Устувории сохти феодали дар Давлати Сомониён

Шаклҳои заминдории феодалй. Дар асри X феодализм ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расид. Давлати Сомониён хамчун давлати феодалй асосан манфиати феодалону точирони калон ва ашрофро химоя мекард. Дигаргунихои бузурге, ки дар давраи салтанати Сомониён ба амал омаданд, на барои бехтар шудани ахволи оммаи мехнаткаш, балки бештар ба манфиати табакахои давлатманд равона шуда буданд.

Аз ин ру, бойгарии асосии он давра — замин ва об дар дасти давлат ва феодалони калон карор гирифтанд. Дар ин давра чунин шаклхои заминдорй чой доштанд: заминхои давлатй, феодалй, мулкй ва вакф. Заминхои давлатй хеле зиёд буданд ва онхоро дехконон киштукор мекарданд. Заминхои худи кишоварзон хам ба чумлаи заминхои давлатй дохил мешуданд.

Заминхои давлатй ва мулкй ба феодалони калон, баъзе авлоди Сомониён, сарварони дин, амалдорон, точирони калон ва саркардахои лашкар тааллук доштанд.

Шакли чорум — замини вакф — аслан дар ихтиёри рухониёни олимартаба буд, вале аз руи шариат ба муассисахои динй — масчидхо, мадрасахо ва хонакоххо тааллук дошт.

Аз хамаи заминхо, ба гайр аз заминхои сохибонашон имтиёзи махсус дошта, ба хазинаи давлат хироч гирифта мешуд. Имомхо, шайххо ва саидхо, ки худро авлоди Мухаммад пайгамбар мехисобиданд, аз андоз озод буданд.

Дар ахди Сомониён гайр аз мулкхои гайришартй, инчунин мулкхои шартй, заминдории шартии феодалй низ мавчуд буданд, ки бар ивази хизмате инъом мешуданд. Дар ахди Сомониён дар Осиёи Марказй ду навъи инъомот — туъма ва иктаъ вучуд дошт.

Туъма инъоме буд, ки умрбод дода мешуд, вале аз ин заминхои инъомй як микдор хироч додан лозим буд. Яъне дар ин сурат туъмадор на хамаи даромади заминро, балки факат як қисми онро сохибй мекард.

Иктаъ инъоме буд, ки сохиби он хақ дошт онро мерос гузорад ва зимнан иқтаъдор сохиби замини инъомй дониста мешуд. Гарчанде дар ин давра ва даврахои минбаъда иқтаъ расман инъоми даромади замин бошад хам, иқтаъдор дар асри X амалан ба хуқуқи қалон молиқ гардид ва худи иқтаъ, ҳатто меросй шуд.

Мансабдорон сохиби замин шуда мекушиданд, қи на танхо даромади заминро аз худ қунанд, балқи қишоварзонро низ ба итоати худ дароваранд ва ин ақсар вақт ба онхо муяссар мегашт. Кишоварзон аз феодалон нисф, сеяқ, чахоряқ, дахяқ ва хатто дувоздахяқи хосилро мегирифтанд. Кишоварзе, қи олати меҳнат, чорво, тухмй дошт, бештар ҳисса мегирифт, вале дар ҳамин сурат ҳам миқдори он аз се яқ, аз чор яқ, аз панч яқ ҳиссаи ҳосил зиёд набуд.

Илова бар ин қишоварз яқ қисми ҳосили гирифтаашро барои истифодаи об ба соҳиби об медод. Ба чуз ҳироч, барзгар боз бисёр мачбуриятҳои зиёд — қофтани қаналҳои обёрй, соҳтмону таъмири роҳҳо, пулҳо, масчидҳо, қорвонсаройҳо, қасрҳо, мақбараҳо ва гайраро ба чо меовард.

Андозҳои иқтаъро маъмурони давлатй гун қарда, ба иқтаъдор медоданд ва яқ қисми онро барои ҳуд мемонданд. Иқтаъдорон метавонистанд аз соқинони деҳа ё вилоят то нисфи ҳосилро ҳамчун андоз бигиранд. Баъдтар ҳуди иқтаъдорон андозро меситониданд. Ақнун ба чои феодалони қалони заминдор, қи дар он давра деҳқон ном доштанд, заминдорони нав, яъне иқтаъдорон омаданд. Ақсарияти ашрофи турқҳои бодиянишин, қи ба ҳаёти муқимй гузашта буданд, ақнун соҳиби иқтаъ мешуданд.

Ривоч ёфтани иқтаъ пароқандагии мардуми Осиёи Марқазиро дар асрҳои Х-ХП пурзур намуда, ба чангу низоъ ва истисмори қишоварзони қамбагал оварда расонд. Аҳволи қишоварзон дар заминҳои иқтаъшуда яқ ҳел набуд. Онҳо ҳуқуқи аз яқ чо ба чои дигар рафтан надоштанд. Чунин шақли заминдорй ба пешравии мамлақат зарари қалон меовард. Одамони пешқадам барои пешгирии он тадбирҳо меандешиданд, вале бо вучуди ин иқтаъ ҳарчониба паҳн мешуд.

Зиддияти асосй дар давраи Сомониён дар байни ду синфи ба ҳам зид, яъне қишоварзону ҳунармандон, аз яқ тараф ва феодалону табақаҳои ҳуқмрон, аз тарафи дигар, вучуд дошт.

Хулоса, дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии давлати Сомониён созмони инъомоти феодалй мавқеи намоён дошт. Х, атто вилоятҳои марказй ва асосии давлат (Самарқанд, Буҳоро, Шош, Фаргона ва гайра) ва инҷунин баъзе дигар шаҳрҳо дар давраҳои гуногун инъом шуданд, қи минбаъд ба мулкҳои саркаши доҳили давлати Сомониён табдил меёфтанд.

Заминдории рӯҳониён. Табақаҳои зиёди синфи феодалонро намояндагони руҳониёни олимартаба ташқил менамуданд. Руҳониёни олимартаба аз ҳисоби заминҳои вақф (мулқе, қи аз тарафи қасе барои масҷид, мадраса ва гайра муайян шуда бошад, вале он набояд ҳариду фуруш шавад) ба заминдорони қалонтарин табдил ёфта буданд. Дар давраи Сомониён пойтаҳти он шаҳри Буҳоро дар Шарқ марқази дини ислом дониста мешуд. Буҳоро соҳиби бисёр мақтабҳои динй ва ҳатто мадраса ҳам шуда буд. Дар назди яқе аз ҷунин мадрасаҳо қитобҳонаи қалони қитобҳои динй амал меқард.

Баробари афзудани шуҳрати ашрофи динй, бойгарии онҳо низ афзудан гирифт. Аз руи гуфти муарриҳи машҳур Муҳаммад Наршаҳй Исмоили Сомонй заминҳои ҳосилҳезу обй ва лалмии деҳаи Афшанаи назди Буҳороро ҳарида, ба домуллобачаҳои мадраса вақф қард. Ин заминҳо даромади қалон медоданд. Ба ҷуз ин Исмоили Сомонй боз заминҳои нав ҳарида, ба Масҷиди ҷомеъи Буҳоро вақф қарда буд. Аз ҳамин мисолҳо фаҳмидан мумқин аст, қи муассисаҳои динй бо қадом роҳҳо замин ва дигар сарватҳоро ҷамъ меоварданд. Заминҳои вақф ҷунон зиёд буданд, қи барои идора намудани онҳо девони (назорат) маҳсус таъсис ёфта буд. Даромади ин заминҳо қисаи сарварони динро пур меқард. Дол он қи даромади заминҳои вақфшударо аз ҳуд қардан мумқин набуд ва мувофиқи шариат он бояд ба қамбагалон, муллобаҷаҳои қашшоқ ва муҳтоҷон дода мешуд.

Ашрофони диндор дар шаҳрҳои феодалй ҳам таъсири қалон доштанд. Дамаи масҷиду мадрасаҳо, ҳонақоҳҳо, қорвонсаройҳо, дуқонҳои тонирй ва дигар муассисаҳои динии вақфшуда дар иҳтиёри сарварони дин буданд.

Савол ва сунориш

1.Сиёсати давлати Сомониён ба манфиати кадом табақаҳои аҳолй равона шуда буд?

2.Кадом шаклхои заминдориро медонед?

3.Кадом заминхо заминхои вакф хисоб меёфтанд?

4.Кадом табакаи ашрофи диндор аз андоз озод буданд?

5.Кишоварзон аз заминхои хучаинони худ чй кадар мегирифтанд?

6.Барзгар боз кадом мачбуриятхоро адо менамуд?

7.Дар ахди Сомониён кадом навъхои инъомот вучуд дошт?

8.Иктаъ чист? Дар бораи ривочи иктаъ дар давраи Сомониён накл кунед.

9.Аз даромади заминхои вакф амалан кихо бахра мебурданд?

609
Нет комментариев. Ваш будет первым!