Инкишофи тиҷорати дохилй ва берунии давлати Сомониён

Қувват гирифтани муомилоти мол дар дохили кишвар. Ҳар аҳди Сомониён мардум нисбатан ҳаёти тинҷу ором доштанд ва шахрхои калонтарини Осиёи Марказй дар асрхои 1Х-Х ба марказхои савдои дохилй табдил ёфта буданд. Ҳатто баъзе дехахои гирду атрофи шахрхо бозорхои худро доштанд. Ҳар ин дехахо дар як хафта як маротиба бозор мешуд ва харидорони зиёде чамъ меомаданд. Баъзе дехахо бозорхои солона хам доштанд, ки аз 10 то 20 руз тул мекашиданд. Ба чунин бозорхо на танхо мардум ва точирони гирду атроф омада барои эхтиёчи худ мол мехариданд, балки савдогарони дигар шахру музофотхои берун аз Осиёи Марказй хам меомаданд. Онхо бештар газвор мехариданд, чунки дар бозорхои мамла- катхои хоричй талабот ба газвор зиёд буд. Бозорхои калонтарин дар сари рохи тичорати дохилй ва хоричй чой мегирифтанд.

Бозорхои Бухоро, Самарканд, Хучанд, Тирмиз, Балх аз чумлаи чунин бозорхо буданд. Ин шахрхо чандин бозор доштанд ва калонтарини онхо бозорхои Самарканд хисоб меёфтанд. Ин шаҳр бозори Мовароуннаҳр дониста мешуд. Х, ар як бозори калон анборхо ва корвонсаройхои худро дошт. Баъзан дар шахрхои калонтарин якчанд намуди махсулот бозори махсуси алохидаро ташкил менамуд. Дар даврахои алохида бозорхои шахрхои начандон калон хам дорои ахамияти бузург буданд. Масалан, бозори шахри Пайканд (дар наздикии Бухоро) дар савдои дохилй ва берунй ахамияти калон дошт. Точирони он ба чуз савдо дар дехахои гирду атроф, боз бо мамлакатхои Чин, Русия ва музофотхои назди Каспий ба воситаи рохи обй тичорат доштанд. Корвонсаройхо ва мехмонхонахои ин шахрча ба точирон хизмат мекарданд.

Дар Осиёи Марказй бозорхои мавсимй низ барпо мешуданд. Яке аз онхо — бозори шахри Марсмандаи Истаравшан хамчун маркази истихрочи охан ном бароварда буд. Дар бозорхои ин шахр точирони мамлакатхои дурдаст мол мехариданд ва мол мефурухтанд. Аз ин чо ба кишвархои Хуросон, Ирок ва шахри Багдод силоххои гуногун мебурданд, ки онхо махсули дасти устохои махаллй буданд.

Инкишофи муомилоти мол байни шаҳру деҳот ва қабилаҳои бодиянишин. Тараққиёти кишоварзй, кухкорй ва хунармандй ба пешравии савдои байни шахру кишлок кумак мекарданд. Бозорхо маркази тичорат буданд. Кишоварзон махсулоти худ — галла, чорво ва гайра оварда мефурухтанд ва ба ивазаш махсулоти истехсолкардаи пешаваронро мехариданд. Точирон аксар вакт махсулотро ба чулу биёбон, ба чойхои сукунати кабилахои бодиянишин мебурданд. Аз ин хар ду тараф нафъ медиданд. Чунин тичорат ахамияти бузурги иктисодй, ичтимой ва маънавй дошт. Дар ду тараф ба тарзи зиндагии хамдигар шинос шуда, дустии байни онхо пойдор мегардид. Точирон аз бодиянишинон асал, чорво, пашм, пусти хом ва маҳсулоти гуногуни ширй мехариданд. Бодиянишинон гулом ҳам мефурухтанд. Онҳо аксарияти гуломонро ҳангоми тохтутозҳо ва ҷангҳо асир мегириф- танд. Шаҳри Исфиҷоб маркази фуруши гуломон буд. Қабилахои бодиянишин матоъхои пахтагин, пашмин, абрешим, галла, силох ва гайра мехариданд.

Тиҷорати корвонй ба чанубу шарки Авруно, Муғулистон, Эрон ва Қафқоз. Дар асрҳои 1Х-Х корвонҳои сершумор дар байни роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказй бо мамлакатхои Аврупои Шаркй, Чин, Эрон, Қафкоз, кишварҳои араби Осиёи Пеш рафтуой доштанд. Хуросон ва Мовароуннахр маркази роххои корвонгузари Шарк хисоб меёфтанд. Онхо ба Чин шиша, асп ва дигар молу хайвонот бурда, аз он ҷо молхои хархелаи абрешимй меоварданд.

Дар давраи Сомониён робитахои Мовароуннахр бо Шарку Гарб, ҳусусан бо мамлакатҳои Шарки Наздик, бодиянишинони Шимолу Шарк ривоҷ ёфта буд. Роҳи бузурги корвонгузари мамлакатхои Шарқи Наздик ва Чин аз ҳудуди Мовароуннаҳр мегузашт. Ин роҳ аз байни кишварҳои соҳили баҳри Миёназамин ибтидо гирифта, аз Багдод, Дамадон, Марв, Омул (Чорҷу) гузашта, вориди Буҳоро мешуд ва аз он но ба тарафи Самарканд, Шош (Тошканд), Тароз (Чамбул), Баласогун ва ба соҳили нанубии Иссиккул мерасид ва баъд рохи Мугулистонро пеш гирифта, ба Чин мерафт.

Қорвонҳо аз даҳҳо то ҳазорҳо сар асп ва шутурҳои боркашро дар бар мегирифтанд. Қорвони тиноратии аз ҳама калон корвоне буд, ки соли 922 аз тарафи ҳалифа Муктадир ба назди подшоҳи Булгор раҳсипор шуд. Ин корвон 3 хазор асп ва шутури пур аз бор дошт, ки ба онхо 5 ҳазор кас ҳизмат мерасонд. Ин аҳамияти ҳам иктисодй ва ҳам иҷтимой дошт. Қорвонҳое, ки ба мамлакатҳои ҳамсоя ё дурдаст мерафтанд, аз дусад ва сесад асп ва шутур иборат буданд. Дайати корвон танҳо аз тоҷирон ва ҳизматҷиён иборат набуд. Ба ҳайати корвон дастаҳои посбонон, олимон, пешаварон, рассомон, сайёҳон ва аксар вакт сафирон ҳам дохил мешуданд. Вактҳое мешуд, ки тоҷирон вазифаи сафириро адо менамуданд. Тонирон аз Буҳоро матоъҳои ҳарҳела, шол, колин, фонусҳои мисин, зертангҳои асп, пусти гусфанд, гушт, ҳарбуза; аз Самарқанд зарбофт, матоъхои симин, кимхоб, абрешим, матоъхои абрешимй, хайма, когаз, шиша, дегхои калони мисй, ҷомхои нафис, узангу, охани лаҷом, тасма, чормагз; аз Хатлон аспхои хушзоти даванд, хачир; аз Бадахшон ақиқи сурх, лоҷувард, нуқра, тилло, булури кухй; аз Қубодиён руян (гиёхе, ки аз он ранги сурх тайёр мекарданд) ва гайра мебурданд.

Робитаҳои тиҷоратӣ бо Руси Қадим. Дар аввали асри X рохи нави савдо бо князихои Рус кушода мешавад. Точирони Мовароуннахр бо ин рохи нав ба кишвари Хазар ва шахри Итил ва аз он ҷо ба князихои Руси Қадим мерафтанд. Онхо ба ин кишвархо биринҷ, меваи хушк, матоъхои пахтагин, пашмин ва абрешим мебурданд. Аз ин давлатхо муина, ҷарм, ҷорво, асал, ҷормагз ва гулом меоварданд. Тангахои давлати Сомониён дар сарзамини Руси Қадим, мамлакатхои назди Балтика, Финляндия, Дания ва гайра ба микдори зиёд ёфт шудаанд, ки ин аз пешравии тиҷорати давлати Сомониён гувохй медихад.

Дар хамон давра аз музофотхои Бадахшон ва Вахон то Тибет ба Осиёи Марказй атри мушкдор ва гулом меоварданд. Дар ахди Сомониён ба ҷуз танга боз баротхои (ҷек) махсус амал мекарданд. Масалан, дар як шахр пулро супурда барот мегирифтанд ва мувофики он дар шахри мехостагй сохиби он метавонист пулашро гирад.

Савол ва супориш

1.Дар бораи бозорхо хикоя кунед. Оид ба Самарканду Бухорову Пайканд ҷй медонед?

2.Дар бораи бозорхои мавсимй шахри Марсмандаи Истаравшан хикоя кунед.

3.Тоҷирон ба назди кабилахои бодиянишин кадом молхоро мебурданд ва аз он ҷо кадом молхоро меоварданд?

4.Бозорхои Осиёи Марказй бо кадом мамлакатхо тиҷорат доштанд?

5.Ба он мамлакатхо кадом молхоро мебурданд ва аз он ҷо кадом молхоро меоварданд?

6.Дар бораи равнаки тиҷоратии давлати Сомониён бо давлати Руси Қадим хикоя кунед.

7.Давлати Сомониён бо кадом давлатхои Аврупои Шаркй робитаи савдо дошт?

934
Нет комментариев. Ваш будет первым!