Шуришҳои халқи дар давлати Сомониён

Авҷ гирифтани муборизаи синфи. Дар ахди Сомониён харчанд назар ба давраи пеш муваффакиятхои зиёдтаре ба даст оварда шуда бошад хам, вале истисмори оммаи захматкаш-кишоварзон ва хунармандон кам нагардид. Онхо истехсолкунандагони неъматхои моддй буданд, вале зиндагии кашшокона ба сар мебурданд. Ба замми ин ҳачми андозу хироч, беш аз пеш меафзуд. Синфи ҳоким ва феодалони калон маҳз аз руи меҳнати барзгарону пешаварон соҳиби бойгарй, касру иморатҳо, мадрасаю масчидҳо мешуданд. Дамаи ин зиддияти байни оммаи меҳнаткашу феодалонро тезутунд менамуд. Аз ҳамин сабаб ошубу шуришҳои ҳалкй дар давраи салтанати Сомониён низ сар мезаданд.

Шуришҳо дар аҳди Сомониён. Дар давраи салтанати Сомониён шуришҳои ҳалкй чой доштанд. Шуриши калонтарин соли 874 дар Буҳоро ва гирду атрофи он ба вукуъ пайваст, ки ба мукобили забткориҳою ҳудсариҳои Дусайн ибни Тоҳир ва дастаи чанговарони ҳоразмии у равона шуда буд. Дусайн ибни Тоҳир_дар шаҳр ва атрофи он тартиботи бераҳмона чорй намуд. У тамоми ҳирочро аз мардуми Буҳоро ва гирду атрофи он бо дирҳами камарзиш ҷамъ карда, мардуми шаҳри Бухороро маҷбур мекард, ки онро бо дирҳами пурарзиши нукра иваз кунанд. Ин рафтори ношоистаи у боиси сар задани шуриш гардид. Мардуми захматкаш ба мубориза бархоста, касрро ба даст дароварданд ва худи Ҳусайн ибни Тохирро аз Бухоро ронданд.

Дар ин асно сардори сулолаи Сомониён Наср соли 875 аз халифаи араб барои ба даст даровардани тамоми Мовароуннахр хуччат гирифт ва мувофики талаби ашрофи Бухоро бародараш Исмоили Сомонй хокими шахр таъйин шуд. Оммаи халки захматкаш аз вай дам хеч сабукй надид ва соли 875 шуришро ба мукобили Исмоили Сомонй давом дод.

Чй тавре ки муаррих Наршахй менависад, яке аз сарварони шуриш тавонист қариб 4 хазор кишоварзро муттахид намуда, худуди байни Баркат ва Рометанро ба итоати худ дарорад. Исмоили Сомонй дар ин маврид бо кумаку дастгирии заминдорону ашрофон ва мардонагиву окилии худ тавонист шуришро пахш кунад.

Баъди вафоти Исмоили Сомонй (907) шуриши солхои 913-914 дар Дайлам (Хуросон) шуриши калонтарин хисоб меёбад. Шуришчиён бар лашкари пурзури хокими Сомониён галаба карда, мехостанд хокимони мулкхои авлоди Сомониёнро торумор кунанд ва дар баъзе чойхо ба максадашон расиданд.

Дар худи пойтахти Сомониён — шахри Бухоро соли 916 ахолии камбизоати шахр балво бардошта, касри амирро горат карданд.

Соли 930, вакте ки амир Насри II дар Нишопур буд, бародарони у аз хабс гурехта, дар Бухоро шуриш бардоштанд. Сарвари ин шуриш Абубакри нонвой, писари сипахсолори (лашкаркаш) сомонй ва рохбари карматихои Хуросон Дусайни Марвазй буданд. Писари Марвазй Абубакрро хоинона ба хукуматдорон фурухт ва танхо баъди ин шуриш фурӯ нишонда шуд.

Аз шуриши Муканнаъ зиёда аз 180 сол гузашта бошад хам, дар байни мардуми захматкаши дехоти Элок ва Чоч пайравони Муканнаъ (сафедҷомагон) хеле бисёр буданд.

Шахри Самарқанд барои Сомониён шахри серташвиш ҳисоб меёфт. Дар он ҷо табақаҳои исёнгар бисёр буданд ва ба онҳо гозиёни сершумор низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо бисёртар бо шуришчиён яқҷоя шуда, ба муқобили Сомониён меҷангиданд. Вақтҳое мешуд, қи ҳуди Сомониён ин ошубу шуришҳоро ба мақсади ҳуд истифода мебурданд. Масалан, Исҳоқ ибни Аҳмад — бародари Исмоли Сомонй дар муборизааш борҳо аз ин табақаҳои мардум истифода бурдааст.

Ҳаракати қарматия. Қарматия (яқ шоҳаи мазҳаби исмоилия) ҳамҷун ташқилоти маҳфии дини ислом дар нимаи дуюми асри IX дар Ироқ ба вуҷуд омада, дар Мовароуннаҳру Хуросон дар нимаи яқуми асри X паҳн шудааст. Қувваи асосии қарматиҳо қишоварзон ва қабилаҳои бодиянишин буданд, қи бар зидди зулми феодалй мубориза мебурданд. Қарматиҳо молиқияти ҳусусй будани заминро рад намуда, ба намоаи деҳот баргаштанро ташвиқу таргиб менамуданд.

Онҳо тарафдори умумй гардондани молиқият ва баробарии иҷтимой буда, дар айни замон ба соҳти гуломдорй даҳолат намеқарданд. Қишоварзон, қи зери зулми заминдорони қалон буданд, таълимоти қарматиҳоро бо ҳушнудй қабул қарданд, ҳусусан баробарии ҷамоаи деҳотро. Мақсади оҳирини онҳо тақсими баробари воситаҳои истеҳсолот буд. Ба ин ҳарақат ашрофон ва феодалони зидди сиёсати ҳуқумат ва ҳилофати Аббосиён низ ҳамроҳ шуданд. Онҳо меқушиданд, қи ҳарақати қарматиҳоро ба муқобили ҳуқумати марқазй истифода баранд.

Дар аввал қарматиҳо дар музофотҳои Дирот, Ғур ва гайра тарафдорони зиёде пайдо намуданд. Онҳо қариб 10 ҳазор пайравон доштанд ва сарварашон Абубилол буд. Дамаи онҳо соли 907 аз тарафи нанговарони Сомониён торумор гардиданд. Аммо қарматиҳо боз аз нав қомат рост қарданд ва ин дафъа лашқарқаши намоён Дусайн ибни Марвазй пешвои онҳо шуда, дар Дироту Нишопур исён бардошт, вале шиқаст ҳурд.

Баъд аз марги Дусайни Марвазй пешвои қарматиҳои Мовароуннаҳр Муҳаммад ибни Аҳмади Наҳшабй шуд ва дар роҳи пешгирифтааш ба комёбиҳо ноил гашт. Бисёр мансабдорони машхури давлати Сомониён ба ин харакат хамрох шуданд ва худи Нахшабй ба воситаи онхо ба дарбори Сомониён роҳ ёфта, ҳатто амир Насри 11-ро ба тарафи ҳуд кашид. Ин норозигии зиёдеро ба миён овард.

Баъди ба сари ҳокимият омадани Нуҳ ибни Наср сардори карматиҳо Наҳшабй бо гуноҳи аз ҳуд намудани 40 ҳазор дирам айбдор карда, бо фармони Нуҳ ба дор овеҳта шуд. Пас аз ин дар саросари мамлакат катли оми карматиҳо ва мусодираи молу мулки онҳо сар шуд.

Ҳаракати карматиҳо дар Осиёи Марказй назар ба дигар музофотҳои давлати Сомониён сусттар реша давонда буд. Бо вуҷуди ин карматиҳо дар байни кисми зиёди кишоварзон, баъзе мансабдорони дарбор, зиёиён сазовори обруй гардида буданд. Дар Осиёи Марказй ҳаракатҳои ҳалқии дар асрҳои 1Х-Х бавуҷудомада то дараҷае ба ҳаракати карматиҳо алокаманд буданд.

Минбаъд карматиҳо дар Осиёи Марказй ҷун таълимоти маҳфй амал мекарданд. Чунин ашҳоси муътабари илму адабиёт, ба монанди Абуабдуллоҳ Рудакй, Абулкосими Фирдавсй, Абуалй ибни Сино, Носири Хусрав ва дигарон чонибдори ин таълимот буданд, ҷунки он ба мукобили зулми феодалй равона шуда буд.

Савол ва супориш

1.Сабабҳои асосии сар задани шуришҳои ҳалкй дар аҳди Сомониёнро гуед?

2.Дар аҳди Сомониён кадом шуришҳо сар заданд?

3.Серташвиштарин шаҳри Сомониён кадом шаҳр буд?

4.Даракати карматия кай ва дар куҷо сар зад ва пешвои он кй буд?

5.Пешвои ҳаракати карматия дар Мовароуннаҳр кй буд ва у ҷй тавр ба дарбори Сомониён роҳ ёфт?

6.Максади асосии карматиён ҷй буд?

7.Кадом шаҳсиятҳои маъруфи замон ҳайрҳоҳу ҷонибдори ин таълимот буданд ва барои ҷй?

2.15K
Нет комментариев. Ваш будет первым!