забон як карда, ба у дар забти Бухоро ёрии калон расонданд. Лашкари Қарахониён Бухороро талаву тороч карда, ба сахрохои худ баромада рафт.

Баъди ин Нухи II ба Бухоро баргашта, аз хокими Газна Сабуктегин кумак пурсид ва у дархол кумак расонд. Сабуктегин аз авлоди харбиёни туркхои дарбор буда, яке аз хешони Алптегин хисоб меёфт ва баъди вафоти у хокими Газна шуд. Худи Сабуктегин бо 20 хазор чанговар аз дарёи Аму гузашта, шахрхои Қеш (Шахрисабз) ва Нахшаб (Қаршй)-ро ба итоат даровард. Баъди ин хамрохи Нухи II бар зидди Симчурй ва Фоик лашкар кашида, ба хардуяшон зарбаи сахт заданд. Барои корнамой ва хизматхояш Нухи II ба Сабуктегин лакаби «Домии дин ва давлат»-ро дод. Писари у Махмуд барои корнамоихояш лакаби «шамшери давлат»-ро гирифта, ба чои Абуалии Симчурии ба Гургон гурехта хокими Хуросон таъйин шуд.

Нотинчиву бесарусомонй давлати Сомониёнро фаро гирифта буд. Дам хокимони алохида исён мебардоштанд ва хам туркони қарахонӣ майли забткорихояшонро давом доданй буданд. Ҳамаи ин ниятхо бо ёрии Сабуктегин бартараф карда шуданд.

Соли 997 Нухи II ва Сабуктегин вафот карданд. Мансури II ибни Нух ба тахт нишаст. Таъсири Султон Махмуди Газнавй ба у хеле зиёд буд. Душманони Мансури II ибни Нух аз ин дустй ба вохима афтода, чашмони уро кур карданд ва ба чои у бародараш Абдумалики П-ро сохиби тахт намуданд.

Дудуди давлати Сомониён тадричан танг мешуд ва окибат танхо Мовароуннахр дар ихтиёри Абдумалики Нухи II монда буду халос. Аммо муддате гузашту 23 октябри соли 999 Қарахониён бо сардории Насри Илокхон хучум карда, пойтахти давлати Сомониён — Бухороро гасб намуданд. Онхо касри Сомониёнро ба даст дароварда, бисёр намояндагони сулолаи Сомониёнро бо хамрохии Абдумалики II ба хабс гирифтанд.

Муборизаи охирини сулолаи Сомониён. Дукмронии зиёда аз яксаду бистсолаи давлати точикон — хонадони Сомониён хотима ёфт. Аммо баъди ин хам намояндаи Сомониён Абуиброхим Исмоил ибни Нух аз махбас халос ёфта, ба мукобили Қарахониён кариб шаш сол мубориза бурд. Абуиброхими Сомонй дар Бухоро сар панох бурда, баъд ба Хоразм рафт ва аз чанговарони бокимонда ва тарафдорони Сомониён лашкар чамъ кард, то ки ба мукобили Қарахониён муборизаро давом дихад. Вай дар задухурдхои зидди Қарахониён шухрат ёфта, аз хамин сабаб ба гирифтани унвони «Мунтасир» («Фотех») сазовор гардид.

Абуиброхим Мунтасир соли 1000 ба Бухоро лашкар кашида, онро ба даст даровард. Мардуми Бухоро уро гарму чушон истикбол карданд. Бо номи Мунтасир танга сикка зада шуд. У дар чанг барои озод намудани Самарканд хам дастболо шуд. Баъди ин хони Қарахониён лашкари зиёду пурзури худро ба мукобили Мунтасир фиристод ва онхо ба осонй шахрро гасб карданд. Мунтасир рохи Хуросонро пеш гирифт ва дар он чо хамрохи хокими Хуросон Абуалии Симчурй ба чанги зидди Махмуди Газнавй бархост. Аз ин чанг муроде хосил нашуд. У соли 1003 ба Мовароуннаҳр баргашта, ҷанги зидди Қараҳониёнро сар кард.

Дар муҳорибахои зидди Қарахониён ба Мунтасир кабилаҳои гузҳои туркзабон кумак расонданд, ки онҳо бештар дар наздикиҳои баҳри Қаспий, Сирдарё ва гирду атрофи баҳри Арал мезистанд.

Муҳорибаҳои аввал ба нафъи Мунтасир анҷом ёфтанд. Қараҳониён талафоти калон доданд ва 18 нафар саркардаҳои лашкарашон асир афтоданд. Аммо дар ин вакт дар байни сарлашкарони ҳуди Мунтасир ноҷурй ба миён омад ва у аз тарси суиқасд дар ҷустуҷуи такягоҳи нав шуд. Вай ҳамроҳи 700 ҷанговар аз дарёи Аму гузашта, дар наздикии Ашкободи имруза аз лашкари Хоразмшоҳ шикаст ҳурд ва ру ба Мовароуннаҳр овард.

Мунтасир барои ба даст овардани Буҳоро аз Маҳмуди Газнавй ёрй талабид ва онро сари вакт гирифт. Дар назди Дабусия ба лашкари Насри Илокҳон зарба зад. Обруи Мунтасир руз аз руз меафзуд ва бисёр деҳаҳову шаҳрҳои Мовароуннаҳр ба тарафдории баркарор гардидани сулолаи Сомониён бармеҳестанд. Саркардаи дастаҳои гозиёни Самарканд Дорис (бештар бо лакаби ибни Аламдо шуҳрат ёфта буд) бо се ҳазор ҷанговар ба тарафи Мунтасир гузашт. Шайҳҳои Самарканд ба бисёр гуломон силоҳ дода, ба кумаки Мунтасир равон карданд. Худи гузҳо ба мадади Мунтасир расида омаданд ва соли 1004 дар назди Бурнамуд (гарби Истаравшан) задуҳурди шадид ба вукуъ пайваст. Дар он галабаи комили Мунтасир бар Насри Илокҳон таъмин гардид, вале Мунтасир онро мустаҳкам карда натавонист. Худи Насри Илокҳон аз нав лашкар ҷамъ карда, дар байни ҷули Ҷдзаҳ ва Хавос ба ҳуҷум гузашт. Гузҳо, ки дар ҷангҳои пешин соҳиби ганимати зиёд шуда буданд, майдони ҷангро монда, ба даштҳои ҳуд равон шуданд. Ба замми ин дар лаҳзаҳои ҳалкунанда, яке аз сарлашкарони Мунтасир ҳиёнат карда, бо ҷор ҳазор ҷанговар ба тарафи Қараҳониён гузашт. Ин ҳиёнат барои Мунтасир бисёр кимат афтод ва дигар ҷангро давом дода натавониста, ба Хуросон равон шуд.

Абуиброҳими Мунтасир шикаст ҳурда бошад ҳам, аз нияти баркарор намудани сулолаи Сомониён барнагашт. Боз лашкар ҷамъ намуда, ба Мовароуннаҳр равон шуд. Лашкари Абуиброҳим Мунтасир аз ин қадар оворагардию ҷангҳои пай дар пай бемадор гашта буд. Хуллас, сарлашкаронаш боз рохи ҳиёнатро пеш гирифтанд ва у шикаст ҳурд. Худи Мунтасир соли 1005 аз дасти яке аз сардорони кабилахои араб ҳоинона кушта шуд.

Абуиброҳими Мунтасир аз байни ҳонадони Сомониён ягона марди шуҷоъ буд, ки барои аз нав баркарор намудани давлати Сомониён дубора муборизаи пуршиддат бурдааст.

Савол ва супориш

1.Давлати Сомониён аз кадом давра ру ба таназзул ниҳод?

2.Оид ба горди турк ҷй медонед?

3.Кадом ҳокимони мулкҳои Сомониён ҳиёнат карда, ба тарафи душман Бугроҳон гузаштанд?

4.Абуалии Балъамй кй буд?

5.Аз ҳусуси сарлашкарон Алптегин, Сабуктегин ва Султон Маҳмуд ҷй медонед?

6.Давлати Сомониён кадом сол барҳам ҳурд?

7.Абуиброҳими Мунтасир кист ва ба мукобили киҳо мубориза бурдааст? Дар бораи ҳизматҳои у ҳикоя кунед.

2.25K
Нет комментариев. Ваш будет первым!