Анҷоми ташаккулёбии халқи тоҷик ва давлатдории он

Таркиби этникӣ (нажодӣ)-и халқи точик. Дар сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон аз давраи қадим халқҳои ориёнажод: бохтариҳо, хоразмиён, тахориён, фаргониён, хиёниён ва сакоиҳо умр ба сар мебурданд.

Халқи тоҷиқ тадриҷан аз ҳамин халқҳои зиқршуда ташаққул ёфтааст, қи онҳо дар водии Зарафшон, Истаравшан, Қашқадарё, Фаргона — ҷануби Тоҷиқистону Узбеқистони имруза, ҳавзаи Мургоб ва дигар водию ноҳияҳо зиндагй меқарданд. Дар қадоми ин ноҳияҳо лаҳчаи алоҳидаи ҳудро доштанд. Онҳо ба туфайли робитаҳои гуногун бо тарзи зиндагиву фарҳанги ҳамдигар ҳеле наздиқ буданд ва аз онҳо баҳравар мегардиданд. Халқҳои ноҳияҳои зиқршуда асосан аз мардуми муқимй ва бодиянишин тарқиб ёфта, тоифаҳои ҳамзабон, ҳамфар- ҳанги Эрони Шарқиро дар бар мегирифтанд.

Ташаққули ҳалқи тоҷиқ аз аввалҳои асри миёна сар шуда, дар асрҳои У1-УШ аввал дар шаҳру воҳаҳо, водиҳо, сонитар дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон вусъат меёбад. Дар асрҳои 1У-У1 гуруҳҳои дигари этниқй — ҳайтолиён ва дар асрҳои У1-УШ турқҳо, баъд арабҳо ба ҳудуди ташаққули тоҷиқон ҳамроҳ шуданд. Аз ин гуруҳҳои этниқй ҳайтолиёни бодиянишин ба Мовароуннаҳр омада, сарзамини бузургро — аз Хутан (Турқистони Шарқй — Синсзяни имруза, музофоти 19 мамлақати Чин) то Эрон ва аз Дафтруд то Диндустон ба даст дароварданд.

Сарҷашмаҳои таъриҳй тасдиқ менамоянд, қи ҳайтолиён гуруҳҳои эронинажод буда, ба ҳалқиятҳои Осиёи Марқазй аз ҳар ҷиҳат шабоҳат доштанд.

Устод Садриддин Айнй оид ба қалимаи «тоҷиқ» ҷунин менависад: «Он ҳалқҳои Осиёи Марқазй ва Хуросон, қи онҳоро баъд аз исломият «тоҷиқ» ва забонашонро «форсй» ё ин қи «тоҷиқй» номиданд, қиҳо буданд? Инҳо ҳамон ҳалқҳои Осиёи Марқазй ва Хуросон буданд, қи ҷандин аср пеш аз исломият дар ин сарзамин ба тариқи муқимй — дар шаҳрҳо ва деҳаҳо ба ҳонаву ҷой зиндагй қарда, бо зироат ва қасбҳои дастй умргузаронй меқарданд — инҳо ҳамон сугдиён буданд, ки дар шаҳрҳои марказии Мовароуннаҳр, дар канорхо, водиҳо ва куҳҳои Зарафшон ва Бохтариёну Тахориён буданд, ки бо марказияти Балхи Қадим дар Хуросон ва Чагониён буданд, ки бо марказияти Тирмиз ва Х, исори Шодмони имруза дар канорхои рости дарёи Омуя зиндагй мекарданд».[1]

Гуруҳҳои туркзабон бошанд, дар асрҳои У1-Х дар сарзамини Сугд, Истаравшан, Фаргонаи Чанубӣ, Қеш бисёр набуданд. Муносибати ҳаматарафаи точикон минбаъд бо тоифаҳои туркзабон ҳар чӣ бештар ривоҷу равнақ мегирифт. Баӣни ин ду ҳалқ муносибатҳои дустона ва ҳешу таборӣ инкишоф меёфт. Онҳо минбаъд дар тамоми давраҳои таъриҳӣ паҳлу ба паҳлу истода, ба мукобили аҷнабиён мубориза бурдаанд. Дустии ҳамаи ҳалкҳои Осиёи Марказӣ ва алалҳусус точикону узбекҳо решаҳои устувор дошт ва дорад.

Ташаккули забони адабии точик. Чунон ки маъҳазҳои таъриҳӣ гувоҳӣ медиҳанд, дар асрҳои 1У-У1 дар Суғд, Қеш (Шаҳрисабзи ҳозира), Истаравшан забони асосӣ забони сугдӣ дониста мешуд. Мардуми ин музофот ба забони сугдӣ гап мезаданд ва бо он ҳат менавиштанд. Ин забон ва ҳати он ҳатто дар асрҳои УП-УШ ҳам дар Чоч (Тошканд), Фаргона ва Дафтруд афзалият дошт.

Бешубҳа, пеш аз он ки мардуми сугдизабони Мовароуннаҳр ба забони форсӣ-точикӣ гузарад ва ин забон дар баӣни аҳолӣ интишор ёбад, бояд давраи дурударозро таӣ намуд. Забони форсӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон, шаҳрҳои Марву Балҳ ва дигар шаҳрҳои маъмуриву иктисодӣ бештар паҳн гашта буд.

Он тадриҷан забонҳои сугдӣ, боҳтарӣ ва дигарҳоро маҳдуд менамояд. Муарриҳони машҳур Абубакри Наршаҳӣ ва Абуҷаъфар Табарӣ навиштаанд, ки дар нимаи якуми асри VIII дар Буҳоро ва Самарканд воизони дини ислом забони точикиро (форсӣ-точикӣ) паҳн менамуданд.

Дар карнҳои ^11-^111 забони форсӣ-тоҷикӣ дар шимолу шарки Эрон, шимоли Афгонистон, ҷануби Осиёи Марказӣ — ҷануби Тоҷикистону Узбекистони имруза ҳеле

пахн гашта буд. Ин забон охиста-охиста чои забонхои сугдй, бохтарй ва гайраро гирифт. Аз руи гуфти Наршахй хануз соли 713 дар Бухоро масҷиде бино гардида будааст, ки дар он воизон Қуръонро ба забони форсй қироат ва пахну таргиб менамуданд.

Вазъияти мусоид барои реша давондан, пойдор шудани забони форсй-точикй дар Мовароуннахру Хуросон ба миён омадааст. Дар давраи хукмронй ва давлатдории мустақили сулолахои Тохириён, Саффориён ва хусусан Сомониён забони форсй-тоҷикй ҳамҷун забони давлатй ва адабй пахн мегардад. Ин сулолахо бо хамин кушишхои зиёд давлатдории мустакили худро дар назди хилофати араб нишон доданд.

Аммо дар дехахою музофотхои дурдаст ва хатто баъзан дар шахрхо хам, забони сугдй бартарй дошт. Чунин холатро хатто дар дехахои гирду атрофи Бухоро хам дидан мумкин буд. Мардуми баъзе дехахо дар асри X хануз ба забони сугдй харф мезаданд. Лахҷаи забони сугдй на танхо дар тамоми асрхои миёна, балки дар замони мо дар саргахи дарёи Зарафшон, дар водии Ягноби нохияи Айнии имруза низ нигох дошта шудааст.

Аз руи гуфти мутахассисон забони форсй-точикй ибтидои пахншавии худро дар Мовароуннахр аз асри VII мегирад. Аз асри X сар карда забони форсй-точикй дар Помир, Рашт ва Дарвоз рох ёфта, шеваи сакоиро (кабилахои эронизабон) махдуд мегардонад.

Ташаккули халки точик дар асрхои IX X, дар замони салтанати Сомониён — давлати тоҷикон, вакте ки Сомониён Мовароуннахру Хуросонро ба итоати худ дароварданд, ба охир мерасад. Дар ахди Сомониён халк номи тоҷикро гирифт ва забонаш — форсй-тоҷикй умумихалкй ва умумидавлатй шуд.

Ташаккули умумияти ҳудудии халқи точик. Ривоҷу равнаки робитахои иктисодй, фархангй, тиҷоратии халкхои мукимй кушиши дар як халкият муттахид шуданро доштанд. Чунин майлу хохиши халкхои махаллй хеле пеш аз истилои Осиёи Марказй аз тарафи арабхо сар шуда буд. Сархади мардумони сокини Мовароуннахру Хуросон худуди касногузар набуд, балки баръакс, дар байни онхо 4-65 49

алоқаҳои гуногун вуҷуд дошт. Чунон ки дар боло гуфта шуд, ин халқиятҳо аз аҳолии муқимй ва бодиянишин таркиб ёфта буданд.

Давлати Ҳайтолиён (асрхои ГУ-У1) дар мустахкам намудани робитахои байни музофотҳои Мовароуннахр нақши мусбат бозидааст. Ин давлат дар солҳои 60-и асри VI дар задуҳурди шадид аз тарафи Хоқони турк шикаст ҳурд ва музофотҳои калонтарин ба дасти туркҳо афтоданд. Қабилаҳои туркзабон маҳз дар ҳамин давра ҳеле зиёд омада, дар Осиёи Марказй маскан гирифтанд.

Вақте ки арабҳо ба ҳудуди Тоҷикистони имруза ҳуҷум оварданд, дар ин ҷо чандин мулкҳои мустақил амал мекарданд. Чунин ҳолат барои арабҳо бисёр фоида овард. Истилои арабҳо дар аввал бисёр бадбаҳтиҳо оварда бошад ҳам, бо вуҷуди ин дини ислом, ки онро арабҳо ба Осиёи Марказй оварда буданд, гояҳои бародарй, баробарй, адолатпарварй ва гайраро ҳарҷониба ташвиқу таргиб менамуд. Исломи ибтидой зулму тааддй, риёкорй, ришваҳурй ва дигар корҳои ношоямро ба зери танқид мегирифт ва аз ҳамин ру дар байни мардум ба зудй тарафдорони ҳудро пайдо кард.

Аз ҳамин сабаб дар доҳили ҳилофат қувваҳои нави муттаҳидсозандаи мардуми маҳаллй пайдо шуданд, ки натиҷаи он шуришҳои пайдарпайи сугдиёни Зарафшон (солҳои 720-729), наҳзати ҳалқии «Сафедҷомагон» бо сарварии Муқаннаъ (соли 776), шуриши Рофеъ ибни Лайс (дар солҳои 806810) ва бисёр шуришҳои дигар мебошанд. Ин шуришҳо зарбаи саҳте буданд бар арабҳо ва барои ба вунуд омадани давлатҳои маҳаллй кумаки бузург расониданд. Дар натина давлатҳои мардуми маҳаллй, ба монанди давлатҳои Тоҳириён ва Сомониён ба вунуд омаданд. Давлати мутамаркази Сомониён аз ҳар ҷиҳат давлати пурзуртарин буд. Он барои муттаҳид намудани тамоми ҳалқиятҳои эронизабон кушишҳои зиёд ба ҳарн дод ва дар давраи ҳукмронии зиёда аз яксаду бистсолаи ҳуд ба пояи баланди тараққиёт расид.

Давлати Сомониён он ҳудудеро, ки аз қадим боз ҳалқиятҳои эронизабон — аҷдоди тоҷикон мезистанд, муттаҳид намуд.

Савол ва супориш

1.Дар ҳудуди Мовароуннаҳру Хуросон кадом халқиятхо мезистанд?

2.Гузаштагони тоҷикон кадом халкиятхоанд ва онҳо дар куҷо ҳаёт ба сар мебурданд?

3.Оид ба давлати Дайтолиён ҷй медонед ва онхо кадом худудхоро ба даст дароварда буданд?

4.Қабилахои Хокони турк ба Мовароуннахр аз куҷо хуҷум карданд?

5.Оид ба дустии халкиятхои тонику туркзабон хикоя кунед.

6.Устод Садриддин Айнй дар бораи ташаккули халки тоник ҷй гуфтааст?

7.Халкиятхои Сугдиён, бохтарихо ва дигарон дар кадом музофоту шахрхо ҷой гирифта буданд?

8.Дар бораи забони сугдй ҷй медонед ва он имруз дар куҷо нигох дошта шудааст?

9.Забони форсй-тоникй дар кадом музофотхову шахрхо пахн шуда буд?

10.Арабхо дар Мовароуннахр кадом гояву шиорхоро ба кор мебурданд? Оид ба шуришхои зидди арабхо хикоя кунед.


[1] «Точиқистони Совети», 3 феврали соли 1989.

1.54K
Нет комментариев. Ваш будет первым!