Аз «Таърихи Бухоро» - Давлати Сомониён

Амир Исмоил чун ба Бухоро расид, аҳли Бухоро истиқбол карданд ва ба эъзози (ҳурмату эҳтиром) тамом уро ба шаҳр дароварданд. Ва яке аз дуздон халкеро ба худ гирд карда буд ва аз авбошону риндони (ишратпарасти) русто (деха) чахор хазор мард чамъ шуда буданд ва хама дар миёни Ромитану Баркат рох мезаданд ва наздик буд, ки касди шахр кунанд. Амир Исмоил Ҳусайн ибни ал- Аълоро, ки сохибушрати у буд,… ба харби ин дуздон фиристод ва аз ахли Бухоро бузургону мехтарон (одами бузург) бо вай ёр шуданд ва рафтанд харб карданд ва дуздонро хазимат (шикаст, маглубият) карданд. Ва Ҳусайн… бар эшон нусрат (голиб омадан, зафар кардан) ёфт ва калонтари дуздонро бигирифту бикушт ва сари вайро биёвард. Ва чамоате аз онхо, ки бо вай ёр буданд, бигирифт, амир Исмоил эшонро банд кард ва ба Самарканд фиристод.

Ва чун аз ин кор фориг шуд, хабар доданд, ки Ҳусайн ибни Тохир боз бо ду хазор мард ба Омуй омадааст ва касди Бухоро карда. Амир Исмоил лашкар чамъ кард, он чй тавонист ва ба харб рафт. Хабар доданд, ки Ҳусайн ибни Тохир аз Ҷдйхун бигузашт бо ду хазор марди хоразмй. Амир Исмоил барнишаст (саворй) ва берун омад ва харби сахт карданд. Ва Ҳусайн ибни Тохир хазимат шуд ва аз лашкари вай баъзе кушта шуданд ва баъзе ба об гарк шуданд. Ва ин харби нахустини амир Исмоил буд ки, кард.

Ҷун бомдод шуд, амир асиронро бихонд ва хар мардеро як чомаи карбос дод ва боз фиристод.

Ҳусайн ибни Тохир ба Марв рафт ва амир Исмоил ба Бухоро боз омад ва дар холи мулк тааммул кард ва маълум кард, ки уро бо мехтарони Бухоро чандон хурмате зиёдат нест ва ба чашми эшон хайбате нест ва аз чамъ шудани эшон манфиате ба вай рочеъ нахохад шуд, савоб чунин дид, ки чамоате аз мехтарони Бухороро бихонду гуфт: ки аз бахри ман ба Самарқанд равед ва пеши амир Наср бигуед ва узр аз ман бихохед. Эшон гуфтанд: «Самъан ва тоъатан» (бо чону дил). Рузе чанд замон хостанд ва баъд аз он бирафтанд. Ва ин чамоат амирони Бухоро буданд пеш аз амир Исмоил, Абумухаммади Бухорхудот худ подшохи Бухоро буд ва Абухотами Ясорй багоят тавонгар буд ва ба сабаби бисёр эшонро тоат (фармонбардорй, итоат) надоштй. Бузургони Бухоро бо ин хар ду ба Самарканд рафтанд. Амир Исмоил нома кард ба амир Наср, то эшонро банд кунад ва ба зиндон фиристад, то вай мулки Бухоро тавонад дошт.

Амир Наср хамчунон кард ва он кавмро рузгоре дар он чо боздошт, то он гох, ки Бухоро карор гирифт. Амир Исмоил боз ба амир Наср нома кард ва эшонро талабид. Ва аз баъди он амир Исмоил эшонро неку доштй ва хочатхои эшонро раво кардй ва риояти хукуки эшонро бар хештан воҷиб дидй.

Ва Наср ибни Ахмад бар Исмоил вазифа нихода буд аз амволи Бухоро дар соле панчсад хазор дирам ва аз баъди он уро харбхо афтод ва он мол харч шуд ва натавонист фиристодан… Амир Наср косидон фиристод ба талаби он мол ва вай нафиристод. Миёни эшон бад-ин сабаб нохушй падид омад. Амир Наср лашкар чамъ кард ва нома фиристод ба Фаргона ба наздики бародари худ — Абулашъас ва бихондаш бо лашкари бисёр. Ва номаи дигар ба Шош фиристод ба бародари дигар — Абуюсуф Яъкуб ибни Ахмад, то ба лашкари худ биёяд ва туркони Исфичобро низ биёранд. Ва лашкари азим чамъ карданд. Он гох руй ба Бухоро нихода, дар мохи рачаб, сол бар дувисту хафтоду ду (декабри 885 — январи 886) буд.

Чун амир Исмоил хабар ёфт, Бухоро холй кард ва ба Фароб рафт, хурмат дошт бародарро. Амир Наср ба Бухоро омад, чун амир Исмоилро наёфт, ба Беканд рафт ва он чо фуруд омад. Ахди Беканд истикболаш карданд ва зарру сим бар у нисор карданд ва нузулхо (зиёфат) бисёр берун оварданд.

Ва миёни Исмоил ва Рофеъ ибни Ҳарсама, бад-он таърих амири Хуросон буд, дустй буд. Амир Исмоил ба вай нома кард ва аз вай ёрй хост. Рофеъ бо лашкари худ биёмад ва Ч^йхун ях карда буд, аз руи ях бигузашт. Чун амир Наср хабари омадани Рофеъ ёфт, ба Бухоро бозомад. Ва амир Исмоил бо Рофеъ иттифок карданд, ки раванд ва Самаркандро бигиранд. Ин хабар ба амир Наср расид, ба таъчил ба Тавоис рафт ва сари рох бигирифт. Амир Исмоил бо Рофеъ ба рохи биёбон рафтанд ва хама рустохои Бухоро ба тасарруфи амир Наср буд ва эшон андар биёбон таому алаф намеёфтанд ва он сол қахт буд ва кор бар эшон душвор шуд, то андар лашкари эшон як ман нон ба се дирам шуд. Ва халқе азим аз лашкари Рофеъ ба гуруснагй халок шуданд… «Ту (Рофеъ) вилояти худ мондй ва ин чо омадй, агар эшон хар ду бародар бо якдигар бисозанд ва туро дар миён гиранд, ту чй тавонй кард?» Рофеъ аз ин сухан тарсид ва расул (косид) фиристод ба наздики амир Наср ва гуфт: «Ман харб наёмадаам, бар он омадаам, то миёни шумо сулҳ кунам». Амир Насрро ин сухан хуш омад. Ва сулх карданд, бад-он ки амир касе дигар бувад Бухороро ва амир Исмоил омили (хироччин) хироч бувад ва амволи девон ва хутба ба номи вай набувад ва хар соле понсад хазор дирам бидихад...

376
Нет комментариев. Ваш будет первым!